Кафедраи педиатрия бо фармони Вазорати тандурустии ҶТ аз 9 феврали соли 2005 таҳти №61 ташкил шудааст. То соли 2006 кафедраро н.и.т. Э.И.Назаров роҳбари намудааст. Солҳои 2006-2007 вазифаи мудири кафедраро омӯзгор Садриддинова.М.Д. ба уҳда дошт. Аз моҳи январи 2007 то мохи сентябри 2019 мудири кафедра д.и.т. Икромов Т.Ш. Айни ҳол мудири кафедраро Мамадаминова С.Ҳ ба ӯҳда дорад. Дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба дараҷаи оли тахассуси дошта Ахмедова.М.А, Қурбонова .М.А, Муҳамадиева Р.М, Кулдашова Г.К, омӯзгорони ҷавон Насими Мавзуна ва Содиқова М.Р. аз устодон таҷрибаи кори меомӯзанд. Таълифоти устодони кафедра Икромов.Т.Ш, Ахмедова.М.А, Мамадаминова С.Х. Саволҳои тести аз фанни кори ҳамшираги дар педиатрия ба забони давлати ва русси нашр кардан ва ба донишҷӯён дастрас карданд. Мухамадиева.Р.М, Қодирова .Х.М “Особенности кожи подкожного жирового слоя, костно – мышечная системы”, Ахмедова М А , Икромов Т Ш “Физическое и нервно- психическое развитие”, Икромов Т Ш , Мамадаминова С Ҳ “ Ёрии паллиативи ба кудакон”. Дар давоми солҳои таҳсил дар кафедра 12- маротиба дарсҳои кушод ва 10 маротиба конфронси таълими – амалии донишҷуен гузаронида мешавад.
МУДИРИ КАФЕДРА
МАМАДАМИНОВА СОФИЯ ҲАСАНОВНА
(тав. 02 09 1980, ноҳияи Ҷайҳун). Хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино 2003. Фаъолияти кориашро аз беморхонаҳои бачагонаи шаҳри оғоз намудааст. Аз соли 2014 омузгори кафедраи Педиатрия. Айни ҳол мудири кафедраи Педиатрия.
АХМЕДОВА МАТЛЮБА АХМЕДОВНА
(тав. 21 05 1949 ноҳияи Исфара ). Хамткунандаи ДДТТ 1974. Фаъолияти кориашро аз беморхонаҳои бачагона оғоз намудааст. Аз соли 2006 омузгори кафедраи Педиатрия. Бо унвони “ Аълоҷии Тандурусти “ мукофонида шудааст.
КУРБОНОВА МУХАББАТ ОРТИҚОВНА
(тав.07.02.1950, ноҳияи Конибодом ) .Хатм кунандаи ДДТТ 1947 сол. Фаъолияти кориашро аз ноҳияи Конибодом оғоз намудааст ба ҳайси табиби атфол . Аз 1999 омузгори кафедраи Педиатрия.
КУЛДОШОВА ГУЛНОЗА ҚАЮМҶОНОВНА
(тав. 17 04 1977 шахри Душанбе). Хамткунандаи ДДТТ 2001 сол. Фаъолияти кориашро аз Дармонгоҳи №2 ба ҳайси табиби атфол оғоз намудааст. Аз соли 2006 омузгори кафедраи Педиатрия.
СОДИҚОВА МАВЛУДА РАҲМАТУЛОЕВНА
(тав. 03 10 1989 шаҳри Душанбе ). Хамткунандаи ДДТТ 2014 сол. Фаолияти кориашро аз табиб атфоли МДМТ “ Истиклол” оғоз кардааст. Аз соли 2019 омузгори кафедраи Педиатрия.
НАСИМИ МАВЗУНА
(тав. 17. 07 1986, шаҳри Душанбе). Хатм кунандаи ДДТТ соли 2015. Фаъолияти кориашро аз омузгори кафедраи Педиатрия оғоз намудааст.
МИРЗОЕВ КУВВАТАЛИ ОСТОНОҚУЛОВИЧ
(тав. 03 0 70 1968, ноҳияи Фархор). Хатмкунандаи ДДТТ соли 1993. Фаъолияти кориашро аз ноҳияи Фархор оғоз намудааст ба ҳайси табиби атфол дар БМН. Аз соли 2013 омузгори кафедраи Педиатрия.