Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Кафедраи «Забони тоҷикӣ” дар асоси фармони Вазорати тандурустии ҶТ ташкил намудани таълими кафедравӣ дар КТҶ дар соли 2000-ум. Кафедраи гуманитарӣ соли 2000 –ум таъсис дода шудааст, ки таълими фанни забони тоҷикӣ дар ин кафедра дохил мешуд. Дар соли 2007-ум кафедраи гуманитари ба ду кафедра ҷудо карда шуд.     Кафедраи “Гуманитарӣ “ва кафедраи “Забонҳо”.  Дар кафедраи “Забонҳо” се фан таълим дода мешуд: забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ки вазифаи мудириро Юлдошева  Д.Н. ба уҳда дошт. Ҷаласаи Шӯрои илмӣ аз 08.07.2015 сол пайнавишти 11. Бинобар зиёд будани воҳидҳои корӣ кафедраи “Забонҳо” ба се кафедра ҷудо карда шуда дар заминаи он  Кафедраи “Забони тоҷикӣ”, “Забони русӣ”, “Забони англисӣ” таъсис дода шавад. Фармони таҳти №97/3 аз 28.09.2007 сол, оид ба таъсис додани кафедраи “Забонҳо” аз эътибор соқит дониста шавад.
Кафедраи “Забони тоҷикӣ” 29.08.2015. №402/1. Таъсиси дода шудааст.

Аз тарафи омӯзгорони собиқадорӣ кафедра  Нажмуддинова С.Н., Раҳимов Д., Ҳасанов Р.А., Ҷурабекова Ф.Ҷ., Ҷумаева М.С. як қатор мақолаҳои илмию адабӣ, маҷмӯи саволҳои тестӣ, модулҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ навишта шуда, чоп гардидаанд. Дар кафедра дастурҳои таълимӣ муҳайё мебошанд, ки аз ҷониби ассистентони кафедра мураттаб гардида дастраси донишҷӯён мебошанд. “Забон ва ҳусни баён”- (барои донишҷӯёни баъди хатми синфи 11) мураттибон Раҳимов Д., Ҳасанов Р.А., Нажмуддинова С.Н. “Забони тоҷикӣ”( барои донишҷуёни баъди хатми синфи 9) мураттибон Ҳасанов Р.А., Раҳимов Д., Нажмуддинова С.Н. “Адабиёти тоҷик” –(қисми 1) мураттибон Раҳимов Д., Ҳасанов Р.А., Нажмуддинова С.Н. “Адабиёти тоҷик” –(қисми 2) мураттибон  Ҷурабекова Ф.Ҷ., Нажмуддинова С.Н., Табарова Г.Л. ва Раҳимова З.А. Маҷмуаи саволҳои тестӣ аз фанни “Забони тоҷикӣ”-Ҳасанов Р.А. Маҷмуаи саволҳо аз фанни “Адабиёти тоҷик”-Ҳасанов Р.А.


МУДИРИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ ТОҶИКӢ”
НАҶМИДДИНОВА САОДАТ НАСРИДДИНОВНА

(тав. 19.8.1957), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1975). Омӯзгор (1980–2006), муовини директор оиди бахши таълим дар синфҳои болоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №43-и шаҳри Ваҳдат (2006–10), директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №4 (2010–14) буд. Айни ҳол ба ҳайси мудири кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад. Мураттиби  “Дастури таълимии оид ба ташаккули нутқи касбӣ” аз фанни забони тоҷикӣ барои ҳамаи ихтисосҳо (2016с.) ва модулҳои таълимӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик мебошад. Инчунин муаллифи як қатор мақолаҳо дар мавзӯъҳои  “Инсонро омӯзгор месабзонад”, “Донистани Қонуни забони тиҷикӣ ҳатмист”, “Забон пояи миллат”, “Устод ва маънавиёт”  мебошад.


РАҲИМОВ ДАВЛАТМУРОД

5-уми июли соли 1940 дар деҳаи Вағлели ноҳияи Шӯрообод дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудаам. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ соли 1958 хатм намудаам. Соли 1961 ба омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1963 хатм намуда, худи ҳамон сол ба сафи Артиши миллии Иттиҳоди Шӯравӣ рафта, соли 1967 хизматро ба итмом расонида ба ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ баргаштам. Аз соли 1967 -1968 ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёнаи ҳамон ноҳия фаъолияти корӣ намудам. Соли 1968 бо роҳхати комитети ҳизби коммунистии ноҳия манро барои мустаҳкам намудани кори милитсия фиристониданд. Аз соли 1968 то соли 2000-ум дар вазифаҳои гуногун дар ш. Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ,Темурмалик ва баъдан дар вилояти Қурғонтеппа кор карда омадаам. Соли 2000-ум бо сари баланд ба нафақа баромадам. Аз соли 2004-ум то ин ҷониб дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ш. Душанбе аввалан мудири кафедраи фанҳои “Гуманитарӣ”ва баъдан ҳамчун омӯзгор аз фанни забони тоҷикӣ дар кафедраи “Забонҳо”кор карда истодаам. Дар фаъолияти кориам аз соли 2000 то ин ҷониб 10 китоби  бадеӣ ва дастури таълимӣ “Забон ва ҳусни баён” барои омўзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баровардам. Дар ин муддат зиёда аз 2 ҳазор мисраҳои шеъриам дар рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ чоп шуда баромаданд. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд: 4 писар, 4 духтар, 32 набера ва 2 абера мебошам.


