Кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» аз соли 2007 аз ҳайати кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумӣ» (ки соли 2000 ташкил ёфта буд), ҷудо гардида ба сифати кафедраи мустақил фаъолияташро оғоз намуд. Кафедраи мазкур ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори коллеҷ мебошад, ки дар фаъолияти хеш масъалаи беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ- методӣ ва ғайраро амалӣ мегардонад. Мувофиқи Оинномаи коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ВТ ва ҲИА ҶТ вазифаи асосии кафедра ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои фанҳои ихтисосии кафедра ба ҳисоб меравад. Инчунин кафедра дар самти фаъолияти худ барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси дорои донишҳои васеи назариявӣ ва ташаккули шахсияти кормандони ояндаи миёнаи тиббӣ, фаъолияти назаррас дорад.
Дар кафедра асосан фанҳои равияи ҷомеашиносӣ аз чумла Таърихи халқи тоҷик, Асосҳои дониши фалсафӣ, Сиёсатшиносӣ, Хуқуқ, Диншиносӣ, Сотсиология, Этикаи касбӣ, Маърифати оиладорӣ ва ғайраҳо омӯзонида мешаванд. Аз ин рӯ метавон хулосабарорӣ кард, ки аъзоёни кафедра тӯли фаъолияти худ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки донишҷӯён аз таърихи миллати хеш, муборизаи аҷдодонамон оиди ҳимояи марзу буми ватан, заминаҳои ташаккулёбии миллӣ, нақши фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи расидан ба давлати соҳибистиқлол, қаҳрамонии фарзандони ватан дар ташаккулёбии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ватандориву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ташаккули шуури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, динии онҳо саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Дар кафедра 21 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд аз ҷумла: Назарова М. С., Қаландарова М. И, Ашурова Ф. И, Одинаев Ҳ. С., Раҳмонова Г. М, Соибов Ҳ. И, Холдоров Ф. Х., Довулова З. М., Хоҷаев С, И., Ғуломов С. Х., , Каримзода С. С., Авазов А. З., Аминов Б., Ҳамроев М. М., Дониёров Т., ва дигарон фаъолият мекунанд. Сарварии кафедраро н.и.ф. Назарова М. С., ба зимма дорад. Дар ибтидои фаъолият, ки кафедра бо номи « Комиссия сиклӣ» фаъолият менамуд, ки роҳбарии онро Очилов С. О. ва баъдан омӯзгори кафедра Қаландарова М. И., ба ӯҳда доштанд. Бо ташкил ёфтани кафедра роҳбарии онро тайи солҳои гуногун н.и.ф. Боқиев Ҳ.О., Давлатмуроди Р, д.и.ф. Самиев Б. Ҷ., Абдусатторова М. А., Одинаев Ҳ. С., Мунавваров Б. А., ба ӯҳда доштанд. Айни ҳол сарварии кафедраро н.и.ф. Назарова М.С., ба зимма дорад. Кафедра барои баланд бардоштани маҳорати донишандӯзии донишҷӯён чораҳои ҳамаҷониба дида истода бо ин мақсад бо кафедраҳои ҷомеашиносии ДТТ ба номи А. И. Сино, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДАТ, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, ДМТ ва дигар муассисаҳои таълимиву коллеҷҳо ҳамкории зич дорад. Аксари омӯзгорони кафедра дар муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисоси худ ва ба сифати унвонҷӯ фаъолият намуда истодаанд.
Нақши кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» дар амалӣ намуданӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён ва кормандони коллеҷ ниҳоят назаррас мебошад. Барномаи таълимӣ аз ҳамаи фанҳо дар кафедра барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ аз тарафи коллективи омӯзгорони кафедра тарҳрезӣ карда шудаанд. Кормандони кафедра дар омодагӣ ва гузаронидани конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва дигар чорабиниҳои таълимӣ- тарбиявӣ илмӣ-методӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва ғайра саҳми муҳим мегузоранд.
Кафедра дар назди худ мақсад гузоштааст, ки минбаъд ҳам оиди масъалаҳои ҳалталабӣ назариявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, корҳои ғоявиро амалӣ гардонда, дар ташаккули тафаккури донишҷӯён саҳмгузор бошанд ва барои тайёрӣ ва омодагии донишҷӯён дар корҳои ташвиқотӣ оиди манфиатҳои миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзи сарзамини ватан, зиракии сиёсӣ, татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ғайра кӯшиш намояд. Кафедра дар бораи санаҳои муҳими таърихӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими давлату ҳукумат пайваста чорабиниҳоро доир намуда, дар амал тадбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлатро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад. Дар ин самт омӯзгорони кафедра пайваста дар бораи санаҳои муҳими таърихӣ аз ҷумла: рӯзи истиқлолият, рӯзи Конститутсия, ҷашни Парчами миллӣ, мазмуну мӯҳтавои вохӯриҳои Пешвои миллат бо намояндагони касбу кори гуногун, ҷашнгирии солгарди рӯзи ғалаба, оиди ёдоварӣ аз фарзандони фарзонаи миллат ва ғайраҳо дар шакли конфронс ва мизҳои мудавварро пайваста баргузор менамоянд.
