МУДИРИ КАФЕДРАИ
“БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ”
БОБОХОҶАЕВА ЗУМРАТХОН СУНАТУЛЛОЕВНА
(тав. 1. 11.1958), мутахассиси дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгор.Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1982). Муаллимаи фанни Бемориҳои кӯдаконаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кофарниҳон(ҳозира Ваҳдат), (1982- 1993). Аз соли 1993 то 2014 омӯзгори фанни бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Аз соли 2014 то инҷониб мудири кафедраи Бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Дар фаъолияти кориаш барои такмили дониши шогирдон маводҳои таълимию методӣ тартиб додааст. Соли 2011 бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҶТ сарфароз гардидааст.
КАЛАНДАРОВА ИНОЯТ СОЛИҶОНОВНА
(тав. 21.12. 1957),омӯзгор , мутахассиси дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии педиатрии Осиёи Марказӣ дар ш. Тошканд (1982). Фаъолияти кориашро аз Беморхонаи клиникии кӯдаконаи ш. Душанбе (1982) оғоз кардааст. Духтури Беморхонаи ёрии таъҷилӣ (1983-1994) буд. Аз соли 1994 ассиистенти кафедраи бемориҳои сироятии МДТ « Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Давоми фаъолияти илмиву омӯзгориаш дар корҳои кафедра фаъолона иштирок мекунад. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
АВЕЗОВА МУҚАДДАС САИДҶОНОВНА
(тав.17.07.1970 ноҳияи Рӯдакӣ), омӯзгор, дорои тахассуси дараҷаи олӣ. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1995). Фаъолияти кориашро аз кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ оғоз намуда, ба сифати лаборанти калон, ассистент (1996-2001) кору фаъолият намудааст. Аз соли 2001 ассистенти кафедраи бемориҳои сирояти МДТ « Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҶТ сарфароз гардидааст. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
НЕЪМАТОВА ГУЛБАҲОР КОЗИХОНОВНА
( тав. 2.03.1977, Душанбе), омӯзгор . Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибн Сино (2003). Фаъолияти кориашро аз Дармонгохи № 10 оғоз намудааст.Аз соли 2004 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба шогирдон дарс мегӯяд. Дар рафти таълим аз адабиёти муосири тиб истифода карда, миёни донишҷӯён дар мавзӯъҳои хоса, аз қабили вараҷа, сӯхтанӣ, ҳорӣ якчанд машғулиятҳои кушоду намунавӣ гузарондааст. Якчанд маводи таълимӣ дорад.Оиди мавзӯи хусусиятҳои клиникию иммунологӣ ва муолиҷаи клебсиеллёз дар кӯдакони наврас тадқиқот мегузаронад. Иштирокчии фаъоли семинару конфронсҳои илмии дохиликоллеҷӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҶТ сарфароз гардидааст. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
АБДУРАҲИМОВА ТОҶИНИССО ТАҒОЙМУРОДОВНА
(тав. 29.12. 1976), омӯзгор, тахассуси дараҷаи якум. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001). Корманди госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ (2001- 2003), духтури бемориҳои сироятии Маркази саломатии № 5 (2003- 2006) буд.Аз соли 2007 ассистенти кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва семинарҳо фаъолона иштирок менамояд. Дар конфронси таълимӣ-методӣ оиди бемории сил баромад кардааст. Соли 2019 бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии ҶТ сарфароз гардидааст. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
ҚУРБОНОВ НАЗАРАЛӢ ЯТИМОВИЧ
(тав. 15.01. 1979, н.Хамадонӣ), омӯзгор. Тахассуси дараҷаи якум Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2001). Солҳои 2001-2003 магистранти кафедраи Дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино . Фаъолияти кориаш аз соли 2003 ба ҳайси табиби дерматолог дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хамадонӣ оғоз шудааст. Аз соли 2008 дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ ба ҳайси дерматолог кор мекунад . Аз соли 2013 то инҷониб ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи Бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва семинарҳо фаъолона иштирок менамояд. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
МУБОРАКШОЕВ ПАҲЛАВОН
(тав. 1992), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгохи давлатии тибби шахри Харков, давлати Украина (2018). Солҳои 2018-2019 хамчун табиб интерн дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва зӯхравӣ бо ихтисоси табиби дерматолог фаъолият кардааст. Аз соли 2019то инҷониб ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи Бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва семинарҳо фаъолона иштирок менамояд. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
МИРЗОДА ИФТИХОРИ НИЁЗ
(тав 1992), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2015). Солҳои 2015-2016 хамчун табиб интерн дар БКШБСК бо ихтисоси табиби сироятшиноси кӯдакона кор ва фаъолият кардааста. Аз соли 2016 то инҷониб ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи Бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Фаъолияти кориаш аз соли 2016 оғоз намуда ба ҳайси табиби сироятшиноси кӯдакона дар БКШБСК ш. Душанбе то ҳол давом дорад. Дар мавзӯъҳои таълимӣ якчанд силлабусхоро тартиб додааст.
ҲАМДАМОВА САБИНА
(тав 1988), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2010). Солҳои 2010-2011 хамчун табиб интерн дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ бо ихтисоси табиби дерматолог фаъолият кардааст. Фаъолияти кориаш аз соли 2011 оғоз намуда ба ҳайси табиби дерматолог дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то инҷониб ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи Бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад.