Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОРИ ҲАМШИРАГӢ

Кафедраи мазкур фаъолияти худро аз соли 2000-ум сар кардааст. Роҳбарии кафедраро аз таъсисёбии кафедра то соли 2015 аълочии тандурустӣ ва маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.т. Дӯстов Ҷ.Х ба ӯҳда дошт. Айни замон дар кафедра 25 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар аълочии тандурустӣ, 4 нафар дорои категорияи дараҷаи олии педагогӣ, 5 нафар категорияи дараҷаи 1-уми педагогӣ, 7 нафар дараҷаи 2-юми педагогӣ, 4 нафар дорои категорияи олии касбӣ мебошанд. Таҷрибаи пешқадами кори Дустов Ҷ.Ҳ. ҳамчун роҳбар ва омӯзгор ҷамъбаст ва умумигардонӣ карда шудааст, ки ӯ дар мизҳои мудаввари сайёр, дар якчанд таълимгоҳҳои миёнаи тибби ҷумҳурӣ амалӣ гардонида шуда, оиди фаъолияти ӯ дар шӯъбаи илмӣ – методӣ гӯша карда шудааст.

Дар солҳои мавҷудияти кафедра корҳои назаррас ба итмом расонида шудааст, аз он ҷумла таҳия ва нашри:

  • “Маҷмӯаи лексияҳо” аз фанни “Кори ҳамширагӣ”, бо забонҳои русӣ ва давлатӣ;
  • ишораҳои методӣ оиди баҳисобгирӣ ва баҳодиҳии салоҳиятнокии иҷроиши мустақилонаи малакаҳои амалӣ, ки барои донишҷӯён ҳатмӣ мебошанд;
  • Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни “Тадқиқотҳои илмӣ дар кори ҳамширагӣ” бо забонҳои русӣ ва давлатӣ;
  • Дастури методӣ “Сад дастамали ҳамширагӣ” ба забони давлатӣ;
  • Дастури таълимӣ “Сестринские диагнозы и сестринская неотложная помощь” (Ибодов Х.И., Дустов Ҷ.Ҳ), ба забони русӣ;
  • Тавсияҳои методӣ “Использование современных методов обучения на занятиях», ба забони русӣ;
  • Дастури таълимии амалӣ аз фанни “Основы сестринского дела с манупуляционной техникой” (Дустов Ҷ.Ҳ., Сафохонов Д.Т)

Коллективи кафедра зери роҳбарии Дустов Ҷ.Ҳ. ҳамасола мунтазам озмунҳои “Ҳамшираи тиббии беҳтарин” ва машғулиятҳои кушоду намунавӣ мегузаронад.

н.и.т. Дустов Ҷ.Ҳ. дар мураттаббозии маводи таълимии лоиҳаи “ЛЕМОН”, оид ба кори ҳамширагӣ, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст, фаъолона иштирок намудааст. Инчунин ӯ ҳамчун мураббӣ – омӯгор (тренер) дар як қатор семинарҳои байналхалқӣ ва дохиликоллеҷӣ баромад намудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби ӯ барномаҳои фанни “Кори ҳамширагӣ” барои ихтисосҳо таҳия карда шуда, ба забони давлатӣ тарҷума карда шудааст.

Дар кафедра бо омӯзгорон ва донишҷӯён мунтазам корҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Соли 2016-2017 дар кафедра олимпиадаи донишҷӯён аз фанни “Кори ҳамширагӣ” ташкил ва гузаронида шудааст.

Кафедра бо хадамоти тандурустии Оғо Хон вобаста ба масъалаҳои ташаккули кори ҳамширагӣ, зиёда аз 5 сол ҳамкорӣ намудааст. Ҳамчунин доимо бо ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино ДТИБКТТ вобаста ба масъалаҳои корӣ ҳамширагӣ, инчунин бо  беморхона ва марказҳои солимии шаҳри Душанбе, оид ба таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён ҳамкорӣ дорад.

