Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ

Кафедра моҳи сентябри соли 2015  ташкил карда шудааст.


МУДИРИ КАФЕДРА
ХОЛОВ ТАЛБАК ҲАМРОҚУЛОВИЧ

(тав. 5-уми июни соли 1982, деҳаи Чорбоғи ноҳияи. Варзоб), омӯзгори фанни“Тарбияи ҷисмонӣ”, Устоди варзиш оид ба гӯштини миллӣ ва самбо, мудири кафедраи“Тарбияи ҷисмонӣ.  Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ба номи Саидмӯъмин  Раҳимов (соли 2003). Пас аз хатми донишкада ба сифати омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст  (2003-2006). Сипас дар литсейи №1, ҳамчун омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”фаъолият намудааст (2006-2008). Аз соли  2008 то имрӯз дар Муассисаи давлатии  таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» фаъолият намуда истодааст. Аз якуми сентябри соли 2015 ба ҳайси мудири кафедраи«Тарбияи ҷисмонӣ фаъолият намуда истодааст. Ширкаткунандаи мусобиқаҳо игуногуни варзишии шаҳри Душанбе, Ҷумҳурӣ ва ташкилотчии асосии мусобиқаҳои варзишии байни донишҷӯёни коллеҷ ва коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, сексияҳои варзишӣ оид ба гӯштин мебошад. Дар зери роҳбарии ӯ дастаи  гӯштингирони коллеҷ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.


АБДУРАХИМОВА ФИРУЗА АКБАРОВНА

(3 июл соли 1980 дар шаҳри Душанбе). Омузгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ” хатмкардаи «Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ» ба номи Саидмӯъмин Раҳимов шуъбаи ғоибона (2009). Фаолиати кориро баъди хатми мактаби миёна дар китобхонаи донишкадаи «Тарбияи ҷисмонӣ» (1998-2008). Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 5 ш. Душанбе ба хайси омӯзгри фанни тарбияи ҷисмон  (2008-2019). Аз моҳи сентиябри соли 2019 дар Муассисаи таълими «Коллеҷи тибби ҷумҳурияви» дар кафедраи «Тарбияи ҷисмони» ба ҳайси омузгори фанни тарбияи ҷисмонӣ кор ва фаолият дорад. Айни ҳол дар курси 3 уми донишкадаи омузгори факултети «Таърих» таҳсил дорад.(2019)


АЗИЗОВ ШУҲРАТ ЛАТИФОВИЧ

(09.05.1982 ш. Душанбе) Омузгори фанни «тарбияи ҷисмонӣ» Хатумкардаи «Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ» (1999-2003).Фаолиати кори моҳи феврали соли 2004 дар вазорати «Ҳолатҳои фавқулода» дар қисми низоми 45025 ҳамчун мовини камандири рота кор бо ҳайати шахси.(2004-2008). Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 54 варзоб ба хайси омӯзгри фанни тарбияи ҷисмонӣ (2010-2015) Аз моҳи сентиябри соли 2017 дар Муассисаи таълими «Коллеҷи тибби ҷумҳурияви» дар кафедраи «Тарбияи ҷисмони» ба ҳайси омузгори фанни тарбияи ҷисмонӣ кор ва фаолият дорад.


ХОҶАЕВ ФАРРУХ ИСМОИЛОВИЧ

(тав. 26- уми феврали соли 1991, ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон), омӯзгори фанни“Тарбияи ҷисмонӣ”. Хатмкардаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (соли 2011), Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, баноми Саидмӯъмин Раҳимов  шӯъбаи (ғоибона) (2015). Пас аз хатми коллеҷ (2011-2015) дар Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии “Ҳосилот”, ҳамчун мутахассиси соҳаи варзиш фаъолият намудааст. Бади хатми ДТҶ аз моҳи августи соли 2015 дар Муассисаи давлатии таълимии“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”ба ҳайси омӯзгори фанни“Тарбияи ҷисмонӣ”фаъолият намуда истодааст. 269 Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Донишнома Ширкаткунандаи мусобиқаҳои гуногуни варзишии шаҳриДушанбе, Ҷумҳурӣ ва ташкилотчии мусобиқаҳои варзишии байни донишҷӯёни коллеҷ ва коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, сексияҳои варзишӣ мебошад.


АКБАРОВ ОЛИМҶОН ФАЙЗОВИЧ

(16.03.1996, ноҳияи  Ҳамадонй), Омӯзгори кафедраи  тарбияи ҷисмонй. Хатмкардаи  Донишкадаи Тарбияи ҷисмонй ба номи Саидмӯъмин Раҳимов. (2018). Аз соли 2019 дар  Муассисаи давлати таълими  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  ба ҳайси омузгори фанни  тарбияи ҷисмонӣ  кор ва фаъолият карда истодааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.