Аҳли кормандони кафедра дар баробари баланд бардоштани сифати таълиму тарбия инчунин дар нақшаи кафедра оиди таҳияи адабиёт ва дастурҳои таълимӣ назарияви аст ва тайи солҳои гуногун якчанд маҷмӯаҳоро аз ҷумла: китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик», «Асосҳои дониши фалсафӣ», «Сотсиология», « Асосҳои назарияи иқтисодӣ» , « Этикаи касбӣ» инчунин маҷмӯаи тестҳоро аз ҳама фанҳои таълимии кафедра омода ва чоп намуда мавриди истифодаи донишҷӯён қарор додаанд. Аҳли омӯзгорони кафедра дар назди худ вазифа гузоштанд, ки пайваста баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои давлату ҳукумати мамлакат амал намуда, барои дар сатҳи баланд гузоштани таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани нуфузу эътибори коллеҷ дар байни донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳои мамлакат нақши арзандаи худро мегузоранд.
МУДИРИ КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ”
НАЗАРОВА МАЪРИФАТ САНГИНМУРОДОВНА
(тав. 13.1.1972, деҳаи Авзикенги шаҳри Ҳисор), номзади илми филология (2015). Хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода (2007)., омӯзгори мактаби миёнаи №57 Ноҳияи Ҳисор (2001–07), ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2007–13) буд. Аз соли 2013, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ». Зери роҳбарии ӯ модулҳои таълимии кафедра омода карда шудаанд. Ҳамчунин якчанд мақолаҳои илмӣ оммавиро дар нашрияи Коллеҷ ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп намудааст. Оиди Ҷанбаҳои миллӣ ва умумиинсони дар шеъри Лоиқ Шералӣ пажӯҳиш анҷом додааст.
АШУРОВА ФИРӮЗА ИСМОИЛОВНА
(тав. 23.6.1973, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995). Фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳисоби муҳосибии ҳамин донишгоҳ оғоз намудааст (1996). Аз соли 2000 омӯзгори фанни «Назарияи иқтисодӣ»-и кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Муаллифи дастури таълимии «Назарияи иқтисодӣ» (2016).
КАЛАНДАРОВА МАВЛУДА ИСКАНДАРОВНА
(дар ноҳияи Ҷиргатол ба дунё омадааст), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1990). Дар давоми таҳсил дар Донишгоҳ сарварии клуби дӯстии миллатҳо бо номи «Ситора»-ро ба зима дошт ва соли 1987 бо ифтихорномаи ташкилоти демократии ҷавонони Афғонистон ва соли 1989 бо «Ордени Дӯстӣ» сазовор дониста шуд. Аз соли 1990 ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолиятро оғоз намуд. Соли 1992 то 1997 чун мудири ҷамъиятии комиссияи сиклӣ ва аз соли 2001 то 2005 раиси итифоқи касабаи коллеҷ фаъолият намудааст. Дар таҳлили ду маҷмуа «Китоби ёдҳо» ва «Онҳо аввалинҳо буданд» бахшида ба иштирокчиёни ҶБВ ва маълумотҳо оиди коргарони ҳизбӣ дар солҳои ҶБВ саҳм гузоштааст.
ОДИНАЕВ ҲУСЕЙН САФАРОВИЧ
(тав. 5.4.1972, деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ), Хатмкардаи УДТ ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) (1994). Аз соли 1994 то соли 2006 омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ баноми Ш. Шоҳтемур. мудири кафедраи “фанҳои гуманитарӣ” (2006–2013). Дар мавзӯи “ Хусусиятҳои шаклгирии сохтори сиёсӣ – иҷтимоӣ дар замони муосир” зери роҳбарии д.и.с. профессор Идиев Х. У., ва д.и.ф. профессор Самиев Б. рисолаи илмӣ кор бурда истодааст. Якчанд дастурҳои таълимӣ аз ҷуумла “Асосҳои дониши фалсафӣ, маҷмуаи Саволу ҷавобҳо аз фаннӣ Асосҳои дониши фалсафӣ, тестҳо ва шархи истилоҳоти фалсафӣ, маҷмуаи тестҳо аз фаннӣ Сиёсатшиносӣ”- ро мураттаб намуда нашр намудааст. Якчанд мақолаҳои илмӣ оммавиро дар нашрияи Коллеҷ ва нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп намудааст. Феълан китоби дарсии Сиёсатшиносиро мураттаб намуда барои нашр омода намуда истодааст.
РАҲМОНОВА ГУЛЧЕҲРА МИРЗОУМАРОВНА
(тав. 6.2.1973, ш. Ваҳдат), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи педагогика ва психологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2006). Фаъолияти кориашро ба сифати лаборанти шуъбаи таълими Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2002) оғоз намуда, алъон (аз 2004) омӯзгори фанни «Этикаи касбӣ»-и кафедраи фанҳои гуманитарии муассисаи мазкур мебошад. Муаллифи дастури таълимии «Этикаи касбӣ» (2016).
