ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ
АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
“КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

 

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд магар банди аҷал.

       Абӯалӣ ибни Сино 

    Таърихи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз соли 1935 сар мешавад.
Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ яке аз калонтарин таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он зиёда аз 400 омӯзгорон, аз он ҷумла зиёда аз 300 омӯзгорони асосӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҷумлаи онҳо 3 нафарашон доктори илмҳои тиб, 10 нафарашон номзади илмҳои тиб, 1-нафар номзади илми филалогия, 1 – нафар номзади илмҳои педагогӣ, ва 1 нафарашон доктори илмҳои педагоги мебошад.
Директори аввалини Коллеҷ Тихонович А.В мебошад. Аз соли 2015 то имрӯз н.и.т. Ашуриён Ш.С. роҳбарии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” – ро ба уҳда дорад.
Дар Коллеҷ кабинети компютерӣ (3), лингафонӣ (3), маркази таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, дорухонаи таълимӣ, маркази таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ, марказҳои табобатӣ – ҷарроҳия ва стомотология фаъолият менамояд.

Имрӯзҳо дар коллеҷ 28 кафедра фаъолият доранд:
1. “Фанхои гуманитарӣ”
2. “ Забони русӣ”
3. “ Забони англисӣ”
4. “ Забони тоҷикӣ”
5. “ Фанҳои морфологӣ”
6. “ Тарбияи ҷисмонӣ”
7. “ Кори ҳамширагӣ”
8. “ Фанҳои тиббӣ-биологӣ”
9. “Акушери ва гинекологӣ”
10. “ Бемориҳои сироятӣ”
11. “ Ҷарроҳия”
12. “ Тибби оилавӣ”
13. “ Педиатрия”
14. “ Терапия”
15. “ Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ”
16. “ Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия”
17. “ Кори дандонсозӣ”
18. “ Технологияи информатсионӣ ва тиббӣ”
19. “ Гигиена”
20. “ Ташхиси лабараторӣ”
21. “ Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”
22. “ Фармакология ва забони лотинӣ”
23. “ Ёрии таъҷилӣ”
24. “ Ташхис ва табобати нурӣ”
25. “ Косметология”
26. “Стоматология”
27. “Фанҳои таббиию риёзӣ”
28. “Тибби ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ”

    Роҳбарони кафедраҳо мутахассисони дорои унвони илмӣ мебошанд. Дар коллеҷ ҳамагӣ 15 нафар мутахассисони унвони илмидошта фаъолият доранд. Аз он ҷумла докторони илмҳои тиб – 4 нафар, номзади илмҳои тиб – 10 нафар.
Дар коллеч аз руйи 12 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Тавсифоти мухтасари ихтисосҳои Коллеҷ

1. Ихтисоси “Кори момодоягӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Момодоя” дода мешавад ва онҳо барои расонидани ёрии  тиббӣ-профилактикӣ ба ҳомиладорон ва беморони гинекологӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ дар мавриди беморихои шадид ва ҳодисаҳои нохуш, инчунин фаъолият дар муассисаҳои тиббии шаҳрӣ, ноҳияву деҳотии гинекологӣ (таваллудхонаҳо, марказҳои солимии наслофарӣ ва танзими оила), марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ, тайёр карда мешаванд.

 

2.Ихтисоси “Кори табобатӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси  мазкур тахассуси “Ҳамшираи тиббии оилавӣ (амалияи умумӣ)” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ бо мақсади ҳифзи солимӣ ва мустаҳкам намудани он дар  шахсони алоҳида (оилаҳо) тайёр карда мушаванд. Мутахассисони мазкур дар муассисаҳои КАТС (Марказҳои саломатии) шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ метавонанд фаъолият намоянд.

 

 

3.Ихтисоси “ Кори ҳамширагӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муассисаҳои муолиҷавӣ - профилактикӣ ва ёрии аввалияи тиббӣ - санитарӣ, тайёр карда мешаванд.

