Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕРАПИЯ

Аз соли 2016  то  ҳол мудири кафедра Ҳақназаров  Ҳ.Ш. Аъзоёни кафедра дар зери роҳбарии мудири кафедра дар таҳия ва тарҷума намудани барномаҳои таълимии фанҳои кафедра, фаъолона ищтирок намуда дар семинарҳо, конфронсҳо  оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва маориф баромад менамоянд, инчунин дар кафедра низ мунтазам ҳафтаҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушод, конфронсхо дар байни  донишҷӯён бо истифодаи барномахои Миллӣ мегузаронанд.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра дастурҳои таълимӣ – методӣ: «Барои кормандони миёнаи тиб дар бахши пешгирӣ, дарёфт, табобат ва назорати бемории сил», «Парастории беморони куҳансолон ва солхӯрда» ( Сестринский уход за лицами пожилого и старческого  возраста),  « Асосҳои кори ҳамширагӣ дар терапия», «Маҷмӯи маърӯзаҳои  семинарии ҷумхуриявӣ дар мавзӯи «Кори ҳамширагӣ оид ба парастории беморони солхурда ва кухансол»,  «Йод – дефицитные состояния», маводи конфронси илмӣ– методӣ дар мавзӯи «Муҳити солим – ҷомеаи солим», «Қавигардонии солимии аҳолӣ», «Использование современных интерактивных методов обучения на кафедре «Терапия», «Маҷмӯи лексияҳо аз равоншиносии умумӣ ва тиббӣ» омода карда шудааст. Бо ин дастурҳои таълимӣ  ҳамаи коллеҷхои ҷумҳурӣ  таъмин карда шудаанд. Инчунин дар кафедра истифодаи  усулҳои муосир, 15 номгӯи  барномахои Миллӣ, хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Хамзамон  аз ҳамаи  фанҳои дар кафедрабуда модулҳои таълимӣ ва видеороликҳо мавҷуд аст.


МУДИРИ КАФЕДРАИ “ТЕРАПИЯ”
ҲАҚНАЗАРОВ  ҲИЛОЛИДДИН   ШАРОФИДИНОВИЧ

11-марти соли 1984, дар  деҳаи  Искичи  ҷамоати деҳоти Хонақои Кӯҳии  ноҳияи  Ҳисор  таваллуд  шудааст. Соли 1991 ба мактаби  миёнаи №7-и  ноҳияи  Ҳисор қабул шуда, соли 2002  бо баҳои  аъло хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба ДДТТ  ба номи Абӯали ибни Сино, ба факултаи умумитиббӣ  дохил шуда, соли  2008  бошад  донишгоҳи  мазкурро  бо ихтисоси  кори табобатӣ муваффақона   хатм  намудаст. Аз 28-августи соли 2008 дар Маркази Саломатии Искич-и ноҳияи Ҳисор  то  2-январи соли 2009 ҳамчун табиби корӣ муолиҷавӣ ифои вазифа намуда, ҳамзамон  аз  2-декабри соли 2008 ассистент-ҳамкор ва  аз 1-сентябри соли 2009 ассистенти кафедраи  анатомияи паталогии ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино  фаъолият дошт. Инчунин аз 5-январи соли 2011 то 2-ноябри худи ҳамон сол мутахассиси пешбар дар  Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии донишгоҳи мазкур  адои вазифа  намудааст. Аз январи соли 2015 ҳамчун омӯзгор  ва  аз соли 2016 мудири  кафедраи “Терапия”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият дорад. Оиладор.  Дар мавзӯъҳои зерин мақолаву фишурдаҳо навиштааст:

– Актуальные прблемы послевузовского повышения квалификации и профессиональной переподготовки-2011
– О размерах лимфоидных узелков двенадцатиперст-ной кишки человека в постнатальном онтогенезе-2008
– Морфологическая характеристика железистого аппарата двенадцатиперст-ной кишки человека в постнатальном онтогенезе-2009
– Особенности строения лимфоидных образований в сфинктерных зонах двенадцатиперст-ной кишки челолвека-2012
– Структурные особенности лимфоидной ткани гортани крыс в норме и в условиях высоеогорья-2010
– Структурные характеристики желёз и лимфоидных оброзований ткани гортани крыс в норме и в условиях высоеогорья двенадцатиперст-ной кишки крыс при действии холодового фактора-2010
– Хусусиятҳои морфологии мутаносибан дуҷонибаю лимфавии  ғуддаи рӯдаи 12- ангушта вобаста ба сину сол-2015
-Ташхиси самараноки уретритҳои ғайригонккоккӣ дар мардҳо 2017
– Рамзи генетикӣ ва натиҷаи издивоҷи хешутаборӣ  2016
– Табобати беморони мубталои фишорбаландии шараёнии хавфи калондошта 2018
-Абӯали ибни Сино ва фаъолияти ӯ дар соҳаи тиб-  2019
-Рецидивирующий синовит у больных с ревматическими заболеваниями  2019.
-Лечение НПВП гастропати сочетающихся с диспептическими синдромом у больных с ревматическими заболеваниями 2019.
-НИШОНДИҲАНДАҲОИ АНДОЗАВУ МИҚДОРИИ ҒАДУДИ ҲАЛҚУМИ ОДАМ ДАР ОНТОГЕНЕЗИ БАЪДИТАВАЛЛУД  2019.


МАМАДОВА МАҲБУБА НУРУДДИНОВНА

Соли таваллуд  21.09.1967 дар шаҳри Душанбе.  Таҳсил: Мактаби миёнаи №37 – и  ш. Душанбе.  (1974-1982). Хатмкардаи  омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе  (1982- 1985) бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ, соли 1985-1989 дарМаркази Ҷумҳуриявии беморихои дил ба ҳайси ҳамшираи  шафқат фаъолият намудам. Инчунин хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1987- 1996) ҳастам.  Аз соли 1996-2001 дар МСШ № 14  духтури минтақавӣ  шуда фаъолият  намудам. Аз  соли 2006 то айни замон дар  коллеҷи тиббӣ омӯзгори кафедраи “Терапия” кор карда истодаам.  Дар конфронси илмӣ – методии коллеҷ баромад намудам. Муаллифи китобчаи “Маҷмӯи саволномаҳо аз фанни терапия” маҷмӯаи маърӯзаҳои семинари ҷумхуриявӣ дар мавзӯи: “Кори ҳамширагӣ оид ба парастории беморони солхӯрда ва кӯхансол” 2013 сол.  Барномаҳои кории таълими  (Силлабусҳо)  ва маҷмӯи тестҳоро аз фанҳои “Кори ҳамширагӣ дар терапия бо курси геронтология”,  “Асосҳои патологияи клиникӣ”  тайёр намудаам.


САФАРОВА  МАНЗУРА  НЕМОНОВНА

Соли таваллуд  24.01.1966  дар шаҳри  Душанбе.  Таҳсил: Мактаби  миёнаи №33 – и  шаҳри Душанбе (1973-1983). Хатмкардаи  омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе  (1985- 1987) бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ, соли 1987-1998 дар Маркази Ҷумҳуриявии беморихои дил ба ҳайси ҳамшираи  шафқат фаъолият намудам. Инчунин хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1998- 2004) .  Солҳои  2004-2006  дар  Донишкадаи баъдидипломии  кормандони тибби Тоҷикистон ординатураи  клиникиро гузаштам.Дар  МСШ № 10   ба ҳайси духтури  дилшинос  аз  соли  2006- 2009  фаъолият  намудам. Аз  соли 2009 то айни замон дар  коллеҷи тиббӣ омӯзгори  кафедраи “Терапия” кор карда истодаам.  Муаллифи китобчаи “Маҷмӯи саволномахо аз фанни терапия”, маҷмӯаи маърӯзаҳои семинари ҷумхуриявӣ дар мавзӯи: “Кори ҳамширагӣ оид ба парастории беморони солхӯрда ва кӯхансол” 2013 сол. Барномаҳои кории таълими  (Силлабусҳо)  ва маҷмӯи тестҳоро аз фанҳои “Кори ҳамширагӣ дар терапия бо курси геронтология”,  “Асосҳои патологияи клиникӣ”  тайёр намудаам.