Айни замон  вазифаи мудири кафедра ба бар зимаи омӯзгори ҷавону болаёқат, духтури бемориҳои пӯсту-зуҳуравӣ Қурбонова Парвина Грезовна гузошта шудааст.

Аз тарафи Қурбонова Парвина Грезовна 2 дастури таълимӣ омода карда шуда, ба донишҷӯён дастрас мебошад.

  • Менеҷменти ҳамширагӣ ва ташкилотчигӣ;
  • Малакаҳои амали аз фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” барои супоридани имтиҳони ОСКЭ.

Кафедра мунтазам ба коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои тибии ҷумҳурӣ ёрии амалӣ ва методӣ мерасонад.


МУДИРИ КАФЕДРАИ
“КОРИ ҲАМШРАГӢ”
ҚУРБОНОВА ПАРВИНА ГРЕЗОВНА

1 сенятри соли 1977 дар ноҳияи Фархор вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1994 мактаби №9 ш. Кулобро хатм намудааст. Соли 2000 Донишгоҳи Тиббии Давлатии Тоҷикистон ба номи А.И. Синоро бо ихтисоси “Духтури табобатӣ” хатм намуда, солҳои 2001-2002 интернатураро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибб гузаштааст. солҳои 2004-2006 ба сифати духтури “Пӯсту-зӯҳравӣ” дар маркази саломатии ноҳияи Бохтар фаъолият кардааст. Аз соли 2006 то инҷониб ҳамчун омӯзгори кафедраи “Кори ҳамширагӣ” кор ва фаъолият мекунад. Аз 7. 06 2016 дар вазифаи мудири кафедраи “Кори ҳамширагӣ ” таъин шудааст. Бо ифтихорномаи ВТ ва ҲИАҶТ соли 2017 ва  соли 2019 бахшида ба иди касбии кормандони тиб бо унвони аълочии тандурусти сарфароз гардонида шуданд.  Дорои дараҷаи якуми омӯзгори мебошанд.


АБИТОВА НУРИЯ АБДУРАУФОВНА

17 майи соли 1952 дар ҷумҳурии Узбекистон ССР шаҳри Яккабоғ ба дунё омадааст. Соли 1960  ба мактаби миёнаи рақами 23 ба номи  М.Горкий таҳсил намуда соли 1967 хатм намудааст. Соли 1967 таҳсилро дар омӯзишгоҳи тиббӣ комитети иҷроияи СОКК ва КПСССР давом додааст. Аз солҳои 1970 то 1980 дар беморхонаи Ёрии Таъҷилӣ  фаъолият намудааст. Соли 1978 дар институти педагогикаи давлатии Душанбе дар факултети педагокига-психология таҳсил намудааст. Аз соли 1980 то ин ҷониб дар коллеҷи тиббӣ ҳамчун омӯзгори фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” фаъолият дорад. Дорои дараҷаи олӣ.


НУРАЛИЕВ СУЛТОНХУҶА ШАРИПОВИЧ

28 майи соли 1967 дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаи №41-ро хатм намудааст. Соли 1993 омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1993-1997 дар Маркази тиббии ҷумҳуриявӣ дар шӯъбаи бемориҳои чашм ба ҳайси фелдшер фаъолият намудааст. Соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси корманди иҷтимоӣ хатм намудааст. Аз солҳои 1997 то ин ҷониб дар коллеҷи тиббӣ дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба ҳайси омӯзгори калон фаъолият карда истодааст. Дорои дараҷаи якуми омӯзгорӣ.


КАССИРОВ АБДУҒАФОР РАШИДОВИЧ

27 сентябри соли 1977 дар н. Шаҳринав ҷамоати Чузӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1994 мактаби миёнаи №9 н. Шаҳринавро хатм намудааст. Соли 1998 ба курси 1-уми Коллеҷи тиббӣ заминавии ш. Душанбе дохил шуда, соли 2002 онро бо дипломи аъло бо ихтисоси “ёрдамчии духтур” хатм намудааст. Баъди хатм таҳти фармони №89 аз 26.12.2002сол дар К.Т.У дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият дорад. Инчунин аз 22.11.2000сол дар Маркази Миллии Тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯъбаи эҳёгарӣ ба ҳайси бародари тибби эҳёгар ҳамчун соатбай кор карда истодааст. Ҳамзамон соли 2005 ба ДМТ ба шӯъбаи ғоибона факултаи биология дохил шуда, соли 2011 бо ихтисоси “биолог-муаллим” онро хатм намудааст.


КАРИМОВА САФАРГУЛ ОДИНАЕВНА

15 июни соли 1968 дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1972 мактаби миёнаи №2-ро хатм намуда соли 1982 омузишгоҳи тиббии ш. Кулобро бо ихтисоси ҳамшираи тиб хатм намудааст. Аз соли 1984 то 2003 дар беморхонаи марказии н. Муминобод дар шӯъбаҳои қабул, бемориҳои пӯст, таваллудхона фаъолият намудааст. Аз 2004 то ин ҷониб дар коллеҷи тиббим ш. Душанбе ҳамчун омӯзгор ва ҳамшираи тибби коллеҷ кор ва фаъолият менамояд. Аз соли 2014 дар донишкадаи омӯзгории ба номи С.Айни дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунад. Унвони – ҳамшираи дараҷаи олӣ.


РАҲИМОВА ЛАЙЛӢ ФРАЙМОНОВНА

10 октябри соли 1979 дар ш. Қурғонтеппа ба дунё омадааст. Соли 1986 дар мактаби миёнаи ноҳияи А.Ҷомӣ ба номи С.Айнӣ таҳсил намуда соли 1996 ба итмом расонидааст. Дар соли 1996 дар Донишгоҳи тиббии Давлатии Тоҷикистон дохил шуда онро дар соли 2003 ба итмом расонидааст. Аз солҳои 2003 то солҳои 2013 дар н. Восеъ дар беморхона ба ҳайси духтури минтақавӣ фаъолият доштааст. Аз солҳои 2013 то ҳол дар коллеҷи тибби ҳамчун омӯзгори кафедраи “Кори ҳамширагӣ” кор ва фаъолият дорад.


РИЗОЕВ ҲОТАМШО РУСТАМОВИЧ

Зодаи ш. Кулоб, 28 декабри соли 1968 таваллуд шудааст, аъзои ҲХДТ. Соли 1986 мактаби миёнаи №4-и ш. Кӯлобро ба итмом расонида, соли 1987 ба Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дохил шуда, соли 1992  факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи дар боло номбар шударо хатм намудааст. Солҳои 1992-1993 фаъолияти омӯзгории худро аз мактаби миёнаи №37 ш. Кӯлоб оғоз намудааст. Соли 1993 ба ҳайси донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино факултаи табобати шомил габати шомил гашта, соли 1999 донишгоҳро бо касби духтур аз рӯи ихтисоси “Кори табобатӣ” хатм намудааст. Соли 1999-2000 таҳсили интернатураро дар ДГИКТТ бо тахассуси осебшиносӣ, раддод гузаштааст. солҳои 2002-2004 дар ординатураи клиникии ДДТТ ба номи А.И.Сино курси пурраи такмили ихтисосро аз рӯи осебшиноси ва ортопедия тамом кард. Аз соли 2001 инҷониб дар КТҶВТ ва ҲИАҶТ ба ҳайси омӯзгори асосӣ дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” фаъолият дорад. Ҳамзамон аз солҳои 2002-ум дар Маркази милли тиббӣ “Шифобахш” дар шӯъбаи қабул ба ҳайси духтури осебшиноси навбатдор фаъолият намудааст.  Аз соли 2018 то имрӯз мудири Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони миёнаи тиб фаъолият дорад.


