Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯ

Санаи 26-уми сентябри соли равон, дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, бо мақсади густариши корҳои тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи стоматология, Шабозов П.Б., дар мавзӯи “Мафҳум ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросимҳо” барои донишҷӯёни бахши 2-юми гурӯҳи 204-и ихтисоси кори табобати дандон дарс ташкил ва баргузор гардид. Дар дарси тарбиявӣ мудири кафедра, Рофиева Н.Р., низ иштирок доштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳадафи баргузории дарси имрӯза ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ мебошад. Вазифаи Қонуни мазкур танзими ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳангӣ, миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Дар охир, мудири кафедра ба омӯзгор ва донишҷӯён барои ташкили чунин як дарси тарбиявии намунавӣ изҳори қаноатмандӣ ва сипосгузорӣ намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки қонун ба манфиати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, мақсади он пешгирии хароҷоти аз ҳад зиёдатӣ ва баргузор намудани ҷашну маросимҳо бо хароҷоти кам мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.