Ҷарроҳия

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ҶАРРОҲИЯ"
ПУЛОТОВ Камолҷон Ҷамолович


(тав. 22.2.1974, ноҳияи Данғара), номзади илми тиб (2011). Таҳсил дар интернатураи клиникӣ (1998–99), муовини сардухтур оид ба корҳои ташкилӣ-методӣ (2006–08), сардори шуъбаи кадрҳо (2008–10), ҷарроҳ ба тариқи ҳамкор, эндоскописти Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и ба номи К. Т. Тоҷиев (аз 2010). Ҳамзамон аз соли 2007 мудири кафедраи ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ос.: Амалияи кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия (ҳаммуаллиф); Неотложная помощь в хирургии (ҳаммуаллиф); Саволҳои тестӣ аз ҷарроҳия (ҳаммуаллиф); Предоперационная подготовка и послеоперационное введение хирургических больных в практике медицинского персонала (ҳаммуаллиф); Алоими хунравии меъдаю рӯда (ҳаммуаллиф).

Муфассал...

Гигиена

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ГИГИЕНА"
ГАДОЕВ Илҳом Мавлонович


(тав. 19.10.1969, ноҳияи Файзобод), омӯзгор. Хатмкардаи Академияи тиббии ба номи И. М. Сеченови ш. Москва (1998). Мудири шуъбаи эпидемиология (1998–99), директори МНДСЭ-и ноҳияи Файзобод (1999–2006), директори Маркази ҷумҳуриявии иммунизатсияи Вазорати тандурустӣ (аз 2008), ҳамзамон аз соли 2011 ассистенти кафедраи гигиенаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Духтури тахассуси дараҷаи олӣ. Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муфассал...

Бемориҳои сироятӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ"
БОБОХОҶАЕВА Зумратхон Сунатуллоевна


(тав. 1958), мутахассиси дараҷаи олӣ, омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1982). Муаллими фанни бемориҳои кӯдакони Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат; 1982–93), омӯзгор (1993–2014), мудири кафедраи бемориҳои сироятии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2014). Дар тули фаъоли- яти кориаш аз усулҳои муосири замонавии таълим истифода бурда, барои такмили дониши шогирдон маводди таълимию методӣ ва модулҳо тартиб додааст. Соли 2011 бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Муфассал...

Ёрии таъҷилӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ"
НАБИЕВ Зоҳир Нарзуллоевич


(тав. 18.06.1962, ноҳияи Ҳисор), педиатр, анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (2006), духтури тахассуси дараҷаи олӣ (2000), саранестезиолог ва реаниматологи Вазорати тандурустии ҶТ (аз с. 2006), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987). Интерни клиникаи ҷарроҳияи кӯдакон (1987–89), духтур-ҷарроҳ (1989–92) ва мудири шуъбаи анестезиология ва реаниматологияи клиникаи ҷарроҳияи кӯдакони Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявӣ (1992–2006), муовини директори Маркази миллии тиббии ҶТ (2006–08), директори Маркази илмии клиникии педиатрия ва ҷарроҳияи кӯдакон (аз 2008). Ҳамзамон ба ҳайси мудири кафедра дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Ба масъалаи муолиҷаи вусъатнок ва табобати беморони вазнин машғул аст. Раиси Ассотсиятсияи ҷарроҳон ва анестезиологҳои кӯдакон (аз 2008). Муаллифи зиёда аз 130 таълифоти илмӣ ва 15 пешниҳоди навоварона. Ос.: Определение степени анестезиологического операционного риска, Д., 2000; Острая дыхательная недостаточность при отравлениях опиатами у детей. Здравоохранение Таджикистана, Д., 2001, №4; Интенсивная терапия септического шока у детей. «Клинична фармация», Украина, 2003, №3; Продленная перидуральная анальгезия у детей с пороками развития толстой кишки, Д., 2005; Абдоминальная хирургия у детей, Д., 2005; Синдром отечного легочного повреждения у детей при критических состояниях, Д., 2008; Беҳискунии ҷузъӣ, Д., 2010.

Муфассал...

