Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ

Кафедра. Соли 2010 ба фаъолият оғоз намудааст. Соли 1954 таҳти роҳбарии сарвари Омӯзишгоҳи тиббӣ Қаюмова Муҳаббат ва духтур-лаборантҳо Мосунова Л. А. ва Либина Л. Ф. шуъбаи «Фелдшерӣ-лабораторӣ» ташкил карда шуд. Роҳбари утоқ-лабораторияи «УТКЛ ва биохимия» Милинчук Л. Е. таъйин гардид. Лаборатория бо асбобҳои зарурӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шуд. Худи ҳамон сол 2 гурӯҳ (11 ва 12) – фелдшер-лаборант бо маълумоти синфи 8 ва ду гурӯҳ (201 ва 202) фелдшер-лаборант бо маълумоти синфи 10 ба таҳсил фаро гирифта шуд. Соли 1961 роҳбари утоқи УТКЛ ва биохимия Ширшова А. М. интихоб гардид. Дар корҳои лаборатория пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Соли 1967 боз 2 утоқи дигар – «микробиология» таъсис дода шуд, ки дар он табибон-лаборантҳо Чанишева, Собирова Л.Р. ва Павлова А. И. фаъолият менамуданд. Лаборатория бо термостат, печи Пастер, аквадистилятор ва яхдон муҷаҳҳаз гашт. Соли 1973 боз як утоқи дигар – «Биохимия» таъсис дода шуд, ки дар он табибон-лаборантҳо Жукова Л. К., Чурсина Р. Н. (БКҶ №5) ва Кавешникова Н. Н. (госпитали ҳарбӣ) кор мекарданд. Таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ дар беморхонаҳои клиникии ҷумҳуриявии №3 ва №5, инчунин дар лабораторияи госпитали ҳарбӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1974 Антипина Н. И. ва Бақоева Р. М. ба кор шурӯъ карданд. Онҳо утоқи микробиологияро муҷаҳҳаз сохтанд, худи ҳамон сол утоқи эпидемиология таъсис дода шуд, ки роҳбари он духтур-эпидемиолог Панасян Н. Н. таъйин гардид. Соли 1976 утоқҳои биохимиявиро Романченко Л.М., утоқи УТКЛ-ро бошад, Глошкина Г. Н. роҳбарӣ менамуданд. Ӯ барои донишҷӯён маҳфилҳои иловагӣ таъсис дод. Хонандагон дар мавзӯъҳои гуногун рефератҳо тайёр мекарданд. Соли 1976 утоқи «гигиена» таъсис ёфт, ки роҳбари он Дугина Л. В. таъйин гардид. Дар ин утоқ Ким Р. Н. кор мекард, ки беҳдошти об, хок ва ҳаворо мавзӯи таҳқиқ қарор дод. Соли 1983 ба вазифаи директор Отаева М. К. таъйин гардида, то соли 1984 адои вазифа намуд. Соли 1984 ба вазифаи директори Омӯзишгоҳи №1 Ҳакимҷонов А. Ҳ. таъйин шуд. Соли 1985 утоқи биохимияро табиби касалиҳои дарун Ғафурова С. Ҳ. роҳбарӣ намуд. Ӯ утоқи биохимия ва УТКЛ-ро бо фотоэлектроколориметри нави КФК-2 ва КФК-2 МП, электрофорез, микросентрифуга ва ғ. муҷаҳҳаз сохт. Соли 1991 роҳбари комиссияи шуъбаи фелдшерӣ-лабораторӣ Антипина Н. И. ва соли 1992 Бақоева Р. М. таъйин гаштанд. Утоқи биохимияро Шамсуддинова Н.М. идора мекард. Солҳои 1993–2013 утоқи микробиологияро Лоҳутшо Азиза роҳбарӣ намудааст. Соли 1994 сардори комиссияи шуъбаи фелдшерӣ-лабораторӣ (биологӣ-гигиенӣ) Муминов Ҷ. таъйин гардид, ки то соли 1999 ифои вазифа намуд. Соли 1999 вазифаи сардори комиссияи шуъбаи фелдшерӣлабораторӣ ба уҳдаи Лолаев С. гузошта шуд. Соли 2003 Директори коллеҷи тиббӣ Гадоев Б. Ш. таъйин гашт. Сардори шуъба Саидов С. О. буд. Соли 2006 Директори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ профессор Ибодов Ҳ. таъйин гардид. Соли 2010 кафедраи клиникии тадқиқоти лабораторӣ кушода шуда, роҳбари он н.и.т. Бобоева Б. Р. таъйин гардид. Кафедра аз утоқҳои УТКЛ, биохимия ва микробиология иборат буд. Соли 2012 роҳбари кафедра Расулов Р. Н. таъйин гардид. Толори лексиони таъмир ва дар он тахтаи электронӣ барои намоиши филмҳои илмӣ насб шуд. Аз моҳи сентябри соли 2014 сарварии кафедра ба уҳдаи Аминов А. Ҳ. мебошад. Моҳи сентябри соли 2015 боз ду ҳуҷраи дарсҳои амалӣ, ки дорои таҷҳизоти ҳозиразамон – гемоанализатор, анализатори биокимиёӣ ва анализатори иммуноферментӣ мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Соли 2019 инчунин дар бинои Маҷмааи истиқлол 1утоқи дарсӣ барои кафедра ҷудо карда шуд. Устодони феълии кафедра: Аминов А. Ҳ. (мудир),  Шамсуддинова Н. М. (омӯзгор), Абосова М. (омӯзгор), Кенҷаева Р. (омӯзгор), Раҳимзода К. (омӯзгор), Муборакқадамова Р. (омӯзгор), Холов С. (омӯзгор), Қудратова С. (омӯзгор), Ҳусейнов М. (омӯзгор), Хуҷагелдиева З. У. (омӯзгори соатбайъ), Умронов М. (омӯзгори соатбайъ), Холова З. (омӯзгори соатбайъ), Бекова М. (омӯзгори соатбайъ), Бобоева Т. (лаборант) ва Раҳимова М. (фаррош).


