МУДИРИ КИТОБХОНАИ
"КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"

ИКРОМОВА Хайринисо Раҳмоновна

(тав. 22.4.1980, ноҳияи Ванҷ), китобхоначӣ. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ (2004) ва шуъбаи ғоибонаи факултаи биологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2008). Фаъолияти кориаш ба ҳайси муаллимаи син- фҳои ибтидоӣ (1999‒2007) оғоз гардида, сипас корманди дастгоҳи иҷроияи ноҳияи Ванҷ (2007–08), директори мактаби №6 (2008‒10) буд. Аз соли 2010 мудири китобхонаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Махзани илму фарҳанги коллеҷ. Дорои 3 нафар коргар, аз ҷумла мудир ва 2 нафар китобдор мебошад. Қироатхона барои 60 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронии иборат аз 15 компютер дар хидмати донишҷӯёну устодон қарор доранд. Солҳои 1991–96 мудири китобхона Юлдошева Д. Н. буд. Китобхона 35253 адад китоб дошт. Солҳои 1996–2007 мудири он Азизов М. таъин гашт. Хазинаи китобхона 9656 ададро ташкил мекард (аксари китобҳо дар натиҷаи зери об мон- дан нобуд шуда буданд). Аз соли 2007 то 2009 вазифаи мудири китобхона ба уҳдаи Атоева Н. гузошта шуд. Китобхона дорои 12080 адад китоб буд. 

Аз моҳи декабри соли 2009 то инҷониб мудири китобхона Икромова Х. Р. мебошад. Феълан (2015) миқдори умумии китобҳо ба 43212 адад расидааст, аз он ҷумла: китобҳои тахассусӣ – 9208 адад, таълимӣ – 29511 адад, методӣ – 2080 адад, бадеӣ – 1461 адад, мухталиф – 652 адад, дискҳои электронии таълимӣ – 35 адад. Ғайр аз ин дар китобхона бастаи рӯзномаҳои «Минбари халқ», «Ҷумҳурият», «Паёми Душанбе», «Адабиёт ва санъат», «Садои мардум», «Халқ овозӣ» (ӯзбекӣ), «Мароми пойтахт» ва «Шафқат», маҷаллаҳои «Нигаҳдории тандурустӣ», «Садои шарқ», «Бонувони Тоҷикистон » мавҷуд аст. Бо мақсади зиёд намудани сафи аъзои китобхона бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил вохӯриҳо гузаронида мешаванд. 94 дарсади донишҷӯён аъзоёни китобхона мебошанд. Мудири китобхона ва китобдор, якҷоя бо роҳбарияти коллеҷ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, зиёд намудани аъзо ва хазинаи китобхона саъю кӯшиш менамоянд.