Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ҳарбӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ, МУДОФИАИ
ШАҲРВАНДӢ ВА ТАЙЁРИИ ҲАРБӢ"
Холов Талбак Ҳамроқулович

(тав. 5-уми июни соли 1982, деҳаи Чорбоғи ноҳияи. Варзоб), омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”, Устоди варзиш оид ба гӯштини миллӣ ва самбо, мудири кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ” . Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ба номи Саидмӯъмин Раҳимов (соли 2003). Пас аз хатми донишкада ба сифати омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст (2003-2006). Сипас дар литсейи №1, ҳамчун омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ” фаъолият намудааст (2006- 2010). Аз соли 2011 то имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» фаъолият намуда истодааст. Аз якуми сентябри соли 2015 ба ҳайси мудири кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ» фаъолият намуда истодааст. Ширкаткунандаи мусобиқаҳои гуногуни варзишии шаҳри Душанбе, Ҷумҳурӣ ва ташкилотчии асосии мусобиқаҳои варзишии байни донишҷӯёни коллеҷ ва коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, сексияҳои варзишӣ оид ба гӯштин мебошад. Дар зери роҳбарии ӯ дастаи гӯштингирони коллеҷ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда меоянд.


Кафедра. Моҳи сентябри соли 2015 ташкил карда шудааст. Дар кафедра 7 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: Холов Т. Ҳ. (мудири кафедра, тахассуси дараҷаи дуюм), Саидмирзоев М. А. (тахассуси дараҷаи олӣ), Сайёраев М. Ш. (тахассуси дараҷаи якум), Тоиров Ф. С. (тахассуси дараҷаи якум), Қурбонова З. А., Раҳматова Ф. Я., Хоҷаева Ф. И.