ДИРЕКТОРИ "МАРКАЗИ ТАЪЛИМИЮ
ТАБОБАТИИ ҶАРРОҲИЯ"

ҲАСАНОВ Юсуф Сафарович

(тав. 7.3.1944, ш. Кӯлоб), ҷарроҳ. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1968). Ординатори клиникӣ (1968‒70), мудири шуъбаи ҷарроҳияи беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ (1970‒72), ҷарроҳи Беморхонаи шаҳри Кӯлоб (1972‒73), сардухтури беморхонаи марказӣ (1973‒80), мудири шуъбаи ҷарроҳияи ноҳияи Восеъ (1983‒93), мудири шуъбаи ҷарроҳияи беморхонаи клиникии №3-и шаҳри Душанбе (1993‒95), мудири шуъбаи ҷарроҳияи 2-юми Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии тиббии таъҷилӣ (1995‒2010) буд. Аз соли 2010 директори маркази ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Муаллифи беш аз 15 таълифот, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ. Узви Ҷамъияти ҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аълочии нигаҳдории тандурустии ИҶШС. Бо Ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Дар Марказ барои беҳтар намудани шароити таълими амалӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар равиши таълим донишҷӯён рафти амалиёти ҷарроҳиро дар синфхона тавассути монитор, инчунин амалан тамошо менамоянд. Маркази ҷарроҳия бо технологияи муосири ҷарроҳӣ (эндовидеоҷарроҳӣ) ҷиҳозонида шудааст, ки дар ҷараёни таълим мавриди баҳрабардории донишҷӯён қарор дорад. Корҳои табобатӣ фасли муҳимми фаъолияти кафедра ба ҳисоб мераванд. Хизматрасонии тиббиро дар Марказ ҳайати ҷарроҳони пуртаҷрибаву баландтахассус, аз ҷумлаи профессорон ва номзадони илми тибби кафедра дар сатҳи баланд ба иҷро мерасонанд. Дар Марказ ҷарроҳиҳои гуногун, аз ҷумла дар узвҳои нафаскашӣ (эхинококози шуш, нуқсонҳои модарзодӣ дар кӯдакон), ҳозима (чурра, эхинококози ҷигар, киста, санги талхадон ва ғ.), узвҳои пешоббарор ва таносул гузаронида мешаванд. Марказ дорои технологияи муосири эндовидеоҷарроҳӣ, ҷарроҳияи пластикӣ, хусусан дар роҳҳои пешоббарор (нуқсонҳои модарзодӣ дар кӯдакон) ва таносул мебошад. роҳбарии марказро ҷарроҳ Ҳасанов Ю. С. ба уҳда дорад.

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3