ЁРОВА ЧАМАНОРО НУРОВНА

Соли таваллуд 5 майи 1963 дар шаҳри Душанбе. Соли 1980 мактаби миёнаи №46-ро хатм намуда, соли 1982 ба Донишгоҳи тибби ба номи А.И.Сино дохил шуда, соли 1988 хатм намудааст. Аз соли 1988 дар дармонгоҳи №7 ба ҳайси духтури кӯдакона кору фаъолият кардааст.  Аз соли 2006 инҷониб дар КТҶВТ ва ҲИАҶТ дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба ҳайси омӯзгор фаолият карда истодааст. Дар модулҳои таълими аз фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” бо ҳамроҳии дигар омӯзгорони кафедра саҳми худро гузоштааст. Дараҷонокии омӯзгориашон дуюм, дараҷанокии духтуриашон олӣ мебошад.


БОБОМУРОДОВА ҲАМИДАХОН РАҲМОНОВНА

09 апрели  соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1975 ба мактаби миёнаи рақами № 46 ноҳияи Рӯдаки рафта онро соли 1985 хатм намудааст .Худи ҳамон сол ба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ҳозира коллеҷи тиббии ҷумҳуририяви дохил шуд . Онро соли 1987 бо баҳои хубу аъло хатм намуд.Соли 1988 то 1992  ҳамшираи тиб дар Маркази тиббии шаҳр  дар шӯъбаи бемориҳои ғадуд (эндокриналогия ) кор ва фаъолият намудааст .Аз соли 1992 то 2005 ба ҳайси ҳамшираи калон фаъолият кардааст .Аз соли 2005 то 2010 то ҷониб ассистенти кафедра “кори ҳамшираги “ КТҶВТва ҲАҶТ кор карда истодааст .Аз соли 2014 ба ДДОТ ба номи С Айни ба факултаи биология дохил шуда, соли 2018 донишгоҳи мазкурро хатм карданд.  Дараҷанокии омӯзгориашон дуюм, ҳамширагиашон олӣ.


ҒАФОРОВА ЁДГОРА САТТОРОВНА

17 сентябри соли 1977 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1984 қадами аввалинашро ба мактаби миёнаи умумии №30 гузошта, соли 1994 хатм намудааст. Соли 2000-ум ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда, соли 2004 онро бо дипломи аъло бо ихтисоси “Момодоя”хатм намудааст. Баъди хатми коллеҷ дар ҳамин муассиса ба ҳайси омӯзгори фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” кор ва фаоълият дорад. Аз соли 2014 ба ДДОТ ба номи С Айни ба факултаи биология дохил шуда, соли 2018 донишгоҳи мазкурро хатм карданд.  Дараҷанокии омӯзгориашон дуюм.


РАҲМАТУЛЛОЕВА НИГИНА МИРЗОАЛИЕВНА

10 январи соли 1963 дар ш. Кӯлоб таваллуд шудааст. соли 1970 ба мактаби №1  ш. Кӯлоб қадам ниҳода соли 1980  мактаби №1 ба номи Крупскаяи ш. (Орҷоникизобод) Ваҳдати имрӯзаро хатм кардааст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1985 хатм намудааст. Аз соли 1985 ҳамчун омӯзгор ва котиби озоди комсомол дар омӯзишгоҳи тибби ш. Ваҳдат сар карда, тули 20 сол (1985-2004) дар ҳайати ҷавонони ноҳия ҳиссаи худро гузоштааст. Фаъолона дар корҳои ҷамъиятии ноҳия ва шаҳр иштирок карда ҳамчун котиби озоди комсомол фаъолият мекард. Бо сабаби сари вақт иҷро намудани супоришҳои кумитаи комсомол Раҳматуллоева Н.М бо граммотаи фахри мукофонида шудаанд. Аз сабаби дуст ва эҳтиром намудани касби ҳамширагӣ соли 1997 омӯзишгоҳи тиббии ш. Кофарниҳонро бо дипломи аъло хатм намудаанд. Дар тӯли чандин солҳо кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣро тайёр намудаанд. Аз соли 2004 то инҷониб дар  МДТ”Коллеҷи тиббӣӣ ҷумҳурияӣ” ВТ ва ҲИАҶТ ҳамчун омӯзгори фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” кор ва фаъолият дорад. Дар давоми фаъолияти худ дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” якчанд маротиба дар семинару конфронсҳои коллеҷ иштирок намуда худро фаъол нишон додааст. Дар ҳамаи навҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, конфронсҳо, семинарҳо ва маҳфилу омилҳо иштирок намуда худро фаъол нишон медиҳад. Саҳми арзандаи худро дар тайёр намудани модулҳои фанни “Асосҳои кори ҳамширагӣ” гузошта, дорои категория дараҷаи олӣ омӯзгори мебошад.


