Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТИББӢ-БИОЛОГӢ

Кафедра. Соли 2000 ташкил карда шудааст. Роҳбари аввалини он (2000 – 06) н.и.т. Маҳмудова Замира Қосимовна буд. Солҳои 2006–2009 роҳбарии кафедраро н.и.т. Муминов Ҷумъахон Саидюсуфович ба зимма дошт. Солҳои 2009 – 2018 роҳбари кафедраро Лолаев Саймумин Шералиевич ба уҳда доштанд. Аз соли 2019 мудири кафедра Раҳмонова Мевагул Шарифовна мебошанд. Дар кафедра 23 нафар омӯзгорон фаъолият  менамоянд. Аз он ҷумла бо тахассуси дараҷаи олӣ – 4 нафар, тахассуси дараҷаи якум – 4 нафар, тахассуси дараҷаи дуюм – 6 нафар, бе дараҷаи тахассусӣ дараҷаи умумӣ – 9 нафар. Кафедра мутобиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарият амал намуда, мақсад дорад, ки сатҳи донишу ҷаҳонбинии донишҷӯёнро инкишоф диҳад, сифати таълиму тарбияро хуб ба роҳ монад, маводди таълимиро ба низоми муайян дарорад.  Дар кафедра дастурҳои зерин таҳия шудаанд : «Маҷмӯаи лексияҳо оиди физикаи тиббӣ-биологӣ»; «Асосҳои кимиёи физикӣ», бо забони тоҷикӣ; «Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз фанни биология бо асосҳои экология», бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; «Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз фанни кимиёи биоорганикӣ», бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; «Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни асосҳои генетикаи тиббӣ», бо забони тоҷикӣ; Барномаҳои таълимии фанҳои мутааллиқ ба кафедра (зиёда аз 17 барнома). Ҳамчунин «Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демографии он» ва китоби дарсӣ аз фанни «Асосҳои дониши экологӣ» чоп шудаанд. Таҳти роҳбарии мудири кафедра Раҳмонова М.Ш. китоби дарсии “Маҷмӯаи лексияҳо аз фанни кимиёи биологӣ” дар арафаи чоп мебошад.


МУДИРИ КАФЕДРАИ “ТИББӢ-БИОЛОГӢ”
РАҲМОНОВА МЕВАГУЛ ШАРИФОВНА

(тав. 21. 03.1972, ноҳияи. Кӯлоб), омӯзгор. Хатмкардаи Омузишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе (1989).Фаъолияти кориашро ҳамшираи тиббӣ шуъбаи бемориҳои гӯшу бини (ЛОР) дар дармонгоҳи №12 шаҳри Душанбе (1989 – 1995) оғоз намудааст. ДДОТ ба номи С. Айни шуъбаи ғоибонаи факултаи биологияро аъло хатм намудааст. Ҳамзамон сармутахассиси шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Фирдавсӣ шуда кору фаъолият намудааст. Аз соли 2019 то инҷониб ба сифати мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” фаъолият дорад. Муаллифи китоби “Маҷмӯи саволҳои тестӣ аз фанни биология” дастур барои довталабони мактабҳои олӣ (2020).


ВАЛИЕВ АБДУРАҲМОН ТАВАККАЛОВИЧ

(тав. 18.01.1966, ноҳияи Ванҷ)   омӯзгор.  Хатмкардаи факултаи география ва биологияи Ин-ти педагогии Тоҷикистонба номи Т. Г. Шевченко  (ДОТ;1989).Хизматдар сафи  Қувваҳои мусаллаҳ (1984–86), муаллими Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №60 ноҳияи Вахш (1989–2005), омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №19 ноҳияи Рӯдакӣ (2005–14) буд. Аз соли 2014 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Муаллифи якчанд мақолаву дастурамалҳо мебошад: “Пешвои миллат ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон” (2019), “ Нақши технологияи иттилооотию комуникатсионӣ дар таълими фанни география” (2017, Омӯзгор) ва “Вазъи норасоии об  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” .


