Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА ТИББӢ

Кафедра бо фармони Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи  январи соли 2009 тасис ёфташуда бо номи кафедраи  ″Техникаи тиббӣ″ ташкил  шудааст.     Солҳои  2009 – 2016 роҳбарии  кафедраро Зоиров А.Ҳ., ба уҳда дошт. Аз 1 ноябри соли 2016 мудири кафедра Арбобов Х.М., таъин карда шавад. Дар тӯли ин солҳо аз ҷониби роҳбари кафедра  Арбобов Х.М., китобҳои «Техникаи барқӣ», «Асосҳои техникаи рентгении тиббӣ», «Роҳнамо (маълумотномаи – техникӣ)», «Физикаи  тиббӣ-биологӣ», «Технологияи информатсионӣ», « Механикаи техникӣ », «Техникаи электронӣ» ва маҷмӯаи  тестҳо аз фанҳои  Графикаи муҳандисӣ, Механикаи техникӣ, Техникаи электронӣ, Масолеҳшиносӣ, Асосҳои техникаи рентгенӣ, Ченкунии электрорадиоӣ, Асосҳои автоматика, Технологияи информатсионӣ, ба забони  давлатӣ ва русӣ, дастурҳои  методи таҳия ва чоп карда шудаанд. Ҳайати кафедра аз 24 нафар омӯзгор аз он ҷумла 15 нафар асосӣ ва 9 нафар ҳамкори дохили ва беруни иборат буд. Аз 1 сентябри соли 2018 кафедраи ″Техникаи тиббӣ″ ба кафедраҳои ″Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ″ ва ″ Табиию риёзӣ″ ҷудо карда шуд. Кафедраи ″Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ″ ба уҳдаи  Арбобов Х.М. мебошад. Дар кафедрат номбар шуда 11 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Омӯзгорон Сангинов Ш.С., Меликов Т.Қ., Муродов Ф.Қ., Шарипова Ф.И., Назарова Ф., Назаров Ҷ.С., Ёров П.М., Сатторов Р., Ғуломов М.М.,  фаъолия мекунад. Кафедра аз руи 18 барномаи таълими иборат мебошад.
Кафедра аз 3 синфхонаи компютери, ки аз 74 компютер иборат буда як озмоишгоҳ ва 2 синфхона барои донишҷӯёни факултети «Истифодабари техника ва таҷҳизоти тиббӣ» иборат аст. Дар кафедра 2 маҳфили фаннӣ бо номи ″Информатикони ҷавон″ ва ″Техникони ҷовон″ фаъолият дорад,  кафедра бо ихтироъкори бо донишҷӯёни ихтисоси «Истифодабари техника ва таҷҳизоти тиббӣ» машғул  мешаванд. Дар озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро  таҳти шиори «Ҷавонон — созандагони Ватан»  баргузор гардид. Дар ин озмун 7 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ  ҷумҳурияви  бо пешниҳоди 8 лоиҳаи ихтироъкори иштирок намуданд.


МУДИРИ КАФЕДРА 
АРБОБОВ ХАЙЁМ МУҚАДДАМОВИЧ

(тав.  25.06.1986  н. Мастчоҳ ) инженер, програмист. Хатмкардаи  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон. Фаъолияти  кориашро  соли  2007 дар   Коллеҷи  техникии  Донишгоҳи  Техникии  Тоҷикистон  ба  номи  академик   М.Осимӣ  оғоз  намудааст. Аз соли 2013 омӯзгори кафедраи  ″ Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ ″ Муассисаи давлатии таълимии ″Коллеҷи  тиббии  ҷумҳуриявӣ″ мебошад.  Ҳамзамон  аз  моҳи ноябри соли  2016 мудири  кафедраи ″Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ″  Муассисаи давлатии таълимии ″Коллеҷи  тиббии  ҷумҳуриявиӣ″ – ро ба  уҳда дорад. Зиёда аз 10  мақолаи илмӣ   муаллифи  5  китоб  таълимӣа  аз он ҷумла,  Техникаи  барқӣ.  Д – 2017 с. Физикаи тиббӣ-биологӣ.  Д – 2018с. (ҳаммуаллиф); Асосҳои техникаи рентгении тиббӣ. Д- 2018 с.  Роҳнамо  (маълумотномаи – техникӣ) Д-2019 с., Технологияӣ  информатсионӣ.  Д – 2019 с. мебошад. Рисолаи  номзадӣ  дар мавзӯи «Таърихи  муҳандисӣ  дар  Хуросону Мовароунаҳр  дар асрҳои Х-ХV» кор бурда истодааст.


МЕЛИКОВ ТОЛИБҶОН ҚУРБОНАЛИЕВИЧ

 (тав. 2.10.1985, ноҳияи Варзоб), омӯзгор. Хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2009). Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори фанҳои математика – информатика дар мактабҳои миёнаи умумии №29,34,39-и ноҳияи Варзоб (солҳои 2008-2012) оғоз намуда, аз соли (2012) ассисенти кафедраи «Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ» – и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад.


НАЗАРОВ ҶОВИДОН  СУЛАЙМОНОВИЧ

(тав. 07.12.1995, деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин), омӯзгор. Хатмкардаи ДМТ  (2018). Фаъолияти кориашро соли 2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оғоз намудааст. Дар давоми фаъолияти корӣ  бо ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст. Муалифи 2 мақолаи илмӣ ва муалифи китоби таълимии “Барномаҳои офисӣ” (2020) мебошад.


CАТТОРОВ РУСТАМ САИДАМИРОВИЧ

(таваллудаш 02.11.1993 ноҳияи Ховалинг), омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ. Хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2016). Фаъолияти кории худро соли 2020 ба ҳайси ассистенти кафедраи “Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оғоз намудааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.