Нишон якҷоя бо диплом баъди хатми коллеҷ дода мешавад. Нишон шашкунҷаи ромбшакл ва дарозрӯя буда, дар замини он расми Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон акс ёфтааст. Дар қисми васеи боло, рӯи рангҳои сафед ва сурхи Парчам Рамзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Дар қисми нисбатан камбари поин, рӯи ранги сабзи Парчам, тасвири рамзи тиб – қадаҳ ва мори печида дар он ҷойгир аст. Канорҳои нишон бо ду рахи зарҳалии масофаашон 2 мм ҷудо карда шудааст. Ранги байни рахҳо сафед мебошад.