Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБИИЮ РИЁЗӢ

Кафедраи “Табиию риёзӣ” ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Кафедра бо фармони директори коллеҷ аз 31 августи соли 2018 аз зерсохтори кафедраи техникаи тиббӣ бароварда шуд. Аввалин мудири ин кафедра ассистент Муродзода Идибек Рамазон мебошад, ки то ҳол фаъолияти худро давом дода истодааст. Зарурати пайдо шудани ин кафедра ба он алоқаманд аст, ки дар коллеҷ қабули донишҷӯён баъди хатми синфи 9 ба роҳ монда шуд. Таъсиси ин кафедра маҳз барои тайёр намудани ин ихтисосҳо ба монанди ихитсосҳои ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, табобати дандон, техника ва таҷҳизотҳои тиббӣ, кори умумӣ – тиббӣ ва ғайра пешбинӣ шуда буд. Устодони кафедра дар факултетҳои коллеҷ аз фанҳои вобастаи кафедра алгебра, геометрия, риёзӣ, физика ва физикаи тиббӣ – биологӣ дарс меомӯзонанд. Дар кафедра 15 нафар омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ – методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора 10 нафар омӯзгорони асосӣ буда, боқимонда ҳамкорони дохиливу беруна мебошанд. Дар кафедра 1 нафар аълочии вазорати маориф ва аълочии вазорати тандурустӣ, 2 нафар унвонҷӯ ва боқимонда ассистентон мебошанд.


МУДИРИ КАФЕДРА
МУРОДЗОДА ИДИБЕКИ РАМАЗОН

Муродзода Идибеки Рамазон 4-уми апрели соли 1992 дар деҳаи Харангони Болои ҷамоати С. Айнии ноҳияи Варзоб дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Сентябри соли 1999 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №29-и деҳаи Харангони Боло қабул шуда, соли 2010 мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хатм намудааст.

Моҳи сентябри соли 2010 ба факултети механикаю математикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо ихтисоси «Механика» дохил шуда, соли 2015 донишгоҳи мазкурро бомуваффақият  бо касби барномасоз-механик хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳи мазкур ба  МДТ “Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ”  ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи “Фанҳои табиию риёзӣ” ба кор даромада, то инҷониб дар ин коллеҷ кор ва фаъолият дорал. Аз соли 2015 аъзои фаъоли ЊХДТ мебошам. Вазъи оилавї – оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Корҳои илмӣ – методӣ ва илмӣ – татқиқотӣ:

“Кинематический модель соотношения планетарных механизмов с переменными передаточными отношениями” дар китоби “Паёми ДМТ” – апрели соли 2019.

“Таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз” дар китоби “Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Арзишҳои миллӣ ва байналмилалии Наврӯз” дар коллеҷи техникию омӯзгории н. Рудакӣ. 19-20 марти соли 2019”.

“Характеристики моделей планетарного механизма привода бетономешалки” дар LVII – ум конференсияи ғоибонаи байналмилалӣ таҳти “Развитие науки в XXI веке” – и шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина, 15 феврали 2020с.


АМИНОВ МУҲИДДИН ҒИЁСЕВИЧ

Ассистенти кафедраи “Табиию риёзӣ” Аминов Муҳиддин Ғиёсевич 25.11.1961 дар деҳаи Харангони Болои ҷамоати Айнии ноҳияи Варзоб (собиқ Ленин) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 1978 мактаби миёнаи №29 –и ҳамин маҳалларо хатм намудааст. Солҳои 1979-1980 дар “Маркази ҳисоббарории Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳайси электрофотограф фаъолият  намудааст.

Соли 1980 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуда, соли 1985 бо ихтисоси физика – математика онро хатм кардааст.

Аз соли 1985 то 2006 дар мактаби миёнаи №29-и н. Варзоб омӯзгор ва муовини директор оид ба таълим шуда кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2006 ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба кор омада, то ҳол ба донишҷуён аз фанни “Физикаи тиббӣ – биологӣ” дарс гуфта истодааст.

Дар давоми кор якчанд дастур ва маводҳои таълимӣ нашр намудааст, бо монанди “Манбаҳои ҷараён”, “Корҳои амалӣ – лабораторӣ”, “Физика – барои шуъбаҳои ТТТ ва ТТН”, “Физикаи биологӣ”, “Биофизика – барои ҳамаи факултетҳо”, “Физика – қисми электрик”, “Саволҳои тестӣ аз биофизика”, “Дастури  таълимӣ –методӣ аз математика”, ва “Биофизика бо забони русӣ”.

Инчунин мақолаҳояш дар газетаи “Шафқат” ба монанди “Нурҳои рентгенӣ ва истифодаи он дар соҳаи тиб”, “Тарбияи насли наврас”, “Хоб ва аҳамияти он”, ва “Касби аҷдодӣ” чоп шудааст. Ба ғайр аз ин дар газетаи “Паёми Шифо” мақола дар мавзӯи “Равандҳои биоэлектрикӣ дар мағзи сар” ба чоп баромад.

