Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ

Кафедраи  “Фармакология  ва  забони  лотинӣ” бо  қарори   Ҷаласаи  Шӯрои  илмӣ  аз  08.09.2015  сол таъсис  шуда, ба  кор  шурӯъ  намуд. Имрӯзҳо кафедра таълими фанҳои зеринро ба ӯҳда дорад: Фармакология барои  бахшҳои  1-2 уми  ҳамаи  факултаҳо  ва забони   лотинӣ  барои  бахшҳои  1 –уми  ҳамаи  факултаҳо.


МУДИРИ КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ
ХОҶАЕВА ЗАРИНА ГАЛИМҶОНОВНА

Сокини ш.Душанбе соли 23.09.88 дар ш. Душанбе таваллуд ёфтааст.  Аз соли 2001-2006 дар литсеи муштараки тоҷикӣ-туркӣ бо номи Хоҷи Камол таҳсили умумиро бо муваффақият хонда соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ ; тарҷумони забони англисӣ, туркӣ ва барномасози компютер мебошад. Солҳои 2007 –2012 дар ДДТТ ба номи Абу али ибни Сино  факултаи фармасевтӣ хатм намудааст. Аз 2012  ассистенти кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” дар Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар соли 2018-2020 аспиранти лабораторияи “Растаниҳои шифобахш” дар Пажӯҳишгоҳи физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ ҶТ. 2020 мудири кафедраи “Фармакология ва забони лотнӣ”. Муаллифи дастури таълимӣ-методӣ аз фанни “Фармакология” барои донишҷӯёни муассисаҳои тиббӣ 2017с, ҳаммуаллифи китоби “Фармакология” (муаллифон Сафаров А, Сафаров О) 2019с, аз он ҷумла муаллифи дастури таълимӣ “Ретсептураи умумӣ” ва “Антибиотикҳо”-2018с. Муаллифи барномаҳои фанни Фармакология  аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои таҳсилоти рӯзона ва шабона намуди таҳсили анъанавӣ ва барномаи кории “Syllabus”бо забонҳои тоҷикӣ,русӣ намуди таҳсили кредитӣ  мебошад.

Мақолаҳо, ки ба чоп расидааст.
-Маърӯза дар конфронси илми-амалии Материалы конгресса кардиологов и терапевтов стран Азии и содружества независимых государств «Актуальные проблемы сердечно – сосудистых и соматических заболеваний», дар мавзӯи Клиническое проявления атопического дерматита жаркое и холодное время года, 26-27 апрел с 2019, саҳ 399.
-Маъруза дар конфронси илмӣ-амалии олимони ҷавон “Мубоҳисаи илмӣ: масъалаҳои мубрам, даставардҳо ва инноватсия дар тиб” дар мавзӯи “Течение пневмонии цитомегаловирусной этиологии у детей в практике семейного врача”, 27.04.19, саҳ31.
-Мақола дар мавзӯи “Полифенолы состав Artemisia santolinifolia” (Turcz. Ex pamp.) Krasch. произрастающие в центральном Таджикистане»
Маҷаллаи Гузориши Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон.
-Маърӯза барои конфронси “Гуногунии растаниҳо”, дар мавзӯи “Антибактериальное свойство полынь сантолинолистной”, ш. Хуҷанд.
– Мақола “История изучение Artemisia santolinifolia , Artemisia Tournefortiana в центральном Таджикистане.
– Мақола “Полынь сантолинолистная ценное лекарственное растения”
“Авиценна” №4 (56) 5 сентябри соли 2019.
-Мақола “Сирояти ситомегаловирусии пайдошуда дар кӯдакон дар таҷрибаи табиби оилавӣ. Маҷаллаи илмӣ – амалӣ “Авҷи зуҳал”, №4-2019, саҳ 124.