МУДИРИ КАФЕДРАИ “ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ”
АМИНОВ АБДУСАТОР ХАКИМОВИЧ

Соли таваллуд – 1974;
Миллат – точик;
Собиқаи кории умумӣ – 27;
Собиқаи кории омӯзгорӣ   –22;
Дараҷаи тахассусӣ тиббӣ- олӣ;
Дараҷаи тахассуси омузгори – дуюм;
Унвони илмӣ –надорад;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад.
Аминов. Абдусатор. Хакимович соли 1974-дар дехаи Бобои Валии нохияи Файзобод таввалуд шудааст.

Соли 1991 баъди хатми мактаби тахсилоти умуми ба омузишгохи тиббии шахри Кофарнихон дохил шуда соли 1993 омузишгохи мазкурро бо ихтисоси фелшер – лаборант ба итмом расонидааст. Аз соли 1993 сар карда фаъолияти худро ба хайси лаборант огоз намудааст. Соли 1994 то соли 2000 донишчуи кафедраи биологияи Донишгохи Миллии Точикистон, хамзамон  дар соли 1998 дар Донишгохи Илмию Тадкикотии Эпидимиологи ва тибби Чумхурии Киргизистон дар мавзуи “Намудхои гуногуни вируси гепатит ва этиологияи онхо” курси кутохмудатро гузаштааст. Аз соли 1998 бо назардошти кордонию лаёкатмандияш мудири озмоишгохи клиники ва бихимиёвии беморхонаи беморихои сироятии шахри Душанбе таъин карда шуда, хамзамон ба хайси ассисенти кафедраи “ташхиси лаборатори”-и Колечи Тибби Чумхурияви фаъолият намудааст. Аз мохи сентябри соли 2014 ба вазифаи мудири кафедраи “Ташхиси лаборатори”-и Коллечи тиббии Чумхурияви Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Тоочикистон таъин карда шуд. Табиб –лаборанти дорои дарачанокии оли буда, нисбати касби пешанамудаи худ, донишманди закки ва болаёкат мебошад. Аминов. А. Х дар тули солхои фаъолияти кории худ хамчун мутахасиси сохаи лаборатори  дарачаи баландро сохиб гардидааст, ки бо усулхои тезтаёршаванда муайян намудани гурухи хун, ташхиси муоинахои тарбод ва муоинахои иммуноферментиро ба рох модна инчунин ин усулхоро  ба донишчуён пайваста меомузад. Аминов. А. муаллифи якчанд маколаву дастурхои илми ба шумор мераванд. Тахия ва чопи яке аз китобхои дарси бо номи “Усулхои тахкикоти клиникии лаборатори” ки бо забони давлати ба таб расонида шуд, яке аз дастовардхои у ба шумор меравад. Аминов. А. Х дар корхои илми,семинархои дохилию хоричи, конфронсхо оиди тадкикотхои илми баромад намуда пайваста чихати баррасии масъалахои илми бо кормандони кафедра ва донишчуён машваратхои илми семинар-виктаринахо мегузаронад. Хамзамон аъзои ХХДТ ва аъзои иттифоки касаба ба шумор рафта дар мачлисхои чавонон фаъолона иштирок намуда ба чавонон маслихатхои муфид дар чодаи фаъолияти кори пешниход менамояд.  Дар ӯ ҳисси ҷавобгарӣ нисбати худ ҳангоми фаъолият хуб ба назар мерасад. Нисбати худ ва донишҷӯён серталаб мебошад. Дар маъракаҳо оиди ободонӣ ва сабзу зебогардонии саҳни коллеҷ ва шаҳр фаъолона иштирок менамояд. Ҳама гуна қарору дастурҳое, ки аз тарафи вазоратҳо ва роҳбарияти Коллеҷ пешниҳод мешаванд софдилона ва сари вақт иҷро менамояд.


ШАМСУДИНОВА  НЕЛЛИ  МУСАМИРОВНА

Соли таваллуд – 1959;
Миллат – тотор;
Собиқаи кории умумӣ – 33;
Собиқаи кории омӯзгорӣ   –33;
Дараҷаи тахассусӣ – олӣ;
Унвони илмӣ –аълочии тандурусти;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад.

Шамсудинова Н. соли 1985-ум ба курси аввали Коллеҷи заминавии ш. Душанбе (ҳозира Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”) ба шӯъбаи «фелдшер лаборант» дохил шуда соли 1987 онро хатм намудааст. Аз соли 1987 то соли 2009 ба ҳайси омӯзгор ва ҳамзамон озмоишгари калон  дар  омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе  фаъолият намудааст. Аз соли 2009 то имрӯз бо кушодашавии кафедраи “Ташхиси лабораторӣ”-и  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  омӯзгори фанҳои “Биокимиё ва техникаи тадқиқотӣ биокимиёвӣ” ва “Усулҳои тадқиқоти клиникии лабораторӣ” фаъолияти худро  идома дода истодааст. Шамсудинова Н. М. тули солҳои фаъолияти кории худ  тахассуси дараҷаи олиро соҳиб гардидааст. Дар муддати  фаъолияти кориаш Шамсудинова Н. М.  худро ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба нишон дода дар машғулиятҳо аз усулҳои ҳозиразамони таълим васеъ истифода мебарад. Омӯзгор дорои дониши кофии тахассусӣ буда пайваста барои такмил додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар дарсҳои омӯзгорони пуртаҷриба иштирок менамояд. Дар тартиб додани маводҳои таълимӣ-методӣ фаъолона ширкат менамояд. Ӯ дар омода намудани дастурҳои таълимии “Кориҳои тибби-ташхисӣ” саҳми босазо гузоштааст. Омӯзгор ҳамеша аз болои худ оиди баланд бардоштани донишу малака, таҷрибаи омӯзгорӣ ва тахассусӣ кор мебарад. Қариб ҳамасола машғулятҳои кушоду намунавӣ мегузаронад. Дар ҳама чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии коллеҷ фаъолона ширкат меварзад. Ӯ дар омода намудан ва гузаронидани маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён дар кафедра фаъолона иштирок менамояд. Машғулиятҳои омӯзгор ба талаботи замона ҷавобгу мебошанд.  Дар ӯ ҳисси ҷавобгарӣ нисбати худ ҳангоми фаъолият хуб ба назар мерасад. Нисбати худ ва донишҷӯён серталаб мебошад. Дар маъракаҳо оиди ободонӣ ва сабзу зебогардонии саҳни коллеҷ ва шаҳр фаъолона иштирок менамояд. Ҳама гуна қарору дастурҳое, ки аз тарафи вазоратҳо ва роҳбарияти Коллеҷ пешниҳод мешаванд софдилона ва сари вақт иҷро менамояд.


АББОСОВА МЕҲРИНИСО АБДУХОЛИҚОВНА

Соли таваллуд – 1985;
Миллат – тоҷик;
Собиқаи кории умумӣ – 12;
Собиқаи кории омӯзгорӣ   –8;
Дараҷаи тахассусӣ – дуюм;
Унвони илмӣ –надорад;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад.

Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна, 18 феврали соли 1985 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2002 ба омузишгоҳи тибби ноҳияи Данғара   дохил шуда, соли 2004 омузишгоҳи мазкурро хатм намуда ихтисоси ҳамшираи тиббиро гирифтааст. Баъди хатми омузишгоҳ, дар вазифаи ҳамшираи тиббии ноҳияи мазкур фаъолият намудааст. Соли  2007 барои идомаи таҳсил ҳуҷҷутҳои худро ба кафедраи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорда соли 2012 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси биолог хатм намудааст. Ҳамзамон дар давоми таҳсил аз соли 2008 дар вазифаи коргузорӣ Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактики ва баъдан аз моҳи апрели соли 2009 то инҷониб дар вазифаи сардори шӯъбаи кадрҳои Пажуҳишгоҳ фаъолият карда истодааст. Аз соли 2012 дар кафедраи «Ташхиси лаборатории»-и Коллеҷи тибби ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамояд. Ҳамзамон дар гузаронидани тадқиқот доир ба таҳлили раванди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» ва гузаронидани тадқиқот оид ба «Муайян намудани вазъи ғизои модарону кӯдакон (хусусан занони ҳомиладор, модарони синамакон, кӯдакон ва навзодон дар минтақаҳои деҳотӣ)»  иштирок менамояд. Дар давоми фаъолияти корӣ ӯ худро ҳамчун мутахассиси   болаёқат  нишон дода, ҳамеша савияи дониши худро, чӣ дар соҳаи худ ва чӣ дар илмҳои дигар баланд мебардорад. Аббосова М.А. ҳамчун мутахассиси хуб ва кордон соҳиби эрудитсияи баланд буда, дар байни ҳамкорон ва мизоҷон соҳиби обрӯи хоса мебошад.  Омӯзгор дорои дониши кофии тахассусӣ буда пайваста барои такмил додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар дарсҳои омӯзгорони пуртаҷриба иштирок менамояд. Дар тартиб додани маводҳои таълимӣ-методӣ фаъолона ширкат менамояд. Ӯ дар омода намудани дастурҳои таълимии “Кориҳои тибби-ташхисӣ” саҳми босазо гузоштааст. Омӯзгор ҳамеша аз болои худ оиди баланд бардоштани донишу малака, таҷрибаи омӯзгорӣ ва тахассусӣ кор мебарад. Қариб ҳамасола машғулятҳои кушоду намунавӣ мегузаронад. Дар ҳама чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии коллеҷ фаъолона ширкат меварзад. Ӯ дар омода намудан ва гузаронидани маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён дар кафедра фаъолона иштирок менамояд. Машғулиятҳои омӯзгор ба талаботи замона ҷавобгу мебошанд.  Дар ӯ ҳисси ҷавобгарӣ нисбати худ ҳангоми фаъолият хуб ба назар мерасад. Нисбати худ ва донишҷӯён серталаб мебошад. Дар маъракаҳо оиди ободонӣ ва сабзу зебогардонии саҳни коллеҷ ва шаҳр фаъолона иштирок менамояд. Ҳама гуна қарору дастурҳое, ки аз тарафи вазоратҳо ва роҳбарияти Коллеҷ пешниҳод мешаванд софдилона ва сари вақт иҷро менамояд. Ҳамзамон аъзои иттифоқи касаба ва аъзои ҲХДТ ба шумор рафта дар маҷлисҳои ҷавонон фаъолона иштарок намуда ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид дар чодаи фаъолияти корӣ пешниҳод менамуд.