Аминов М. бо ҳамроҳии донишҷӯён ду ихтироот намудааст, ки онҳоро дар телевизиони шабакаи якум намоиш доданд.

Аминов М. соли 2008 бо унвонии аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2018 бо унвони аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Соли 2019 бо ифтихорномаи коллеҷ дар таълиму тарбияи донишҷуён сарфароз гардидааст.


ЗОИРОВ АҲМАД ҲАЛИМОВИЧ

Зоиров Аҳмад Ҳалимович 4-уми майи соли 1959 дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст. Соли 1966 ба синфи якуми мактаби миёнаи №22 таҳсилро сар карда, соли 1976 мактаби мазкурро хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба ДДОТ дохил шуда, соли 1981 факултети физика шӯъбаи физика- математикаро хатм намудааст.

Аз соли 1981 то соли 1982 дар мактаби №15 – и ноҳияи Ёвон кор карда, аз соли 1982 то соли 2006 дар мактаби миёнаи рақами №22- и ш. Ваҳдат кор кардааст, аз ҷумла ҷонишини директор оиди ба таълим. Аз соли 2006 то инҷониб дар МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ” кор ва фаъолият карда истодааст. Дар раванди кор аз соли 2009 то соли 2015 мудири кафедраи “Техникаи тиббӣ” шуда кор кардааст. Ҳоло бошад ҳамчун омӯзгори фанҳои физика ва физикаи  тиббӣ – биологӣ дар кафедраи “Табиию риёзӣ”кор ва фаъолият карда истодааст.

Дар давоми фаъолияти кори зиёда аз 50 барномаи кориро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Инчунин дар  китобҳои “Физика”, корҳои лабараторӣ аз физика ҳаммуалиф мебошад.


КАЛАНДАРОВ МУКИМ ШЕРАЛИЕВИЧ

Қаландаров Муқим Шералиевич 16-уми декабри соли 1959 дар шаҳри Кулоби Вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар, таввалуд шудааст.

Қаландаров М. Ш. соли 1967 ба мактаби миёнаи №156-и ноҳияи Ленин (Ҳоло МТМУ №28-и н. Варзоб) қадами аввалини худро гузошта, соли 1977 мактаби мазкурро хатм намуда, ба Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1982 донишгоҳи мазкурро хатм намудааст.

Кор ва фаъолияти худро аз соли 1982 дар мактаби №29-и н. Варзоб шурӯъ намудааст. Дар мактаб ба ҳайси омӯзгори фанни математика-физика ба кор шурӯъ карда, аз соли 1991 то соли 2002 дар вазифаи директори мактаби мазкур кор ва фаъолият кардааст. Аз моҳи феврали соли 2017 то имрӯз ба ҳайси омӯзгори фанни математика дар кафедраи “Табиию риёзӣ” – и коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кор карда истодааст.


ШАҲРОМИ ЗАЙНИДДИН

Ассистенти кафедраи “Табиию риёзӣ” Шаҳроми Зайниддин санаи 16-уми майи соли 1992 дар дењаи Лучоби Љамоати дењоти Лучоби ноњияи Варзоб дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Соли 1999 ба синфи якуми мактаби миёнаи тањсилоти умумии №55-и ноњияи Варзоб ќабул шуда, баъд ба шањри Душанбе омада, дар мактаби миёнаи тањсилоти умумии №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳсилро давом дода, соли 2009 мактаби мазкурро бо бањои хубу аъло ва интизоми намунавї хатм намудааст.

Моҳи сентябри соли 2009 ба факултети механикаю математикаи Донишгоњи Миллии Тољикистон (ДМТ) бо ихтисоси «механика» дохил шуда, соли 2015 донишгоҳи мазкурро бомуваффаќият бо касби барномасоз – механик хатм намудааст. Аз соли 2016 аъзои фаъоли ЊХДТ мебошад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Кор ва фаъолият:

Аз соли 2010 то 2015 – администратори маркази интернетии “МАГНИТ” ва “БУМЕР”

Аз 01.09.2016с. то 20.08.2019с. ассистенти кафедраи “Физика ва телекоммуникатсия” – и факултети энергетика ва техникаи тиббии коллеҷи техникии ДТТ ба номи М. Осимӣ.

Аз 01.09.2019с. то инҷониб асситенти кафедраи “Табиию риёзӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Корҳои илмӣ – методӣ ва илмӣ – татқиқотӣ:

“Тиҷорати электронӣ ва хизматрасонӣ дар шабакаи интернет” дар китоби “Маводњои конфиренсияи илмї-назариявї љумњуриявии коллељи техникї с.2018”

“Кинематический модель соотношения планетарных механизмов с переменными передаточными отношениями” дар китоби “Паёми ДМТ” – апрели соли 2019.

“Таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз” дар китоби “Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Арзишҳои миллӣ ва байналмилалии Наврӯз” дар коллеҷи техникию омӯзгории н. Рудакӣ. 19-20 марти соли 2019”.

“Характеристики моделей планетарного механизма привода бетономешалки” дар LVII – ум конференсияи ғоибонаи байналмилалӣ таҳти “Развитие науки в XXI веке” – и шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина, 15 феврали 2020с.
Почтаи электронӣ: 988899696@mail.ru


ҚАЛАНДАРОВ НЕКРӮЗ ҲАКИМОВИЧ

Қаландаров Некрӯз Ҳакимович 21-уми октиябри соли 1992 дар ҷ\д М Маҳмадалӣ деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Номбурда мактаби миёнаи умумии №3 деҳаашро соли 2010 хатм намудааст. Соли 2011 ба Донишгоҳи Давлатии Омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни омада дохил мешавад ва онро соли 2016 бо сарбаланди хатм менамояд. Баъди хатми донишгоҳ ҳамчун магистрант дохил шуда давоми ду сол таҳсил менамояд. Аз давраи донишҷӯӣ ба касби омӯзгорӣ шавқу ҳаваси беандоза дошта дар бахши сеюм дар гимназияи №1 н.Варзоб ба ҳайси омӯзгори фанни физика ду сол кор мекунад. Соли 2017-2018 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 н. И. Сомони ба ҳайси омӯзгори фанни физика кор кардааст. Айни ҳол дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии Ҷумҳурияви” кору фаъолият менамояд.


ШОДИИ ОДИНАШОҲИ НАЗАРЗОДА

Шодии Одинашоҳи Назарзода 14-уми январи соли 1992 дар ҷ\д Х. Раҷабов  деҳаи Эмомтарфи ноҳияи Восеъ дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1999 ба мактаби миёнаи умуми №42 деҳаашон ба синфи якум қабул шуда мактабро то синфи 11 хонда онро соли 2010 хатм намудааст.   Сентябри ҳамон сол ҳуҷатҳояшро ба Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни ба факултаи “Физика”  супорида, соли 2014 донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори фанни физика бо мувафақият хатм намудааст. Шодии Одинашоҳ аз моҳи феврали соли 2015 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116-и ноҳияи Рӯдакӣ ба кор ва фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ кардааст. Дар ин муассиса то моҳи августи соли 2019 кор карда, баъдан аз моҳи сентябри соли 2019 ба Коллеҷи Тиббии Ҷумҳурияви ҳамчун омӯзгори фанни физика ба кор шурӯъ кардам.


РАХИМОВА МАВҶУДА МАҲМУТЖОНОВНА

Рахимова Мавҷуда Маҳмутжоновна 15-уми октябри соли 1984 дар оилаи омӯзгор  таваллуд  шудааст. Соли 1991 ба синфи якуми мактаби миёнаи №51 рафта, таҳсил намуда,  соли 2002 мактаби мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДДМТ дохил шуда, соли 2007 онро хатм намудааст. Аз соли 2007 то соли 2019 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст. Соли 2019 дар муассисаи Давлатии Коллеҷи Тиббии Ҷумҳурияви омузгори фанҳои физика ва алгебра шуда кор мекунад. Ҳоло ҳамчун омӯзгори фанҳои физика ва алгебра кор карда истодааст. Дар давоми фаъолияти  кории худ силлабус ва тестҳоро ба забони руси тарҷума намудааст.


ЗУЛФОНОВ ШАҲРИЁР МУЛОЗУЛФОНОВИЧ

Зулфонов Шаҳриёр Мулозулфонович санаи 12.06.1994 дар ноҳияи Айнӣ, деҳаи Хушекат, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 2013 Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе-ро аз руи ихтисоси Системаи компютери ва интернет-технология  бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2014 ба факултети Математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 2018 донишгоҳи мазкурро бомуваффақият аз руи ихтисоси Математика Информатика хатм кардааст. Аз соли 2015 то ҳол таҳти роҳбарии академик АИҶТ Илолов М. И. кори илмӣ-тадқиқотӣ карда истодааст. Аз соли 2016 то 2020 омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №54 ба номи Л.Шералӣ шуда кор кардааст. Зулфонов Ш. М. дар давоми корҳои илмиаш чорто кашфиёти илмӣ кардааст, ки он кашфиётҳо дар Конференсияҳои Байналмиллалӣ чоп шудаанд. Аз моҳи феврали соли 2020 то инҷониб ҳамчун омӯзгори фанни физика ва математика дар кафедраи “Табиию риёзӣ” – и Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кор ва фаъолият менамояд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.