Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ

Кафедраи мазкур соли 2000-ум таъсис дода шудааст. Дар ташкилёбии кафедра доктори илмҳои тиб Девонаев О.Т. (аз соли 2000 то соли 2003; ҳоло профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино) ва н.и.т., Ҳакимов М.С. (аз соли 2003 то соли 2012; ҳоло омӯзгори Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ноҳияи Рӯдакӣ) саҳмгузор мебошанд. Аз соли 2013 то ҳол роҳбарии кафедраро Нарзуллоев Н.Ф. ба уҳда дорад. Дар кафедра 15 нафар омӯзгор фаъолият доранд, аз он ҷумла: як нафар н.и.т. (Шарипова В.В.), як нафар “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Нарзуллоев Н.Ф.), ду нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ (Шарипова М.А., Дустмухаммедова Н.З.), ду нафар дорои тахассуси дараҷаи якум (Нарзуллоев Н.Ф., Ҳафизова А.Т).  Кафедра бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин мебошад. Омӯзгорони асосӣ 10 нафар ва ҳамкор 5 нафар. Вазифаҳои асосии кафедра: тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба; хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия; бо маводҳои таълимӣ бештар таъмин намудани донишҷӯёну омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Омӯзгорони кафедра вобаста ба имкониятҳои мавҷуда равиши машғулиятҳоро пурра зери назорат гирифта, аз рӯйи барномаҳои таълимӣ фаъолият доранд. Дар кафедра донишҷӯён фанҳои таълимии зеринро, ки мувофиқи Стандартҳои  давлатии таҳсилот ба роҳ монда шудааст, вобаста аз факултет ва ихтисос меомӯзанд: “Анатомияи одам”, “Физиологияи эътидолӣ”, “Анатомия ва физиологияи эътидолӣ” ва “Гистология”. Омӯзгорон бо маводҳои нақшаи таълимӣ ва барномаҳо таъмин мебошанд. Дарсҳо бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ сурат мегиранд. Забони лотинӣ низ истифода бурда мешавад. Татбиқи “Қонуни забони тоҷикӣ” дар кафедра хуб ба роҳ монда шудааст. Кафедра тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои боз ҳам беҳтар татбиқ намудани қонуни забон тадбирҳои зарурӣ андешад, баҳри пойдориву мустаҳкамии забони давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Кафедраи “Фанҳои морфологӣ” баҳри беҳтар намудани самаранокии таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар машғулиятҳои таълимии фанни анатомия, физиология ва гистология, коркард ва истифодабарии услубҳои муосири машғулиятгузарониро мавриди васеъ ба роҳ монда истодааст. Дар кафедра ҷараëни таълим аз рӯи низоми ананавӣ ва низоми кредитӣ бо истифода аз усулҳои муосири таълим сурат мегирад. Истифода бурдани модулҳои таълимӣ, адабиётҳои таълимӣ, дастурҳои тестӣ  ва бо нишон додани вазифаҳои узвҳо дар банерҳо мавриди истифода қарор доранд. Пурсишҳои омӯзгорон аз рӯи айёниятҳои таълимӣ, бо истифодаи узвҳои хушк (устухонҳо ва мулуҳҳо) ва тар (дил, гурда, мағзи сар ва ғ-ҳо) мегузарад. Бозиҳои варзишӣ низ истифода бурда мешаванд, ки боиси бедор шудани мафкура ва мустаҳкам гардидани хотираи  онҳо мегардад. Услуби дигаре, ки дар кафедра васеъ истифода бурда мешавад ин муҳокимаи саволҳои тестӣ аз рӯи дастури таълимии тест мебошад, ки донишҷӯён ба супоридани рейтингҳо (санҷишҳои фосилавӣ) ва имтиҳонҳо пурра омода мешаванд. Омӯзгорон мувофиқ ба нақшаи дарсии низоми кредитӣ “Кори мустақилонаи донишҷӯ” дар рафти дарс ва ё берун аз дарс қабул карда мешавад, ки дар охири ҳафтаи санҷиши фосилавӣ соҳиби 20-25 хол мегарданд. Донишҷӯёне, ки мунтазам дар машғулиятҳо фаъолона иштирок менамоянд, вазифаи хонагӣ ва ҳимояи корҳои мустақилонаро саривақт иҷро мекунад, аз тарафи омӯзгор дар охири ҳафтаи санҷиши фосилавӣ соҳиби 50-хол мегарданд. Машғулиятҳои лексионии фанни анатомия бо тариқи презентатсияҳо ва видеофилмҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Дар кафедраи “Фанҳои морфологӣ” маҳфили фаннӣ, мувофиқи нақшаи “Маҳфили фаннӣ” гузаронида мешавад. Дар маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои кушоду намунавии кафедра, ҳамасола кормандони шуъбаи назорати сифати таълим фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамчунин мувофиқи нақша “Ҳафтаи фаннӣ” дар кафедра мувофиқ ба нақшаи кории ҳафтаи фаннӣ гузаронида мешавад, ки ба барномаи он дохил мешавад:  конфронси илмӣ-амалӣ, соати тарбиявӣ, дарси амалии кушоду намунавӣ, маҳфили зарифон, озмун аз фанни анатомия ва сайёҳат ба ҷойҳои таърихии кишвар.  Ба ифтихори “Солҳои 2019-21 – соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамаи омӯзгорон бо навбат донишҷӯёнро ба ҷойҳои таърихии кишвар сафарбар намуданд. Дар самти иҷроиши корҳои илмӣ – методӣ фаъолияти кафедра назаррас аст. Адабиётҳои таълимии зерин таҳия ва чоп гардиданд:

1. Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни анатомияи одам (муаллифон: Нарзуллоев Н.Ф., Азиззода З.А.); 2. Анатомия ва физиологияи одам (муаллифон: Нарзуллоев Н.Ф., Муминов Ҷ.С.); 3. Краткий курс лекции по анатомии человека (муаллифон: Нарзуллоев Н.Ф., Гулов У.А.); 4.  Тестҳо аз ҳамаи фанҳои дар кафедра буда, омода ва чоп шудаанд, ки донишҷӯён истифода мебаранд.

Дар нақша ва арафаи чоп қарор доранд дастурҳои таълимии зерин:

Китоби дарсии “Атлас анатомии человека” бо забони русӣ  (муаллифон Нарзуллоев Н.Ф., Ашуриён Ш.С.);

Дастури таълимӣ “Гистология” бо забони русӣ (мураттибон Нарзуллоев Н.Ф., Шарипова М.А.);

Дастури таълимӣ “Физиологияи одам” бо забони русӣ (мураттиб Нарзуллоев Н.Ф.);

Кафедраи “Фанҳои морфологӣ” барои беҳтар ва самаранок намудани корҳои илмӣ-методӣ, ҳамкориро бо кафедраи анатомия, гистология ва физиологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хуб ба роҳ мондааст. Аз ҷониби мудири кафедраи “Фанҳои морфологӣ” Нарзуллоев Н.Ф., дар маҷаллаи «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон» 20 –мақолаи илмӣ чоп гардиданд.

Оид ба истифодабарии “Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ”, ки мувофиқи нақша тартиб дода шудааст ва аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова М.М., тасдиқ шудаанд, дар дарсҳои тарбиявӣ аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён пай дар пай рафта истодааст. Омӯзгорони кафедраи “Фанҳои морфологӣ” як қатор чорабиниҳои худро, оид ба “Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ”, дар шакли мизи мудаввар ва соатҳои тарбиявӣ гузарониданд.

Корҳои тарбиявӣ дар кафедра аз рӯи нақшаи корҳои тарбиявӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ, бо донишҷӯён  фаъолона иштирок менамоянд. Ин аст ки аз тарафи роҳбарият ба ифтихорнома қадрдони карда шудаанд. Омӯзгорон дар дарсҳои тарбиявӣ оиди таълиму тарбия, сухтор, риоя намудани қонунҳо ва низомномаи коллеҷ суҳбатҳо намуда онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд.  Ҳамасола ба ифтихори ҳафтаи президентӣ (аз 11 то 16.11.), омӯзгорони кафедра ҳамроҳи донишҷӯён ба “Китобхонаи миллӣ” , “Осорхонаи миллӣ” ва “Осорхонаи анатомӣ”-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино рафта маълумот мегиранд ва аз қироатхонаи он истифода мебаранд. Ҳамчунин  рӯзи “Парчами Тоҷикистон” дар кафедра дар пояи баланди  ифтихори меҳанпарастӣ бо донишҷӯён гузаронида мешавад.


НАРЗУЛЛОЕВ НАСРУЛЛО ФАТҲУЛЛОЕВИЧ

(тав. 05.12.1972, ш. Душанбе), морфолог, ҷарроҳи дараҷаи II, хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии ш. Душанбе (1993) ва ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000). Фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистенти кафедраи анатомияи эътидолии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000-10) оғоз намудааст. Аз соли 2012 мудири кафедраи “Фанҳои морфологӣ” – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ҳамзамон дар шуъбаи ҷарроҳияи Беморхонаи марказии ш. Ваҳдат духтури навбатдор фаъолият дорад (аз 2001).  “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” (2016). Оид ба соҳаи анатомияи одам ва физиологияи эътидолӣ адабиётҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ, тестҳо ва барномаҳо (силлабусҳо) тартиб дода, дар ин самт мақолаҳояш дар маҷаллаи «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», Авҷи Зуҳал ва рӯзномаи “Шафқат” ба табъ расидаанд.

Ос.: Физиологияи одам. Д., 2015; Гистология. Д., 2016; Анатомия ва физиология. Д., 2019; Краткий курс лекции по анатомии человека. Д., 2019; Атлас анатомии человека. Д., 2020.


ҲАФИЗОВА АЗИЗА ТУЛАЕВНА

(тав. 21.01.1967,  ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи  ДДТТ ба номи  Абуалӣ ибни Сино бо ихтисоси духтури муолиҷ  (1992). Духтури бемориҳои дарунии  Маркази тиббии шаҳрии №2-и ш. Душанбе (1992-2006), омӯзгори  кафедраи фанҳои морфологии  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2006). Солҳои 2007-08 ичрокунандаи вазифаи мудири ҳамин кафедра буд. Ҳаммуаллифи дастури таълимии “Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни физиология”, тестҳо, модулҳо аз фанни анатомияи одам, муҳаррири дастури таълимии “Коси зан”. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муосири таълимро ҳамеша мавриди истифода қарор медиҳад.


ҶАЛИЛОВ ТОШМУРОД НОРМУРОДОВИЧ

(тав. 11.03.1973, ноҳияи Ҳисор), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2000). Таҳсил дар интернатура (2000-2002), лабаранти калони кафедраи  бемориҳои дарунии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (2002-2004), духтури беморхонаи шаҳри Пензаи Федератсияи Руссия (2006-2015) буд. Аз соли 2015 омӯзгори кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ӯ дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамояд.


ШАРИПОВА ВИКТОРИЯ ВИКТОРОВНА

(тав. 12.12.1965, шаҳри Душанбе ), номзади илмҳои тиб (2007). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1988). Духтури момодоя дар машваратгоҳи занона (1989-1994), мудири шуъбаи таваллудхонаи марказии саломатии шаҳрии №2 ш. Душанбе (1994-2000), омӯзгори кафедраи момоӣ ва бемориҳои занонаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (2001-2008) буд. Аз соли 2013  ассистенти  кафедраи  фанҳои молфологии коллеҷи мазкур мебошад. Оиди тағйирёбии бофтаҳои  ҳамроҳак ҳангоми бемориҳои музмини узвҳои таносули занона пажӯҳиш анҷом додааст. Дар рафти машғулият аз усулҳои муосири таълим бештар истифода мебарад.


ШАРИПОВА МУҲАРРАМА АСОМУДДИНОВНА

(тав. 30.07.1957, ноҳияи Рӯдакӣ), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ихтисоси духтури кӯдакон (1980).  Духтури кӯдакон (1980-2003) ва  муовини сардухтури беморхонаи  марказии ноҳияи Рӯдакӣ (2003-2004) буд. Аз соли 2004 ассистенти кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Оиди пешгирии бемориҳои синусолии кӯдакон тренинг гузаронда, муаллифи модулҳои таълимӣ аз фанни гистология, патологияи умумӣ, анатомия ва физиологияи патологӣ мебошад.


ДУСТМУХАМЕДОВА НИГИНА ЗАФАРОВНА

(тав. 04.06.1963, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ихтисоси духтури муолиҷ (1986).  Духтури анестезиолог ва реаниматолог дар БМШ №5, (1987-88).  Мудири шуъбаи анестезиология ва реаниматологияи Маркази ташхусу табобатии ш. Душанбе (1988-96).  Сардухтури дармонгоҳи №7-и ш. Душанбе (1997-2005). Аз соли 2006 ассистенти кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ӯ маҳфилҳои фаннӣ ва мизҳои мудавварро шавқовар мегузаронад ва аз услубҳои муосири таълим дар машғулиятҳо бештар истифодамебарад.


ҲАЗРАТҚУЛОВА ГАВҲАРОЙ КАРИМОВНА

(тав. 26.04.1966, ш. Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1994). Духтури кӯдакона дар Маркази саломатии тиббии №13-и ш. Душанбе (1994-2000). Омӯзгори Коллеҷи давлатии тиббии ш. Хуҷанд (2010-17).  Омӯзгори Коллеҷи ғайридавлатии тиббии н. Рӯдакӣ (2018).  Аз соли 2019 то ҳол дар кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Ӯ дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамояд.


НУРХОНОВ ДИЛШОД НУРМУҲММАДОВИЧ

(тав. 21.06.1990,  н. Муъминобод), омӯзгор. Хатмкардаи  ДДТТ ба номи  Абуалӣ ибни Сино бо ихтисоси духтури осебшинос-ортопед (2016). Духтури навбатдор дар Муассисаи давлатии маркази тиббии шаҳрии №3-и ш. Душанбе (2017 то ҳол), омӯзгори  кафедраи фанҳои морфологии  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2017).  Ӯ маҳфили зарифонро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муосири таълимро дар машғулиятҳо мавриди истифода қарор медиҳад.


ҚАНДЗОДА МАНСУРҶОНИ АБДУЛЛО

(тав. 16.07.1990,  ш. Ваҳдат), омӯзгор. Хатмкардаи  ДДТТ ба номи  Абуалӣ ибни Сино бо ихтисоси духтури эпидемиолог (2017). Аз соли 2017 дар кафедраи фанҳои морфологии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Дар  машғулиятҳои худ услубҳои муосири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад ва дар байни ҳайати кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён эҳтироми хоса пайдо намудааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.