ҶУМАЕВА МАРҲАМАТ САЙФИДДИНОВНА

Cоли 1969 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда, соли 1986 баъди хатми мактаби миёна ба Институти Ховаршиносии шаҳри Ленинград (Ҳозира Санкт-Петербург) дохил шудааст. Фаъолияти кориашро  аз омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар шаҳри Самарқанд соли 1990 оғоз намудааст. Баъдтар дар Литсейи русии №1-и шаҳри Бохтар ва аз сентябри соли 2014 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ  дар Кафедраи забони тоҷикӣ ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият дорад.  Собиқаи кории педагогии 30- сола дошта, муаллифи як қатор мақолаҳои илмиву соҳавӣ ва дастурҳои методӣ мебошад.


ҶУРАБЕКЗОДА ФОТИМА

Ассистенти кафедраи  забони тоҷикии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ». 2-юми  июни  соли  1969 дар  кӯчаи  «Партизани  Сурх»- и     ноҳияи  Ёвон  таваллуд шуда, соли  1986  мактаби  миёна, соли 1989   омӯзишгоҳи тиббии  шаҳри  Душанберо хатм  кардааст. Фаъолияти корияшро  дар соҳаи  тандурустӣ- ҳифзи солимии ҷомеа   дар  минтақа ва  ҳамзамон  аз фанни «Расондани ёрии  аввалини тиббӣ” , (Дружиначиёни санитарӣ )   аз  омӯзгори  оддӣ  оғоз кардааст. Баъди хатми  факултети  филологияи  Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)  фаъолиташро ҳам дар соҳаи маориф –тарбияи насли наврас ва ҳам   соҳаи тандурустӣ- назорати хизматрасонии  фаъолияти кормандони миёнаи тиб   ва пешгири кардани бемориҳои мавсимӣ дар  шабакаи телевизиони Тоҷикистон ва Баҳористон  ҳамкорӣ  кардааст. Муаллифи китобҳои « Имрӯз, ки ҷавонӣ..» (2017-бахшида ба соли ҷавонон) , «Муҳовараи тиббии тоҷикӣ- русӣ» (2018), « Адабиёти тоҷик»(2019), « Забони тоҷикӣ . Нутқ ва имло» (2019), зиёда аз 25 мақолаҳои  илмӣ-оммавӣ мебошад.  Аз соли 2018 унвонҷӯи  Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии  Академияи  Илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон . Дар мавзӯи «Қабатҳои луғавӣ ва грамматикии ашъори Рӯдакӣ»  таҳқиқот бурда исдодааст. Оид ба мавзӯи кори илмиаш  мақолаҳои зеринро  ба табъ расонидааст:” Омофонҳо дар забони тоҷикӣ”; “ Соматизмҳо дар ашъори Рӯдакӣ”, “Мавқеи  семантикии  калимаҳои соматикӣ  дар назм”. Фаъолияти ҷамъиятию  роҳбарӣ: Мудири боғчаи  №151 соли 1998-1997, Ҳамшираи калони “Маркази саломатии № 12 солҳои  2006-2009, Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ “ Муассисаи таҳсилоти умумии № 76 солҳои 2010- 2011. Муовини директори “Кори  ҳамширагӣ  (Раёсати тандурустӣ) оиди назорати  фаъолияти кормандони миёнаи тиб солҳои  2007-2010. Маҷмааи тандурустии Истиқлол(шуъбаи ташхис) муовин оиди корҳои тарбиявӣ ва одобу муошират солҳои  2016- 2017. Раиси Шӯрои занон дар муассисаи таҳсилоти умумии № 45 соли 2017.


ТАБАРОВА ГУЛБАХОР  ЛАТИФОВНА

31.03.1967 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 2004 ДДОК ба номи А. Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намудааст бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёт фаъолияти кориашро аз 01.09.1998 аз МТМУ №09 шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст. Аз 01.09.2015 дар МТМУ №23 шаҳри Хучанд ба вазифаи равоншинос фаъолият намуда, аз 01.09. 2018 дар кафедраи “Забони тоҷикӣ”-и КТҶТ омӯзгор шуда кор мекунад.