ДУСТМУХАМЕДОВА МАТЛЮБА  АБДУГАФАРОВНА

Соли таваллуд. 12..08.1953 шаҳри  Душанбе.  Таҳсил: Мактаби миёнаи №32 – и  шаҳри Душанбе  (1961-1971).  Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1971- 1977. Аз соли 1981-1984  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1998- 2004) кафедраи “Тиббии судӣ”ординатураи  клиникиро гузаштам ва баъд ассистенти кафедраи мазкур кор кардам. Аз 1991-1993 сол дар Вазорати Корҳои дохила  инспектори гуруҳи шахсӣ шуда фаъолият  намудам. Солҳои 1993-2015 дар Вазорати Мудофияи  Федерация Россия хизмати ҳарбиро  гузаштам. Аз  соли 2006 то айни замон дар  коллеҷитиббӣ омӯзгори кафедраи “Терапия” кор карда истодаам.  Муаллифи китобчаи “Маҷмӯи саволномахо аз фанни терапия”ва  дастурамалҳои  методи  оид ба “Истифодаи  усулҳои  муосир дар кафедраи “Терапия”( бо ҳаммуалифон) Душанбе, 2014. 80саҳ. ,  “Реҷаи рӯз ва ғизоӣ солим“, маҷмӯи маводи конфронси илмӣ – методӣ дар мавзуи “Мухити атроф – ҷомеаи солим” 2011 сол, 0, маҷмӯаи маърӯзаҳои семинари ҷумхуриявӣ дар мавзӯи: “Кори ҳамширагӣ оид ба парастории беморони солхурда ва кухансол” 2013 сол. Барномаҳои кории таълими  (Силлабусҳо)  ва маҷмӯи тестҳоро аз фанҳои “Кори ҳамширагӣ дар терапия бо курси геронтология”,  “Ёрии паллиативӣ”  тайёр намудаам.


ХОЛМАТОВА ДИЛБАР НИГМАТОВНА

Соли таваллуд 06.10.1946. ш Хуҷанд. Таҳсил: мактаби миёнаи № 1-и ш.Хуҷанд.(1954-1964). Хатмкардаи факултети муолиҷавии донишгоҳи далатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино.(1964-1970). Аз соли 1970 то 1972 мархилаи ардинатураро дар кафедраи анатомияи нормалӣ гузаштаам. Аз соли 1972 то имруз дар коллеҷи тиббии ҷумхуриявӣ ба ҳайси муаллими кафедраи «Терапия» кор карда истодаам. Соли 1983 бо медали биринчии намоишгоҳи КХХ  Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаам. Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1985. Соли 1991 бо ифтихорномаи ҶТ сарфароз гардидаам. Муаллифи китобчаи «Масъалаҳои муҳими бемориҳои илоҷия» Душанбе- 2005.  Методическая рекомендация  «Роль лечебного учреждения в формировании профессионалных и нравственных качеств медсестры» 1987 г.  «Интенсивная терапия. Наблюдение и уход за больными с заболеваниями сердечно – сосудистой системы» 1989 г.


ХАЛИМОВА   ХУКУМАТ  КАМОЛОВНА

( тав. 28 . 12 . 1946. ноҳияи  Деваштич), омӯзгор.Хатмкардаи  ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино( 1971). Корманди  беморхонаи  ноҳияи  Рудакӣ(  1971- 1975).  Духтури беморхонаи          клиникии  шаҳрии  ёрии  таъҷилӣ (1975  –  2000). Духтури тибби           оилавӣ  ва  омӯзгори  кафедраи терапияи Коллеҷи  тиббии Ҷум           ҳуриявӣ( аз соли   2000  то  ҳозир).  Духтури  тахассуси  дараҷаи        олӣ. Аълочии  тандуристии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.


САФАРОВА ГУЛҶАҲОН НЕМОНОВНА

05.05.1978  шаҳри  Душанбе.  Таҳсил: Мактаби  миёнаи №33 – и  шаҳри Душанбе.  (1985-1994). Хатмкардаи  омузишгоҳи тиббии ш. Душанбе  (1994- 1997) бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ.  Инчунин хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1998- 2004) .  Соли  2004 дар  МСШ № 1  ба ҳайси духтури  бемориҳои дарунакор ва фаъолият кардаам. Аз  соли  2008 дар МСШ № 10 ба ҳайси духтури бемориҳои даруна кор ва фаъолият карда истодаам. Аз соли 2010 ҳамчун табиби оилавӣ дар МСШ№ 10 кор ва фаъолият менамоям. Аз соли 2013 то инҷониб дар кафедраи “Терапия”-и коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси муаллими кафедра кору фаъолият менамоям. Соли 2013 дар маркази такмили ихтисос ва бозомузии касбии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино аз руи ихтисоси равоншифоӣ соҳиби диплом гаштаам. Соли 2014  дар Донишкадаи  баъдидипломии  кормандони тибби Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси бодигармишиносӣ соҳиби шаҳодатнома гардидам.