Забони англисӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ЗАБОНИ АНГЛИСӢ"
ШАРИПОВ Алишер Файзуллоевич


(тав. 4.11.1986, ноҳияи Данғара), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2009). Ҷониши директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии (2011–14), директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Данғара (2014–15) буд. Аз соли 2015 ҳамчун омӯзгори кафедраи забони англисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ш. Душанбе кору фаъолият менамояд. Ҳамзамон аспиранти кафедраи педагогика ва психологияи ДДҚ ба номи Н. Хусрав. Муаллифи чандин мақолаи илмӣ ва методӣ аст.

Муфассал...

Забони руссӣ

Кафедра. Моҳи сентябри соли 2015 ташкил карда шудааст. Дар кафедра 9 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: Оймаҳмадова Ф. Г. (мудири кафедра, омӯзгори тахассуси дараҷаи олӣ), Юлдошева Д. Н. (тахассуси дараҷаи олӣ), Азизов М. М. (тахассуси дараҷаи якум), Умурзоқова М. Ҳ. (тахассуси дараҷаи якум), Исмоилова М. И. (тахассуси дараҷаи якум), Раҳимова Х. А. (тахассуси дараҷаи ду- юм), Пӯлодов Д. А., Зарипова Б. Д. ва Раҳимова Г. Д.

Муфассал...

Забони тоҷикӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ЗАБОНИ ТОҶИКӢ"
НАҶМИДДИНОВА Саодат Насруддиновна


(тав. 19.8.1957), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1975). Омӯзгор (1980–2006), муовини директор оиди бахши таълим дар синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43-и шаҳри Ваҳдат (2006-10), директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №4 (2010–14) буд. Айни ҳол ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи тиббии ҷумҳу- риявӣ фаъолият дорад.

Муфассал...

Забонҳо

Кафедра. Аз соли 2007 ҳамчун кафедраи мустақил (аз соли 2000 дар сохтори кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» амал мекард) фаъолият дорад. Дар кафедра 17 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғул мебошанд. Аз онҳо 3 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 2 нафар дараҷаи якум, 6 нафар дараҷаи дуюм аст. Роҳбари кафедра – Юлдашева Д. Н. Устодони кафедра барномаҳои таълимиро барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз рӯи фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, асосҳои ахлоқ ва зебоишиносӣ тарҳрезӣ кардаанд. Мақоми кафедраи забонҳо дар амалӣ гардонидани Қонуни забон назаррас мебошад. Коллективи кафедра дар баргузор сохтани ҳафтаҳои фаннӣ, конфронсу семинарҳо ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ саҳми назаррас доранд. Омӯзгори кафедра Ахмедова С. А. ҳамроҳ бо устодони фанни забони русии колеҷи тиббии ш. Конибодом «Дастури таълимӣ аз фанни забони русӣ барои таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ»-ро ба табъ расондааст. Номзади илми филология Хуррамов З. Қ., Хуррамов М. Қ. ва Ахмедова С. А. «Луғати тафсирии истилоҳоти тиббӣ аз забони русӣ», Раҳмонова Г. маҷмуи лексияҳо аз фанни «Асосҳои ахлоқ ва зебоишиносӣ», Бобобеков М. «Дастури таълимӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ» аз фанни забони англисиро чоп намуданд. Қосимова Р. С., Садриддинова М. Д. ва Нуруллоева Д. «Дастури таълимӣ оид ба ташаккули нутқи касбӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ»-ро таҳия ва нашр намуданд. Соли 2012 Исмоилова Ганҷина дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ ҷойи якумро ишғол намуд, соли 2014 Ҳамроқулова Диана дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум гашт. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра маводди дидактикӣ ва аёният омода ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Кабинетҳои таълимӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Устодон мунтазам услубҳои муосири таълимро мавриди истифода қарор дода, машғулиятҳои кушоду намунавӣ мегузаронанд. Ҳайати омӯзгорони кафедра дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Муфассал...

Кори ҳамширагӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "КОРИ ҲАМШИРАГӢ"
ҚУРБОНОВА Парвина Гурезовна


(тав. 1.9.1977, ноҳияи Фархор), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000). Таҳсил дар интернатура (2001–02), духтури касалиҳои пӯсту зуҳравии Маркази саломатии ноҳияи Бохтар (2004–06). Аз соли 2006 омӯзгор, аз соли 2015 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи кори ҳамширагии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Муфассал...

