Кафедра. Бо фармони № 451, аз 16.10. 2018 сол таъсис дода шудааст. Дар кафедра 8 нафар омӯзгорони асосӣ ва 4 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият доранд. Омӯзгорони асосӣ: Саидов С.О. (мудири кафедра), Шамси Амрулло, Набизода Қ.В., Назаров С.Б., Азизов К.М., Саидов Б.М., Мирзоев И.А., Нарзиев Б.С. Самти асосии пажӯҳишҳои кафедра дар ташкил ва расонидани ёрии тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, ба аҳолӣ фаҳмонидан ва расонидани кӯмак ҳангоми ба амал омадани офатҳои табӣӣ (заминларза, обхезӣ, тармафароӣ, сухтор ва ғ.) , инчунин гузаронидани машғулиятҳо оиди омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ равона карда шудааст. Дар кафедра ҷараёни таълим аз рӯйи нақшаи таълимӣ амалӣ мегардад. Барномаҳои таълимӣ ба нақшаи таълимӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Толори лексионӣ, синфхонаҳо бо баннерҳои фаннӣ ороиш дода шудаанд. Дар кафедра як тахтасинфи электронӣ васл шудааст, ки дар давоми машғулиятҳои назариявӣ (лексия) мавриди истифода қарор дорад.
НАБИЗОДА ҚУРБОН ВАЛӢ
(20.01.1969, н.Ҳамадонӣ), омӯзгор.Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1995). Солҳои 1987- 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмати ҳарбӣ намудааст, Аз соли 1995 то соли 2019 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифтаҳои гуногун: духтури қисми ҳарбӣ, Сардори хадамоти тиббии бригадаи зудамали Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Шифохонаи ҳарбии Гвардияи Миллӣ, Сардори Комиссияи марказии тиббӣ-ҳарбии Гвардияи Миллӣ фаъолият намудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, № 0062 аз 30 августи соли 2002 бо медали ШАФҚАТ мукофотонида шудааст.
ШАМСИ АМРУЛЛО
(29.05.1991, н.Рудакӣ), омӯзгор, Хатмкардаи Донишгоҳи Тарбияи Ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов (2015). Аз соли 2015 то соли 2017 муаллими омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии мактаби миёнаи № 112 ноҳияи Рудакӣ шуда кор кардааст. Аз соли 2017 инҷониб дар вазифаи омузгори кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқуллода, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ”-и Коллеҷи тиббии ҷумхуриявӣ кор ва фаъолият менамояд.
НАЗАРОВ САФАРАЛИ БАРОТАЛИЕВИЧ
(тав. 30.05.1966, н. Ҳамадонӣ), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи индустриалӣ – педагогии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ (1991). Солҳои 1984 то 1986 дар сафи Қуввахои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намудааст.Аз соли 1993 то соли 2018 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни ҳарбӣ; командири взвод, командири рота, командири баталон, муовини командири қисми ҳарбӣ фаъолият намудааст. Баъди ба анҷом расидани мӯҳлати муқарраргардидаи хизмат ба эҳтиётӣ рухсат шуда, аз соли 2019 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо ҳайси омӯзгори фаннҳои “Мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ” фаъолият намуда истодааст.
АЗИЗОВ КОМРОН МИРСАИДОВИЧ
(тав. 27.12.1990, ш.Душанбе), омӯзгор. Хатмкардаи Донишкадаи Тарбияи Ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов (2015). Соли 2010 Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявро бо ихтисоси “Бародари тиб” хатм намуда, дар маркази шаҳрии назорати тибби варзишгарон ба ҳайси инструктори тиббӣ кор кардааст. Аз соли 2019 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳурияӣ ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ кор ва фаъолият намуда истодааст.
НАРЗИЕВ БОБОҲОҶӢ СУЛТОНОВИЧ
(тав. 06.11.1987, н.Варзоб), омӯзгор. Хатмкардаи Донишкадаи Тарбияи Ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов (2009). Аз соли 2007 то соли 2011 дар МТМУ № 12-и н.И.Сомонӣ шаҳри Душанбе омӯзгори фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ” шуда кор кардааст. Аз соли 2011 то соли 2015 дар МТМУ № 23-и н.Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ” кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2015 то соли 2018 дар Коллеҷи тиббии ш.Ваҳдат аз фаннҳои “Омодагии дифои ҳарбӣ” ва “Тарбияи ҷисмонӣ” ба донишҷӯён машғулият гузаронидааст.Аз соли 2019 то соли 2020 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз фаннҳои “Омодагии дифои ҳарбӣ” ва “Мудофиаи шаҳрвандӣ” ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Аз соли 2020 инҷониб дар Коллеҷи тиббии ҷумҳурияӣ ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ” кор ва фаъолият намуда истодааст.
МИРЗОЕВ ИЗАТУЛЛО АБДУЛЛОЕВИЧ
(тав. 09.11.1969, н.Ҷайҳун), омӯзгор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1998). Соли 1988 Омӯзишгоҳи тиббии ш. Бохтар (собиқ Қурғонтеппа)-ро бо ихтисоси “Бародари шафқат” хатм намудааст. Солҳои 1988-1990 дар сафи Қуввахои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат намудааст. Соли 1992 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1998 факултаи “Педиатрия”-и Донишгоҳи мазкурро хатм намудааст. Аз соли 2001 то соли 2004 ба ҳайси мудири шӯъбаи ташхиси функсионалии кӯдакони Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ба номи А.М.Дяков (ҳоло Шифобахш) кор ва фаъолият намудааст. Солҳои 2004-2007 ба ҳайси Сармутахассиси Шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 то соли 2017 ба ҳайси муовини сардори КМҲТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Барои фаъолияти хизматӣ бо нишони сарисинагии “Барои хизматҳои аъло дар ВКД”, медали 85 солагии милитсияи тоҷик, ифтихорномаҳои фахрӣ, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шудааст. Духтури дараҷаи олӣ, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2019 инҷониб ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ” кор ва фаъолият намуда истодааст.