БОБОЕВА ТАХМИНА БОЙМАТОВНА

Соли таваллуд – 1986;
Миллат – тоҷик;
Собиқаи кории умумӣ – 10;
Собиқаи кории омӯзгорӣ   –8 ;
Дараҷаи тахассусӣ – надорад;
Унвони илмӣ –надорад;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад.

Бобоева Тахмина Бойматовна соли 1986 дар ноҳияи бохтари вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2008 баъди хатми мактаби таҳсилоти  миёнаи умумӣ ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда коллеҷи мазкурро соли 2011 бо ихтисоси «Кори лабораторӣ» хатм намудааст. Шӯруъ аз соли 2012 ба ҳайси озмоишгари кафедраи «Ташхисӣ лабораторӣ» фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон дар Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактики Тоҷикистон ба ҳайси озмоишгари озмоишгоҳи бактериологӣ фаъолияти илмии худро давом дода истодааст. Инчунин доир ба таҳлили раванди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» ва гузаронидани тадқиқот оид ба муайян намудани вазъи ғизои модарону кӯдакон (хусусан занони ҳомиладор, модарони синамакон, кӯдакон ва навзодон дар минтақаҳои деҳотӣ) иштирок менамояд. Дар гузаронидани машғулиятҳои омӯзгорон  дар ӯ ҳисси ҷавобгарӣ нисбати вазифаи худ ҳангоми фаъолият хуб ба назар мерасад. Нисбати худ ва касби интихобнамудаасш серталаб мебошад. Дар маъракаҳо оиди ободонӣ ва сабзу зебогардонии саҳни коллеҷ ва шаҳр фаъолона иштирок менамояд. Ҳама гуна қарору дастурҳое, ки аз тарафи вазоратҳо ва роҳбарияти Коллеҷ пешниҳод мешаванд софдилона ва сари вақт иҷро менамояд. Ҳамзамон аъзои иттифоқи касаба ва аъзои ҲХДТ ба шумор рафта дар маҷлисҳои ҷавонон фаъолона иштарок намуда ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид дар чодаи фаъолияти корӣ пешниҳод менамуд.


ХОЛОВ САИД ИБОДОВИЧ

Соли таваллуд – 1957;
Миллат – тоҷик;
Собиқаи кории умумӣ – 37;
Собиқаи кории омӯзгорӣ   –8 ;
Дараҷаи тахассусӣ – дуюм;
Унвони илмӣ –надорад;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад.

Холов  Саид Ибодович 20 марти соли 1957 дар колхози Ленинизм учаскаи Обигарми ноҳияи Ҳисор дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1974 пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сафи хизмати ҳарбӣ равона шуда соли 1976 хизмати ҳарбиро ба анҷом расонидааст. Соли 1976 ба коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ омузишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе) дохил шуда онро соли 1979 бо ихтисоси техники стамотологӣ ба итмом расонидааст. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супорида, ҳамзамон дар аз курси 3-юми донишҷуи ба ҳайси ҷарроҳи ҷоғу рӯй дар шаҳраки тиббӣ ба фаъолият шуруъ намудааст. Соли 2012 ба вазифаи муовини директори пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон таъин карда шуд. Шуруъ аз соли 2014 ба ҳайси омузгори Кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” фаъолият карда истодааст. Инчунин доир ба таҳлили раванди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» ва гузаронидани тадқиқот оид ба муайян намудани вазъи ғизои модарону кӯдакон (хусусан занони ҳомиладор, модарони синамакон, кӯдакон ва навзодон дар минтақаҳои деҳотӣ) иштирок менамояд. Омӯзгор дорои дониши кофии тахассусӣ буда пайваста барои такмил додани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар тартиб додани маводҳои таълимӣ-методӣ фаъолона ширкат менамояд. Ӯ дар омода намудани дастурҳои таълимии “Кориҳои тибби-ташхисӣ” саҳми босазо гузоштааст. Омӯзгор ҳамеша аз болои худ оиди баланд бардоштани донишу малака, таҷрибаи омӯзгорӣ ва тахассусӣ кор мебарад. Қариб ҳамасола машғулятҳои кушоду намунавӣ мегузаронад. Дар ҳама чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии коллеҷ фаъолона ширкат меварзад. Ӯ дар омода намудан ва гузаронидани маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён дар кафедра фаъолона иштирок менамояд. Машғулиятҳои омӯзгор ба талаботи замона ҷавобгу мебошанд. Дар ӯ ҳисси ҷавобгарӣ нисбати худ ҳангоми фаъолият хуб ба назар мерасад. Нисбати худ ва донишҷӯён серталаб мебошад. Дар маъракаҳо оиди ободонӣ ва сабзу зебогардонии саҳни коллеҷ ва шаҳр фаъолона иштирок менамояд. Ҳама гуна қарору дастурҳое, ки аз тарафи вазоратҳо ва роҳбарияти Коллеҷ пешниҳод мешаванд софдилона ва сари вақт иҷро менамояд. Ҳамзамон аъзои иттифоқи касаба ва аъзои ҲХДТ ба шумор рафта дар маҷлисҳои ҷавонон фаъолона иштарок намуда ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид дар чодаи фаъолияти корӣ пешниҳод менамуд.


