ПАРЧАМ РАМЗИ ОЗОДӢ

Парчами миллии мо гувоҳ аз таъриху тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст. Дар гузашта тамоми қавмҳои ориёӣ аз давраҳои қадим оини парчамсозиву парчамдориро хеле гиромӣ медоштанд. Парчам аз замонҳои қадим чун рамзи ваҳдату ягонагӣ, якдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои гуногун ва муборизаву ҷоннисориҳои онҳо баҳри озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии паймудаи он ва дигар нишонаҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.
Вақте ки кишвари азизу маҳбуби мо-Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард, дар радифи масъалаҳои дигар зарурати таҳияву таъйини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар иҷлосияи XVI Шӯроӣ олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ–Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол баҳс оростанд, табодули афкор карданд, мулоҳизоти мутахассисонро ба инобат гирифтанд ва ниҳоят “Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро қабул намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ-Парчами давлатӣ гардид.
Соли 2009 бо ибтикори Президенти мамлакат 24 ноябр рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил хоҳад гашт. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.
Дар “саргузашти мардуми печидафарёд”-и тоҷик парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояти басе ҷолибу ҷозиб ҳамбастагӣ дорад. Ин ҳикоят тавассути “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсии бузург то ба рӯзгори мо расидааст. Бино ба ҳикояти муаллифи “Шоҳнома “ Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳок ва Морони ӯ, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад ва пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирузӣ мерасад. Ба ин васила шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва он пешбанди Коваи музаффарро “Ковиёнӣ дурафш” (дурафши Ковиёнӣ) мехонанду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигараш дирафш) аз муродифҳои бостонии парчам аст.
Дар “Энсиклопедияи Советии тоҷик” (ҷ.1.Душанбе, 1978, саҳ. 352-353) оварда шудааст, ки парчам “рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, партиявӣ, динӣ ва ҷамъиятии ташкилотҳои гуногун”мебошад.
Бояд гуфт, ки дар фарҳангу луғатномаҳо ва дар осори таърихӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шудаанд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш (дурафш), алам, ливо, байрақ, парчам, роят.
Аз чӣ бошад, ки пас аз Инқилоби Октябр (1917) дар силсилаҳои муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ афзалият пайдо кард. Ибораҳои байрақи сурх, Байрақи октябр, байрақи зафар, байрақи сурхи меҳнат зуд маълум гаштанд. Устод Турсунзода нахустмаҷмӯаи осори хешро “Байрақи зафар” (1932) номид, устод Лоҳутӣ достоне бо номи “Тоҷ ва байрақ навишт”....
Оре парчами давлатӣ аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Ба ифтихори 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ (соли 2011) дар назди Қасри миллат Парчами Тоҷикистон дар баландии 165 метр қомат афрохт, ки ин парчам баландтарин дар тамоми ҷаҳон хоҳад буд.
Пас ҳар яки моро зарур аст Парчами Тоҷикистонро чун яке аз рамзҳои давлати пойдори хеш эҳтиром намоему пос дорем.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад.

Аминов Б.У., омӯзгори кафедраи
“Фанҳои гуманитарӣ”

Меликов Т.Қ., омӯзгори кафедраи
“Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ”