ОИННОМАИ
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
«КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

 

 

 

 

«Дида баромада, пазируфта шуд»
дар ҷаласаи Шӯрои илмии
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
аз “____” ______ соли 2018.
Пайнавишти №____
Раиси Шӯро ___________ Ш. Ашуриён

 

 

 Душанбе – 2018 с.

 



1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соли 1935 дар асоси қарори Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун политехникуми тиббии ш. Сталинобод (№1383, аз 25.08.1935) таъсис дода шудааст, ки дар он ихтисосҳои зерин ташкил карда шуда буданд: фелдшерӣ, момодоягӣ, ёрдамчии духтури санитарӣ, духтури дандон ва дорусозӣ, соли 1936 ба Мактаби миёнаи тиббӣ ва сипас ба Омӯзишгоҳи тиббӣ табдил дода шудааст. Омӯзишгоҳи тиббии заминавии шахри Душанбе соли 1999, бо қарори Ҳукумати Ҷумхури Тоҷикистон, аз 16.03.1999, №100 ба Коллеҷи тиббии заминавии ш.Душанбе ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 02.12.2006с., таҳти рақами 527 ба “Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шудааст.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03 соли 2014, № 148 Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” табдил дода шудааст.
2. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, муассиси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мақоми идоравии он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Муассис) аст.
3. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” (минбаъд - Коллеҷ) шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ дар муассисаҳои бонкии давлатӣ ва тиҷоратии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунон соҳиби мӯҳр, бланка бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи сабти номи худро бо забони давлатию русӣ дорад. Коллеҷ ҳуҷҷатгузорӣ, ҳисобдории давлатӣ ва амсоли онҳоро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Фаъолияти Коллеҷ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
5. Коллеҷ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамин Оиннома ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд амалӣ мегардонад.
6. Санадҳои дохилӣ, ки самтҳои алоҳидаи фаъолияти Коллеҷро ба танзим медароранд дар асоси ҳамин Оиннома таҳия ва бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ гардида, мавриди амал қарор мегиранд ва иҷрои онҳо барои ҳайати роҳбарикунанда, профессорону омӯзгорон, кормандони техникию ёрирасон ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳатмӣ мебошад.
7. Коллеҷ аз рӯйи ӯҳдадориҳои худ бо маблағҳои пулии дар ихтиёраш буда масъул мебошад.
8. Номи расмии Коллеҷ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чунин мебошад:
- бо забони тоҷикӣ - Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»;
- бо забони русӣ - Государственное образовательное учреждение «Республиканский медицинский колледж»;
- бо забони англисӣ – State educational institution "Republican medical College".
9. Суроғаи ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ба таври зайл аст: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Камонгарон- 3. Телефон: (992-2-39-89-44; 2-39-89-49), сомона: www.medcollege.tj; почтаи электронӣ: Гэты адрас электроннай пошты абаронены ад спам-ботаў. У вас павінен быць уключаны JavaScript для прагляду.

2. СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ОЗОДИҲОИ АКАДЕМИИ КОЛЛЕҶ

10. Коллеҷ дар доираи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба ҳар як иштирокчии илмию академии худ ҳуқуқи интихоби навъи таълим, усулҳои тадрис ва машғул шудан ба корҳои илмӣ-татқиқотиро кафолат медиҳад ва барои истифодаи озодонаи ахбори зарурӣ дар ҷараёни таълим ва тадқиқоти илмӣ замина фароҳам меоварад.
11. Коллеҷ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соҳибихтиёр буда, мустақилона қарорҳо қабул менамояд ва фаъолиятҳоеро, ки аз Оинномаи мазкур бармеоянд, амалӣ мегардонад.
12. Дахолати мақомоти идоракунии давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хоҷагӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Коллеҷ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
13. Коллеҷ комплекси таълимӣ, илмию истеҳсолӣ ва хизматрасонии Муассис ба шумор рафта, метавонад дар бахши таълим: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, марказҳои таълимӣ-омӯзишӣ; дар бахши табобатӣ: амбулатория, дармонгоҳ, марказҳои таълимӣ-табобатӣ; дар бахши илмӣ-таҳқиқотӣ: марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ; дар бахши истеҳсолӣ: паркҳои технологӣ, корхонаҳои хурди таълимӣ-истеҳсолӣ, истеҳсолӣ ва дигар намудҳои хизматрасониро дар мувофиқа бо Муассис ташкил намояд.
14. Соҳибихтиёрӣ ва озодиҳои академӣ шарти зарурӣ барои кафолати иҷрои уҳдадориҳои Коллеҷ маҳсуб меёбанд.
15. Коллеҷ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ, молиявӣ, хоҷагдорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мустақил мебошад.
16. Коллеҷ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияи таҳсили шабонаро ҷиҳати татбиқи барномаҳои таълимӣ қисман ё дар ҳаҷми пурра истифода менамояд.
17. Коллеҷ дар мувофиқа бо Муассис раванди таълимро дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилот, низоми анъанавӣ ва кредитии таҳсилот ташкил ва ҷорӣ менамояд.
18. Соҳибихтиёрӣ шакли муҳимтарини ташкили раванди таълим ва тадбирҳои академӣ буда, масъулияти давлатии Коллеҷро дар назди Муассис муайян менамояд.
19. Муассис ва Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар доираи ваколатҳои худ иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи замимаи иҷозатномаҳо, инчунин фаъолияти таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва молиявию хоҷагии Коллеҷро тибқи талаботи Оинномаи мазкур назорат менамояд ва санҷиш мебарад.
20. Муассис ва Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар ҳудуди салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимии Коллеҷ пас аз гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ба Коллеҷ Иҷозатнома ва Шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро пешниҳод менамояд ва дар давраи муҳлати амал риояи онҳоро назорат менамояд.
21. Коллеҷ ба ҳайати профессорон, дотсентону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни худ озодиҳои академӣ дода, дар интихоби усулҳои таълим дар доираи барномаҳои таълимӣ имконият фароҳам меоварад ва барои озодона интихоб кардани мавзъуҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо шароит муҳаё менамояд ва ҳамчунин ба донишҷӯён дар доираи барномаҳои таълимӣ барои интихоби фан, мавзӯъ, гузаронидани таҷриба ва тадқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионӣ озодиҳо муқаррар менамояд.
22. Коллеҷ бо мақсади аз аккредитатсияи ҷамъиятӣ гузаштан ҳуқуқи ба мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат намуданро дорад.
23. Соҳибихтиёрии Коллеҷ дар фаъолиятҳои зерин инъикос меёбад:
- мувофиқи Оинномаи мазкур ҳуқуқи қабули қарорҳо ва иҷрои онҳоро, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, дорад;
- сохтори худро дар мувофиқа бо Муассис мустақилона муайян менамояд, мақомоти идорӣ ва назоратии худро ташкил медиҳад;
- раванди таълим, илм, инноватсия, молия, хоҷагидорӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;
- дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ватанӣ ва хориҷӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ, Академияи таҳсилот, Академияи илмҳо, ташкилоту корхонаҳо ҳамкориро ба роҳ монда, дар омода намудани мутахассисон, табодули онҳо, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти фарҳангӣ, ташкили конфронсу семинарҳо, симпозиумҳо, хизматрасониҳои ройгон ва ғайриройгон ҳамкорӣ менамояд;
- воҳиди кории кормандон, иқтидори илмӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, аз ҷумла, ҳайати омӯзгорон ва кормандони илмӣ, вазифа ва уҳдадории деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо, сардорони шуъбаҳои гуногуни таълимӣ ва илмӣ (марказҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, лабораторияҳо, парки технологӣ ва ғайра) ва инчунин ҳайати роҳбарикунандаи Коллеҷро муайян менамояд;
- самтҳо ва тартиби истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетии ба суратҳисоб воридшударо бо назардошти ҳиссаи ба музди меҳнат сарфшаванда, мустақилона дар доираи Оинномаи мазкур муайян ва мавриди истифода қарор медиҳад;
- шакл ва андозаи маоши кормандонро берун аз ҳисоби маоши буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус муайян ва таъмин менамояд;
- Коллеҷ муассиси нашрияи “Шафқат” мебошад, инчунин дар мувофиқа бо Муассис тибқи қонунгузории ҷорӣ ва Оинномаи мазкур метавонад муассиси дигар воситаҳои ахбор низ бошад;
- Коллеҷ метавонад дорои Матбаа бошад;
- нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯйи як ё якчанд равия, ихтисос ва самтҳои ҷудогона амалӣ менамояд;
- тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ мебарад.
24. Озодиҳои академӣ дар Коллеҷ бо принсипҳои зерин асос меёбанд:
- истифодаи самарабахши нерӯи зеҳнӣ бо мақсади афзун гардонидани саҳми Коллеҷ дар тайёр намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ;
- демократикунонии ташкилу идораи ҷараёни таълим, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилӣ ва тарбиявӣ;
- таъмини равобити муътадили таълим ва тадқиқоти илмӣ- инноватсионӣ;
- таъмини иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани низоми давлатӣ.

3. САМТИ ФАЪОЛИЯТ, ВАЗИФА, ҲУҚУҚ ВА СОХТОРИ КОЛЛЕҶ

25. Коллеҷ фаъолияти таълимии худро дар асоси нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз рӯи равия, ихтисос ва самтҳои гуногун вобаста ба муҳлат ва давраи таҳсилашон, ки азхудкунии онҳо бо додани дипломҳои шакли муқарраргардида баъди хатм тасдиқ карда мешаванд, амалӣ менамояд.
26. Фаъолияти Коллеҷ ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбии самти тиббӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он равона карда мешавад.
Коллеҷ вобаста ба заминаи моддӣ-техникии худ аз рӯи равия, ихтисос ва самтҳои муайян дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мутахассис омода менамояд.
27. Коллеҷ тибқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Муассис метавонад парки технологӣ, корхона ва сехҳои хурди таълимӣ – истеҳсолӣ, истеҳсолӣ, илмӣ ва ё дигар марказҳои таълимӣ-омӯзишӣ ва хизматрасонӣ таъсис диҳад ва талаботи мардумро бо ҳар гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногун қонеъ гардонад. Коллеҷ чунин шакли фаъолиятро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани Иҷозатнома ва ё розигии Муассис амалӣ менамояд.
Коллеҷ шаклҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мустақилона бо қарори Шӯрои олимон дар мувофиқа бо Муассис ташкил менамояд.
28. Вазифаи асосии Коллеҷ аз инҳо иборат мебошад:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро иҷро менамояд;
- талаботи шахсро бо роҳи ба даст овардани таҳсилоти миёнаи касбӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисос қонеъ месозад;
- ба воситаи пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон рушди фаъолияти илмӣ - инноватсиониро таъмин намуда, натиҷаҳои ҳосилшударо дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот амалӣ мегардонад;
- дар зеҳни таълимгирандагон асосҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ташаккул дода, барои дар шароити муосир кору фаъолият намудани онҳо замина фароҳам меоварад;
- дар тафаккур ва ҷаҳонбинии таълимгирандагон арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва умумибашариро ҷой дода, онҳоро барои ҳифз ва нигаҳдории сирри давлатӣ омода мегардонад;
- барои густариши дониши таълимгирандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо талош менамояд;
- барои таҷрибаомӯзии таълимӣ, саҳроӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меоварад;
- барои гузаронидани таълими назариявӣ, корҳои амалию таҷрибавӣ, фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ки ба раванди таълим зич алоқаманд мебошанд, замина фароҳам меоварад;
- барои паҳн намудани донишу малакаи муосири иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ, биологӣ, экологӣ ва дигар дастовардҳои илмӣ-инноватсионӣ талош намуда, дар баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии умумӣ, сиёсӣ ва фарҳангии таълимгирандагон бо татбиқ намудани қоидаҳои низоми анъанавӣ ва кредитии таҳсилот тадбирҳо меандешад;
- барои таълиф, таҳия ва нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, барномаи корӣ аз рӯйи таълими фанни алоҳида ва дигар маводи таълимиву методӣ ва илмӣ мусоидат менамояд;
- барои рушди технологияи муосир ва ҷорӣ намудани он ба раванди таълим ва истеҳсолоти таълим замина фароҳам меоварад, инчунин дар ҷараёни таълим аз технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ, интернет, таълими инноватсионӣ ва таҳсили шабона истифода менамояд;
29. Ба сохтори Коллеҷ воҳидҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ, хоҷагӣ, истеҳсолӣ, ёрирасон ва ғайра дохил мешавад, ки онҳо дар асоси «Қоидаҳои тартиби дохилии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (минбаъд Қоидаҳои тартиботи дохилӣ), низомномаҳо ва дастурамалҳое, ки аз тарафи Шӯрои олимон ва директори Коллеҷ тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, амал мекунанд.
Коллеҷ бо ризояти Муассис воҳидҳои сохтории худ марказҳои илмӣ-инноватсионӣ, корхона ва сехҳои илмӣ истеҳсолӣ, истеҳсолӣ, парки технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, филиалҳо, шуъбаҳо, намояндагиҳо, марказҳои таълимӣ-касбомӯзӣ ва дигар сохторҳои худро, ки онҳо баланси якҷоя ва ё алоҳида доранд, ташкил менамояд ва барои фаъолияташон шароити мусоид фароҳам меоварад.
30. Дар сохтори Коллеҷ созмон додани ҳизбҳо ва дигар ташкилоти сиёсии ба он баробар манъ аст.
31. Дар сохтори Коллеҷ бо мақсади ҳимояи манфиати кормандон ва таълимгирандагон иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва таълимгирандагон, клубҳои илмӣ, конструкторӣ, мубоҳисавӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, эҷодӣ, варзишӣ, марказҳои илмӣ-инноватсионӣ, марказҳои хайриявию эҳсонкорӣ, махфилҳо ва дигар сохторҳо ташкил карда мешавад, ки муносибати онҳо дар асоси низомномаҳое, ки Шӯрои олимон ба тасвиб мерасонад ва шартномаи тарафайн бо маъмурияти Коллеҷ муайян карда мешаванд.
32. Дар сохтори Коллеҷ Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ, комиссияҳои илмию методӣ, марказҳои илмӣ -техникӣ ва инноватсионӣ, инчунин дигар шӯроҳо таъсис дода мешавад.
33. Шӯрои олимони Коллеҷ дар фаъолияти худ тавсия ва пешниҳодоти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба назар мегирад ва баррасӣ менамояд.
34. Коллеҷ барои ноил гаштан бо мақсадҳои худ тибқи муқарррароти қонунгузории мавҷуда ҳуқуқ дорад:
- шаклҳои таълимро аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва самтҳо мустақилона муайян созад;
- дар мувофиқа бо Муассис ва Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва ҳамин Оиннома ҷузъҳои илмию таълимӣ, инноватсиониву технологӣ ва истеҳсоливу таҷрибавӣ, аз ҷумла, пажӯҳишгоҳҳо, филиалҳо, марказҳо, шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳо, илмӣ-истеҳсолӣ, илмӣ -инноватсионӣ, китобхонаҳо, инчунин бахши истеҳсолӣ, комплекси таълимӣ, хизматрасонӣ, намояндагиҳо, шуъбаҳо, клубҳо, махфилҳо, мақомоти назоратии дохиликоллеҷӣ ва дигар зерсохторҳоро таъсис ва барҳам диҳад.
- бо мақсади истифодаи қобилияти зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён сохтори ташкилӣ, идоравӣ ва ҳавасмандгардонии меҳнатиро муқаррар намояд;
- ҷадвали воҳиди кории ҳайати шахсии Коллеҷ ва дигар шахсони ба таълим ва кору фаъолияти гуногун ҷалбшударо мустақилона дар доираи захираи музди меҳнат муқаррар ва дар мувофиқа бо Муассис тасдиқ намояд;
- аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони илмию таълимӣ, инчунин дигар кормандони Коллеҷ ҷиҳати ишғоли вазифаҳои омӯзгори калон, дотсент, профессор ва мудири кафедра имтиёзҳои дохилӣ муқаррар намояд;
- дараҷаи доктори фахрӣ ва унвони профессори фахриро тибқи муқаррароти ҷорӣ, бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректор таъсис диҳад ва дар асоси Оинномаи мазкур шахсиятҳои маъруфи илмӣ, сиёсӣ, фарҳангии ватанӣ ва хориҷиро сарфароз гардонад;
- тайёр намудани мутахассисонро аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва самтҳо вобаста ба шаклҳои таҳсили рӯзона ва шабона ба роҳ монад;
- истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ, маҳсулоти истеҳсолию техникиро дар доираи хизматрасониҳои алоҳида тибқи тартиботи муқарраргардида ба роҳ монад;
- ба муасиссаҳои илмию таълимӣ, корхонаҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо ва ё муассисаҳои байналхалқӣ, ки манфиатҳои умумии тайёр кардани мутахассисон, корҳои таълимӣ, тадқиқотҳои илмӣ - методӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва дигар шаклҳои фаъолиятро ба роҳ мемонанд, ҳамкорӣ намояд;
- амволе, ки аз ҷониби Муассис ба вай вобаста карда шудааст, мувофиқи таъйиноташон соҳибӣ ва ихтиёрдорӣ намояд;
- амволе, ки дар натиҷаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба даст медарорад, ихтиёрдорӣ намояд;
- мол ва воситаҳое, ки дар натиҷаи истифодабарӣ таъиноти худро гум кардаанд ё корношоям шудаанд, аз эътибор соқит намояд;
- дар муассисаҳои қарздиҳӣ (бонкҳо) суратҳисоб, ҳисобҳои ҷорӣ, арзӣ ва ғайра кушода, аз онҳо қарз гирад ва дигар ҳамкориҳоро ба роҳ монад;
- воситаҳои иҷтимоӣ, табобатию варзишӣ, табобатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, агробиолабораторияҳо ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон дошта бошад;
- дар сохтори худ метавонад марказҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, хизматрасонӣ, инчунин марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисонро таъсис ва ё барҳам диҳад;
35. Таъсисдиҳӣ ва барҳам додани ҷузъҳои таълимӣ ва сохтору зерсохторҳои Коллеҷ аз ҷониби худи Коллеҷ бо қарори Шӯрои олимон амалӣ мешавад.


4. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ КОЛЛЕҶ

36. Дар Коллеҷ вобаста ба муҳлат ва зинаю дараҷаи тайёрии касбии мутахассисон барномаҳои гуногуни таълимии таҳсилотӣ, миёнаи касбӣ, барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ карда мешавад.
37. Самтҳои тайёркунӣ, азнавтайёркунии мутахассисон тибқи Иҷозатнома ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ, ки ба Коллеҷ аз ҷониби муассисаи ваколатдори давлатӣ дода мешавад, муқаррар карда мешавад.
38. Коллеҷ дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим, истифодаи технологияи нави инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ, шакл ва методҳои пешқадами таълим мустақил буда, баҳри баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон вобаста ба талаботи бозори меҳнат кӯшиш менамояд.
39. Забони таълим дар Коллеҷ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва «Дар бораи маориф» бармеояд, муайян карда мешавад.
40. Коллеҷ нақшаҳои таълимии заминавӣ, корӣ, инфиродӣ ва ҷадвали дарсҳоро барои таълимгирандагон аз ҷумла, барои омӯзиши инфиродии таълимгирандагони алоҳида бо назардошти сатҳи тайёрии пешакӣ ва мувофиқи низомномаҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ менамояд.
41. Коллеҷ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби шаклҳо, методҳо, воситаҳои таълим шароити заруриро барои аз худ кардани барномаҳои таълимии касбии донишҷӯён муҳайё месозад.
42. Мазмуни таълим дар самтҳо, равияҳо ва ихтисосҳо тавассути нақшаҳои таълимие, ки дар Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ шудааст ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, муайян карда мешавад.
Коллеҷ бо назардошти қобилият ва омодагии пешакии таълимгирандагон мустақилона нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвали раванди таълимро барои таълими инфиродии онҳо мутобиқи низоми кредетии таҳсилот ва талаботи экстернат, ки онро мақомоти ҷумҳуриявии идораи маориф муайян кардааст, таҳия ва тасдиқ менамояд;
43. Коллеҷ усулҳои пешқадам ва фаъоли раванди таълимро аз рӯйи самтҳо, равияҳо, ихисосҳо дар асоси нақшаҳои амалишаванда муайян мекунад.
44. Ба дигар корҳо (ба истиснои корҳои ҷамъиятии фоиданок) ҷалб намудани донишҷӯёну шунавандагон манъ аст.
Инчунин, истифода ва татбиқи усулҳои ғайрибашарии таълимие, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид мекунад, манъ аст.
45. Дар Коллеҷ намудҳои зерини машғулиятҳои таълимӣ: лексия, семинар, машғулияти амалӣ, корҳои лабораторӣ, таҷрибавӣ, кори санҷишӣ, кор дар паркҳои технологӣ, коллоквиум, бозиҳои таълимӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, мусоҳибаҳо, таҷрибаомӯзӣ, танзими нақшаи лоиҳасозӣ, реферат, кори курсӣ, рисолаи хатм, инчунин дигар машғулятҳо ва корҳои таълимие, ки ба усулҳои наву фаъоли таълим вобаста мебошанд, муқаррар карда мешавад.
46. Соли таҳсил ба ду давраи таълимӣ тақсим мешавад, ки бо ду шаклҳои назорати марҳалавӣ, як шакли назорати ҷамбастӣ ва триместр хотима меёбад. Соли таҳсил мутобиқи муҳлатҳои дар нақшаҳои таълимии заминавӣ нишондодашуда, ки аз тарафи Мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудаанд оғоз ва анҷом меёбад.
Соли таҳсил дар шакли таҳсили шабона бошад, дар асоси нақшаҳои таълимие, ки барои ин шакли таҳсилот бо қарори Шӯрои олимон дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ шудаанд, муқаррар карда мешавад ва давраи сессияи санҷишӣ, имтиҳонӣ ва ё байнидавравӣ мувофиқи ҷадвали дарсҳо сурат мегирад.
47. Ҳаҷми машғулиятҳои таълимӣ, машғулиятҳои ҳатмии аудиторӣ дар як ҳафта барои донишҷӯ тибқи низоми анъанавӣ ва кредитии таҳсилот, ки аз ҷониби Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар карда шудааст, амалӣ мегардад.
48. Барои донишҷӯёни таҳсили рӯзона дар давоми соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад. Давомнокии таътил мувофиқи ҳафтаҳои таъйинамудаи нақшаҳои заминавии тасдиқшудаи таълимӣ ва тақвими академӣ муайян карда мешавад.
49. Дар Коллеҷ шаклҳои гуногуни таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла таълимӣ, истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва дигар шаклҳои таҷрибаомӯзӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ ва Низомномаи таҷрибаомӯзӣ, ки аз тарафи Мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст ба роҳ монда мешавад. Ҷараёни таҷрибаомӯзӣ мутобиқи Низомномаи таҷрибаомӯзӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз тарафи муовини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ ва шуъбаи таҷрибаомӯзӣ назорат карда мешавад. Гурӯҳҳои таълимии барои таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои тандурустӣ сафарбаршуда аз тарафи роҳбарони умумӣ, бевосита ва методӣ назорат карда мешаванд. Таҷрибаомӯзӣ бо супоридани санҷиш ва ё санҷиши фарқӣ вобаста аз шакли таҷрибаомӯзӣ, ки аз тарафи роҳбарони бевосита ва методӣ қабул карда мешаванд ҷамъаст карда мешавад.
50. Ташкил ва назорати раванди таълим аз тарафи қисми таълим таҳти роҳбарии муовини директор оид ба корҳои таълими сурат мегирад.
Сохтор ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории қисми таълим бо низомномаҳое, ки аз тарафи Шӯрои олимон ва директори Коллеҷ тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.
51. Коллеҷ баробари кори таълим, кори тарбиявиро амалӣ месозад ва он дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии омӯзгорон ва донишҷӯён татбиқ карда мешавад. Назорати корҳои тарбиявиро дар Коллеҷ муовини директор оид ба корҳои тарбия, бахши тарбия, садорати факултетҳо, муовинони декан оид ба тарбия, кафедраҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои марбута дар асоси низомномаҳое, ки бо қарори Шӯрои олимон дар мувофиқа бо Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ шудаанд, таъмин мекунанд.
52. Дониш, малака ва маҳорати донишҷӯён дар ҳуҷҷатҳои таҳсилот (дафтарчаи имтиҳонӣ, варақаи санҷишӣ, варақаи имтиҳонӣ, маълумотномаи академӣ (транскрипт), замимаи диплом ва дигар санадҳо) тибқи талаботи низоми анъанавӣ ва кредитии таҳсилот муайян карда мешавад.
53. Дар Коллеҷ таҳсил баъд аз аттестатсияи ниҳоии ҷамъбастии таълимгирандагон ва дифои рисолаи хатм азхудкунии барномаи асосии таҳсилот аз рӯйи ихтисос ва иҷрои нақшаи заминавии таълим ба итмом мерасад.
54. Гузаронидани донишҷӯ аз курс ба курс бо фармоиши директори Коллеҷ дар асоси натиҷаҳои соли таҳсил ва дар пояи иҷрои талаботҳои меъёрие, ки дар нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ аз рӯйи таълими фанни алоҳида, силлабусҳо ва дигар санадҳои таълимие, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардиданд, на дертар аз фарорасии соли таҳсили нав амалӣ карда мешавад.
55. Барои донишҷӯёне, ки дар давраҳои асосии сессияи санҷишию имтиҳонӣ баҳои ғайриқаноатбахш ва ё «ноком» мегиранд, тибқи низоми кредитии таҳсилот бо пардохти маблағи кредитҳо аз рӯйи тақсимоти махсусе, ки аз ҷониби Шӯрои олимон муқаррар мегардад, давраи иловагӣ (триместр) ташкил карда мешавад.
Барои донишҷӯёне, ки то се фанни таълимии нақшаи таълимии заминавӣ қарздор мешаванд, сессияи иловагӣ ташкил карда мешавад. Сессияи иловагӣ дар давраи таътил то оғози нимсолаи таҳсил гузаронида мешавад.
Донишҷӯёне, ки аз се ва зиёда фанни ҳатмии нақшаи таълимии заминавии ихтисос қарздор мешаванд, инчунин, дар сессияи иловагӣ низ қарздор мешаванд, аз Коллеҷ хориҷ карда мешаванд.
56. Донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узурнок (беморӣ, даъват ба чорабиниҳои ҳарбӣ, карантин ва ғайраҳо) аз натиҷаи соли таҳсил баҳои ғайриқаноатбахш ва ё «ноком» мегиранд, барояшон ҷадвали алоҳидаи баргузории санҷишу имтиҳон муқаррар карда мешавад.
57. Донишҷӯёне, ки талаботи нақшаи таълимиро аз рӯи ихтисос ва равияи муайян пурра иҷро менамоянд, ба аттестатсияи ниҳоии давлатӣ роҳ дода мешаванд ва дар натиҷаи бомуваффақият супоридани имтиҳоноти давлатӣ ва дифои рисолаи хатм (бо қарори Шӯрои олимон) ба онҳо тахассуси миёнаи касбӣ аз рӯйи тахассус ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) дар хусуси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дода мешавад.
58. Ба донишҷӯёне, ки дар Коллеҷ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда, дастовардҳои таълимии онҳо аз фанҳои дар нақшаи таълимии ихтисос нишондодашуда на камтар аз 75% баҳои «аъло» ва боқмондааш баҳои «хуб» мебошанд, инчунин имтиҳони давлатиро бо баҳои «аъло» ҷамъбаст намудаанд, ба онҳо бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ «дипломи аъло» дода мешавад.
Донишҷӯёне, ки сазовори дипломи аъло мегарданд ва хоҳиши идомаи таҳсил ва пешбурди фаъолияти илмӣ - тадқиқотиро доранд, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил дар зинаи олии касбӣ тавсия дода мешаванд.
59. Донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатӣ ва ё рисолаи хатмро бо баҳои ғайриқаноатбахш ҷамъбаст мекунанд, дар соли таҳсили ҷорӣ такроран ба имтиҳон ва ё баррасии рисолаи хатм роҳ дода намешаванд ва ба онҳо танҳо маълумотнома оид ба хатми Коллеҷ, ки намунаи онро Шӯрои олимон тасдиқ мекунад, дода мешавад.
60. Ба донишҷӯёни аълохони шакли таҳсили рӯзона, ки дар ҷодаи таълиму тарбия ба муваффақият ноил гаштаанд, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд, лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ таҳия мекунанд, стипендияҳои Президентӣ ва номӣ дода мешавад. Андозаи стипендияҳои номӣ аз тарафи Коллеҷ бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои басташуда бо сарпарастон муқаррар карда мешавад. Вале андозаи он аз андозаи муқарраркардаи давлат набояд кам бошад.
Ба донишҷӯёни фаъол, ки санҷишу имиҳонотро ҷамъбаст кардаанд, баҳои ғайриқаноатбахш надоранд, дар корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ шикат менамоянд, инчунин ятимони кулл ва нимятим мебошанд стпендия таъйин карда мешавад.
61. Ба донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва шабона, ки ба хобгоҳ ниёз доранд, мувофиқи фонди манзил онҳо бо ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Ҷойи хоб дар асоси аризаи донишҷӯ тибқи муқаррарот дода мешавад.
62. Барои хониши аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои илмӣ, тадқиқотию ҷамъиятӣ ба донишҷӯён мувофиқи Қоидаҳои тартиботи дохилӣ чораҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ татбиқ карда мешавад. Ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии донишҷӯён дар асоси пешниҳоди деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони сохторҳои алоҳида ва мавзӯъҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси қарори Комиссияи ҳавасмандгардонӣ бо фармоиши директори Коллеҷ сурат мегирад.
63. Ба таълимгирандагон ва шунавандагони Коллеҷ барои риоя накардани бандҳои қонунҳои миллӣ, иҷро накардани нақшаҳои таълимӣ, вайрон кардани раванди таълим, зиёда аз 36 - соат ба дарс наомадан, риоя накардани «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (минбаъд Дастурамали либосҳои тавсиявӣ), ҳангоми дарс истифода бурдани телефони мобилӣ, бо мошини шахсӣ ба дарс ҳозир шудан, зарар овардан ба моликияти Коллеҷ, инчунин риоя накардани Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, Қоидаҳои тартиби зист дар хобгоҳҳои донишҷӯёни Коллеҷ (минбаъд Қоидаи зист дар хобгоҳ), қоидаҳои истифодабарии китобҳои китобхона ва уҳдадориҳои Оинномаи мазкур чораҳои интизомӣ то хориҷ намудан аз Коллеҷ татбиқ карда мешавад.
64. Тартиби татбиқи чораҳои интизомӣ тибқи муқаррароте, ки бо қарори Шӯрои олимон тасдиқ мегардад, бо фармоиши директори Коллеҷ дар асоси пешниҳоди деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, раисони созмонҳои ҷамъиятии Коллеҷ, созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо ва дигар воҳидҳои таркибии Коллеҷ сурат мегирад.
65. Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ аз рӯйи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Талаботи давлатӣ аз рӯйи ихтисос ва равияи таълимӣ, ки бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ шудааст, нақшаҳои таълимӣ дар асоси шартномаҳои тарафайни Коллеҷ бо корхона, муассиса, ташкилотҳо ва ё мақомоти давлатӣ гузаронида мешавад.
66. Вазифаҳои асосии илмӣ-тадқиқотӣ дар Коллеҷ аз инҳо иборат мебошанд:
- пешбурди корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ аз руи ихтисос;
- таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар раванди таълим, илм ва истеҳсолот;
- таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва бунёдӣ;
- таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ;
- иҷрои корҳои дорои характери илмӣ ва илмӣ- методӣ;
- пешниҳод ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мавзӯии давлатӣ дар раванди таълим, илм, истеҳсолот ва рушди техника ва технология;
- ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ дар рушди илм ва истеҳсолот.
67. Коллеҷ корҳои илмию тадқиқотии худро аз рӯйи лоиҳаҳо, нақшаҳо, барномаҳо, стратегияҳо ва консепсиҳои давлатӣ анҷом медиҳад ва барои ин мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, шунавандагонро ҷалб менамояд.

5. СТАНДАРТИ ДАВЛАТӢ, ТАЛАБОТИ ДАВЛАТӢ, САЛОҲИЯТНОКИИ КАСБӢ, НАҚША ВА БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ДАР КОЛЛЕҶ

68. Дар Коллеҷ Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ дар раванди таълим ва тарбия амал намуда, дар асоси он Стандарти тахассусии таҳсилот аз рӯйи равия, ихтисос ва самтҳои таълим, Талаботи давлатӣ аз рӯйи равия, ихтисос ва самтҳои таълим, Салоҳиятнокии касбӣ аз рӯйи ихтисос, таҳия ва бо қарори Шӯрои олимон тасдиқ карда мешаванд ва Коллеҷ аз рӯйи ин равия, самт ва ихтисосҳо барои талаботи бозори меҳнат мутахассис омода менамояд.
69. Нақшаи таълимии заминавӣ аз рӯйи равия, самт ва ихтисос низ дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳия шуда, аз тарафи кафедраҳо ва факултаҳо пешниҳод мегардад ва бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷ ба тасвиб расида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.
Нақшаҳои таълимии корӣ, нақшаҳои таълимии инфиродӣ дар асоси нақшаи таълимии заминавӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ мерасанд, барои як сол аз тарафи садорати факултет таҳия шуда, аз ҷониби декани факултет дар мувофиқа ба шуъбаи таълим ба имзо мерасанд ва амалӣ мегарданд.
70. Барномаҳои таълимӣ ва кории фан аз рӯйи ихтисос, инчунин силлабусҳо дар асоси Стандарти давлатӣ ва нақшаҳои заминавии таълим, ки онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, таҳия шуда, аз ҷониби омӯзгорони кафедра мураттаб мегардад ва дар Шӯрои илмӣ-методии Коллеҷ баррасӣ шуда, бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
71. Барномаҳои таълимӣ, ва кориии фан аз рӯйи ихтисос, силлабусҳо вобаста бо назардошти талабот ва имконияти таълимгиранда дар шаклҳои таҳсилоти рӯзона ва шабона метавонанд фарқ дошта бошанд, ки онҳоро Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ мекунад.
72. Муҳлати иҷрои барномаҳои асосии таҳсилот, нақшаю барномаҳои таълим дар Коллеҷ вобаста ба зинаи таҳсилот чунин сурат мегирад:
- дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ на камтар аз чор сол;
- дар заминаи таҳсилоти умумӣ на камтар аз се сол, ба истиснои ҳолатҳои алоҳида, ки қонунгузор пешбинӣ намудааст.
73. Ба таълимгирандагоне, ки таҳсилро дар Коллеҷ аз рӯйи нақшаю барномаҳои таълими зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ анҷом медиҳанд, ба онҳо баъди аз аттестатсияи ниҳоӣ гузаштан ҳуҷҷат дар бораи зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дода мешавад.
74. Коллеҷ ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти марбута ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишонаи расмии давлатии намунаи муқарраршударо медиҳад, ки шакли онро Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ менамояд.
75. Коллеҷ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ пас аз гузаштани аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ пайдо менамояд.
76. Коллеҷ баъд аз хатми зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълимгирандагон намунаҳои зерини ҳуҷҷатҳоро дар асоси қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ ва бо фармоиши директор медиҳад:
- дипломи миёнаи касбӣ;
- маълумотнома (ҳуҷҷат) дар бораи таҳсилоти миёнаи касбии нопурра.
77. Коллеҷ баъди хатми курсҳои гуногуни такмили ихтисос ба таълимгирандагон намунаи ҳуҷҷати давлатӣ ва ё шаҳодатнома медиҳад, ки намунаи онро Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ менамояд.
78. Намунаи ҳуҷҷатҳоеро, ки Коллеҷ ба таълимгирандагон медиҳад, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он эътибор доранд.
79. Назорати татбиқи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Коллеҷ аз тарафи Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва Муассис амалӣ мегардад.

6. ИДОРА ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ КОЛЛЕҶ

80. Коллеҷ тибқи тартиби муқар¬рар¬намудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда идора карда мешавад.
81. Мақомоти идоракунандаи Коллеҷ Шӯрои олимон ба ҳисоб меравад, ки раисии онро директори Коллеҷ ба ӯҳда мегирад.
82. Шӯрои олимони Коллеҷ дар ҳайати директор (раис), муовинони директор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарон ва мудирони воҳидҳои сохторӣ, инчунин дигар кормандони илмию омӯзгорӣ таъсис дода мешавад. Директори Коллеҷ метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои Шӯрои олимонро тағйир диҳад.
Ташкили фаъолияти Шӯрои олимон ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Директор котиби илмии Шӯрои олимонро аз ҷумлаи аъзои Шӯрои олимон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
83. Тартиби кори Шӯрои олимон мувофиқи «Низомномаи Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
84. Шакли асосии фаъолияти Шӯрои олимон ҷаласа мебошад. Ҷаласаи Шӯрои олимон дар сурати ҳузури аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро гузаронида мешавад ва қарорҳои он бо иштироки аз се ду ҳисса асосӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо менамояд ва иҷрои онҳо аз ҷониби ҳайати роҳбарикунанда, профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯён ҳатмӣ мебошад.
85. Ба масъулон дар сурати сари вақт иҷро накардани қарорҳои Шӯрои олимони Коллеҷ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, Шартномаи коллективӣ, низомномаҳои дахлдор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Шӯрои олимон тасдиқ карда шудааст, муҷозоти интизомӣ татбиқ карда мешавад.
86. Ваколатҳои Шӯрои олимон:
- масълаи тасдиқ, ворид намудани тағйироту иловаҳо ва мавриди амал қарор додани Оинномаи мазкурро ҳал менамояд;
- масъалаҳои вобаста ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ, инноватсионӣ, методӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор ба тавсиб мерасонад. Инчунин, номгӯи равияҳо, самтҳо, ихтисосҳоро муайян мекунад, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва фарҳангиро тасдиқ мекунад, курсҳои омӯхташаванда, ҳаҷми соатҳои онҳоро муайян менамояд, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти ягонаи оғоз ва анҷоми давраҳои таълим ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб мерасонад;
- масъалаҳои такмили идорӣ ва сохтории Коллеҷ, аз ҷумла, ташкил ва барҳамдиҳии марказҳо, паркҳо, сехҳо ва корхонаҳои хурди илмӣ-истеҳсолӣ, пажӯҳишгоҳҳо, факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо, лабораторияҳо ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро баррасӣ менамояд;
- масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Коллеҷро ҳаллу фасл менамояд;
- ҷадвали воҳидҳои кориро баррасӣ намуда, низоми пардохти музди меҳнатро дар мувофиқа бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Коллеҷ тасдиқ мекунад.
- имтиёзҳои дохилиро барои ишғол намудани вазифаҳои муаллими калон, дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад;
- низомнома оид ба фаъолияти илмии Коллеҷ ва аттестатсияи онро тасдиқ мекунад;
- мувофиқи тартиботи муқарраршуда, шуъбаҳо, намояндагиҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои навро боз менамояд;
- низомнома, дастурамал, қоида ва дигар санадҳои ба фаъолияти Коллеҷ ва сохторҳои он алоқамандро тасдиқ менамояд;
- нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд;
- низомномаи эътидоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгоронро тасдиқ мекунад;
- комиссияи тафтишотиро интихоб намуда, низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;
- интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад.
- масъалаҳои тайёр кардани кадрҳо ва ҳавасмандкунии онҳоро баррасӣ намуда, барои баланд бардоштани ихтисос, идомаи таҳсили донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифаи ходими илмӣ, таҷрибаомӯзӣ ҷиҳати анҷоми рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам дар зинаҳои таҳсилот тавсияҳо медиҳад;
- масъалаи аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидан, муайян кардани миқдори маблағи шартнома ва каму зиёд намудани фоизи муайяни маблағи шартномаи таҳсили донишҷӯёнро баррасӣ менамояд;
- масъалаи муайян намудани миқдори маблағ барои супоридани кредитҳо, соатҳои фарқияти фанҳо, имтиҳонҳои такрорӣ, сабақгардонӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба таълимро ҳал менамояд;
- масъалаҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал менамояд.
87. Директори Коллеҷ:
Директори Коллеҷ бо пешниҳоди муассис аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Директори Коллеҷ вобаста ба ҳамаи самтҳои фаъолияти Коллеҷ масъулият мебарад.
Ба директори Коллеҷ ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили Коллеҷ ё берун аз он манъ аст. Директор дар доираи салоҳияти худ фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳатмӣ мебошад.
88. Директори Коллеҷ барои ҳалли проблемаҳои фаврӣ раёсати Коллеҷро ташкил менамояд. Ба ҳайати раёсат директор, муовинони он, деканҳо, мудирони кафедраҳои ҷамъиятию тахассусӣ, роҳбарони бахши таълим, илм, тарбия ва дигар масъулони Коллеҷ дохил шуда, бо фармоиши директор тасдиқ карда мешавад ва он аз рӯйи Низомнома, нақшаи корӣ фаъолияти воҳидҳои сохтории Коллеҷро назорат мебарад.
Шакли асосии фаъолияти раёсати Коллеҷ гузаронидани ҷаласаҳо ба шумор меравад. Ҷаласаҳои раёсат вобаста ба нақшаи корӣ аз тарафи директори Коллеҷ даъват карда мешавад.
89. Директори Коллеҷ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои он:
- ба Шӯрои олимони Коллеҷ доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оиннома, инчунин аз нав таҳрир кардани он таклифҳо пешниҳод менамояд;
- аз номи Коллеҷ амал карда, бе ваколатнома манфиатҳои онро дар мақомоти давлатии идораи маориф, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, бонкҳо ва дар назди шахсони алоҳида ва ҳуқуқӣ ҳимоя менамояд;
- амвол ва маблағҳои пулии Коллеҷро ихтиёрдорӣ месозад;
- шартномаҳо ба имзо расонида, ваколатнома медиҳад ва дар бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ суратҳисобҳои Коллеҷро мекушояд;
- кормандони Коллеҷро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ амру фармоишҳо мебарорад, амалигардонии қарорҳои Шӯрои олимонро дар шакли фармоиш ба имзо мерасонад, ки иҷрои онҳо барои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ ҳатмӣ мебошад;
- арзу шикоятҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон, таълимгирандагон, падару модарон ва дигар шаҳрвандонро бо тартиби муқарраргардида мешунавад, амр ва фармоиш мебарорад ва ба аризаи хаттии онҳо раводид гузошта, дар муҳлатҳои муайянкардаи қонунгузорӣ онҳоро арзёбӣ карда, ба онҳо ҷавоб менависад ва имзо мегузорад;
- ба донишҷӯёни аз оилаҳои камбизоат, маюбон, ятимони кулл, нимятим дар доираи муқаррароти мавҷуда кӯмаки моддӣ ва маънавӣ мерасонад ва миқдори маблағи шартномаи таҳсили онҳоро дар асоси муроҷиат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати ҷойдошта ба таври истисно то 50% барои як сол кам мекунад;
- барои хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён фармоиш ба имзо мерасонад ва ҳолатҳои истисноии барқарор ва интиқоли донишҷӯёнро бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолат ва дигар сабабҳои узрнок берун аз муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун ҳал менамояд;
- доир ба қабули довталабон, интиқоли таълимгирандагон ва хатми онҳо фармоиш ба имзо мерасонад ва фаъолияти мутахассисони ҷавонро дар истеҳсолот баъд аз хатм тибқи тартиботи мавҷуда назорат мебарад;
- барои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотдиҳии устодону кормандон ва донишҷӯён тибқи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои дигари меъёрӣ фармоиш ба имзо мерасонад ва амалӣ шудани онҳоро назорат мебарад;
- дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории мавҷудбуда сохтор ва воҳидҳои кории Коллеҷро баъд аз баррасӣ дар Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ менамояд ва барҳам медиҳад;
- қоидаҳо, дастурҳо, тартибҳо, низомномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии воҳидҳои сохтории Коллеҷро баъд аз баррасӣ дар Шӯрои олимони Коллеҷ тасдиқ менамояд;
- муовинонашро барои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудан ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ҳайати роҳбарикунанда, устодону кормандон ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории Коллеҷро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад;
- кори раёсатро ташкил карда, ба он роҳбарӣ мекунад ва барои амалӣ шудани қарорҳои он назорат мебарад;
- Шӯрои олимони Коллеҷро ташкил намуда, ба он роҳбарӣ мекунад ва қарорҳои онро тасдиқ менамояд;
- ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа, нӯҳмоҳа ва солонаи Коллеҷро ҳамасола ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассис пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигаре, ки аз қонунгузории ҷорӣ ва Оинномаи мазкур бармеоянд, иҷро менамояд.
90. Дар Коллеҷ ҷонишинони директор оид ба таълим, таҷрибаомӯзӣ, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ амал мекунанд, ки фаъолияти зерсохторҳо, садорати факултаҳо ва кафедраҳоро дар доираи салоҳияти вазифавиашон назорат мебаранд, санҷишҳо мегузаронанд, маълумоту гузориш талаб мекунанд ва дигар ҳуқуқу уҳдадориҳояшонро ба тартиби муқарраршуда иҷро менамоянд.
91. Факултет ҷузъи сохтории Коллеҷ буда, фаъолияти онро декан роҳбарӣ мекунад. Декани факултетро директори Коллеҷ дар мувофиқа бо Муассис аз ҷумлаи устодони унвони илмидошта ба муддати 4-сол ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
92. Ба вазифаи декани факултет тибқи Дастурамале, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст, номзади илм, дотсент ба муддати на зиёда аз як муҳлат, доктори илм, профессор ба муддати на зиёда аз ду муҳлат пайи ҳам таъйин карда мешавад.
93. Вазифаҳои декани факултет:
- бевосита ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, инноватсионӣ, методӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии факултет роҳбарӣ менамояд;
- иҷрои нақшаҳои таълимӣ, нақшаҳои корӣ, нақшаҳои инфиродии омӯзгорон ва таълимгирандагони факултетро дар ҷараёни таълим назорат мекунад, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ аз рӯйи фан, силлабусҳоро дар Шӯрои методии факултет баррасӣ менамояд ва баъди тасдиқ дар Шӯрои олимони Коллеҷ татбиқи онҳоро дар факултет таъмин месозад;
- ҷадвалҳои дарсиро якҷоя бо масъулин тибқи нақшаҳои таълимӣ таҳия ва бо раёсати таълими Коллеҷ мувофиқа карда, дар ҳамаи шаклҳои таълим ва зинаҳои таҳсилот иҷрои онҳоро назорат мебарад;
- иштироки донишҷӯёнро ба дарсҳо ва дигар машғулиятҳое, ки дар нақшаи таълимӣ пешбинӣ шудааст, ба ҳисоб мегирад, муҳлатҳои санҷишу имтиҳонсупориро муқаррар намуда, тибқи ҷадвали алоҳида ин равандро ташкил ва бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин менамояд;
- оид ба ташкили ҷараёни таълим, баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисон чорабиниҳои дахлдорро амалӣ менамояд;
- дар бораи гузаронидани донишҷӯён аз курс ба курс, муқаррар намудани шаклҳои стипендия, ба онҳо додани рухсатии академӣ, хориҷ ва барқарор намудани донишҷӯён ба директори Коллеҷ пешниҳод ва лоиҳаи фармоиш манзур менамояд;
- бо пешниҳоди кафедраҳои тахассусӣ лоиҳаи фармоиши директорро барои иштирок намудани таълимгирандагон ба аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ, таълифи рисолаҳои хатм дар ҳамаи шаклҳои таълим таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд ва иҷрои онҳоро зери назорат мегирад;
- ҳуҷҷатҳои замимавиро ба ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ (диплом ва маълумотнома дар бораи хатм) таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- оид ба беҳдошти шароити маишӣ, моддӣ ва саломатии донишҷӯён чорабиниҳоро амалӣ менамояд, корҳои тарбиявиро тибқи муқаррарот ба роҳ монда, барои татбиқи Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти маънавӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро ба танзим медароранд, тадбирҳо меандешад;
- якҷоя бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва донишҷӯёни факултет, созмонҳои занон, духтарон, ҷавонон фаъолияти бисёрҷонибаи кормандон ва таълимгирандагонро муҳокима намуда, барои ҷудо намудани хобгоҳ, беҳтар намудани вазъи маишӣ ва модии онҳо ба раёсат пешниҳодҳо манзур месозад;
- тибқи муқаррароти мавҷуда аз дигар ваколатҳо, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳое, ки аз Дастурамали вазифавии декани факултет бармеояд, истифода менамояд ва онҳоро амалӣ мегардонад.
94. Дар факултет Шӯрои олимон таҳти роҳбарии декани факултет ташкил карда мешавад. Тартиби ташкил ва ваколати Шӯрои олимони факултет мувофиқи «Низомномаи Шӯрои олимони факултети муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм ба тасдиқ расидааст, ба роҳ монда мешавад.
95. Дар факултет бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷ кафедра таъсис дода мешавад, ки роҳбарии онро мудири кафедра ба уҳда дорад.
96. Фаъолияти кафедра ва мудири онро «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба танзим медарорад.
97. Коллеҷ мувофиқи қонунгузорӣ ҳуқуқи дар амал татбиқ намудани нақша ва барномаҳои таълим ва дигар имтиёзҳоро баъди гирифтани иҷозатнома соҳиб мешавад.
98. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатиро доир ба сифати таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Коллеҷ амалӣ месозад.
99. Назорати риояи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилотро дар Коллеҷ Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба амал мебарорад.
100. Иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимро аз рӯйи нақшаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси хулосаи Комиссияи экспертии Хадамоти далатии назорат дар соҳаи маориф ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
101. Коллеҷ дар сурате соҳиби иҷозатнома мешавад, ки агар заминаҳои моддӣ, таълимӣ, илмӣ ва техникии он ба талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.
102. Коллеҷ барои таъсиси равия, самт ва ихтисосҳои нави таълим новобаста ба иҷозатнома доштан ё надоштан дар асоси қоидаҳои умумӣ ҳуқуқ дорад, аммо гирифтани иҷозатнома ба ихтисоси нав ҳатмӣ мебошад.
103. Аттестатсия мақсад ва муҳтавои мувофиқати мазмун, сатҳ ва чигунагии сифати дониши таълимгирандагони Коллеҷро ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шаклҳои таълим аз рӯйи равия, самт ва ихтисос муқаррар менамояд.
Коллеҷ бо дархости худ ва ё бо ташаббуси Муассис аттестатсия мегузаронад.
104. Аккредитатсияи давлатии Коллеҷ дар асоси натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ, ки тартиби онро Муассис ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, гузаронида мешавад.
105. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мақоми Коллеҷ ва феҳристи равия ва ихтисосҳоро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст, тасдиқ мекунад ва ба Коллеҷ ҳуқуқи ба таълимгирандагон додани ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ дорад.

7. ТАРТИБИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БА КОЛЛЕҶ

106. Қабул ба Коллеҷ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
107. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба Коллеҷ тавасссути имтиҳоноти марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ дар асоси натиҷаи холҳои бадастовардаашон ба гурӯҳҳои ройгон ва ғайриройгон дохил шаванд.
108. Коллеҷ нақшаи қабулро барои ҷойҳои ройгон ва ғайриройгон аз рӯйи равия ва ихтисосҳои амалкунанда мутобиқи замимаи иҷозатнома дар мувофиқа бо Муассис, Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ менамояд.
Коллеҷ ҳаҷм ва андозаи пардохти маблағро дар гурӯҳҳои ғайриройгон барои таълимгирандагони ватанӣ ва хориҷӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо Муассис, Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ менамояд.
109. Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди пардохти ҳаққи таҳсил (мувофиқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими ғайриройгон ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими ғайриройгон гузаронидани донишҷӯён иҷозат дода мешавад. Тартиби аз таълими ғайриройгон ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими ғайриройгон гузаронидани донишҷӯён тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз тарафи Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.
110. Донишҷӯёни дар намуди пулакӣ (шартномавӣ) таҳсилкунанда дар ҳолатҳои алоҳида метавонанд маблағи таҳсилро вобаста ба имконият ва шароити доштаашон қисм-қисм дар ду ё чор даври соли таҳсили ҷорӣ пардохт намоянд.
111. Коллеҷ шунавандагонро барои шуъбаи тайёрӣ, курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва касбии иловагӣ дар асоси нақшаи алоҳидаи таълим тибқи муқаррарорти мавҷуда қабул менамояд ва баъди хатм ба онҳо Шаҳодатнома медиҳад.
112. Довталабон ба Коллеҷ барои идомаи таҳсил ва гирифтани таҳсилоти дуюм дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии аз тарафи Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ гардида қабул карда мешаванд.
113. Шумораи умумии донишҷӯён ва тартиби қабули онҳоро аз ҳисоби маблағи буҷет ҳар сол мақомоти марбутаи давлатӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ муайян менамояд.
114. Дар Коллеҷ омодасозии мутахассисон аз ҳисоби шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва инчунин шахсони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ сурат мегирад.
115. Дар Коллеҷ барои ба таври ройгон гирифтани касб ё ихтисоси аввалин кафолат дода шуда, дар мавриди гирифтани ихтисоси дуюм, таълим ғайриройгон сурат мегирад.
116. Шахсони ба бемориҳои зерин мубталобуда, ба Коллеҷ қабул карда намешаванд:
- бемориҳои системаи марказӣ ва атрофии асаб;
- дар мавриди мавҷудияти вайроншавиҳои амиқ ва устувори ҳаракат, ҳиссиёт ва трофика;
- бемориҳои рӯҳӣ (ҷунунии ҷавонӣ (шизофрения), бемории саръ (эпилепсия), невроз, психопатия);
- ношунавоии устувори ҳар ду гӯшҳо ба ғайр аз ихтисоси «Кори лабораторӣ»), логоневрози ифоданок;
- бемориҳои музмини системаи мушакии хусусияти неврогенӣ дошта бо вайроншавии устувори функсия ва трофика;
- дисфунксияи ифоданоки вегетативӣ бо мутамоилӣ ба ангиоспазмҳо, бӯҳронҳои хунрагӣ, ҳолатҳои беҳушшавӣ, сарчархзаниҳо ва дигар падидаҳои вазопатияҳо;
- бемориҳои узвҳои нафаскашӣ: бемории сили ба пуррагӣ шифонаёфта, бемории бронхоэктазӣ бо падидаҳои ифоданоки заҳролудӣ ва шиддатёбиҳои зуд-зуд, пневмонияи музмини дараҷаи 2 ва 3, диққи нафас бо хуруҷҳои зуд-зуд;
- саратони ба пуррагӣ шифонаёфта;
- бемории фишорбаландии марҳилаи 2а ва баландтар, эндартериити хунрагҳои пойҳо;
- сиррози ҷигар;
- бемориҳои музмини гурдаҳо, роҳҳои шошабарор бо вайроншавии функсияи гурдаҳо;
- диабети қандии вазнин;
- лейкозҳои музмин, лимфогранулематоз;
- деформатсияҳои ниҳоят ифоданоки сутунмӯҳра ва қафаси сина, ки кори узвҳои нафаскашӣ ва хунгардишро мушкил мегардонанд;
- бемориҳои устухонҳо, мушакҳо, пайҳо, ки онҳоро маҳдудияти зиёди ҳаракатнокии дасту пойҳо, ҳамчунин деформатсияву контрактураҳои буғумҳои калони дасту пойҳо, ки дар кор ва статика иштирок менамоянд, ҳамроҳӣ менамоянд, ампутатсияи ду даст, ампутатсияи ду пой, ампутатсияи як даст, вайроншавии пурраи функсияи қапидан ва нигаҳ доштани дастпанҷа, мавҷуд набудани ангушти 1-ум, чангакшавӣ ё деформатсияи ангушти 1-уми дасти корӣ;
- пастшавии амиқи биноӣ, маъюбони гурӯҳҳои I-II, маъюбии гурӯҳи II ба истиснои бархе аз ихтисосҳо («Кори тиббӣ-ташхисӣ»), ва дигар бемориҳое, ки тибқи хулосаи комиссияи духтурӣ-маслиҳатӣ ба онҳо барои таҳсил дар Коллеҷ иҷозат дода намешавад;
117. Тартиби қабул, хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён аз Коллеҷ тибқи қоидаҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

