МУДИРИ "МАРКАЗИ ТЕСТӢ-ИТТИЛООТӢ"

Маҳмудов Абдулҳамид Ҳасанович

(тав. 20.01.1987. н.Шаҳритуз). Хатмкардаи Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар ш.Хуҷанд (2012). Аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи июни соли 2014 дар Доншкадаи Куҳӣ-Металургии шаҳри Чкалов (ҳозира Бустон) ба ҳайси сармутахассис (инженер-технолог) кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2014 то 2016 дар Донишкадаи Баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омузгори фанни информатика кор кардааст. Аз 16 ноябри соли 2016 то инҷониб дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» вазифаи мудири маркази «Тестӣ-иттилоотӣ»-ро ба ӯҳда дорад. Дар асоси фармони директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соли 2013 ташкил карда шудааст. Мақсад аз он ба танзим даровардани имтиҳонҳои ҷорӣ, инчунин ба таври шаффоф ва воқеъбинона қабул намудани имтиҳонҳо мебошад. Дар ин муддат марказ аз ҷониби маъмурият бо таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолият намудан ҷиҳозонида шудааст. Ҳамчунин якҷоя бо кафедраҳои коллеҷ саволҳои тестии имтиҳонӣ омода карда шудаанд. Барномаи компютерии имтиҳонӣ таҳия ва ба он саволҳои тестӣ ворид карда шуданд. Дар ибтидои фаъолияти марказ аз фанҳои биологияи тиббӣ, кимиёи биоорганикӣ, фалсафа, физика, асосҳои информатика, кори ҳамширагӣ дар момоӣ ва ғайра имтиҳон ва санҷишҳои фарқӣ қабул карда шуданд, ки натиҷаи он аз рӯи солҳо ва нимсолаҳо чандон хуб набуд, чунки донишҷӯён ба рафти имтиҳонҳои тестӣ чандон шинос набуданд. Аз маълумотҳо чунин бармеояд, ки нисбат ба солҳои пешин, натиҷаҳо беҳтар гардиданд. Бояд зикр намуд, ки имтиҳонҳо тавассути барномаи компютерӣ бе дахолати инсон ба таври воқеӣ санҷида мешавнд. Чунин тарзи қабули имтиҳонҳо донишҷӯёнро барои боз ҳам хубтар таҳсил намудан ва ба имтиҳонҳо омодагии хуб дидан водор менамояд.