ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ" БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТА

Мӯҳтарам меҳмонони гиромиқадр, омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз.
Наврӯз яке аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои қавми Ориёӣ ва мардуми форсизабон аст. Тули асрҳо душманони аҷнабӣ хостанд ва кушиш ҳам намуданд, то ин ки бо ин ҷашни куҳанбунёд бархурд кунанд, онро мавриди ситез ва номеҳрубонӣ қарор диҳанд. Аммо воқеият ин аст, ки то замоне ки баҳор аст Наврӯз низ ҳаст. Ситеза бо Навруз – ситеза бо баҳор ва ҳикмати илоҳӣ аст, зеро ин ҳар ду аз ҳам ҷудо нестанд. Навруз ақида нест, балки як воқеият аст, бинобар ин ҳеҷ кас наметавонад воқеиятро инкор кунад.
Бо ташаббускориҳои Сарвари оқилу дурандеш, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Наврӯз ба як ҷашни миллӣ дар машриқзамин табдил ёфта аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ҳамчун мероси фарҳангии башарият қабул ва ҳифз мегардад. Тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид, Наврӯз ба таври васеъ дар миқёси байналмилалӣ таҷлил карда мешавад, ки аз моҳияти олӣ, аҳамияти бениҳоят иҷтимоӣ ва фарҳангии ин ҷашн шаҳодат медиҳад. Боре дар баромади худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ ватани Навруз, Сада, Диргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст.”
Дар ҳақиқат Наврӯз ин ҷашни шуур аст ва забони шуур ин шеър аст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аждодони худ бифахрем, чунки дар тули асрҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳо, душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, тавонист ҳифз намоянд. Аз сухани шоир гуфтаниам:

Наврӯз дар ин саҳни чаман омадааст,
Бо бӯи гулу мушку суман омадааст.
Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад,
Базму тарабу савти Ватан омадааст.


Бояд гуфт Навруз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рузгори пешин то ин замон бисёри онҳо ба мо расидаанд. Дар Навруз одамон ба ободкориҳо ва сефедсозии деворҳои хонаaшон даст мезананд, аз ҳоллу аҳволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад дошатанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартояанд ва дигар маросимҳои Наврӯзиро тантанавор мегузаронанд. Ҳамаи ин сунатҳои Наврӯзи аз ниёгон ба мо омада расидааст. Албатта дар ин рӯз духтарон куртаҳои миллӣ ба бар карда, дастурхони Наврӯзӣ ороста мекунанд, хӯрокаҳои хос омода сохта шеъру ғазалхонӣ менамоянд.
Чи тавре, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Сифатҳои наҷибе, ки ба мардуми мо хосанд, ба мисли муҳаббат ба ватани худ, кишвар, марҳамат, кӯмак ва дастгирии ниёзмандон дар Наврӯз боз ҳам равшантар зоҳир мешаванд”.
Аз ин лиҳоз бо истифода аз фурсат, меҳмонони азизамонро, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни коллеҷро бо фарорасии иди баҳор, Наврӯзи хуҷастапай, соли нав ва ҷашни беҳтарин самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки Шумо умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно дорам. Ба ҷавонон бошад рӯҳи болида, диловарӣ, зебоӣ ва хушбахтии хотирмон хоҳонам.