САЛИМЗОДА ШАҲНОЗАИ АШУРАЛӢ

(тав.16.04.92, ш.Ваҳдат), омӯзгор.  Хатмкардаи ДДОТ ба номи  Садриддин Айнӣ (2013).  Аз соли 2013 дар кафедраи «Фанҳои тиббӣ -биологӣ» – и  муассисаи номбурда ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Ӯ машғулиятҳоро  шавқовар мегузаронад ва аз  усулҳои муосири таълим хуб  истифода мебарад.


МУРОДОВ КОМИЛШОҲ САИДАҲТАМОВИЧ

(тав. 07.10.1995, ноҳияи Фархор), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи кимиёи ДМТ (2018). Омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115, ноҳияи Рӯдакӣ ( 2014 – 2018) буд.  Аз 01. 09. 2018 омӯзгори фанни химияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.  Омӯзгор зимни гузаронидани машғӯлиятҳо бо донишҷӯён аз услубҳои муосири таълим истифода  намуда, кӯшиш менамояд, ки донишҷӯёнро  ба омӯзиши таълим ҷалб намояд.


ЛАЪЛБЕКОВА САТРИНА СУЛТОННАЗАРОВНА

(тав. 01.10.1981, ноҳияи Роштқалъа)  омӯзгор.  Хатмкардаи факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2004). Фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис-кимиёдон дар озмоишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии «Оби тоза» (2004–06) оғоз кардааст. Аз соли 2006 ба ҳайси омӯзгори фанни кимиё дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кор мекунад. Ҳамзамон аспиранти факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.


МАМАТОВА РИСОЛАТ МИНГБОБОЕВНА

(тав. 21.11.1966, ноҳияи Шаҳринав) омӯзгор. Хатмкардаи Институти  давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (1988). Ба ҳайси муаллимаи биология ва кимиёи мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Данғара (1988–93) корро шурӯъ намудааст. Азсоли 1993 то ин ҷониб аз фанни билогия ба донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дарс мегӯяд. Муаллифи китоби дарсии “Асосҳои генетикаи тиббӣ”.Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015).


МУҲИДДИНОВ ҶАМШЕД АЙНИДДИНОВИЧ

(тав. 27.01.1966, ноҳияи Фархор) омӯзгор. Хатмкардаи факултаи география ва биологияи Институти педагогии Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (1989). Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ (1984–86 Ҷ.И. Афғонистон), омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №21-и ноҳияи Вахш (1989–93), корманди Корхонаи воҳиди давлатии обу корези шаҳри Душанбе (1993– 2011) буд. Аз соли 2011 муаллими фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ба шогирдон дарс мегӯяд.


НАЗАРОВА ХАЙРИНИСО ХОЛНАЗАРОВНА

омӯзгор. Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраеви ш. Душанбе (1992). Фаъолияти омӯзгориашро аз мактаби таҳсилоти умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ (1992–2013) оғоз на-мудааст. Аз соли 2013 муаллимаи фанни биологияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.


РАҲМОНОВ РАҲИМ МИРЗОЕВИЧ

омӯзгори дараҷаи тахассуси олӣ. Хатмкардаи факултаи кимиёи Университети давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ; 1983). Фаъолияти кориашро аз соли 1983 ба ҳайси муҳандиси кимиё дар муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст. Аз соли 2006 то ин ҷониб дар кафедраи «Фанҳои тиббӣ-биологӣ” – и  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омӯзгори фанни кимиё ба донишҷӯён дарс мегӯяд.


АВЕЗОВ ТАҒОЙМУРОД ШОМУРОДОВИЧ

(тав. 15.02.1991, деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд ) омӯзгор. Хатмкардаи факултаи биологияи ДМТ (2014). Аз соли 2014 омӯзгори кафедраи “фанҳои тиббӣ- биологӣ” мебошад. Соли 2015 аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Институти ботаника, физиология ва гинетикаи растаниҳои АИҶТ. Дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси физиологию биохимиявӣ дар онтогенези гандум вобаста аз таъсири танзимкунандаҳои рушду нумӯъ” ( антиоксидантҳо ) дар зери роҳбарии д.и.б. профессор. Эргашев А рисолаи илмӣ эҷод намуда истодааст. Якчанд дастури таълимӣ аз ҷумла “Асосҳои экология” (маҷмӯаи лексияҳо) ва “Биология” ( дастури таълимӣ ) – ро мураттаб намудааст. Дар баробари ин якчанд мақолаҳои илмӣ ва фишурдаҳоро вобаста ба рисолаи номзадӣ дар журналҳои Ахбори АИҶТ ва Гузоришҳои АИҶТ нашр намудааст. Феълан қисмати дуюми рисолаи номзадии хурдро иншо намуда истодааст.


БЕРДИЕВ МАҲМАДНАЗАР ГУЛМИРЗОЕВИЧ

(тав 07.02.1960, деҳаи Анзоб ноҳияи Айнии вилояти Суғд) омӯзгор. Хатмкардаи Ун-ти давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ; 1982). Омӯзгори фанни биологияи мактаби таҳсилоти умумии №22-и деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ (1982–2003), муаллими фанни биологияи литсейи интернати ҷумҳуриявии Президентӣ барои кӯдакони болаёқат (2003–14) буд. Аз соли 2014 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омӯзгори фанни биология фаъолият намуда истодааст.


ШОДИЕВ ШОДИБОЙ КУЧАКОВИЧ

(тав. 01.01.1989, деҳаи Дарғ н. Айнӣ, вилояти Суғд), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи биологияи ДМТ (2012). Солҳои 2013 – 2015 дар МТМУ № 5 д. Дарғ н. Айнӣ фаъолият намуда аз соли 2015 то соли 2017 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то ҳол дар кафедраи “фанҳои тиббӣ- биологӣ” кору фаъолият дорад. Якчанд дастури таълимӣ аз ҷумла “Асосҳои экология” (маҷмӯаи лексияҳо), “Биология” (дастури таълимӣ), мураттаб намуда инчунин “Химия” (дастури таълимӣ) аз 2-қисм, маҷмӯи Саволҳои тестӣ аз фанни “Биология” барои довталабони мактабҳои олӣ ба табъ расонидааст. Феълан  дар таҳияи маҷмӯи саволҳои тести аз фанни билогия, химия, физика барои довталабони мактабҳои олӣ машғул аст.


МАДИСОЕВА МОҲИРА РАҲМОНОВНА

(тав 04.01.1981.н. Ҳамадонии вилояти Хатлон) Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005). Солҳои 2005-2009 дар мактаби таҳсилоти умумии №30-и ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе фаъолияти омӯзгори дошт. Аз соли 2009 дар кафедраи “фанҳои тиббӣ- биологӣ” ба донишҷӯён аз фанни биология дарс мегӯяд. Ӯ машғулият-ҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.


ҲИМАТОВА БИБИСОРО ҶАББОРОВНА

(тав 28.12.1961. н.Темурмалик) омӯзгор. Хатмкардаи факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1983). Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Темурмалик (1983–2006), муаллими мактаби таҳсилоти умумии №14-и шаҳри Сарбанд (2007–14) буд. Аз соли 2014 дар кафедраи “фанҳои тиббӣ- биологӣ” ба донишҷӯён аз фанни биология, экология ва генетика дарс мегӯяд. Дар рафти фаъолияти кории худ дастури таълимӣ бо номи “Биологияи тиббӣ” мураттаб намудааст.


ҲИСАЙНОВ САЙФИДДИН ТАЛАБОВИЧ

(тав. 18.11.1992, ноҳияи Ҳамадонӣ) омӯзгор. Хатмкардаи ДМТ (соли 2018).   Аз соли 2019 то инҷониб ба сифати омӯзгори фанни биология дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору  фаъолият дорад. Зимни гузаронидани машғӯлиятҳо омӯзгор аз услубҳои муосири таълим истифода менамояд.


ЁРМАДОВ ПАРВИЗ БЕГМУРОДОВИЧ

(тав. 21.02.1989, ноҳияи Ҳамадонӣ) омӯзгор. Хатмкардаи  факултаи биологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (соли 2012).  Омӯзгори фанни биология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ш. Душанбе (2011 – 2018). Аз соли 2018 то инҷониб ба сифати омӯзгори фанни биология дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Зимни гузаронидани  машғӯлиятҳо омӯзгор аз услубҳои муосири таълим истифода менамояд.


