Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАРРОҲИЯ

Кафедраи ҷарроҳия тибқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.04.2002с. №87 дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи акад. К.Т.Тоҷиев таъсис дода шудааст. Солҳои 2002-2007 роҳбарии мудири кафедраро н.и.т. Муҳаббатов Ҷ.Қ. ба ӯҳда дошт. Аз соли 2007 то 2019 роҳбарии мудири кафедраро н.и.т. Пулотов К.Ҷ. ба ӯҳда дошт. Аз соли 2019 то инҷониб роҳбарии кафедраро н.и.т. Ғаюров У.Х ба ӯҳда дорад. Инчунин дар пойгоҳи муассисаҳои табобатию профилактики ш. Душанбе, аз ҷумла, МДБКШЁТТ (2), Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ (2), Маркази миллии ташхис (4), МСШ №11(1), Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» (1 ), Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи акад. К.Т.Тоҷиев (5), кабинетҳои таълимии кафедра мавҷуданд. Дар кафедра ҳайати пуртаҷрибаи омӯзгорон фаъолият доранд, аз ҷумла омӯзгорони асосӣ – 19 нафар ва ҳамкорон  – 8 нафар. 3 нафар  омӯзгор дорои унвони номзади илмҳои тиб буда, 3 нафар аълочии тандурустӣ мебошанд. Кафедраи Ҷарроҳия барои  баланд бардоштани савияи донишу малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи бемориҳои ҷарроҳӣ, инчунин ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо вазифаҳои асосии зеринро ба ӯҳда дорад:
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра ба ҳисоб рафта, дар ин давра кормандони кафедра доир ба ҷабҳаҳои гуногуни соҳаи ҷарроҳӣ зиёда 95 мақолаҳои илмӣ ва 40 фишурдаҳо дар журналҳои тақризшавандаи Комиссияи аттестатсионии олии Федератсияи Русия: “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон”, “Здравоохранения Российской Федерации”, “Ахбори академияи илмҳои ҶТ”, “Маърӯза ба академияи илмҳои ҶТ, “Паёми Сино” нашр гардидаанд. Инчунин дар ҳамин давра 6 ихтироот, 10 пешниҳодоти  ратсионализаторӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз аввали фаъолияташ кафедра аз рӯи нақшаи «Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ» амал намуда, то имрӯз 5 нафар омӯзгорони асосӣ рисолаи номзадии илмиашонро ҳимоя намуда, соҳиби унвони илмӣ гардиданд:

1) Ғаюров Умедҷон Хайридинович мудири кафедра, рисолаи номзадӣ дар мавзӯи: -“Ташхис ва усули табобати холангити шадиди фасоднок”, соли 2017 ҳимоя гардид;

2)Пулотов Камолҷон Ҷамолович -“Аҳамияти туршшавии пероксидии липидҳо ва муҳофизати антиоксидантии пардаи мухотии рострӯда ҳангоми тарқишҳои музмини мақъад”, соли 2011 ҳимоя гардид;

3) Латифов Шерзод Эргашевич – рисолаи номзадӣ дар мавзӯи: “Вайроншавии ҳемостаз ва батанзим даровардани он дар мавриди ҷарроҳиҳои рӯдаи ғафс дар кӯдакон”, соли 2012 ҳимоя гардид;

4) Нуров Зоиршо Маҳмадович – рисолаи номзадӣ дар мавзӯи – “Тактика ва муолиҷаи ҷарроҳии бемории ҷоғар” соли 2012 ҳимоя гардид;

5) Расулов Неъматулло Исматуллоевич – рисолаи номзадӣ дар мавзӯи: “Муккамалнамоии услубҳои холесистэктомияи лапароскопӣ дар муолиҷаи бемории музмини санги сафро”, соли 2015 ҳимоя гардид.

Аз ҷониби омӯзгор Полтангов О.В. кори илмӣ дар мавзӯи “Моҳияти клинико-имунологии офталмогерпес дар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва омӯзгор Ҳайдаров С.С. дар мавзӯи: «Тарзи муолиҷаи зиддипаразитарии эхинококкози ҷигар дар офиятбахшии маҷмӯии ҷарроҳии беморон (таҳқиқоти клиникӣ-озмоишӣ, роҳбари илмӣ, д.и.т., профессор Гулов М.Қ.) кор бурда истодаанд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии  донишҷӯён мунтазам истифода бурда мешавад.