РАҲИМОВА ЗАРИНА НАБИЕВНА

31-уми августи соли 1984 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии  омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, фаъолияти кориашро аз омӯзгорӣ оғоз намудааст. Аз сентябри соли 2015 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият мекунад. Донандаи хуби адабиёт буда, ба шеъру шоирӣ рағбати беандоза дорад ва роҳбари маҳфили ”Навқаламони ҷавон” аст.


ҲАСАНОВ РУСТАМ АБДУЛЛОХУҶАЕВИЧ

(тав.15.09.1984). Омӯзгор, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии  ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2007). Аз соли 2014 омӯзгори кафедраи “Забони тоҷикӣ”-и КТҶ   шуда кор мекунад. Муаллифи китоби дарсии “Забони тоҷикӣ”-аз 2016с. (Дастури таълимӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ҶТ бо таҳсилоти асосӣ),  саволномаҳои тестӣ аз фанҳои забон ва адабиёт, модулҳои таълимӣ ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои: “Таърих гувоҳ аст”, “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”, “Ҷавонон ояндасози миллат” ва ғ. мебошад.


УМЕДОВА НИГОРА САИДМУРОДОВНА

04-уми июни соли 1992 дар шаҳри Душанбе дар оилаи соҳибкор таваллуд шудааст. Соли 2010 баъди хатми МТМУ-и №54-и  шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2015Донишгоҳи мазкурро   бо муваффақият хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ оғоз намудааст. Ба ҷавонияш нигоҳ накарда омӯзгори сахтгиру серталаб буда, дар корҳои ҷамъиятии кафедра фаъол аст.


ҲУСЕЙНОВА ҲАВАСГУЛ МАХМАДШОЕВНА

20.08.1992 дар деҳаи Сафедорон н. Панҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми МТМУ н.  Панҷ ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуда, соли 2013  бо ихтисоси филологияи тоҷик хатм намудааст.  Аз соли 2014 то 2017 дар Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат магистранти ихтисоси молия ва карз  буда, айни ҳол дар Донишгоҳи молия ва иктисод дар зинаи  Доктор пежди таҳсил дорад. Фаъолияти корияшро ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз соли 2011 оғоз  намудааст. Аз соли 2018 дар коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар кафедраи “Забони тоҷикӣ” омӯзгор шуда кор мекунад.


ОДИНАЕВ  НУРМУҲАММАД САФАРОВИЧ

(тав.15.11.1969), номзади илми филология (1999), дотсент (2019),  хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1993), ходими илмии шуъбаи робитаҳои адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (1993-1996), аспиранти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ(1996–1999), мудири кафедраи забони давлатӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2001-2008), муҳаррири илмии Маркази забоншиносии иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2009-2013), мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон(2013-2020). Айни ҳол ба ҳайси дотсенти кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад.  Муаллифи 123- мақолаи илмӣ, 2- китоби дарсӣ, 10 – дастури таълимӣ ва методӣ мебошад. Мавсуф муаллифи дастурҳои таълимии “Ҳуҷҷатнигорӣ”(2006), “Забоншиносии иттилоотӣ”(2010), “Ҳуҷҷатҳои расмӣ барои татбиқи Ҳукумати электронӣ”(2012), “Асосҳои коргузорӣ”(2016), китоби дарсии “Забони тоҷикӣ аз рӯи ихтисос”(2019) ва рисолаҳои илмии “Таҷрибаи эҷодии амалӣ ва робитаҳои адабӣ” (2004), “Мунтахаби ашъори Хоҷа Насириддини Тӯсӣ” (2012), “Дар қаламрави сухан” (2019) ва ғайра мебошад.  Аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.


САИДОВА САМИРА СИТАМОВНА

(тав 4. 04.1971 ) ноҳияи  Ҳамадониӣ. Омӯзгори дараҷаи оллӣ .  Хатмкардаи  ДДО ш. Кӯлоб  ( с 1993) . Фаъолияти  омӯзгориашро  аз   МТМУ №10  ноҳияи  Восеъ (с 1993-2015)  шурӯъ  кардааст. Аз (с 2015-2017) омӯзгори  МТМУ  №79 ноҳияи  Шоҳмансур . Ҳамзамон  аз соли 2017 Омӯзгори  калони кафедраи “Забони  тоҷикӣ” мебошад.  Муаллифи  мақолаҳои “Шинохтани  забони тоҷикӣ “ (2017) ,”Ҷавонон  ва  мавқеи   меҳвари  онҳо  дар   сиёсати  Пешвои  миллат ”(2019)

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.