8. ҲУҚУҚ, ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶ

118. Донишҷӯ шахсе мебошад, ки бо тартиби муқарраршуда ба Коллеҷ қабул шуда, дар шуъбаҳои рӯзона ва шабона бо мақсади гирифтани зинаи муайяни таҳсилот ва ихтисос таҳсил менамояд.
119. Ба донишҷӯи Коллеҷ намуди муқарраршудаи корт, шаҳодатномаи донишҷӯӣ ва дафтарчаи имтиҳонӣ дода мешавад.
120. Ҳуқуқҳои донишҷӯёни Коллеҷ:
- бо риояи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандатрҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос, талаботҳои давлатӣ аз рӯйи ихтисос дониши худро ташаккул диҳад;
- талаботи Оинномаи Коллеҷ, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, низомномаҳо, дастурҳо, тартибҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ намоянд;
- бо истифода аз озодиҳои академии худ дар интихоби фанҳои алоҳида, курсҳои факултативӣ ва курсҳои аз рӯйи касб ва ихтисос тибқи нақшаи таълим ва нақшаи инфиродии донишҷӯ муқарраргардида фаъолона иштирок намоянд;
- ба шароити зарурии таҳсил, пайвастани таҳсил бо фароғат таъмин бошанд;
- низомнома ва муқаррароти низоми анъанавӣ ва ё кредитии таҳсилотро риоя ва амалӣ намоянд;
-машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, семинарӣ, лабораторӣ ва дигар талаботи таълимиро саривақт иҷро намоянд;
- барои иштирок дар корҳои мустақилона бо роҳбарии омӯзгор масъул буда, ба ин машғлиятҳо омодагӣ гиранд;
- ҳангоми қарздории академӣ ҷиҳати бартараф намудани он дар таҳсили иловагӣ-триместр иштирок намуда, талаботи онро пурра иҷро намоянд;
- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳимтарини Коллеҷ, аз ҷумла, тавассути иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф ва илм иштирок намоянд;
- аз китобхонаҳо, марказҳои иттилоотӣ, интернет, почтаи электронӣ ва сайти Коллеҷ, воситаҳои дигари инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ, паркҳои технологӣ, марказҳо, озмоишгоҳҳо, устохонаҳо, утоқҳои таълимӣ, синфхонаҳо, толорҳои таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сехҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, дармонгоҳҳо, нуқтаҳои тиббӣ ва монанди инҳо тибқи Қоидаҳои тартиботи дохилии Коллеҷ ва тартиботи муқарраркардаи Оинномаи мазкур ба таври ройгон ва ғайриройгон истифода баранд;
- дар раванди таълим аз паркҳои технологӣ, марказҳо, сехҳо ва устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои марбута бо тартиби муқарраргардида ба таври ройгон ва ғайриройгон истифода намоянд;
- дар ҳамаи намудҳои корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, инноватсионӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, методӣ, тадқиқотӣ, конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, маҳфилҳо, клубҳо, викторинаҳо ва озмунҳо иштирок намоянд;
- корҳои илмии худро дар нашрияҳои Коллеҷ барои чоп пешниҳод кунанд;
- аз болои қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои директори Коллеҷ тибқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд;
- вобаста ба имконот баъд аз дарс, пас аз фориғ шудан аз таҳсил баъди курси дуюм дар корхонаю муассисаҳо ва ҳама гуна шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ фаъолият намоянд;
- дар мавридҳои беморӣ, инчунин занҳои ҳомиладор ва тифли ширхорадошта тибқи муқаррарот рухсатии академии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Коллеҷ рухсатии академӣ гиранд;
- донишҷӯёне, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар ихтисосҳои равияи тиббӣ мехонанд ва ё аз рӯйи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, бояд бо Коллеҷ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шартномаи сеҷониба ба имзо расонанд.
121. Донишҷӯёни Коллеҷ, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил намуда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ таълим мегиранд, бо стипендия дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
122. Донишҷӯёни Коллеҷ ҳуқуқ доранд аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки барои таҳсил ба онҳо роҳхат додаанд, стипендияи номӣ гиранд;
123. Дар асоси нишондоди тиббӣ ва дигар ҳолатҳои истисноӣ ба донишҷӯёни Коллеҷ тибқи тартиби муқарраршуда рухсатии академӣ дода мешавад.
124. Донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, ки синнашон ба 21 нарасидаанд ва дар Коллеҷ таҳсил менамоянд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ дар муддати таҳсил озод карда мешаванд.
125. Донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, ки аз Коллеҷ хориҷ шудаанд, аз ин имтиёз, ки дар банди 123 ва 129 зикр ёфтааст, маҳрум мегарданд.
126. Ба ҳар як таълимгирандаи Коллеҷ, ки ба хобгоҳ эҳтиёҷ дорад, дар сурати мавҷуд будани фонди манзилӣ утоқи хоб таъмин карда мешавад.
Ба ҳар як сокини хобгоҳ бо шакле, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва илм муқаррар намудааст, инчунин тибқи Қоидаҳои зисти хобгоҳ шартнома миёни Коллеҷ ва таълимгиранда баста мешавад.
Дар сурати халалдор кардани муқаррароти мавҷуда нисбат ба донишҷӯён то дараҷаи аз хобгоҳ ва Коллеҷ хориҷ намудан чораҳои интизомӣ андешида мешавад.
127. Барои комёбиҳо дар таҳсил, иштироки фаъолона дар корҳои илмию тадқиқотӣ, донишҷӯён мувофиқи Оинномаи мазкур аз лиҳози моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
128. Донишҷӯёни Коллеҷ кафолати ба дигар муассисаҳои миёнаи касбӣ гузаштан ва барқарор шуданро мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф доранд. Ҳангоми гузариш ба муассисаи миёнаи касбии дигар ҳамаи ҳуқуқҳои донишҷӯён дар ин зинаи таҳсилот нигоҳ дошта мешаванд.
129. Ба донишҷӯёне, ки бо шакли таҳсили шабона дар Коллеҷ таҳсил менамоянд, ҳамон имтиёзҳои таълимро, ки барои шакли рӯзона муҳайё кардааст, таъмин менамояд.
130. Уҳдадориҳои донишҷӯёни Коллеҷ:
- донишҳои назариявиро аз бар намоянд, маҳоратҳои амалиро касб кунанд, усулҳои тадқиқотии муосирро аз рӯйи ихтисос интихоб намуда, аз худ намоянд;
- тамоми супоришҳоро саривақт тибқи ҷадвали дарсӣ аз рӯйи нақшаи таълим, нақшаи инфиродии худ иҷро намуда, талаботи барномаи таълимӣ, барномаҳои корӣ аз рӯйи ҳар як фан, талаботи силлабусҳоро риоя ва амалӣ гардонанд;
- баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, ҳисси баланди худшиносӣ, азбарнамоии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтироми муқаддасоти Ватан ва камолоти ахлоқӣ саъю кӯшиш кунанд;
- талаботи Оинномаи мазкур ва Қоидаҳои тартиботи дохилиро ба пуррагӣ риоя намоянд;
- тамоми талаботи фаъолияти касбии дар тавсияномаи тахассусӣ пешбинигардидаро риоя намоянд;
-ҳамаи талаботи низоми анъанавӣ ва ё кредетии таҳсилотро риоя ва иҷро намоянд;
- барои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯ ва корҳои мустақилона бо омӯзгор, ки берун аз аудитория ё дар аудитория сурат мегирад, тайёрӣ бинанд ва супоришҳоро саривақт иҷро намоянд;
- ба дарсҳои амалӣ, семинарӣ, лабораторӣ, таҷрибавӣ омодагӣ бинанд ва дастурҳои омӯзгоронро саривақт иҷро намоянд;
- аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар ҳудуди биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо ҳангоми дарс қатъиян худдорӣ намоянд;
-дастури тавсиявии сару либосро дар дохили Коллеҷ риоя намоянд;
-аз истифодаи мошинаҳои шахсӣ ҳангоми омадан ба Коллеҷ қатъиян худдорӣ намоянд;
- дар чорабиниҳои сатҳи Коллеҷӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намоянд;
- қоидаҳои донишҷӯиро пурра ва бечуну чаро иҷро намоянд;
- аз истифодаи дафтарҳои сурату расми таблиғоти бегона дошта даст кашанд;
- ба Коллеҷ бо ҷузвдон ва китобу дафтар ҳозир шаванд;
- қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳро риоя намоянд;
- аз кашидани носу сигор, нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои мадҳушкунанда дар ҳудуди Коллеҷ ва берун аз он худдорӣ намоянд;
- дар ҳашарҳо, чорабиниҳои ободонӣ ба хотири тозагӣ, беҳтар шудани ҳолати санитарӣ, тоза нигоҳ доштани синфхонаҳо, роҳравҳо, биноҳо ва сарзабз нигоҳ доштани майдончаҳои Коллеҷ ва аторфи он фаъолона ширкат варзанд;
- гулу гулбутаҳо, сабзаҳои ороишӣ, дарахтони ороишии Коллеҷ ва аторфи онро нигоҳубин намоянд;
- Оинномаи Коллеҷ, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ, қарорҳои Шӯрои олимон, дастуру супориш ва фармоишҳои директори Коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои маориф ва тандурустиро иҷро ва риоя намоянд;
- қоидаҳои зист дар хобгоҳ ва дигар талаботҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд;
- ба молу амволи Коллеҷ, ки ба ихтиёрашон вогузошта шудааст, эҳтиёткорона муносибат намоянд;
- ҳангоми расонидани зарар (барқасдона шикастан ва корношоям сохтани амвол) ба Коллеҷ тибқи тартиботи муқарраргардида товони онро пурра ҷуброн намоянд;
- қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро ҳангоми кор бо воситаву таҷҳизоти барқӣ ва ҳифзи муҳити зистро риоя намоянд;
- баъд аз хатми Коллеҷ тибқи нақшаи тақсимоти шахсии мутахассисони ҷавон барои дарёфти кор аз рӯи ихтисос мутобиқи қарори комиссияи бакортақсимкунии давлатӣ ба ҷойи кор ҳозир шаванд ва онҳое, ки аз ҳисоби сарпарастон ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ таҳсил намуданд, ба ихтиёри сарпарасташон ҳозир шаванд;
- ба донишҷӯёне, ки Коллеҷро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм менамоянд, баъди се соли корӣ диплом дода мешавад;
131. Донишҷӯ аз Коллеҷ дар ҳолатҳои зерин хориҷ карда мешавад:
- бо хоҳиши донишҷӯ (дар асоси аризааш);
- бо сабаби ба дигар муассисаи таълимӣ гузаштан;
- бо сабаби давомоти нокифоя (зиёда аз 36 соат дар як нимсолаи таълимӣ);
- барои қарзҳои академӣ, аз ҷумла, дар ҳолати саривақт насупо-ри¬да¬ни санҷишу имтиҳонҳо, аз се ё зиёда фанҳои таълимӣ;
- барои донишҷӯёне, ки дар асоси шартнома таҳсил мекунанд, дар ҳолати сари вақт пардохт накардани маблағи таҳсил тибқи шартнома;
- барои содир кардани ҷиноят пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд;
- дар ҳолати истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва дохил шудан ба ҳудуди биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои Коллеҷ бо нақлиёт;
- бо сабаби иштирок накардан дар имтиҳонҳои ҷорӣ ва давлатӣ;
- дар сурати расонидани зарари моддӣ ба Коллеҷ;
- дар сурати дашном додан, дурӯғ гуфтан, таҳқир ё бесабаб расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба омӯзгор;
- дар сурати иштирок накардан дар таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ;
- барои вайрон кардани талаботи «Дастуруламали тавсиявии либосҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»;
- барои вайрон кардани Оинномаи мазкур ва Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва содир кардани амалҳои номатлуб ё ғайриахлоқӣ.
132. Шунавандагони Коллеҷ таълимгирандагоне мебошанд, ки дар шуъбаҳои тайёрӣ, марказ ва ё курсҳои омӯзишӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии мутахассисон ба таври ройгон ва ғайриройгон таҳсил мекунанд.
133. Шунавандагони Коллеҷ ҳамаи ҳуқуқу вазифаҳое, ки онҳоро донишҷӯёни Коллеҷ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаклҳои таҳсил соҳиб шудаанд, доро мебошанд.