БАЛАҶОНОВ ШОДИ МИСВОХУДИНОВИЧ

21 ноябри 1988 дар ноҳияи  Ёвони Вилояти  Хатлон дар оилаи меҳнатчӣ ба дунё омадам. Соли 1995дар шаҳри  Душанбе ба синфи 1-ум  Мактаби миёнаи таълимоти умумии №8 ба номи Е.Н.Павловский рафтаам. Мактаби номбурдаро дар соли дар соли 2006 хатм намудам. Соли 2008 дар Донишгохи Давлатии Тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар факултаи тиббӣ, шӯъбаи рӯзона дохил шудам. Ин донишгоҳро дар соли 2014  бо ихтисоси табиб-ҷарроҳ  хатм намудам. Аз 01. 08. 2014 с, дар Муассисаи Маркази Давлатии Тибии шаҳрии №2 роҳхат дода марҳилаи  интернатура-ро   то 30.06.2015сол гузаштам. Аз соли 2015 то  2017 сол марҳилаи ординатура дар Донишгохи Давлатии Тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кафедраи Ҷарроҳии умумии №1 гузаштаам. Айни ҳол ассистенти кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия»   Коллеҷи тибби Ҷумҳуриявӣ ҳамчун коргари асосии кору фаъолият дорам. Оиладор соҳиби -2 фарзанд.


МУДИРИ КАФЕДРАИ “ҶАРРОҲИЯ”
ҒАЮРОВ УМЕДҶОН ХАЙРИДИНОВИЧ

6-уми феврали соли 1974 дар оилаи коргар дар н. Фархор таваллуд ёфта ба воя расидаам. Баъди хатми мактаби миёнаи № 3 ба номи А. Ҷоми, солҳои 1993 – 1999 факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тибии ба номи Абуали Ибни Синоро хатм намуда, ординатураи клиникиро дар БКШЁТТ гузаштаам. Аз соли 2001- ум дар Вазорати Тандурустии Ҷ.Т ҳамчун муовини сардори шуъбаи таъминоти махсус ва дар баробари он ҳамчун духтури ҷарроҳ дар шуъбаи ҷарроҳиҳои ҷигар, роҳҳои талхагузар ва ғадуди зери меъдаи Б.К.Ш.Ё.Т.Т ш. Душанбе.  фаолият кардаам. Баъди гузаштани такмили ихтисос дар ш. Санкт Петербурги ФР. Аз соли 2005 ум ҳамчун духтури эндоҷарроҳи шуъбаи эндовидеоҷарроҳи фаолияти худро давом додаам. Солҳои 2010 – 2013 директори Маркази Тиббиӣ Насл кор кардаам. Аз соли 2013 то инҷоним духтури эндочарроҳ дар шуъбаи эндовидеоҷарроҳии Б.К.Ш.Ё.Т.Т ш. Душанбе ва дар баробари муаллими кафедраи ҷарроҳияи колледҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кор ва фаолият карда истодаам. Оиладор соҳиби 4 фарзанд.


ҲАСАНОВ ЮСУФ САФАРОВИЧ

7-уми марти соли 1944 дар оилаи деҳқон дар шаҳри Кулоб таваллуд ёфтаст. Ӯ соли 1968 факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Душанберо хатм намуда ҳамчун мутахасиси ҷавону бо лаёқат барои таҳсил дар ординатураи клиники мононда шуд. Соли 1968 – 1970 ординатураи клиники, сипас бо роҳхати вазорати тандурустӣ ҳамчун духтури ҷарроҳ ба ноҳияи Восеъ ба кор фиристода мешавад,ки то соли 1972 мудири шӯъбаи ҷароҳии беморхонаи марказии ноҳия шуда, кор мекунад. Солҳои 1972-1973 ҳамчун ҷарроҳ дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб кор кардааст. Қобилияти ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, вазоратӣ тандурустӣ Ҳасанов Юсуф Сафаровичро барои кор ҳамчун сардухтури беморхонаи маркази ноҳияи Восеъ ба кор фиристод. Солҳои 1973-1980 сардухтур, аз соли 1980 то 1993 мудири шӯъбаи ҷарроҳии ноҳияи Восеъ шуда, кор карда аст. Солҳои 1993-1995 мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи клиникии №3 шаҳри Душанбе ва аз моҳи августи 1995 то 2010 мудири шӯъбаи 2 ум ҷарроҳи беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии тиббии таъҷили шуда кор кардааст. Аз соли 2010 то инҷониб директори маркази ҷарроҳии колеҷии тибби шуда кор мекунад.