ҶОБИРОВА МАНИЖА МАМАДСАИДОВНА

1 -уми январи соли 1985 дар ш. Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2002 мактаби таҳсилоти умумии №91-ро хатм намуда, ба Коллеҷи тиббӣ дохил шудааст. Дар давоми таҳсил соли 2003 дар таваллудхонаи №2 ш. Душанбе ҳамчун ҳамшираи навбатдор фаъолият намудааст. Соли 2004 Коллеҷи тиббиро хатм намуда, ҳамчун лаборант ва ассистенти кафедраи “Кори ҳамширагӣ” дар КТҶВТ ва ҲИАҶТ кор ва фаъолият дорад. Солҳои 2004-2010 ҳамчун ҳамшираи навбатдор дар Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 ш. Душанбе кор кардааст. Дар корҳои ҷамъиятии коллеҷ фаъолона иштирок мекунад. Соли 2017 ба ДДОТ ба факултети “Психологияи амалӣ ва таҳсилоти фарогир” дохил шуда айни ҳол хатмкунандаи донишгоҳи мазкур мебошад. Дорои дарақаи дуюми омӯзгори мебошанд.


САФАРЗОДА ГУЛАФШОН САФАР

20-уми январи соли 1978 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1995 мактаби миёнаи №7 н. Данғараро хатм намудааст. Соли 1996 то 1998 дар Фабрикаи дорусозии н.Данғара кор ва фаъолият намуда, соли 1998 ба омӯзишгоҳи тиббии н.Данғара дохил шуд ва соли 2000 омӯзишгоҳи мазкурро хатм намудааст. Соли 2001 ба БМН н.Данғара ба ҳайси статистик фаъолияти кори намудааст. Аз соли 2005 то 2012 дар Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара ба ҳайси омӯзгори фанни “Кори ҳамширагӣ ва асосҳои информатика” фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то инҷониб дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамчун ассистенти кафедраи “Кори ҳамширагӣ” кор ва фаъолият дорад. Соли 2018 ба ДДОТ ба факултети “Кимиё ва биология” дохил шуда, айни ҳол таҳсилро идома дода истодааст. Дорои дараҷаи олии ҳамширагӣ мебошад.


МУҚИМОВА СУМАНРУХ АШУРОВНА

9 – уми май соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 5 ниҳияи Фирдавсӣ – ро соли 2014 хатм намудааст. Худи ҳамин сол ба  МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дохил шуда бо дипломи аъло хатм намуда  дар  муассисаи дар боло номбар шуда дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба ҳайси омӯзгори асоси ба кор омадааст. Айни замон донишҷуи ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар курси 4 – ум таъсил карда истодааст.