ЭШНАЗАРОВ ҶУМАХОН ДУРСОАТОВИЧ

(таваллуд 12.09 1958, ноҳияи Қубодиён), омӯзгор. Хатмкардаи шӯъбаи забони англисии факултаи забонҳои хориҷии ДДОТ (1980). Омӯзгор, муовини директор оид ба таълими мактаби миёнаи №1 дар ноҳияи Носири Хусрав (1980-2002), омӯзгори забони англисии ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино (2002-2008) кор ва фаъолият менамуд. Аз соли 2011 то ҳол  дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ҳамчун омӯзгори фанни “Забони лотинӣ”, дар кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ”  фаъолият дорад. Дар машғулиятҳои худ услубҳои муосири таълимиро мавриди истифода қарор медиҳад ва дар байни ҳайати кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён эҳтироми хоса пайдо намудааст. Дар кафедра мутассадӣ оид ба корҳои тарбиявӣ мебошад.  Хаммуаллифи китоби “Латинскый язык с медицинской теминологией” соли 2018 бо омӯзгорони кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” – и КТҶ (К.Хоҷаев, С.Н. Носиров, Р.М. Эгамбердиева)  2017 бо иҷозати Шӯрои таъбу нашри ВТ ва ҲИА ҶТ нашр шудааст.  Омӯзгори дараҷаи олӣ мебошад.


ХОҶАЕВ ҚАҲРАМОН ГУЛМИРЗОЕВИЧ

(тав. 17.03.1987с., нохияи Айни) омӯзгор. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода (2009).  Аз  соли 2007  то соли  2008 дар мактаби миёнаи № 43-и  ш.Душанбе омӯзгор шуда кор кардааст. Тибқи роҳхат  муаллими забони олмонии Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (2009-2011),омӯзгори кафедраи “Фармакология ва забони лотинї”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз 2011). Машғулиятҳоро шавқовар ва бо ва услубҳои муосири таълимро маврид истифода қарор медиҳад. Ӯ соли 2011 ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омӯзгори фанни “Забони лотинӣ” ба кор қабул карда шуд. Омӯзгор дорои дониши кофии тахассусӣ дошта, пайваста барои такмил додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ӯ дониш ва маҳорати худро барои пешрафти кор ва баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён эҷодкорона истифода мебарад. Барои тайёр кардани модулҳои “Забони лотинӣ” саҳми худро гӯзоштааст, ки онро пайваста дар дарсҳояш истифода мебарад. Барномаҳои фанни “Забони лотинӣ” аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои таҳсилоти рӯзона ва шабона дар таҳсили анъанавӣ ва барномаи кории “Syllabus” бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ дар таҳсили кредитӣ пешниҳод намуд. Муаллифи китоби “Латинский язык с медицинской теоминологией” соли 2018 бо омӯзгорони кафедраи “ Фармакология ва забони лотинӣ”- и КТҶ (К.Г.Хоҷаев, С.Н. Носиров, Р.М. Эгамбердиева, Ҷ.Д. Эшназаров)  2017 бо иҷозати Шӯрои таъбу нашри ВТ ва ҲИА ҶТ нашр шудааст. Аз соли 2018 то инҷониб сардории дружиначиёни Коллеҷи Ҷумҳуриявиро дар уҳда дорад. Мақолаҳо, ки ба чоп расидааст. “Тарғиби анъанањои милли зарур аст ”, “ Омӯзгор ”№7 15 феврали соли 2018”, “Маориф ва таҳкими давлат”, “Шавқат” №5 6 (58) 20 ноябри соли 2018 “Сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” “Олами хунар”№50(6) 28 майи соли 2018”, “Ҳунар омуз к-аз ҳунарманди. “Шавқат”№4(56)5 сентябри соли 2018. Омӯзгори дараҷаи 1-ум мебошад.


ЭГАМБЕРДИЕВА РОБИЯ  МАМАРАСУЛОВНА

Сокини ш.Душанбе соли 1960 дар ш.Душанбе таваллуд ёфтааст. Аз соли 1968 то 1978 мактаби таҳсили умумиро бо муваффақият хонда, солҳои 1980–1984 дар донишгоҳи педагогӣ дар  факултаи забонҳои хориҷии шӯъбаи забони олмонӣ донишандӯзи  кардааст.  Соли 1984 ин донишгоҳро бо дипломи аъло ҳамчунин омӯзгори забони олмони хатм намуда бо роҳхати Давлати дар мактаби умумии №89-и ш.Душанбе фаолияти худро ҳамчун омӯзгор оғоз намудааст. Соли 1990 ба омузишгоҳи тибби ш.Душанбе ҳамчунин омузгори забонҳои олмонӣ ва лотинӣ қабул шуда то хол дар ин даргоҳи дониш –(имрӯз КТҶ ВТ ва ҲИА) кор ва фаолият менамояд.Муаллифи барномаҳои фанни забони лотини  аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои таҳсилоти рӯзона ва шабона намуди таҳсили анъанавӣ ва барномаи кории “Syllabus”бо забонҳои тоҷикӣ,русӣ намуди таҳсили кредитӣ  мебошад. Ҳамчунин муаллифи китоби таълимии “Забони лотини ва асосҳои истилоҳоти тибби”аст,ки соли 2009 бо иҷозати Шӯрои таъбу нашри ВТва ҲИА ЧТ нашр шудааст.Афзалияти китоби дарсӣ дар сезабона будани истилоҳоти тиббӣ  дар он мебошад.Ҳаммуаллифи  китоби “Латинский язык с медицинской теоминологией” Қ.Г.Хоҷаев, С.Н.Носиров, Р.М.Эгамбердиева, Ҷ.Д.Эшназаров  соли 2017  бо омӯзгорони кафедраи  “Фармакология ва забони лотини”и КТҶ Аз соли 1992 то соли 2000 сардории Созмони Ҷавонони Коллеҷро дар ӯҳда дошт. Омузгори дараҷаи олӣ.


НАИМОВА САЙЁҲАТ РАҶАБАЛИЕВНА

Сокини ш. Душанбе соли 17.10.1991 дар ш.Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абу али ибни Сино  факултаи фармасевтӣ 2014 мебошад. То соли 2019 дар дорухонаи №1 ҳамчун провизор фаъолият намудааст. Аз 2019  ассистенти кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” дар Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ. Омӯзгори ҷавон пайваста баҳри сайқал додани маҳорати касбӣ кӯшиш ба харҷ мебарад. Машғулиятҳои худро бо услубҳои нави таълим, инчунин бо истифодабарии таҷҳизотҳои техникӣ, шавқовар мегузаронад.


АБДУСАМАДОВ САЙФУЛЛО АБДУМАРОБОВИЧ

23.12.1990 дар деҳаи Новободи ноҳияи Восеъ вилояти Хатлон  таваллуд шудааст. Хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абу алӣ ибни Сино  факултаи фармасевтӣ 2014 мебошад.  Аз 2015  ассистенти кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ ”Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ. Омӯзгори ҷавон пайваста баҳри сайқал додани маҳорати касбӣ кӯшиш ба харҷ мебарад. Бо донишҷӯён бо осони ҳамфикр гашта машғулиятгузорӣ менамояд. Ҳаммуаллифи Syllabus  аз фанни ”Асосҳои фармакология” барои факултаҳои “Кори ҳамширагӣ ”, “Кори момодоягӣ” мебошад.


ГУЛОВ ЭМОМАЛӢ САЙМУРОДОВИЧ

20. 05.1994  зодаи ноҳияи Панҷ вилояти Хатлон. Дар солҳои 2012-2017 дар факултаи фармасевтии Донишгоҳи Миллӣ таҳсил намуда дониши мукаммали касбӣ аз устодони соҳа андухтааст. Фаъолияти кории худро дар ҶДММ “Раҳмат 2004” чун  ёвари фармасевт оғоз намуд. Соли 2019  тибқи озмун ба кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ”-и КТҶ,  ҳамчун ассистенти кафедра ба кор қабул карда шуд. Дониши мукаммали омӯзгори ҷавон ба зуди ӯро бо донишҷӯён наздик намуд. Ҳаммуаллифи Syllabus  аз фанни” Фармакология”барои факултаи “Кори фармасевтӣ”мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.