Момоӣ ва бемориҳои занона

Кафедра. Соли 2002 созмон дода шудааст. Кафедра дар заминаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ фаъолият дорад. Солҳои 2002–08 роҳбарии кафедраро н.и.т Елисова О. В. ба уҳда дошт. Аз ҷониби Елисова О. В. барномаҳои фанни «Момоӣ ва бемориҳои занона» барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои тарҳрезӣ карда шудааст. Солҳои 2008–15 роҳбарии кафедраро н.и.т. Ҷонова Б. Ю. ба уҳда дошт. Дар тӯли ин солҳо аз ҷониби роҳбари кафедра китобҳои «Кори ҳамширагӣ дар момоӣ», «Бемориҳои занона» ва маҷмӯаи тестҳо аз фанни момоӣ ба забони давлатӣ ва русӣ, дастурҳои методӣ таҳия ва чоп карда шудаанд. Ҳайати кафедра аз 30 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 7 нафар н.и.т., 7 нафар бо тахассуси дараҷаи олӣ ва 1 нафар аълочии тандурустӣ иборат мебошад. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ идома доранд. Мақолаҳои илмии омӯзгорони кафедра мунтазам дар маҷаллаҳои «Модар ва кӯдак», «Мать и дитя», «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» ва ғ. чоп мешаванд. Омӯзгорони кафедра дар таҳия ва нашри дастури таълимии Маводди дидактикӣ барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои «Момоӣ» ва «Бемориҳои занона» (Душанбе-2013) саҳмгузор мебошанд. Дар кафедра ҳамасола бо истифода аз услубҳои муосири таълим машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳои мавзӯӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси масъулияту муҳаббат нисбати касби интихобкарда кӯмак мерасонад. Кафедра бо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ДТИБКТТ , бо ПАГ ва П, бо таваллудхонаҳои №2, 3 ва МСШ №1, 4, 11, 12, 13 ҳамкорӣ дорад.