МУБОРАКҚАДАМОВА РАЪНОГУЛ ХУШҚАДАМОВНА

Соли таваллуд – 1969;
Миллат – тоҷик;
Собиқаи кории умумӣ – 30;
Собиқаи омузгори  – 6;
Дараҷаи тахассусӣ – дуюм;
Унвони илмӣ –надорад;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад.

Муборакқадамова Раъногул Хушқадамовна  22 октябри соли 1969 дар ноҳияи Ишкошими В.М.К.Б ба дунё омадааст. Соли 1987 мактаби миёнаро хатм намуда соли 1988 ба омузишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе Факултаи «фельдшери лаборантӣ» қабул шуда соли 1990 онро хатм намуда ба ноҳияи Ишкошими В.М.К.Б ба ҳайси озмоишгари Озмоишгоҳи клиники дохили кор шудааст. Соли 1994 то 1999 дар озмоишгоҳи клиники кушунҳои сарҳадии №9878-ти Руссия дар Тоҷикистон фаъолияти кории худро давом додааст. Соли 1997 аз тарафи сарфармондеҳи кушунҳои номбар шуда бо «Раҳматнома»мукофонида шудааст. Аз соли 2000 бошад дар Маркази Саратоншиносии Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмоишгоҳи Патанатоми бахши гистологӣ қабули кор шудааст. Соли 2001 ба Пажуҳишгоҳи илмию татқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон дар Озмоишгоҳи У.Ш.Р-и дохили кор шудааст. Худи ҳамин сол ба Донишгоҳи Милии Тоҷикистон  ба факултаи Биология дохил шудааст. Соли  2008 дар семенар-Тренинги Микробиологҳо дар Тоҷикистон аз тарафи И.И.Т.Т Америкои-Департаменти касалиҳои руда Отделения Микорбиология иштирок намуда сазовори сертификат гашт. Дар соли 2009 корманди хурди илмии озмоишгоҳи бактериологи ПИТТПТ таин шудааст. Аз соли 2011 ба хайси озмоишгар оиди корҳои амали фанни Микробиология дар колеҷи тибби дохили кор шудаааст. Соли 2014 дар курсҳои омузиши оид ба Назорати биобехатари ва биопешгири коргарони озмоишгоҳои Тоҷикистон гузашта соҳиби сертификат шудааст. Соли 2014 бошад ҳамчун омузгори фанни «Микробиология ва асосҳои вогршиноси»дар коллеҷи тиббии шахри Душанбе корро давом дода истодааст. Дар маъракаҳо оиди ободонӣ ва сабзу зебогардонии саҳни муассиса ва шаҳр фаъолона иштирок менамояд. Ҳама гуна қарору дастурҳое, ки аз тарафи вазоратҳо ва роҳбарияти пажӯхишгох пешниҳод мешаванд софдилона ва сари вақт иҷро менамояд. Ҳамзамон аъзои иттифоқи касаба ва аъзои ҲХДТ ба шумор рафта дар маҷлисҳои ҷавонон фаъолона иштарок намуда ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид дар чодаи фаъолияти корӣ пешниҳод менамуд.


