ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ СОЛИ 2020 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲАМШИРАГӢ ВА МОМОДОЯГӢ (2)

    Бахшида ба 200 солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) соли 2020 – ро соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намудааст. Мақсади мароми мазкур аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бори дигар аз нақши ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо дар нигаҳдории солимии аҳолии ҷаҳон хотиррасон гардонидани аҳли ҷомеаи башар мебошад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар мактуби худ ба роҳбарони ҳамаи давлатҳои ҷаҳон оид ба масъалаи норасогии кормандони миёнаи тиббӣ дар соҳаи тандурустии ҷаҳон хотиррасон шудааст. 

Муфассал...

ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ

ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ

Табиати зебои Тоҷикистони азизамон дар ҳақиқат табобатбахш аст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки ҳануз аз замони ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз барои табобати беморон васеъ ва самаранок истифода бурда мешаванд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар вохӯриҳояшон бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат ин нуқтаро таъкид намудаанд, ки бояд корхонаҳои коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш дар ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд. Гиёҳҳои шифобахш имрӯзҳо аксарияташон аз хориҷи кишвар дар шакли доругӣ ба ватани мо ворид карда мешаванд, ҳол он, ки дар Тоҷикистон аксарияти ин гиёҳҳо мерӯянд ва ба миқдори кофӣ мавҷуданд.

Муфассал...

ИШТИРОК ДАР НАМОИШГОҲИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ ВА СОЛИМГАРДОНӢ, ДАР ОСОИШГОҲИ “ХОҶА ОБИ ГАРМ”- И НОҲИЯИ ВАРЗОБ

ИШТИРОК ДАР НАМОИШГОҲИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ ВА
СОЛИМГАРДОНӢ, ДАР ОСОИШГОҲИ “ХОҶА ОБИ ГАРМ”- И НОҲИЯИ ВАРЗОБ

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-992 аз 20 январи соли 2018 тасдиқ гардидааст, дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнамаи маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Коллеҷ маҳсулоти истеҳсолии маркази мазкур дар намоишгоҳи имконияти сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ, дар осоишгоҳи

Муфассал...

ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ДАР МДТ
“КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Коллеҷ ба шумор меравад. Имрӯзҳо зиёда аз 32 нафар устодони таълимгоҳ дар самтҳои гуногун - тиб, кимиё ва биология, филология, педагогика ва психология, таъриху фалсафа, аз љумлаи онҳо 3 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва 29 нафар барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳо таҳқиқот бурда истодаанд. Ҳамасола дар Коллеҷ конфронси солонаи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ташкил ва баргузор мегардад, ки дар он натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони Коллеҷ баррасию муҳокима мегарданд.

Муфассал...

1 – УМИ ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/АҒНМИ

1 – УМИ ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА
БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/АҒНМИ

1 декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти инсон, бемории Алоими ғайримодарзодии норасоии масунияти инсон (ВНМИ/АҒНМИ) қайд карда мешавад. Мақсади ин рӯз баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баҳри бори дигар ба аҳолии ҷаҳон расонидани маълумот оиди ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад. Шиори рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМИ/АҒНМИ, ки аз тарафи Созмони Байналмилалии Тандурустӣ соли 2015 - ум пешниҳод шудааст «Вусъат бахшидани чораҳо барои решакан намудани ВНМИ/АҒНМИ» мебошад. Вусъат бахшидани чорабиниҳо бар зидди сирояти норасоии масуният барои он зарур аст, ки дар давоми 10 – 15 соли наздик эпидемияи ВНМИ манъ карда шавад. Барои ин зарур аст, ки шахсони бо ВНМИ сироятёфта оиди сироят ёфтани худ тавассути тесткунонӣ маълумот дошта бошанд ва пайваста табобат гиранд.

Муфассал...

ҲАМКОРИҲО БА ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАҲРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТАХАССУСНОКИИ ОМӮЗГОРОН

ҲАМКОРИҲО БА ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
БАҲРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ВА БАЛАНД
БАРДОШТАНИ САТҲИ ТАХАССУСНОКИИ ОМӮЗГОРОН

Бо дастгирии молиявии Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” Бундёди Мадад дар Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Кӯмаки паллиативӣ ба кӯдакон” якчанд чорабиниҳо баҳри беҳтар намудани раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорони Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ба сомон расонида шуданд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур бо фармоиши директори Коллеҷ

Муфассал...

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3