Ҳасанов Юсуф Сафарович аз кори амалӣ дур нарафта, муалифи зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ ҳам муаллифи 3 китоби дарси барои донишҷӯёни колеҷҷи тибби мебошад, хамчун мутахассиси дараҷаи олӣ узви “ҷамияти ҷарроҳони ҷумҳурии тоҷикистон„ буда дар бисёр симпозиумҳо ва конференсияҳои собиқ иттифоқи шӯрави иштирок кардааст. Ҳасанов Юсуф Сафарович бо нишони «Аълочи нигоҳдории тандурустии ИҶШС», ифтихорномаҳои Вазорати тандурустии мукофотонида шудааст. Ӯ борҳо депутати кумитаи иҷроияи ноҳияи Восеъ интихоб шудааст.


ЛАТИФОВ ШЕРЗОД ЭРГАШЕВИЧ

29-уми сентябри соли 1977 дар оилаи коргар дар ш.Ваҳдат таваллуд ёфта ба воя расидаам. Баъди хатми мактаби миёнаи №49 ба номи С. Айни, соли 1994 дар факултаи атфоли Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино дохил шуда, соли 2000-ум онро хатм намудам. Аз соли 2000 то 2001 интернатураи ҷарроҳи кудаконаро дар базаи БКШҶК гузаштам. Баъд аз хатми интернатура соли 2001 ба ҳайси ҷарроҳи кӯдакона дар беморхонаи марказии ш.Ваҳдат кор кардам. Аз соли 2002 то 2005 дар шаҳри Санкт–Петербурги ФР дар базаи МАПО ординатураи клиникии ҷарроҳии кудакона гузаштам. Аз соли 2005 то 2007 дар беморхонаи марказии ш. Ваҳдат хамчун ҷарроҳи кӯдакона кор кардам. Дар соли 2007 ба кафедраи ҷарроҳи кӯдакона дар базаи ДТБДКСТҶТ ба хайси аспиранти рӯзона дохил шуда, соли 2011 рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам. Баъд аз химояи рисолаи илмӣ аз соли 2011 то инҷониб дар маркази ҷарроҳии колеҷҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷарроҳия кор карда истодаам. Соли 2015 курси такмили ихтисосро дар мавзуи “эндоҷарроҳии кӯдакона” дар ш. Қазони ФР гузаштам.


ШОЙМУРОДОВ ҲАЙДАРАЛӢ УМАРАЛИЕВИЧ

13-уми сентябри соли 1992 дар оилаи коргар дар н. Рӯдакӣ таваллуд ёфта ба воя расидаам. Баъди хатми мактаби миёнаи №45-и ба номи Қурбонхол Назаров, соли 2010 ба Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино факултети муолиҷавӣ дохил шуда, соли 2016-ум онро хатм намудам. Аз соли 2016 то 2017 интернатураи ҷарроҳи калонсолонро дар базаи БМН-и Рӯдакӣ гузаштам. Баъд аз хатми интернатура соли 2017 ба ҳайси муаллими кафедраи ҷарроҳияи колледҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва ҷарроҳи навбатдор дар марказ кор ва фаолият карда истодаам. Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Дорандаи 3 мақолаи илмӣ мебошам.


ПУЛОТОВ ҶАМОЛИДДИН ОҚОЛОВИЧ

28-уми майи соли 1987 дар оилаи хизматчи дар н.Деваштич таваллуд ёфта ба воя расидааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №7-ти ноҳия мазкур, соли 2007-ум ба факултаи кори муолиҷавии Донишгоҳи Давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2013-ум онро хатм намудааст. Аз соли 2013 то 2015-ум ординатураи клиникиро дар кафедраи эндоҷарроҳи ва технологияи муосири Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар базаи БКШЁТТ гузаштааст. Баъд аз хатми ординатура аз соли 2015-ум ба ҳайси асистенти кафедраи ҷарроҳия ва ҷарроҳи навбатдор дар маркази таълими табобатии ҷарроҳии Коллеҷи тиббии Ҷумҳуривӣ кор карда истодааст. Зиёда аз 5 мақола аз чоп баровардааст. Дар корҳои ҷамъиятии беморхона ва дар ҷамъияти ҷарроҳон фаъолона ширкат меварзад. Пулотов Ҷ.О. малакаю дониши худро мунтазам сайқал дода дар конфронсҳо ва ҷаъмомадҳои илми ва амали фаъолона иштирок мекунад.


