Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОСМЕТОЛОГИЯ

Кафедра. Моҳи сентябри соли 2015 ташкил карда шудааст. Дар кафедра 6 нафар омӯзгорон кор мекунанд: Раҷабова Н. И. (мудири кафедра, доктори илмҳои тиб; тахассуси дараҷаи олӣ),(н.и.т  Арипова М. ) Раҳимова Л. А. ва Алимова Н. Ф. Сафолова М .Ҳасанова М.А.


МУДИРИ КАФЕДРАИ КОСМЕТОЛОГИЯ
РАҶАБОВА  НАЗИРА ИБРОҲИМОВНА

(тав. 11.6.1953, ш. Душанбе), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ходими калони илмии Институти гастроэнтерологияи АИ ҶТ (1977–89), мудири шуъбаи амбулатории госпитали ҳарбии №63620 (1989–2004), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии ҶТ (аз 2004), ҳамзамон сарвари Маркази тибби эстетикии «Ёсуман» (аз 2006). Инчунин дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси мудири кафедраи косметология кору фаъолият дорад. Дар робита ба хусусиятҳои клиникию вазоифии баъзе шаклҳои фибрози ҷигар, ҳамчунин пайдоиш, аломатҳои болинӣ ва ташхиси он пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Иштирокчии бисёр симпозиум, конфронс ва съездҳои байналмилалӣ оид ба гастроэнтерология, косметология, тибби халқӣ. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст (2010). Ос.: Клинико-функциональные и морфологические особенности некоторых вариантов фиброза печени. Д., 1986; Гепато-портальный склероз – особый вариант фиброза печени. Терапевтический архив, № 2, 1987; Фиброз печени (ҳаммуал.). Д., 2000; Дифференциально диагностические критерии портально-гипертензионного варианта врожденного фиброза и гепатопортального склероза. Д., 2002.


САФОЛОВА МАЛИКА ҚУРБОНОВНА

(Тав. 28.06.73, шаҳри Душанбе), омӯзгор. Хатмкунандаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар Академияи тиббии таҳсилоти баъдидипломии шаҳри Санкт-Петербург дар ординатураи клиники таҳсил кардааст (96-98). Омӯзгори “кафедраи дерматовенерология”-и ДДТБКТТ (1998-2013). Соли 2010 ихтисоси  косметологияро дар Академияи тиббии таҳсилоти баъдидипломии Санкт-Петербур аз худкардааст. Омӯзгори “кафедраи ташхиси тиббӣ”-и ДМТ (2013-2018). Омӯзгори “кафедраи косметология”-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз соли 2018). Духтури дараҷаи олӣ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.