 

4.Ихтисоси “Кори тиббию – ташхисӣ” 

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Лаборант” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар озмоишгоҳҳои муолиҷавӣ -профилактикии шаклу сатҳашон гуногун, дар пажӯҳишгоҳҳои тиббӣ ва кимиёии гуногун ва дигар муассисаҳо, баҳри гузаронидани намудҳои гуногуни таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ тайёр карда мешаванд .

 5.Ихтисоси “Кори тиббию – профилактикӣ”.

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист”, эпидемиолог ва санитарӣ дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар муиссисаҳои санитарӣ- профилактикӣ ва эпидемиологӣ, хадамотҳои беҳдошти беҳдорӣ (санитарӣ), тайёр карда мешаванд.

6.Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ”
Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар дорухонаҳои  давлативу хусусӣ, озмоишгоҳҳои санҷиши таҳлилӣ ва муассисаҳои саноатии дорусозӣ, тайёр карда мешаванд.

 

 

7.Ихтисоси “Кори дандонсозӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Техники дандон” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар устохонаҳои (лабораторияҳои) дандонсозии муассисаҳои даҳонпизишкӣ ва дандонпизишкӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ-профилак-тикии (марказҳои саломатии) давлатӣ ва хусусӣ тайёр карда мешаванд.

 

8.Ихтисоси “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Техник, механик” дода мешавад  ва онҳо барои фаъолият, роҷеъ ба насб, таъмир ва хизматрасонии техникии техника ва таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои “Техникаи тиббӣ”, муассисаҳои муолиҷавӣ-профилактикӣ ва марказҳои гуногуни илмӣ-истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, тайёр карда мешаванд.

 

9.Ихтисоси “Кори тиббӣ  офиятӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ доир ба варзиши муолиҷавӣ ва физиотерапия” дода мешавад. Чунин мутахассисон метавонанд  дар муассисаҳои табобатӣ -пешгирикунанда,  марказҳои саломатӣ, марказҳои гуногуни солимгардонӣ, барқарорсозӣ, офиятӣ, осоишгоҳҳо, сиҳатгоҳҳо, хонаи маъюбону пиронсолон, хонаи кӯдакон, муассисаҳои томактабӣ, инчунин ба таври инфиродӣ, мустақилона фаъолият намоянд.

 

10.Ихтисоси “Ташхис ва табобати нурӣ”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “ Ҳамшираи тиббӣ оид ба ташхис ва табобати нурӣ” дода мешавад.Чунин мутахассисон метавонанд дар муассисаҳои муолиҷавӣ- пешгирикунанда, марказҳои ташхисӣ-табобатӣ, марказҳои саратоншиносӣ, шуъбаҳои бемориҳои онкологӣ, шуъбаҳои ташхис ва табобати нурӣ, кабинетхои ташхиси рентгенӣ, марказҳои мубориза алайҳи бемориҳои сил ва саратонӣ, фаъолият намоянд.

 

11.Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ дар косметология”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ оид ба косметология” дода мешавад ва онҳо барои фаъолият дар марказҳои ороишӣ- косметологӣ, толорҳои ҳусну зебоӣ, осоишгоҳҳо, амалиётгоҳҳои ҷарроҳияи пластикӣ ва ғайра тайёр карда  мешавад.

 

 

12.Ихтисоси “Кори табобати дандон”

Ба хатмкунандагони ихтисоси мазкур тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон” дода мешавад ва онҳо метавонанд дар дармонгоҳҳои стомотологӣ фаъолият намоянд.

 

Ин қомате, ки равшан бо хилъати сафед аст,
Ин чеҳраи дурахшон ояндаи умед аст.
Аз рӯяшон бирезад бар мо сафои шафқат,
Саршори меҳру лутфанд ҳамшираҳои шафқат.

734067, кӯчаи Камонгарон, 3
тел +992 (372) 239 89 49

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3