Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ

Кафедра. Соли 2012 таъсис ёфтааст. Фаъолияти худро мувофиқи нақшаи корӣ зери шиори «Амалигардонии Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Мудири кафедра – Сулаймонова Ойҷонбӣ Ғуломовна (аз соли 2019 инҷониб), аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кафедра дар ошёнаи 4 бинои таълимии  КТҶ ҷойгир шудааст. Он аз як толори лексионӣ( дорои 1 тахтаи электронӣ), 8 синфхона ва утоқи кории мудири кафедра иборат аст. Дар кафедра 13 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: 3 нафар бо тахассуси дараҷаи олӣ (Сулаймонова О., Ҳаётов Ҷ. Б. , Хушбахтова Ш. Н.), 2 нафар тахассуси дараҷаи якум (Гирдакова Л.А, Ҷорубова М.Б.), 1 нафар аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Сулаймонова О.Ғ.). Омӯзгорони асосӣ – 9 нафар, омӯзгорони соатбайъ – 4 нафар, лаборант- 1 нафар. Фаъолияти кафедра тибқи нақшаҳои солона сурат мегирад. Дар кафедра донишҷӯён фанҳои таълимии зеринро меомӯзанд: кимиёи ғайриорганикӣ, кимиёи органикӣ, кимиёи таҳлилӣ, кимиёи фарматсевтӣ, кимиёи заҳршиносӣ, фармакогнозия. Дар кафедра  барномаҳои таълимӣ аз фанҳои кимиёи ғайриорганикӣ, кимиёи органикӣ, кимиёи таҳлилӣ, кимиёи фарматсевтӣ, кимиёи заҳршиносӣ ва фармакогнозия аз нав дида баромада шуданд. Барномаҳои таълимӣ аз фанҳои кимиёи ғайриорганикӣ, кимиёи органикӣ, кимиёи таҳлилӣ, кимиёи фарматсевтӣ, кимиёи заҳршиносӣ ва фармакогнозия ба нақшаи нави таълимии шӯъбаи шабонаи кори фарматсевтӣ мутобиқ ва бо забони тоҷикӣ тартиб дода шуданд. Дар кафедра ҳамасола ҳафтаи фаннӣ гузаронида мешавад, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар мегиранд: викторина дар мавзӯи «Кимиё ва ҳаёт» – омӯзгорон Давлатова М.А., Ҳаётов Ҷ.Б.;Конфронс дар мавзӯи «Даҳсолаи байналмилалии “ Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028» – омӯзгорон Гирдакова Л.А., Ҷорубова М.Б., Конфронс дар мавзӯи “ Растаниҳои доругие, ки дар таркибашон гликозидҳо доранд ва барои бемориҳои дилу рагҳои хунгард истифода мешаванд” – омӯзгор  Хазонов О.З.; Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи “Бемориҳои меъдаву руда ва табобати онҳо бо растаниҳои доругӣ”- омӯзгор Хазонов О.З.; Машғулияти кушоду намунавӣ дар мавзӯи «Услуби титронидани атсидӣ-ишқорӣ» – омӯзгор Ҷорубова М. Б.; Озмуни кимиёи озмоишӣ дар мавзӯи «Гузаронидани равандҳои кимиёвӣ» – омӯзгор Давлатова М.А.; Озмуни ҳамадони кимиёӣ дар мавзӯи «Кимиё» – Ҳаётов Ҷ.Б.; Мизи мудаввар дар мавзӯи «Алоқамандии кимиё бо кимиёи фарматсевтӣ» – омӯзгор Гирдакова Л.А.; Викторинаи кимиёӣ дар мавзӯи «Химики беҳтарин» – омӯзгор Ҳаётов Ҷ. Б.; Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Аҳамияти об дар табиат ва ҳаёти инсон» – омӯзгорон  Ҷорубова М. Б. ва Давлатова М.А. Дар кафедра маҳфили фаннии «Химикони ҷавон» амал мекунад. Аз тарафи омӯзгорони кафедра тибқи нақша дарсҳои кушод, конференсияҳо ва соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Корҳои илмии кафедра ривоҷ меёбанд. Аз тарафи омӯзгори кафедра Хазонов О.З. дастури таълимӣ аз фанни фармакогнозия (барои коллеҷҳои тиббӣ) ва  китоби “ Фармакогнозия” ба чоп расонида шуд. Хазонов О.З. унвонҷӯи факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.  Бо дастгирии омӯзгорони кафедра дар соли таҳсили 2019-2020  донишҷӯи курси 3- юми факултети “ Кори фарматсевтӣ” Бобоева Нигора  дар озмуни  “Донишҷӯи сол” иштирок намуда, сазовори ҷойи 3- юм гардид. Дар кафедра ба корҳои тарбиявӣ бештар диққат дода мешавад ва тибқи нақшаи корҳои тарбиявӣ чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Рӯзи Дониш, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ғайра   ҳамасола гузаронида мешаванд. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. дар конференсияи илмӣ- назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули давлатдории тоҷикон” иштирок намуда, мақолаи худро бо номи “ Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ” чоп намуда, пешниҳод намуд.


МУДИРИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”
СУЛАЙМОНОВА ОЙҶОНБӢ ҒУЛОМОВНА

(тав. 20.06.1967, ноҳияи Восеъ), мудири кафедра. Хатмкардаи ДДТТ  ба номи Абуалӣ ибни Сино факултети фарматсевтӣ (соли 1989). Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон , тахассуси дараҷаи олӣ. Провизор-технолог, провизор-аналитик (солҳои 1989-2001). Мудири дорухона (2001-2005). Муовини директор оид ба таълими МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира ш. Бохтар  (2005-2011). Мудири  нуқтаи доруфурушӣ, ш.Душанбе (2011-2015). Директори МҒТ “ Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш”(2015-2019). Мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” МДТ    “ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (2019инҷониб).


ҲАЁТОВ ҶАЛИЛ БОБОСАНГОВИЧ

 (тав. 18.12.1964, ноҳияи Варзоб), омӯзгор. Хатмкардаи факултети  кимиёи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (1989). Омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи №69 ноҳияи Ҳисор (1989–90), муовини директор оид ба корҳои Тарбиявии   мактаби таҳсилоти ҳамагонии №69-уми ш. Душанбе (1990-99) Муҳандиси корхонаи ҶСК «Тоҷик семент» (2000–2011) . Аз соли 2013 ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”- и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ “ фаъолият карда истодааст.


ДАВЛАТОВА МУШАРРАФА АНВАРОВНА

(тав. 17.5.1986, ноҳияи Ванҷ), омӯзгор. Хатмкардаи факултети кимиёи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2009).Фаъолияти кориашро ба сифати ходими хурди илмии озмоишгоҳи биокимиёи Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-  илмии тибби пешгирои Тоҷикистон (2009–2012) оғоз намуда, айни ҳол кори омӯзгориашро дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”   идома дода истодааст (аз соли 2012).


НУРАЛИЗОДА МАНУЧЕҲР МАХКАМ

(тав. 13.12.1998, ш.Душанбе) –  лаборант. Хатмкардаи МДТ“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” факултети кори фарматсевтӣ (соли 2019).  Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети кимиё, таҳсилоти фосилавӣ. Аз соли 2019 дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” ба ҳайси лаборант кор мекунад.


НОСИРОВА ШАҲНОЗА МУЗАФАРОВНА

 (тав.28.08.1991,  ш.Душанбе) –  омӯзгор, хатмкардаи “Колеҷи тиббӣ –  иҷтимоии  ш. Душанбе “факултети кори фарматсевтӣ . Донишҷӯи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  факултети биология , таҳсилоти фосилавӣ. Аз соли 2020 омӯзгори фанни фармакогнозияи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” мебошад.


ХАЗОНОВ ОРЗУҶОН ЗИЁРАТОВИЧ

 (тав. 06.09.1993, н.Панҷ) хатмкардаи факултети тиббию фарматсевтии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси дорусоз (соли 2016). Омӯзгори фанни фармакогнозияи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” (соли 2016 то инҷониб). Муаллифи дастури таълимӣ аз фанни фармакогнозия ва китоби “Фармакогнозия” (барои колеҷҳои тиббӣ) мебошад. Унвонҷӯи факултети фарматсевтии  ДМТ мебошад.


ҶОРӮБОВА МАВЛУДА БАЛАҶОНОВНА

(тав. 10.6.1982, ноҳияи Рашт), омӯзгор. Хатмкардаи факултети  кимиёи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2009).  Омӯзгори Литсейинтернати президентӣ (2008–2009), мудири утоқи методикаи таълими кимиёи факултети кимиёи ДДОТ (2009–2010), омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” –и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2010-2015). Омӯзгори кафедраи “Фанҳои кимиё” -и Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н.Рӯдакӣ (2015-2019).  Омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ  “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  ( аз соли 2019).


ХОЛИҚОВА НОДИРАБЕГИМ АБДУҲАМИДОВНА

(тав. 27.12.1995),  ш. Душанбе  – омӯзгор.  Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети фарматсевтӣ (соли 2018). Аз соли 2020 дар кафедраи  “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” ба ҳайси омӯзгор фаъолият  карда истодааст.


ШАРИФОВ МУҲАММАДШАРИФ ҲУСЕЙНОВИЧ

(тав.18.01.1992с , н.Айнӣ) – омӯзгор.  Хатмкардаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети кимиё  (соли 2014). Омӯзгори МТМУ-и №16-и н. Шоҳмансур ш.Душанбе  (2011-2015).  Лаборанти калони кафедраи кимиёи биоорганикӣ ва физколлоидии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (2014-2018). Омӯзгори кафедраи кимиёи  Коллеҷи тиббии ғайридавлатии н. Рӯдакӣ (2018-2019).  Аз соли 2020 дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” ба ҳайси омӯзгор кор карда истодааст.


ГИРДАКОВА ЛУТФИЯ АФЗАЛОВНА

(тав.20.09.1974,  ш.Ваҳдат) –  омӯзгор. Хатмкардаи ДМТ факултети кимиё. Лаборанти калони ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2009-2010). Аз соли 2011 то инҷониб дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ҳайси омӯзгори фанни кимиё фаъолият карда истодааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.