Соли 2010 ташкил карда шудааст. Мақсади он беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва корҳои амалии донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Марказ дорои иҷозатномаи силсилаи ВТФ №0000001 барои истеҳсоли доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, савдои чаканаи маводди доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад (19 декабри соли 2013). Роҳбарии марказро Сайдаҳмадов С. ба уҳда дорад. Марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, чунончи дастгоҳ барои истеҳсоли оби муқаттар, мошинаи ҳаббарорӣ, дастгоҳи бандубастӣ, дастгоҳ барои рӯйпӯшкуни ҳабҳо, омезакунак барои 100 кг, дастгоҳи ғурӯшакунӣ, компрессор, чангкашак ва гардгираки ҳабҳо. Марказ аз утоқи дорубарорӣ, анбори нигоҳдошти ашёи хом, лабораторияи санҷиши сифати доруворӣ ва анбори нигоҳдошти маҳсулоти тайёр иборат аст. Дар марказ соли 2014 бори аввал қурси аналгин (500 мг) истеҳсол карда шуд (сертификати мутобиқат силсилаи ТJT №39372 (соли 2014). Ҳамчунин аз соли 2015 истеҳсоли қурсҳои паратсетамол (500 мг №10), кислотаи атсетилсалитсилат (500 мг №10) ва глуконати калсий (500 мг №10) ба роҳ монда шудааст. Дар Марказ аз моҳи октябри соли 2015 барои 18 нафар донишҷӯи курси 2-и факултаи дорусозӣ дарсҳои иловагӣ ва корҳои амалӣ оиди технологияи доругарӣ ва фармакогнозия гузаронида мешаванд. Донишҷӯёни факултаи дорусозӣ дар Марказ тарзи тайёр намудани ҷурсҳоро мебинанд ва аз наздик шинос мешаванд. Ҳамкории марказ бо кафедраи технологияи дорусозӣ, фармакогнозия ва Маркази истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш, Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ, бо Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҲИА хуб ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии роҳбари Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ду нафар донишҷӯи курси 2 – Некрӯзи Илҳом ва Шодиев Шодиҷон дар Ҳиндустон таҷриба омӯхта ба заводҳои дорубарорӣ аз наздик шинос шуданд. Марказ бо Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтӣ оиди гузаронидани таҳлилҳои доруворӣ шартнома дорад. Дар Марказ то имрӯз 50000 ҳаби аналгин (500 мг), 35800 ҳаби глуконати калсий (500 мг), 79500 ҳаби кислотаи атсетилсалитсилат (500 мг) ва 29000 ҳаби парасетамол (500 мг) истеҳсол карда ба фурӯш бароварда шудааст.

 

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3