Хабарҳо СОАТҲОИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ Устоди аввалини мо модар аст. Ҳар чизеро, ки то даврони мактабхонӣ медидем, аз ӯ пурсон мешудем. Модар бо суханҳои ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мо ошно месохт. Устоди дигар ин худ зиндагист, ки касро ба баду неки ҷаҳони фонӣ ошно месозад. Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулҳои муаттари маърифат зиннат медиҳад. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурсарори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгоранд. Аз ин рӯ, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Ҳаёт бошад, давоми мантиқии дарси муаллим аст. Оре: Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор. Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор. Бо мақсади арҷ гузоштан ба қадру манзалати омӯзгор дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва тибқи нақшаи корҳои тарбиявии аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна тасдиқгардида санаи 28.09.2024 аз тарафи омӯзгори кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ Азимова Машҳура дар гурӯҳҳои 305-306 факултети кори фарматсевтӣ ( баъди синфи 9) соати тарбиявӣ дар мавзуи “Қадри устодро бидон, то қадри худ орӣ ба даст.” ва аз тарафи омӯзгори ҷавони кафедра Ғоибов Абдуғафор дар гурӯҳи 307 факултети кори фарматсевтӣ ( баъди синфи 9) соати тарбиявӣ дар мавзуи ” Мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа ” гузаронида шуд. 0 Мубодила кардан