НАЗРИЕВА МАВЛУДА ВАХИТЖОНОВНА

(тав.29.10.1990. ш. Душанбе),омузгор. Хатмкардаи факултаи кори умумитибби ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино(2014).Духтур-интернаи клиникии шуъбаи беморихои гушу гулую бини дар МД ММТЧТ (2014-2015), мудири шуъбаи беморихои гушу гулую бини Мачмааи тандурустии «Истиклол»(2016-2017). Аз соли 2016 ба хайси ассистенти кафедраи «Чаррохияи»Коллечи тиббии чумхурияви фаъолият дорад.У машгулиятхоро шавковар мегузаронад ва услубхои муассири таълимро мавриди истифода карор медихад.Дар корхои чамъиятии кафедра ва коллеч фаъолона иштирок намуда, иштирокчии фаъоли семинархои Коллечи тиббии чумхуриявист.

Ос.:Барномаи кори таълими «Силлабус». Д.,2015.; 2016.;
Саволхои тести аз фанни Беморихои гушу гулую бини (бо забони точики ва руси) ; Мураттиби мачмуаи лексияхо аз фанни «Беморихои гушу гулую бини» (бо забони точики ва руси);


АХУНОВА ЗАРРИНА АНВАРОВНА

(тав:12.12.1979. ш. Душанбе) , омузгор. Хатмкардаи факултаи кори умуми тибби ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино(2004).Духтур-интернаи клиникии шуъбаи беморихои гушу гулую бини дар МД ММТЧТ (2005-2006),хамчун духтури беморихои гушу гулую бини дар МСШР №12 (2006-2008). Аз соли 2008 ба хайси омузгори асосии кафедраи «Чаррохия» Коллечи тиббии чумхурияви фаъолият дорад.У машгулиятхоро шавковар мегузаронад ва услубхои муассири таълимро мавриди истифода карор медихад.Дар корхои чамъиятии кафедра ва коллеч фаъолона иштирок намуда,махфилхои фанни мегузаронад, иштирокчии фаъоли семинархои Коллечи тиббии чумхуриявист.Сазовори ифтихорномаи Коллечи тибби чумхурияви гаштанд.Шогирдонаш дар муассисахои тиббии шахру нохияхои чумхури ва берун аз он фаъолият доранд.

Ос.:Мураттиби модулхо аз фанни Беморихои гушу гулую бини. Д.,2012;
Савлохои чамбастии донишчуён аз фанни Беморихои гушу гулую бини. Д.,2016; Барномаи кори таълими «Силлабус». Д.,2015.; 2016. Маколаи «Физиотерапия дар бемории ринити атрофикии музмин». Д., 2017;  Тадкикоти фундаментали ва амали дар чахони муосир ТОМ-2. Д., 2018;


САФАРОВА МАЛОҲАТ ҲАҚДОДОВНА

(тав. 12.01.1992  ш. Душанбе) омузгор. Хатмкунандаи факултаи кори табобати ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино (соли 2015) Духтур-интернаи клиникии шуъбаи беморихои гушу гулую бини дар МД ММТЧТ(2015-2016). Аз соли 2016 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омузгори асосии кафедраи ҷарроҳия кор ва фаъолият менамояд . Аз соли 2019 то ин замон ба тариқи ҳамкор дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимои ва тавонбахшии маъюбон ” ҳамчун духтури бемориҳои гӯшу,гулӯю бинӣ кор ва фаъолият менамояд. У машгулиятхоро шавковар мегузаронад ва услубхои муассири таълимро мавриди истифода карор медихад. Дар корхои чамъиятии кафедра ва коллеч фаъолона иштирок намуда иштирокчии фаъоли семинархои Коллечи тиббии ҷумхуриявист.


ҲАЙДАРОВ САЛОМАТШОҲ САФАРОВИЧ

Санаи 05.11.1975 сол дар оилаи хизматчи давлати ба дунё омадаам Cоли 1983 ба муассисаи миёнаи умуми №44 дехаи Охучар н.Ёвон вилояти  Хатлон тахсил намудам ва соли 1993 бо бахои хубу аъло хатм намудам. Баъди хатми мактаби миёна соли 1993 ба шуъбаи таёрии Донишгоҳи Давлати Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино ба факултаи муоличави дохил шудам ва соли 2000 хамин факултаро бо дипломи  аъло хатм намудам Солҳои 2000-2002 дар кафедраи чарроҳии умумии №1 хамин      донишгох ординатураи клиники аз руи ихтисоси чарроҳии умум гузаштам ва аз соли 2002 то 2005 дар ҳамин кафедра аспирантураро хатм кардам Аз соли 2003 то ин ҷониб дар шуъбаи колопроктологии БКШ №5 ба номи академик К Т Точиев ба ҳайси ҷарроҳ кор мекунам Рутбаи харбиам лейтинанти хурд мебошад Оиладор сохиби 4-фарзанд Аз соли 2007 то инҷониб ба сифати ассистент дар кафедраи чарроҳи муассисаи Давлатии таълимии Колеҷи тиббии Чумҳурияви дарс медиҳам Дар давоми фаъолияти кори ба корҳои илмию табобати машғул шуда соҳиби 11 мақолаи илми 3 маҷалаҳои илми ва аз тарафи Вазорати Тандурусти ва Хифзи Иҷтимоии Аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон соли 2017 бо ифтихорнома сарфароз гардониданд.