Косметология

МУДИРИ КАФЕДРАИ "КОСМЕТОЛОГИЯ"
РАҶАБОВА Назира Иброҳимовна

(тав. 11.6.1953, ш. Душанбе), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ходими калони илмии Институти гастроэнтерологияи АИ ҶТ (1977–89), мудири шуъбаи амбулатории госпитали ҳарбии №63620 (1989–2004), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии ҶТ (аз 2004), ҳамзамон сарвари Маркази тибби эстетикии «Ёсуман» (аз 2006). Инчунин дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси мудири кафедраи косметология кору фаъолият дорад. Дар робита ба хусусиятҳои клиникию вазоифии баъзе шаклҳои фибрози ҷигар, ҳамчунин пайдоиш, аломатҳои болинӣ ва ташхиси он пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Иштирокчии бисёр симпозиум, конфронс ва съездҳои байналмилалӣ оид ба гастроэнтерология, косметология, тибби халқӣ. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст (2010). Ос.: Клинико-функциональные и морфологические особенности некоторых вариантов фиброза печени. Д., 1986; Гепато-портальный склероз – особый вариант фиброза печени. Терапевтический архив, № 2, 1987; Фиброз печени (ҳаммуал.). Д., 2000; Дифференциально диагностические критерии портально-гипертензионного варианта врожденного фиброза и гепатопортального склероза. Д., 2002.

Муфассал...

Момоӣ ва бемориҳои занона

Кафедра. Соли 2002 созмон дода шудааст. Кафедра дар заминаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ фаъолият дорад. Солҳои 2002–08 роҳбарии кафедраро н.и.т Елисова О. В. ба уҳда дошт. Аз ҷониби Елисова О. В. барномаҳои фанни «Момоӣ ва бемориҳои занона» барои ҳамаи ихтисосҳои коллеҷҳои тарҳрезӣ карда шудааст. Солҳои 2008–15 роҳбарии кафедраро н.и.т. Ҷонова Б. Ю. ба уҳда дошт. Дар тӯли ин солҳо аз ҷониби роҳбари кафедра китобҳои «Кори ҳамширагӣ дар момоӣ», «Бемориҳои занона» ва маҷмӯаи тестҳо аз фанни момоӣ ба забони давлатӣ ва русӣ, дастурҳои методӣ таҳия ва чоп карда шудаанд. Ҳайати кафедра аз 30 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 7 нафар н.и.т., 7 нафар бо тахассуси дараҷаи олӣ ва 1 нафар аълочии тандурустӣ иборат мебошад. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ идома доранд. Мақолаҳои илмии омӯзгорони кафедра мунтазам дар маҷаллаҳои «Модар ва кӯдак», «Мать и дитя», «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» ва ғ. чоп мешаванд. Омӯзгорони кафедра дар таҳия ва нашри дастури таълимии Маводди дидактикӣ барои гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳои «Момоӣ» ва «Бемориҳои занона» (Душанбе-2013) саҳмгузор мебошанд. Дар кафедра ҳамасола бо истифода аз услубҳои муосири таълим машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсҳои мавзӯӣ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад, ки барои баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси масъулияту муҳаббат нисбати касби интихобкарда кӯмак мерасонад. Кафедра бо ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ДТИБКТТ , бо ПАГ ва П, бо таваллудхонаҳои №2, 3 ва МСШ №1, 4, 11, 12, 13 ҳамкорӣ дорад.

Муфассал...