МУРОДОВА ФАРЗОНА АБДУСАТТОРОВНА

16  октябри соли 1989 зодаи ноҳияи М.С. Ҳамадонӣ. Соли 2007 муассисаи таълими мактаби умумӣ  шаҳри Душанберо хатм намуд. Соли 2013 ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба факултети “Кори ҳамширагӣ” дохил шуда, онро соли 2016 хатм намуд. Соли 2016 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул карда шуд, ва ва ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба факултети химия (маълумоти 2) дохил шуда донишгоҳи мазкурро соли 2019 хатм намуд. Дар корҳои ҷамъиятии коллеҷ фаъолона дар таълиму тарбияи донишҷӯён дар соли 2019, аз тарафи муассиса бо ифтихорнома сарфароз карда шуд.


ТАҒОЙМУРОДОВА ШИРИНМОҲ ИСКАНДАРОВНА

8 – сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе н. Сино таваллуд шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаи № 43 ҳамин ноҳияро хатм намуда худи ҳамин сол ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дохил шудааст. Коллеҷи тибии ҷумҳуриявиро соли 2013 бо дипломи аъло хатм намудааст. Бо роҳхати муассиса ба кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба кор кабул карда шуд. Соли 2014 ба ДДОТ  ба номи С.Айнй дар  факултети химия дохил шуда онро соли 2018 хатм намудааст.


ВАТАНБЕКОВА НИЛУФАР ҚУДРАТБЕКОВНА

4- апрели соли 1993 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 2011 мактаби миёнаи №13-и н. Шуғнонро намуда ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Қазоқистон дохил шуда, соли 2016 донишгоҳи мазкурро хатм намуд. Аз соли 2016 инҷониб дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  ҳамчун ассистенти кафедраи “Кори ҳамширагӣ”кор ва фаъолият  намуда истодааст.


ҶУРАЕВА МАЙСАР ҲОКИМОВНА

(8.11.1976 ш. Душанбе) Омӯзгори фанни “Кори ҳамширагӣ”. Хатмкардаи “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”(1991 – 1994). Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино (1997-2003). Фаъолияти кориро баъди хатми коллеҷ ба ҳайси “ҳамшира” дар ММТ “Шифобахш” дар ш.Душанбе (1995-2000) оғоз намудааст. Баъди хатми ДДТТ ба маркази саломатии №4 ба ҳайси “духтури табобатӣ” (2003-2014) фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2018 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба ҳайси омӯзгор фаолият намуда истодааст.


БУРИЕВА СУРАЙ ЁРМАҲМАДОВНА

(9.01.1983ш. Душанбе) Соли 200  мактаби миёнаи №76  – ро хатм намудааст. Соли 2002 “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” – ро хатм карда худи ҳамин сол ба МҶКБД ба кор оғоз карда то соли 2018 кору фаолият намудааст. Соли 2016 ба ДДО ба факултети “Химия ” аз руй ихтисоси “Химия – биология ” дохил шуда соли 2019 бо итмом расонидаст. Аз соли 2017 то  моҳи июли соли 2019  дар мактаби миёнаи № 56 омӯзгори фанни “биология” кор кардаанд. Аз моҳи сентябри соли 2019 то инҷониб омӯзгор  дар МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”  кафедраи “Кори ҳамширагӣ” кор ва фаъолият бурда истодааст. Дорои дораҷаи дуюми “ҳамширагӣ” мебошад.


ҲАЛИМА САФАРЗОДА

 17 – уми декабри соли 1990  дар шаҳри  Душанбе н. Сино таваллуд шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаи № 37 ҳамин ноҳияро хатм намуда худи ҳамон  сол ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дохил шудааст. Коллеҷи тибии ҷумҳуриявиро соли 2013 бо дипломи аъло хатм намудааст. Бо роҳхати муассиса ба кафедраи “Кори ҳамширагӣ” ба кор кабул карда шуд. Соли 2014 ба ДДОТ  ба номи С.Айнй дар  факултети химия – биология бо ихтисоси химия ва биология дохил шуда онро соли 2018 хатм намудааст. Дорои дараҷаи дуюми педагогӣ мебошад. Аз соли 2019 эдвайзери факултети “Кори табобатӣ ” то инҷониб фаъолият намуда истодааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.