9. ҲУҚУҚ, ВАЗИФА ВА УҲДАДОРИҲОИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА
КОРМАНДОНИ КОЛЛЕҶ

134. Дар Коллеҷ вазифаҳои омӯзгорӣ, илмӣ, (ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ), муҳандисӣ, тех¬никӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, ёрирасон ва ғайра пеш¬бинӣ гардидааст.
135. Ба ҳайати профессорону омӯзгорон вазифаҳои декани факултет, мудири кафедра, профессор, дотсент, муаллими калон, омӯзгор (ассистент) мансуб мебошад.
136. Ишғоли ҳамаи вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ дар Коллеҷ мувофиқи шартномаи меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати муайян ба имзо расонида мешавад, сурат мегирад.
137. Ҳангоми ишғоли вазифаҳои корманди илмию омӯзгорӣ пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ озмун гузаронида мешавад. Низом¬нома оид ба тартиби ишғоли вазифаҳои нишондодашуда аз ҷониби мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатии маориф ва илм, инчунин Низомномаи Коллеҷ дар ин самт сурат мегирад.
138. Сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони Коллеҷ бо назардошти тахассус, хусусият, аҳамиятнокии фаъолияти онҳо аз тарафи Раёсати таълим дар мувофиқа бо директори Коллеҷ муқаррар карда мешавад.
139. Кормандони илмию омӯзгории Коллеҷ ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқарраргардида ба сифати аъзои Шӯрои олимони Коллеҷ интихоб шаванд;
-тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи рӯзи кории шашсоата, ҳафтаи кори кӯтоҳкардашуда ва рухсатии дарозмуддати меҳнатии музднок дошта бошанд;
- дар муҳокима ва ҳаллу фасли масъалаҳои бо фаъолияти Коллеҷ алоқаманд ширкат намоянд;
- аз хизматрасонии китобхонаҳо, интернет, сайту почтаи электронии Коллеҷҳо, синфхонаҳои электронӣ, фондҳои иттилоотӣ, шуъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хадамоти шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ, марказҳо ва шуъбаҳои дигари сохтории Коллеҷ мувофиқи Оинномаи мазкур ва ё шартномаи коллективӣ ба таври ройгон ва ғайриройгон истифода баранд;
- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян кунанд;
-низомнома ва дастурҳои ба низоми анъанавӣ ва кредитии таҳсилот алоқамандро аз худ намоянд, барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот бозомӯзӣ кунанд ва аз навгониҳои таҳсилот бархӯрдор шуда, усулҳои фаъоли таълимро дар ҷараёни тадрис ҷорӣ намоянд;
- тарзу усул ва воситаҳои таълимиро, ки ба хусусиятҳои ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;
- аз имтиёзоте, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Шартномаҳои коллективии Раёсати Коллеҷ бо Кумитаи иттифоқи касбаби устодону кормандони Коллеҷ ва ҳамчунин қарорҳои Шӯрои олимони Коллеҷ муқаррар кардаанд, истифода баранд.
- аз болои амру фармоишҳои директори Коллеҷ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ шикоят кунанд.
140. Кормандони илмию омӯзгории Коллеҷ ӯҳдадоранд:
- самаранокии баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин намоянд;
- бо Оинномаи Коллеҷ шинос шаванд, онро омӯзанд ва ҳар як банди онро қатъиян риоя намоянд;
- қоидаҳои тартиботи дохилии Коллеҷро комилан иҷро намоянд;
- таълимгирандагонро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия карда, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;
- арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавиро эҳтиром намуда, ба таълимгирандагон омӯзонанд;
- машғулиятҳоро дар сатҳи баланди ғоявию назариявӣ, озодонаву эҷодкорона бо исифода аз технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин воситаҳои муосири техникӣ гузаронанд;
- усулҳои замонавии таълимро ҷорӣ намоянд, аз дастури курс-лексия, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардидааст, истифода намоянд ва таҷрибаҳои пешқадамро дар раванди таълим амалӣ созанд;
- курси лексияҳоро дар мувофиқа бо барномаи таълимӣ, барномаи корӣ аз рӯйи фанни ихтисос, барнома (силлабус)-ҳо дар асоси ворид шудани техника ва технологияи нав дар ҷараёни таҳсилот коркард ва амалӣ намоянд;
- машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ, семинарӣ, коллоквиумҳо, бозиҳои таълимӣ, видеофилмҳои таълимӣ ва машваратҳо гузаронанд, санҷишҳо ва имтиҳонотро тибқи муқаррароти мавҷуда дар Коллеҷ қабул намоянд;
- нақшаҳои гузаронидани машғулиятҳо, матнҳои лексияҳо, пакетҳои маводи методӣ, ки барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва назорати натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ - маърифатии донишҷӯён заруранд, омода карда, нисбат ба таҳкими обрӯи омӯзгории худ кӯшиш намоянд;
- дар фаъолияти муштараки таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии Коллеҷ фаъолона иштирок намоянд;
- дар асоси талаботи илми педагогика ва методологияи муосир роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёнро ба ӯҳда гирифта, ҷалби онҳоро ба тадқиқот аз рӯйи маҷмӯи масъалаҳои Коллеҷ бештар намоянд ва ба онҳо дар банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани тадқиқот, иҷрои корҳои курсӣ, таҳияи реферат, эссе ва рисолаҳои хатм ёрӣ расонанд;
- роҳбарии таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён, роҳбарии маҳфилҳо ва клубҳои илмию маърифатии донишҷӯён ва ғайраҳоро бар ӯҳда гиранд;
- ба донишҷӯён тарзи таҳияи нақшаҳои инфиродии таълимӣ, сабти зарурии рӯзномаҳои таълимӣ, ҳангоми ташкили таҷрибаомӯзӣ муоширати муассирӣ-ахлоқӣ (ёрии ҳамдигарӣ, ҳамкорӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ва ғайраҳоро дар раванди таълим ва берун аз он омӯзонанд ва дар ташкили чорабиниҳои беруназаудиторӣ, ки дорои характери таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, истеҳсолӣ ва тарбиявӣ мебошанд, иштирок намоянд;
- бо фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятии худ дар зеҳни донишҷӯён ҷаҳонбинии илмӣ, мустақилият ва ҳисси ҷавобгарӣ, принсипҳои арзишноки маънавӣ, ҳисси эҳтиром нисбат ба қонунҳо ва ватандӯстиро ташаккул диҳанд;
- тахассуснокии педагогӣ, касбӣ ва илмии худро дар маркази такмили ихтисос ва таҷрибаҳосилкунӣ баланд бардоранд;
- дар конфронсҳои илмӣ, амалӣ, назариявӣ бо маърӯзаҳо баромад намоянд ва дар азхудкунии технологияҳои нави педагогӣ ва итилоотӣ, саъю талош варзанд;
- талаботи низоми анъанавӣ ва кредитии таҳсилотро иҷро намоянд ва дар гузаронидани кори мустақилонаи донишҷӯ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, тартиби гузаронидани триместрҳо ва дигар талаботе, ки аз ин низом бармеоянд, фаъолона иштирок намоянд;
- маҷмуи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Коллеҷро аз худ намоянд, риоя ва иҷрои онҳоро дар фаъолияти ҳамарӯзаашон таъмин созанд;
- тавсиянома доир ба мақоми омӯзгорро, ки бо қарори Шӯрои олимони Коллеҷ ва Шӯрои коллективи меҳнатӣ қабул шудааст, аз бар намоянд ва тибқи талаботи он фаъолияташонро ба роҳ монанд;
- мақоми омӯзгорро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст, аз бар намоянд ва иҷрои талаботи онро дар раванди таҳсил татбиқ гардонанд.
141. Кормандони илмии Коллеҷ ҳақ доранд, ки усулҳо ва воситаҳои гузаронидани тадқиқотҳои илмиеро, ки ба талаботҳои бехатарӣ ҷавоб медиҳанд, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқанд ва сифати баланди ҷараёни илмиро таъмин мекунанд, интихоб намоянд.
142. Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва дигар кормандони Коллеҷро, ки қонунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳамин Оиннома, Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва дастурҳои вазифавӣ (мансаби)-и аз ҷониби директори Коллеҷ тасдиқшуда муайян мекунад.
143. Барои комёбиҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва дигар фаъолияти пешбинишуда ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандони Коллеҷ тибқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва «Низомномаи ҳавасмандгардонӣ ва муҷозотдиҳӣ (мотиватсия) дар Коллеҷ» бо шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунии маънавию моддӣ қадр карда мешаванд.
144. Ҳуқуқҳои мушаххас ва вазифаҳои ҳайати кормандони таълимию ёрирасон ва маъмуриву хоҷагӣ тавассути қоидаҳои амалкунандаи Коллеҷ ва дастурҳои вазифавӣ муайян карда мешаванд.

10. ОИД БА ТАЙЁР КАРДАН, ТАКМИЛИ ИХТСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ ИЛМӢ - ОМӮЗГОРИИ КОЛЛЕҶ

145. Кадрҳои илмию омӯзгории Коллеҷ метавонанд ба сифати коромӯз аз курсҳои якмоҳа, думоҳа ва семоҳаи такмили ихтисоси назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои такмили ихтисос, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ - тадқиқотӣ, инчунин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва марказҳои илмии дигар кишварҳо истифода намоянд.
Ба кадрҳои илмию омӯзгории Коллеҷ барои гирифтани рухсатии илмӣ-эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат ва ҷойи кор ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол барои анҷом додани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, таълифи асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ тибқи қарори Шӯрои олимон иҷозат дода мешавад.
146. Коллеҷ шаклҳои зерини такмили ихтисосро низ муқаррар кардааст:
- таҷрибаомӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла, дар хориҷа;
- рухсатии илмӣ-эҷодӣ барои хатми рисолаи илмӣ;
- такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар Донишгоҳу донишкадаҳо дар факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;
- бозомӯзӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаҳои олии таълимӣ.
147. Кормандони илмию омӯзгории Коллеҷ тибқи муқаррароти мавҷуда бояд на кам аз як маротиба дар панҷ сол аз курси такмили ихтисос гузаранд ва ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Коллеҷ бояд маблағи зарурӣ пешбинӣ гардад. Ҳамчунин дигар намудҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар шакли таҳсилоти муттасил ба инобат гирифта мешавад.
148. Такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро аз рӯйи шартномае, ки аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо Коллеҷ мебанданд, метавон ба роҳ монд.
149. Тартиб, навъу шаклҳои такмили ихтисосро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим накардааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассис муқаррар менамояд.
150. Коллеҷ мувофиқи барномаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва нақшаи мавзӯъҳои тасдиқнамудаи Шӯрои олимон тадқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалиро ба роҳ монда, истифодаи оқилона ва самараноки нерӯи илмии дар ихтиёраш бударо таъмин менамояд. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Коллеҷ дар ҳамгироӣ бо ҷараёни таълим ва истеҳсолот бо ҷалб намудани донишҷӯён ба тадқиқоти илмӣ сурат мегирад. Навъҳои асосии тадқиқоти илмӣ инҳоянд:
- тадқиқи проблемаҳои бунёдӣ ва амалии илмӣ;
- анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- таълифи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, васоити таълимӣ ва нашри рӯзномаю маҷаллаҳо;
- дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ кардани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои илму техника ва таҳсилот.
Тадқиқоти илмие, ки дар Коллеҷ гузаронида мешавад, асосан аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағи манбаъҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда мешаванд.
151. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии доктори илмро аз рӯйи ихтисос дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ мебарад, инчунин таҳти роҳбарии ӯ ду шогирд рисолаи номзадӣ ҳимоя карда бошанд.
152. Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илмро дошта, дар муассисаҳои олии таълимӣ бо фаъолияти омӯзгорӣ ва бо корҳои илмию методӣ машғул бошад.

11. ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

153. Дар Коллеҷ мутобиқи тартиботи муқарраргардида, ҷамъиятҳои гуногуни худамалкунанда ва ташкилотҳо аз қабили иттифоқҳои касабаи омӯзгорону кормандон, донишҷӯён, Шӯрои занону духтарон, шӯъбаи кор бо ҷавонон, ки донишҷӯён ва омӯзгоронро муттаҳид месозад, ташкил карда шуда, амал менамоянд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси Низомномаҳои худ ва шартномаи бо роҳбарияти Коллеҷ басташуда фаъолият менамоянд.
154. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳое, ки ба беҳтар намудани шароити кору фаъолияти таълиму тарбия ва шароити маданию маишии донишҷӯён равона карда шудаанд, иштирок менамоянд.


12. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ КОЛЛЕҶ

155. Муассис бо мақсади таъмини фаъолияти дар ин Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексҳои амвол, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар моликияти зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи фаврӣ ба Коллеҷ вобаста менамояд.
156. Коллеҷ маблағу амвол ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш тӯҳфа намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё худ мерос мондаанд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти худи Коллеҷ мебошад ва ҳамчунин даромад аз фаъолияти бевоситаи сохторҳои худро ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардан дорад.
157. Коллеҷ муомилоти пулӣ, моликият ва дигар иншоотҳое, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли инъом ё васиятнома, аз ҳисоби фурӯши мол ва хизматрасониҳо ба даст овардааст, маҳсули заҳмати зеҳнӣ ва маҳсулоти коргоҳҳо ва ҷузъҳои он мебошанд, ҳамчунин васоите, ки аз фаъолияти ҳисоби хоҷагӣ дар кори тайёр ва азнавтайёркунии мутахассисон ба даст меоянд, ихтиёрдорӣ менамояд.
158. Коллеҷ ба тариқи муқарраркардаи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқ дорад ба сифати иҷорагир ва ё иҷорадиҳанда баромад намояд.
159. Сарчашмаҳои ташаккули амволи Коллеҷ ва маблағгузории фаъолияти он аз инҳо иборат аст:
- моликияти давлатӣ, ки бемуҳлат бо мақсади истифодабарӣ ба Коллеҷ дода шудааст;
- маблағи Буҷети давлатӣ, ки барои фаъолияти молиявии Коллеҷ муқаррар шудааст;
- воситаҳои буҷетии зинаҳои гуногун, ки барои таъмини меъёри давлатии таҳсилот ҷудо карда мешавад;
-ҳиссаҷудокунии Парки технологӣ, агробиолабораторӣ, корхонаҳои истеҳсолии дар ҳисоби хоҷагӣ буда, марказҳо, ташкилотҳои таълимӣ - таҷрибавӣ ва дигар ҷузъҳои Коллеҷ;
- даромадҳое, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни фаъолият ба даст меояд;
- қарзҳои бонкӣ ва дигар қарздиҳандагон;
- аъзоҳақиҳои мақсаднок, воситаҳои фармоишдиҳандагон ва дигар сарпарастон, ки барои тайёр ва аз нав тайёр намудани мутахассисон равона шудааст, хайрияҳои ихтиёрии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла, шарикони хориҷӣ дар шакли грантҳо ва дигар шакли маблағгузорӣ;
- даромад аз истифодаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хоҷагӣ ва ғайра, инчунин дигар манбаъҳое, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ва Оинномаи мазкур ба даст омадааст.
160. Коллеҷ соҳаву тартиби истифодаи маблағеро, ки аз ҳисоби буҷет ва манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузорӣ гирифтаанд, мустақилона муайян мекунад. Маблағи дар давраи ҷорӣ (солона, семоҳа, моҳона) истифоданакардаи Коллеҷро пас гардонида гирифтан ё худ ба ҳаҷми маблағгузории давраи минбаъдаи муассисаи миёнаи касбӣ ҳисоб кардан мумкин нест.
161. Коллеҷ дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарздиҳӣ барои нигоҳ доштани пул ва ҳар навъ ҳисобу китоб, амалиёти қарздиҳӣ ва додугирифт, аз ҷумла, муомилоти асъор суратҳисобҳо кушода метавонад.
162. Коллеҷ ҳуқуқи ба ҷуз нақшаи қабули таълимгирандагон, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, метавонад таълимгирандагонро ба тариқи шартномавӣ бо пардохти маблағи таҳсил ба тариқи инфиродӣ ва аз ашхоси ҳуқуқӣ қабул намояд.
Коллеҷ дар бастани шартномаҳо, таъйини уҳдадориҳо ва дигар ҳолатҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур нестанд, соҳибихтиёр аст.
Коллеҷ дар истифодаи даромад ва амволе, ки дар натиҷаи чунин фаъолиятҳо ба даст меояд, соҳибихтиёр мебошад. Даромади мазкур тибқи Оинномаи мазкур ва қонунгузории ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.
163. Аз даромади холисе, ки пас аз пардохтҳои мавриди назар дар ихтиёри Коллеҷ боқӣ мемонад, маблағҳои махсус ташкил мешаванд.
Тартиби ташкил ва истифодаи маблағҳои махсус тибқи тартиботи муқарраршуда танзим мегарданд.
164. Коллеҷ ба таври мустақим дар назди Муассис, мақомоти молия, андоз, мақомоти омор ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи қоидаҳои амалкунанда ҳисобот медиҳад.
165. Масъалаи бастани шартнома барои фаъолияти пулии таълимии Коллеҷ аз ҷониби он дар асоси шартномаҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, ба амал бароварда мешавад.
166. Коллеҷ ҳуқуқи ташкил кардан ва таъсис додани ассотсиатсияҳои гуногун, паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, иттиҳодияҳо, аз ҷумла, бо ширкати ташкилотҳо, корхонаҳо, ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигаронро дорад. Фондҳои оинномавии рафоқатҳо (ҷамъиятҳои саҳҳомӣ) бо истифодаи воситаҳои молию пулие, ки дар ихтиёри Коллеҷ мебошанд, ба сифати саҳм дар бунёди оинномавии онҳо ширкат варзад.
167. Коллеҷ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволӣ метавонад дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳад.
168. Воҳидҳои таркибӣ ва муассисаҳои дигари дар сохтори Коллеҷбуда ҳуқуқи нигоҳдоштан ва кушодани суратҳисобҳои худиро надоранд.

13. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА
ФАЪОЛИЯТИ ХОРИҶИИ КОЛЛЕҶ

169. Ҳамкории байналмилалии Коллеҷ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат, Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва Муассис ба шариккории ҳақиқӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидав¬латӣ асос меёбад.
170. Коллеҷ ҳуқуқ дорад, ки дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон, фаъолияти таълимӣ, корҳои илмӣ ва ғайра, инчунин фаъолияти бурунмарзиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаю қарордодҳои байналмилалӣ дар шакли ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ монад.
171. Коллеҷ ҳуқуқ дорад, ки дар мувофиқа бо Муассис ва ё Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намояд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро амалӣ гардонад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамъиятии таълимӣ ва илмӣ гардад.
172. Таълим, тайёр намудан ва баланд бардоштани тахассуси шаҳрвандони хориҷӣ, корҳои таълимӣ ва илмӣ-пажӯҳишии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ дар асоси қарордоди байнидавлатӣ, созишномаи байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдори идоракунии маорифи кишварҳои хориҷ ва ҳамчунин дар асоси бастани шартномаҳои инфиродӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ бо Коллеҷ ба роҳ монда мешавад.
173. Коллеҷ ҳуқуқ дорад, ки дар мувофиқа бо Муассис ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда (кредитӣ) суратҳисоби асъорӣ дошта бошад.
Коллеҷ инчунин ба сифати комплекси таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ дар мувофиқа бо Муассис ба тариқи муқарраршуда ҳуқуқ дорад, ки оид ба расонидани дигар хизматҳо ва фурӯши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолию ҷузъҳои хоҷагидории дар ихтиёраш буда фаъолияти иқтисодии беруниро ба роҳ монад.
174. Асъоре, ки Коллеҷ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меорад, қонунан дар ихтиёри он буда, ба истиснои муқаррароти қонунгузории ҷорӣ мусодира кардани он мумкин нест. Ин маблағ барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва рушди иҷтимоии Коллеҷ ҳарҷ карда мешавад.

14. ҲИСОБОТ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ

175. Коллеҷ ҳисоби фаврӣ ва муҳосибиро аз натиҷаҳои фаъолияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад ва аз рӯйи шакли муқарраршуда баҳисобгирии муҳосибӣ, оморӣ, коргузорӣ, амалиёти бойгонӣ бурда, дар ин хусус ба Муассис ҳисобот пешниҳод менамояд;
176. Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:
- ташкили ахбори комилан дурусти раванди хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои корҳо ҷиҳати идоракунӣ ва роҳбарии фаврӣ;
- таъмини назорат аз болои мавҷудият ва гардиши пули нақд, васоити молӣ, меҳнатӣ ва ғайра мувофиқи меъёр, ченакҳо ва сметаҳо;
- саривақт огоҳонидан бо мақсади пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ, ошкор намудани хароҷоти маблағҳои ғайримақсаднок ва сафарбар намудани захираҳои дохилии Коллеҷ.
177. Коллеҷ ба таври мустақим ба тариқи муқаррароти қонунгузорӣ дар назди мақомоти молия, андоз, омор ва дигар идораҳои марбута ҳисобот медиҳад.
178. Давраи ҳисоботӣ барои Коллеҷ соли тақвимӣ – аз 1 январ то 31 декабр мебошад.
179. Коллеҷ маблағҳои буҷетиро дар идораи Маркази хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.
180. Коллеҷ метавонад маблағҳои махсуси худро дар бонкҳои тиҷоратӣ дар шаклҳои гуногун (депозит, мӯҳлатнок ва ғ.) гузорад.
181. Коллеҷ баҳисобгирии муҳосибавӣ-омории худро дар асоси муқаррароти таъйиншуда ба роҳ мемонад.
182. Роҳбарияти Коллеҷ ва дигар шахсони мутассадӣ барои вайрон кардани тартиби ҳисоботдиҳӣ масъулияти шахсӣ дошта, тибқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

15. ТАРТИБИ ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КОЛЛЕҶ

183. Таъсиси Коллеҷ бо пешниҳоди Муассис, Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории амалкунанда сурат мегирад ва ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
184. Коллеҷ аз замони ба қайди давлатӣ гирифтани худ таъсисгардида дониста шуда, барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати пешбурди фаъолият ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода намояд.
185. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Коллеҷ бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон сурат мегирад.
186. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва ё барҳамдиҳии Коллеҷ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони аз кор озодшуда кафолат дода мешавад.