САРДОРИ ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ
ФАТИХОВА Зулфия Ҷамолиддиновна

10.12.1979 сол дар оилаи зиёи ба дунё омада, зодаи шахри Душанбе мебошад. Соли 1996 шунавандаи Шубаи тайёрии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абу али ибн Сино ва соли 1997 сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абу али ибн Сино гаштааст. Соли 2003 Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибн Сино «Факултаи Тибби Умумӣ» - ро бо ихтисоси «Кори табобатӣ» хатм намудааст. Дар ноҳия Рӯдакӣ аз соли 2003 то 2007 ба ҳайси духтури бемориҳои даруна фаъолият намудааст. Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз соли 2007 то соли 2011 ба ҳайси омӯзгори кафедраи «Фанҳои морфологӣ» аз фанни «Анатомия ва Физиология» машѓулият гузарондааст. Дар Коллеҷи мазкур аз соли 2011 то 2012 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбия таъин шудааст. Аз соли 2012 фаъолияташро дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси омӯзгори фанни «Анатомия ва Физиология» давом додаст. Дар Коллеҷи мазкур раиси иттиҳодияи методии фаннии даври «Умуми тиббӣ» таъин шуда ва соли 2014 то 2016 мудири кафедраи «Фанҳои морфологӣ» ва аз соли 2016 то октябри соли 2017 декани факултаи “Кори ҳамширагӣ” и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат. Аз моҳи ноябри соли 2017 то ин ҷониб дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот кор ва фаъолият менамояд. Солҳои 2010 ва 2015 аз такмили ихтисос дар Донишкадаи Такмили Ихтисоси Баъдидипломии Кормандони Тибби Тоҷикистон гузаштааст. Тахассуси дараҷаи якум. Оиладор соҳиби се фарзанд. Муҳаррири масъули дастури таълимии “Анатомияи одам”.с.2010. ва китоби “Анатомияи одам”. соли 2017. Мақолаи “Вариабельность сердечного ритма у больных с артериальной гипертензией и у здоровых людей с наличием и без факторов риска” дар маҷаллаи “ Научные труды IV съезд физиологов СНГ” Сочи- Дагомыс, Россия.с.2014. Мақолаи “Эҳёи анатомияи Сино” дар маҷаллаи “ Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон” №3 Д.,с 2015. Мақолаи “Сравнительная характеристика тревожности, подвижности нервных процессов и самооценки студентов” дар маҷаллаи “ Научные труды V съезд физиологов СНГ V съезд биохимиков России ” Сочи- Дагомыс, Россия. с.2016. Дар асоси фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2007, таҳти № 330 «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гурӯҳҳои назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади сари вақт ва пурра амалӣ намудани талаботи замимаи якуми Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 105 «Дар бораи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» ва фармони директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз 12 маи соли 2014, № 52 «Оиди таъсис додани шуъбаи назорати сифати таълим» таъсис дода шудааст. Шуъба аз 3 нафар корманд – мудири шуъба (Мазабова Н. Н.), сармутахассис (Ғайбуллоева З.) ва мутахассис (Асоева С. А.) иборат мебошад. Шуъба фаъолияти худро мувофиқи нақшаи корӣ ба роҳ мондааст. Дар коллеҷ сифати кори ҳайати профессорону омӯзгорон, зерсохторҳо, ҳуҷҷатгузорӣ, коргузорӣ, инчунин сифати дарсҳоро аз худ кардани донишҷӯён мунтазам санҷида ва тибқи нақшаи Шӯрои илмӣ натиҷаи онҳо дар ҷаласаҳои Шӯро баррасӣ, муҳокима ва хулосабардорӣ карда мешаванд.