Педиатрия

Кафедра. Бо фармони Вазорати тандурустии ҶТ аз 9 феврали соли 2005 таҳти №61 ташкил карда шудааст. То соли 2006 кафедраро н.и.т. Э. И. Назаров роҳбарӣ намудааст. Солҳои 2006–07 вазифаи мудирии кафедраро омӯзгор Садриддинова М. Д. ба уҳда дошт. Аз моҳи марти соли 2007 мудири кафедра н.и.т. Икромов Т. Ш. мебошад. Дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба М. Аҳмадова, Т. Ҳоҷаева, М. А. Қурбонова, Р. М. Муҳаммадиева, Х. Н. Қодирова, М. Сорбон, М. П. Раупов ва Г. Қ. Қулдошова кор мекунанд. Ҳамаи онҳо дараҷаи олии тахассусӣ доранд. Омӯзгорони ҷавон С. Ҳ. Мамадаминова, Қ. А. Мирзоев, Б. М. Ҳайдарзода ва М. М. Файзиева аз устодон таҷрибаи корӣ меомӯзанд. Таълифоти устодони кафедра: Т. Ш. Икромов, В. В. Ганичев – «Услубҳои озоншифоӣ»; Т. Ш. Икромов, М. Ахмедова – Саволҳои тестӣ аз фанни «Кори ҳамширагӣ дар педиатрия»; Т. Ш. Икромов, М. Ахмедова ва дигарон –Тестовые вопросы по предмету «Сестринское дело в педиатрии»; Т. Ш. Икромов, М. Ахмедова – «Физическое и нервно-психическое развитие ребенка. АФО нервной системы»; Т. Ш. Икромов, С. О. Саидов, М. Сорбон – «Кори ҳамширагӣ дар педиатрия», 2012; Т. Ш. Икромов, Мижгони Сорбон, Р. М. Мухамадиева, Х. Н. Қодирова – «Особенности кожи и подкожного жирового слоя, костно-мышечной системы». Дар давоми солҳои таҳсил дар кафедра 12 маротиба дарси кушод ва 10 конфронси таълимӣ-амалии донишҷӯён гузаронида шуд. Мудири кафедра Икромов Т. Ш. соли 2012 ба узвияти Ассотсиатсияи илмии Аврупо қабул карда шуд. Ӯ дар конгресси байналмилалии Euromedica Internationaler Kongress and Fachmesse Hannover – 2012– 15 дар ш. Ганновери Олмон маърӯза намуда, сазовори медалҳои Теодор Билрот, Макс Ван Петтенкоффер, Роберт Кох, Луи Пастер ва Шварс гашт.

Муфассал...

Стоматология

МУДИРИ КАФЕДРАИ "СТОМАТОЛОГИЯ"
ХОЛОВ Шарифҷон Фатҳудинович


(тав. 5.1.1967, ноҳияи Ҳамадонӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Аз соли 1992 дар клиникаҳои гуногуни стоматологӣ фаъолият намудааст. Айни ҳол (аз соли 2011) дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамчун ассистенти кафедраи стоматология фаъолият дорад.

Муфассал...

Тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоӣ бо курси тибби шарқ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТАВОНБАХШИИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ
БО КУРСИ ТИББИ ШАРҚ"
ҒОИБОВ Амонулло


(тав. 4.1.1953, деҳаи Ключевка, вилояти Кокчетави Ҷумҳурии Қазоқистон), доктори илми тиб (2006), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1979). Фаъолияти кориашро чун ординатори шуъбаи ҷарроҳияи беморхонаи вилоятии № 2 ш. Кӯлоб (1980–83) оғоз намуда, то соли 1993 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи муассисаҳои тиббӣ-профилактикии ш. Кӯлоб кор кардааст. Корманди Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993–99), сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999– 2005), котиби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои ВНМИ/АҒНМИ, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005–09), муовини сардори Хадамоти давлатии ташхи- си тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009–10), директори Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон (аз 2010), ҳамзамон мудири кафедраи тавонбахшии тиббӣ-иҷтимоии Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ. Оид ба хусусиятҳои раванди болинии оқибатҳои шадиди ҷарроҳияи бемориҳои захми меъда ва таъсири омилҳои метеорологӣ ва гелиофизикӣ ба инкишофи онҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 100 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 4 дастури илмию методӣ, як китоби дарсӣ дорад. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), медали «Хизмати шоиста» (2003) сарфароз гардидааст. Ос.: Таджикистан в зеркале медико-демографических процессов и общественного здоровья на постсоветском пространстве (ҳаммуаллиф). Д., 2007; Демографические процессы и здоровье населения Республики Таджикистан. Олмон, 2013.

Муфассал...

Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ҳарбӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ, МУДОФИАИ
ШАҲРВАНДӢ ВА ТАЙЁРИИ ҲАРБӢ"
Холов Талбак Ҳамроқулович

(тав. 5-уми июни соли 1982, деҳаи Чорбоғи ноҳияи. Варзоб), омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”, Устоди варзиш оид ба гӯштини миллӣ ва самбо, мудири кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ” . Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ба номи Саидмӯъмин Раҳимов (соли 2003). Пас аз хатми донишкада ба сифати омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”, дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст (2003-2006). Сипас дар литсейи №1, ҳамчун омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ” фаъолият намудааст (2006- 2010). Аз соли 2011 то имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» фаъолият намуда истодааст. Аз якуми сентябри соли 2015 ба ҳайси мудири кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ ва тайёрии ибтидоии ҳарбӣ» фаъолият намуда истодааст. Ширкаткунандаи мусобиқаҳои гуногуни варзишии шаҳри Душанбе, Ҷумҳурӣ ва ташкилотчии асосии мусобиқаҳои варзишии байни донишҷӯёни коллеҷ ва коллеҷҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, сексияҳои варзишӣ оид ба гӯштин мебошад. Дар зери роҳбарии ӯ дастаи гӯштингирони коллеҷ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуда меоянд.