УМАРОВА МАРҲАБО ҚОСИМОВНА

(тав. 17.4.1953, ш. Душанбе), омӯзгор, дорандаи тахассуси дараҷаи якум. ХатмкардаиОмӯзишгои тиббии №1 (ҳозира Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; 1972) ва Донишкадаи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира ДДОТ;1977). Ҳамшираи тиббии Беморхонаи ҷумҳуриявии №1 ш. Душанбе (1971–73), мураббӣ (1977–81), методисти боғчаи бачагона (1981–82), корманди Вазорати корҳои дохила (1982–87), муаллимаи макотиби таҳсилоти ҳамагонии №10 (1987–94), омӯзгори фанни равоншиносии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз с. 1994). Маҷмӯи лексияҳо аз фанни равоншиносии умумӣ ва тиббиро таълиф намудааст.


ШОЕВ БУНЁД АБДУМАҶИДОВИЧ

25-уми октябри соли 1994 дар ноҳияи Хисор таваллуд шудаст. Соли 2001 ба мактаби миёнаи умумии №5-и ноҳияи Хисор  қабул шуда соли 2012 мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Аз соли 2012 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2018 онро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 2018-2019 курси интернатураро аз руи ихтисоси неврология дар  МДММТЧТ ”Шифобахш” гузаштааст.Аз сентябри соли 2019 омӯзгори кафедраи “Терапия”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият дорад. Барномаҳои кории таълими  (Силлабусҳо)  ва маҷмӯи тестҳоро аз фанни “Кори ҳамширагӣ ва парастории беморони асабу рӯҳ”  тайёр намудааст.


ҚОСИМОВ ЗОИРҶОН АЛИШЕРОВИЧ

25-уми майи соли 1994 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаст. Соли 2001 ба гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова  қабул шуда соли 2012 муассисаи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Аз соли 2012 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2018 онро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 2018-2019 курси интернатураро аз руи ихтисоси терапия дар  МД МТШ  ба номи Ахмедов Карим гузаштааст.Аз сентябри соли 2019 омӯзгори кафедраи “Терапия”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият дорад.


ХУДОИЕВА НАЗИРА НАЗАРИХУДОЕВНА

Соли таваллуд  01.01.1991 дар  шаҳри  Душанбе. Таҳсил: Мактаби миёнаи №91 – и  ш. Душанбе,  (1997-2008). Хатмкардаи  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  шаҳри Душанбе  (2008- 2014) бо ихтисоси кори табобатӣ. Солҳои 2014-2016  таҳсил дар ординатураи клиникии кафедраи Асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Аз соли 2016 ин ҷониб дар МД МТШ № 2  ба ҳайси табиб-асабшинос фаъолият  намудам. Хамзамон аз  соли 2016 то ҳол дар  кафедраи “Терапия”-и Коллеҷи тиббӣ-омӯзгорӣ кор карда истодаам.  Муаллифи дастурамали таълимии “Бемориҳои асаб ва рӯҳ” ҳастам. Аз ҷумла, муаллифи 2 мақола ва 2 фишурдаи илмӣ мебошам.


МУЛОҶОНОВ МАШҲУР ШУМҚОРОВИЧ

18-уми октябри соли 1989 дар ноҳияи Тоҷикобод  таваллуд шудааст. Соли 19967 ба мактаби миёнаи умумии №1-и ноҳияи Тоҷикобод  қабул шуда, соли 2007 мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Аз соли 2009 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2015 онро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 2016 -2017 курси интернатураро аз руи ихтисоси “Урология” дар  МД “Беморхонаи  клиникии шаҳрии ёрии таҷилии ш. Душанбе” гузаштаст. Аз сентябри соли 2019 омӯзгори кафедраи “Терапия”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият дорад.


ҶАБОРОВ НАҶИБУЛЛО ҲАНОНОВИЧ

20-уми феврали  соли 1990 дар шаҳри Роғун таваллуд  шудаст. Соли 1997 ба мактаби миёнаи №28-и ш.Роғун  қабул шуда соли 2008 муассисаи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Аз соли 2008 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2014 онро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 2014-2015 курси интернатураро аз руи ихтисоси урология дар  МД МҶКУ  гузаштааст.Аз сентябри соли 2018 омӯзгори кафедраи “Терапия”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” фаъолият дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.