ХУДЖАГЕЛДИЕВА ЗУЛФИЯ УРУНОВНА

Соли таваллуд – 1951;
Миллат – узбек;
Собиқаи кории умумӣ – 42;
Собиқаи кории омӯзгорӣ   –10 ;
Дараҷаи тахассусӣ – надорад;
Унвони илмӣ – номзади илми тибб;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – аълочии ВТ ва ҲИА ҶТ.

Худжагелдиева Зулфия Уруновна  соли 1951 дар Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд шудааст. Соли 1975 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тошкент дохил шуда донишгоҳро соли 1978 бо ихтисоси бактериолог ба итмом расонидааст.   Соли 1978 баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси мудири озмоишгоҳи бактериологии хадамоти назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбеш) –и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 1978 то 1980 дар вазифаи табиб эпидемиологи Беморхонаи марказии № 3 – и шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.   Соли 1981 ба озмоишгоҳи таксикологии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактики Тоҷикистон ба кор омада дар соли 1991 дар худи ҳамин муассиса ҳимояи номзадии худро дар мавзӯъи «Токсикологическая характеристика  рисана,  оксим банвелла  Д и их гигиеническая регламентация в объектах окружающей среды» гузаштааст. Дар соли 1997 ба озмоишгоҳи уфунатҳои шадиди руда тавасути гузариш ба ҳайси корманди хурди илми гузаронида шуда аз соли 2007 инҷониб вазифаи мудири озмоишгоҳи номбурдаро ба душ дорад. Роҳбари илмӣ дар мавзуъи:  «Современная этиологическая структура и антибиограмма возбудителей внутри – больничных инфекций в родильных домах  г. Душанбе», инчунин дар лоиҳаи тадқиқоти бунёди аз ҳисоби фонди Президенти дар мавзуъи «К микробиологической и генетической характеристике основных патогенных стафилококков, выделяемых при острых кишечных инфекциях у детей» ба шумор меравад. Аз соли 2010 то инҷониб ба ҳайси омузгори кафедраи «Ташхиси лабораторӣ»-и Коллеҷи тибби ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамкор фаъолият карда истодааст. Ҳамзамон аъзои иттифоқи касаба ва аъзои ҲХДТ ва аъзои ҷомеъаи фонӣ «American society for Microbiology»,  ба шумор рафта дар маҷлисҳои ҷавонон фаъолона иштарок намуда ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид дар чодаи фаъолияти корӣ пешниҳод менамуд Дорои мукофоти аълочии Вазорати тандурустӣ мебошад. Дар саволҳои табибон ва муассисаҳои табобатию профилактики шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои бактериологӣ ба таври зарури суҳбату семинарҳо мегузаронад. Дар семинару конфронсҳои илмӣ ва байналмилалии дохиливу хориҷи фаъолона иштирок менамояд. Аз ҷониби З. Хуҷагелдиева 98- мақолаҳои илмӣ, 3 – дастури методӣ, 4- дастурҳо ва 6 навовариҳо ба таб расонида шудааст.


ҲУСЕЙНОВ МУРОДҶОН ҲАЙДАРАЛИЕВИЧ

Соли таваллуд – 1991;
Миллат – тоҷик;
Собиқаи кории умумӣ – 5 сол;
Собиқаи кории омӯзгорӣ  –5 сол;
Дараҷаи тахассусӣ – надорад;
Унвони илмӣ –надорад;
Ҳизбият – ҲХДТ;
Мукофотҳо – надорад;

Хусейнов Муродҷон Хайдаралиевич соли 1991 н. Панч ба дунё омадааст. Соли 1998 қадами аввалини худро ба мактаби миёнаи № 32 гузошта соли 2009 Литсейи Давлатии н. Панчро хатм намудааст. Соли 2010 хуччатхои худро ба ДМТ ба факултети биология супорида соли 2015 ба мувафакият хатм кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси омузгори кафедраи «Ташхиси лабораторӣ»-и Коллеҷи тибби ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамкор фаъолият карда истодааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.