МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
“КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Дар  асоси “Қоидаҳои қабули донишҷӯён  ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020 – 2021”, ки бо  қарори мушовараи Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2020 №2/19 тасдиқ шудааст,  ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ва умумии асосии  муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ,  ва шахсони бетабаа қабул карда мешаванд. Ба ҳамаи ихтисосҳои гурӯҳҳои буҷавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Ба гурӯҳҳои шартномавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё умумии асосӣ  доранд, қабул карда мешаванд.

      Ба шакли таҳсили рӯзона довталабони синнашон то 30-сола ва ба факултетҳои шабона бе маҳдудияти синну сол  қабул карда мешаванд.Таҳсил дар Коллеҷ ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

      Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, довталабон дар факултетҳои  рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд

  • Бо мӯҳлати таҳсили 4 - сола:
  • “Кори табобатӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • ”Кори момодоягӣ”, бо додани тахассуси “Момодоя” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • ” Кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ (шартномавӣ);(дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9)
  • “ Кори фарматсевтӣ, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ); (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9)
  • Бо мӯҳлати таҳсили 3 - сола: дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ
  • ” Кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • “Кори тиббию-ташхисӣ”, бо додани тахассуси “Лаборант (буҷавӣ );
  • “Кори тиббию профилактикӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, санитарӣ ва эпидемиолог” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ , бо додани тахассуси “Техник – механик (буҷавӣ);
  • “Ташхис ва табобати нурӣ бо додани тахассуси Ҳамшираи (бародари) тиббӣ оид ба ташхис ва табобати нурӣ (шартномавӣ);
  • “ Кори тиббӣ офиятӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ оид  ба масҳ,   варзиши муолиҷавӣ ва  физиотерапия ” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • “ Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ);
  • “Кори дандонсозӣ, бо додани тахассуси “Техники дандон” (шартномавӣ).
  • “Кори табобати дандон”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон” (шартномавӣ).
  • “Кори ҳамширагӣ дар косметология”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ оид ба косметология” (шартномавӣ);
  • Дар факултетҳои шабонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” довталабон бо мӯҳлати таҳсили  3 сола  бо таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи ихтисосҳои:
  • Кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси Ҳамшираи (бародари) тиббӣ (шартномавӣ);
  • Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ) қабул карда мешаванд.

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда  мешавад.

 

Номгӯи
ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд.

  1. Ариза ба номи директор.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ , таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ)- намунаи асл.
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
  7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.
  8. Ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
  9. Хислатнома аз ҷойи кор.
  10. Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ (фақат барои шахсоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд). Нусхаи қарордодро муассисаи таълимӣ омода менамояд ва дар вақти супоридани ҳуҷҷат аз тарафи довталаб ба расмият дароварда мешавад.
  11. Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ. Нусхаи қарордод аз тарафи муассисаи таълимӣ омода карда мешавад.

 

Номгӯи
ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд

  1. Ариза ба номи директор.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ (намунаи асл).
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038-у).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
  7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.

 

 

Номгӯи
ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд

  1. Ариза ба номи директор.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ (намунаи асл).
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038-у).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
  7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.

 

 

Номгӯи
ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд

  1. Ариза ба номи директор.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ (намунаи асл).
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038-у).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
  7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.

 

 

Номгӯи
ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд

  1. Ариза ба номи директор.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ (намунаи асл).
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038-у).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
  7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.

 

  1. “Кори табобатӣ”
  2. ”Кори момодоягӣ”
  3. ” Кори ҳамширагӣ, (таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9)
  4. “ Кори фарматсевтӣ, (таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9)
  5. ” Кори ҳамширагӣ, (рӯзона)
  6. “Кори фарматсевтӣ” (рӯзона)
  7. “Кори тиббию-ташхисӣ”
  8. “Кори тиббию  профилактикӣ”
  9. “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ
  10. “Ташхис ва табобати нурӣ
  11. “ Кори  тиббӣ офиятӣ”
  12. “Кори дандонсозӣ
  13. “Кори табобати дандон”
  14. “Кори ҳамширагӣ дар косметология
  15. “Кори ҳамширагӣ, (шабона);
  16. “Кори фарматсевтӣ” (шабона)
  17. Запас- 1 дона
  18. 3-китоби алифбои

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3