ПУЛОТОВ КАМОЛҶОН ҶАМОЛОВИЧ

(тав. 22.2.1974, ноҳияи Данғара), номзади илми тиб (2011). Таҳсил дар интернатураи клиникӣ (1998–99), муовини сардухтур оид ба корҳои ташкилӣ-методӣ (2006–08), сардори шуъбаи кадрҳо (2008–10), ҷарроҳ ба тариқи ҳамкор, эндоскописти Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и ба номи К. Т. Тоҷиев (аз 2010). Ҳамзамон аз соли 2007 мудири кафедраи ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ос.: Амалияи кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия (ҳаммуаллиф); Неотложная помощь в хирургии (ҳаммуаллиф); Саволҳои тестӣ аз ҷарроҳия (ҳаммуаллиф); Предоперационная подготовка и послеоперационное введение хирургических больных в практике медицинского персонала (ҳаммуаллиф); Алоими хунравии меъдаю рӯда (ҳаммуаллиф).


ЭРАЧИ АКРАМ

(тав.09.04.1989. н. Фархор), омузгор. Хатмкардаи факултаи умуми тиббии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино(2013).Баъд аз хатми донишгох хамчун духтур интерна дар БКШЁТТ гузаштам (2013-2014).Аз соли 2016 ба хайси омузгори асосии кафедраи «Чаррохия» Коллечи тибби чумхурияви  фаъолият дорад.Аз соли 2017 ба хайси духтур чаррох (навбатдор) кор ва фаъолият мекунад.У машгулиятхоро шавковар мегузаронад ва услубхои муассири таълимро мавриди истифода карор медихад.


ХОЛИҚОВ ХАЙРУЛЛО ЛОИҚОВИЧ

(тав. 4.1.1982, ноҳияи Ҷиргатол), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2006). Пеш аз оғози фаъолияти корӣ таҳсилашро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон (2006–09) идома дода, соҳиби ихтисоси уролог гардид. Аз соли 2010 духтури навбатдори шуъбаи урологияи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ва ҳамзамон омӯзгори кафедраи ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ӯ машғулиятҳоро шавқовар мегузаронад ва услубҳои муассири таълимро мавриди истифода қарор медиҳад.


МУҲАББАТОВ ҶИЁНХОН ҚУРБОНОВИЧ

(тав. 12. 08. 1967, деҳаи Гулистони ноҳ. Ҳамадонӣ), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи факултаи муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1992). Духтур-интерни кафедраи ҷарроҳияи умумии № 1-и ҳамин донишгоҳ (1992–1993), ҷарроҳи шуъбаи колопроктологияи беморхонаи клиникии шаҳрии № 5 ба номи акад. К. Т. Тоҷиев (аз 1993). Ҳамзамон с-ҳои 2002–2007 мудири кафедраи ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ буд. С Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Колопроктология» ва соли 2001 аз рӯи ихтисоси «Эндоскопия» маҳорати касбӣ омӯхтааст. Аз соли 2005 ҳамчун ассистент дар кафедраи ҷарроҳияи умумии № 1 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ фаъолият дорад. Муаллифи 93 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 18 тавсиянома, 18 навоварӣ ва як монография. Доир ба ташхис, пешгирӣ ва ҷарроҳияи бавосири оризанок як силсила пажӯҳишҳо анҷом додааст.
Ос.: Ошибки и осложнения в лечении геморроя. Хирургия, М., 2001, № 3; Органические заболевания прямой кишки после геморроидэктомии. Известия АН РТ , отд. биол. и мед. наук, Д., 2003; № 2 (149); Профилактика сужения прямой кишки после геморроидэктомии. Известия АН РТ , отд. биол. и мед. наук, Д., 2004, № 1 – 2; Состояние защитного слизистого барьера прямой кишки у больных с хроническим геморроем. Известия АН РТ , отд. биол. и мед. наук, 2009, № 3.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.