ҲАМРОЕВ МИРКАМОЛ МИРАҲМАДОВИЧ
(тав. 7.11.1983 деҳаи Мадмӣ ноҳияи Айнӣ) Омӯзгор. Хатмкардаи Хатмкардаи Факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006), Омӯзгори мактаби миёнаи №87 Ноҳияи Синои ш. Душанбе (2009–2017) буд. Аз соли 2018 омӯзгори фанни «Фарҳангшиносӣ»-и кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.
АВАЗОВ АМИРҶОН ЗАФАРХОНОВИЧ
(тав. 31.12.1995 Шаҳри Кулоб) Омӯзгор. Хатмкардаи факултети «Таърих»-и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни (2018) . Тибқи роҳхат аз соли 2018 ба кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба кор омадааст. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва усулҳои муосири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.
ХОҶАЕВ САФАРАЛӢ ИБРОҲИМОВИЧ
(тав. 01.09.1990 ноҳияи Ховалинги Вилояти Хатлон). Омӯзгор. Хатмкардаи факултети «Таърих»-и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни (2015) Аз соли 2017 омӯзгори фанни «Таърихи халқи тоҷик» дар кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
ХОЛДОРОВ ФАРҲОД ХАЛНАЗАРОВИЧ
(тав. 01.01.1984 ноҳияи Вахши Вилояти Хатлон). Хатмкардаи факултаи «Ҳуқуқшиноси»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (2009).Омӯзгори фанни ҳуқуқ мактаби №72 ноҳияи Фирдавсӣ (2011-13) Аз соли 2016 омӯзгори фанни «Ҳуқуқ» дар кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти кори дар омодасозии маводҳои таълимии кафедраи «Фарнҳои гуманитарӣ» фаъолона иштирок менамояд. Мураттиби модулҳо аз фанни «Ҳуқуқ» аст.
ҒУЛОМОВ САФАРАЛӢ ХАЙРМАДОВИЧ
(тав. 17.06.1996 Шаҳри Кулоб) Омӯзгор. Хатмкардаи факултети «Молияю иқтисодӣ» ДМТ (2018). Аз соли 2018 омӯзгори фанни «Назарияи иқтисодӣ»-и дар кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
КАРИМЗОДА САФАРБЕКИ САЙВАЛИ
(тав. 18.07.1993 деҳаи Деҳқонариқи Ноҳияи Фархори Вилояти Хатлон) Омӯзгор. Хатмкардаи Хатмкардаи факултаи таърих «Бойгонишиносӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2016), Аз соли 2017 омӯзгори фанни «Таърихи халқи тоҷик» кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
СОҲИБОВ ҲУСАЙН ИСЛОМОВИЧ
(тав. 20.10.1975 деҳаи Бобосафоли поёни ноҳияи Фархори Вилояти Хатлон) Омӯзгор. Хатмкардаи факултаи «Таърих»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998). Аз соли 1999 омӯзгори фанни «Таърихи халқи тоҷик» дар кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти кори дар омодасозии маводҳои таълимии кафедраи «Фарнҳои гуманитарӣ» фаъолона иштирок менамояд. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад. Мураттиби модулҳо аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» ва маҷмӯаи лексияҳо.
ДОНИЁРОВ ТОҲИР НЕЪМАТОВИЧ
(тав. 05.11.1949, деҳаи утунқалъачаи ноҳияи Данғара Вилояти Хатлон), омӯзгор. Хатмкардаи УДТ ба номи В. И. Ленин ҳозира ДМТ (1978) Омӯзгори мактаби №17 ноҳияи Вахш (1881-1993), омӯзгори фанни таъриху ҷамъиятшиносии мактоби ба номи Б. Ғафурови ноҳияи сағирдашти вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон. Сардори шуъбаи «Автомобил», «МХҚ» Коллеҷи омӯзгори муҳандисии Ш. Душанбе (2007-2011). Ҷонишини директории литсейи ДТТ ба номи академик М. С. Осими (2012-2015) омӯзгори таърихи Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н. Рӯдакӣ (2017-2018) Аз соли 2019 омӯзгори фанни таъриху ҷамъиятшиноси дар кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
тав. 07.01.1971 деҳаи Арбобии шаҳри Ҳисор) Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ҳисор (1994) Муаллимаи омузишгоҳи педагогии шаҳри Ҳисор (1995-2005) Хатмкардаи факултети «Таърих ва ҳукук»-и Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 2005-2010) Аз соли 2014 омӯзгори фанни «Таърихи халқи тоҷик»-и кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад. Мураттиби модулҳо аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» ва маҷмӯаи лексияҳоаз фанни тоърих аст.
(тав. 23.10.1987, деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб), Хатмкардаи факултаи филологияи ДМТ (2010). Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №29 (2011–17) буд. Аз соли 2018 омӯзгори фанни «Таърих»-и кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.