Муфассал...

Ташхиси лабораторӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ"
АМИНОВ Абдусаттор Ҳакимович

(тав. 1974, деҳаи Бобои Валии ноҳияи Файзобод), омӯзгор, мутахассиси дараҷаи олӣ. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат; 1993) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000). Мудири озмо- ишгоҳи клиникӣ ва биокимиёвии Беморхонаи бемориҳои сироятии ш. Душанбе, ҳамзамон ассистент (1998–2014) ва баъдан (аз моҳи сентябри соли 2014) мудири кафедраи ташхиси лаборатории Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба дар раванди таълим усулҳои ба таври фаврӣ муайян намудани гурӯҳҳои хун ва ташхиси муоинаҳои тарбод ва иммуноферментиро ба донишҷӯён меомӯзад. Оид ба мавзӯи «Намудҳои гуногуни вируси ҳепатит ва этиологияи онҳо» дар Донишгоҳи тадқиқоти илмии эпидемиология ва тибби Ҷумҳурии Қирғизистон такмили ихтисос кардааст. Муаллифи чанд мақолаву дастурҳои методист. Аз ҷумла китоби дарсӣ – «Усулҳои таҳқиқоти клиникии лабораторӣ» маҳсули кори ӯст. Иштирокчии фаъоли семинару конфронсҳои илмии дохиликоллеҷӣ мебошад.

Муфассал...

Терапия

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТЕРАПИЯ"
ҲАҚНАЗАРОВ Ҳилолиддин Шарофиддинович

(тав. 11.3.1984, деҳаи Искичи ноҳияи Ҳисор), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2008). Духтури Маркази саломатии Искичи ноҳияи Ҳисор (2008-09), ассистенти кафедраи анатомияи патологӣ ва тибби судии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2009–11), ҳамзамон мутахассиси пешбари Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии донишгоҳи мазкур буд. Аз соли 2015 омӯзгори кафедраи терапияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Муфассал...

Техникаи тиббӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА ТИББӢ"
АРБОБОВ ХАЙЁМ МУҚАДДАМОВИЧ

(тав. 25.06.1986 н. Мастчоҳ) омӯзгор. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Фаъолияти кориашро соли 2007 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ оғоз намудааст. Аз соли 2013 омӯзгори кафедраи техникаи тиббӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ҳамзамон аз моҳи ноябри соли 2016 мудири кафедраи ″Техникаи тиббӣ″ Коллеҷи тиббии ҷумҳурияви – ро ба уҳда дорад. Муаллифи 4 китоб таълимӣ, Физикаи тиббӣ-биологӣ. Д - 2018с. (ҳаммуаллиф); Техникаи барқӣ. Д – 2017 с. (ҳаммуаллиф); Асосҳои техникаи рентгении тиббӣ. Д- 2018 с. (ҳаммуаллиф); Технологияӣ информатсионӣ. Д – 2018 с.Кафедра. Соли 2009 чун кафедраи мустақил амал намуда то имрӯз пайваста мувофиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарият фаъолият намуда истодааст.

Муфассал...

Техналогияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия

Кафедра. соли 2012 дар асоси кафедраи «Фарматсия» таъсис дода шудааст. Солҳои 2007–08 роҳбарии кафедраи «Фарматсия» ро н.и.ф. Ясинов Р. Қ. ба уҳда дошт. Дар кафедра 9 нафар омӯзгор кор мекард, ки 2 нафари онҳо дорои тахассуси дараҷаи олӣ буданд. Дар давоми ин солҳо дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба ба монанди Маъсумӣ Л. О., Бурҳонова С., Эгамбердиева Р. ва дигарон ба кори таълиму тадрис машғул буданд. Онҳо қариб 40 соли ҳаёти пурсамари худро ба Коллеҷи тиббӣ бахшидаанд. Аз соли 2009 роҳбарии кафедраро Саъдуллоев Ҷ. Ш. ба уҳда дорад. Дар кафедра 11 нафар омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 7 нафари онҳо маълумоти олии фарматсевтӣ доранд. Дар кафедра услубу усулҳои ҳозиразамони таълим ҷорӣ карда шудаанд.