ҚУРБОНАЛИИ РАҶАБАЛӢ

(тав. 11.06.1992, ноҳияи Восеъ) омӯзгор. Хатмкардаи  факултаи биологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (соли 2014).  Омӯзгори фанни биология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 н. Восеъ (2014 – 2018). Аз соли 2018 то инҷониб ба сифати  омӯзгори фанни биология дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Омӯзгор дар раванди таълим тамоми малакаву маҳорати худро истифода намуда, донишҷӯёнро ба таълим ҷалб менамояд.


МУЛЛОЕВА ГУЛРУХСОР МАЗАБШОЕВНА

(тав. 10.03.1979, ноҳияи Ишкошим) омӯзгор. Хатмкардаи  факултаи химия ва биологияи  ДДОТ ба номи С. Айнӣ (соли 2000).  Омӯзгори фанни химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №76 ш. Душанбе (2000 – 2005). Аз соли 2005 то инҷониб ба сифати омӯзгори фанни химия дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору  фаъолият дорад. Зимни гузаронидани машғӯлиятҳо омӯзгор аз услубҳои муосири таълим истифода менамояд.


ОДИНАЕВ ДАВЛАТАЛӢ РАҶАБАЛИЕВИЧ

(тав. 20.05.1996, ноҳияи Фархор) омӯзгор. Хатмкардаи  факултаи биологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (соли 2018).  Омӯзгори фанни биология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №181 н. Рӯдакӣ (2016 – 2018). Аз соли 2018 то инҷониб ба сифати омӯзгори фанни биология дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Зимни гузаронидани машғӯлиятҳо омӯзгор аз услубҳои муосири таълим истифода менамояд.


УМАРОВА МУНИРА РАҲМОНОВНА

(тав. 15.12.1990, шаҳри Кӯлоб) омӯзгор. Хатмкардаи  факултаи химия ва биологияи  ДДК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (соли 2012).  Омӯзгори фанни химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ш. Кӯлоб  (2012 – 2015), омӯзгори фанни химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ш. Хуҷанд (2015 – 2019) буд. Аз соли 2019 то инҷониб ба сифати  омӯзгори фанни биология дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Зимни гузаронидани  машғӯлиятҳо омӯзгор аз услубҳои муосири таълим истифода менамояд.


ҲАКИМОВ АБДУСАЛИМ ОДИНАЕВИЧ

(тав. 10.11.1958, ноҳияи Восеъ) омӯзгор. Хатмкардаи факултаи химия ва биологияи Ин-ти педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ДОТ;1980).  Омӯзгори фанни химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №19 н. Восеъ (1980 – 2000), баромадкунандаи хонишҳои педагогии  ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буда, сазовори Ифтихорномаи вазорати маорифи РСС Тоҷикистон (1985), унвони муаллими калон (1987), омӯзгори фанни химия дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 ш. Душанбе (2000 – 2012) буд. Аз соли 2012 то инҷониб ба сифати  омӯзгори фанни химиядар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору  фаъолият дорад. Зимни фаъолияти кориаш дар Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ  аз тарафи омӯзгор якчанд барпномаҳои  таълимӣ тартиб дода шудааст. Муаллифи чор мақолаи илмӣ мебошад, ки мақолаҳояш  дар маҷаллаи “Нигоҳдории тандрустӣ” чоп шудаанд. Инчунин муаллифи ду китоби дарсӣ (Химияи биоорганикӣ” (с 2017), “Асосҳои химияи физикӣ ва коллоидӣ”(с 2018)) мебошад.


АБДУЛЛОЕВА СОФИЯ ЧАРОҒОВНА

(тав. 10.008.1955 шаҳри Хоруғ), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳозираДМТ; 1990). Тахассуснокияш олӣ. Аълочии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016).Муаллими фанни химия ва биология дар мактаби миёнаи шабона (1990–92). Аз соли 1992 то инҷониб омӯзгори фанни биологияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошанд.


ХОЛОВ ФАРИДУН ҲАЙДАРАЛИЕВИЧ

(тав. 17.02.1994, н. Темурмалик) омӯзгор. Хатмкардаи  факултаи географияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (соли 2017).  Магистранти ДДОТ ба номи С.Айнӣ  (2017 – 2019). Аз соли 2019 то инҷониб ба сифати омӯзгори фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демографияи он кору фаъолият дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.