Муфассал...

Тибби оилавӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТИББИ ОИЛАВӢ"
АЗИЗОВА Нигора Насруллоевна

 
(тав. 14.4.1988, ш. Душанбе), ассистенти кафедраи тибби оилавии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии заминавии ш. Душанбе (ҳозира Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; 2010) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (2015). Баъди бозомӯзии касбӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-клиникии тибби ои- лавӣ бо ихтисоси ҳамшираи тибби оилавӣ, аз соли 2012 ассистенти кафедраи тибби оилавӣ мебошад. Дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ барои омӯзгорони ҷавон доири ҳамбаста- гии бемориҳои кӯдакона иштирок ва баромад кардааст.

Муфассал...

Фанҳои гуманитарӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ"
НАЗАРОВА Маърифат Сангинмуродовна


(тав. 13.1.1972, ноҳияи Ҳисор), номзади илми филология (2014). Хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода (2007). Муаллимаи мактаби №116 (2001–02), омӯзгори мактаби миёнаи №57 ноҳияи Ҳисор (2002–07), ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2007–13) буд. Аз соли 2013 омӯзгори фанни асосҳои дониши фалсафии кафедраи фанҳои гуманита- рии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Оиди ҷанбаҳои миллӣ ва умумиинсонӣ дар шеъри Лоиқ Шералӣ пажӯҳиш анҷом додааст.

Муфассал...

Фанҳои морфологӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ"
НАРЗУЛЛОЕВ Насрулло Фатҳуллоевич


(тав. 5.12.1972, ш. Душанбе), морфолог, ҷарроҳи дараҷаи II. Хатмкардаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000). Фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000–10) оғоз намудааст. Аз соли 2011 мудири кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ҳамзамон дар шуъбаи ҷарроҳияи Беморхонаи марказии ш. Ваҳдат духтури навбатдор аст (аз 2011). Оид ба соҳаи физиология ва анатомияи одам модул ва те- стҳо тартиб дода, дар ин самт мақолаҳояш дар рӯзномаи «Шафқат» ба табъ расидаанд. Ос.: Физиологияи одам. Д., 2015; Гистология. Д., 2015.

Муфассал...

Фанҳои тиббӣ-биологӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАНҲОИ ТИББӢ-БИОЛОГӢ"
ЛОЛАЕВ Саймумин Шералиевич

омӯзгор. Хатмкардаи факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005). Фаъолияти кори- ашро ба ҳайси духтур-лаборанти Озмоишгоҳи кимиёвии санитарию гигиении Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш. Душанбе оғоз кардааст. Омӯзгор (2006), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра (2009), мудири кафедари фанҳои тиббӣ-биологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад (аз 2011). Ҳамзамон аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи кимиёи таҳлилии факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар мавзӯи таъсири мутақобилаи галогеналканҳо бо силитсий ва пайвастагиҳои он пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи беш аз 10 таълифот.

Муфассал...

Фармакогнозия ва кимиёи фарматсефтӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ
ФАРМАТСЕВТӢ"

ҲАСАНОВА Зулфия Шарофбоевна

(тав. 30.9.1985, ноҳияи Ленин, ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино. Ассистенти кафе- драи технологияи дорусозии ДДТТ (2008– 12), мудири кафедраи фармакогнозия ва кимиёи риявӣ (аз 2012). Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад. зери роҳбарии ӯмодулҳои таълимии фанҳои кафедра омода карда шудаанд. фарматсевтии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.

Муфассал...

Фармакология ва забони лотинӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ"
ҒАНИЕВА Мунира Мирзокаримовна

(тав. 26.8.1969, ноҳияи Рӯдакӣ), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи фармасевтии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1992). Фаъолияти кориашро дар дорухонаҳои гуногун оғоз намудааст. Аз соли 2013 омӯзгори фанни фармакология, мудири кафедраи фармакология ва забони лотинии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ш. Душанбе мебошад. (2015).

Муфассал...

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3