Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СТОМАТОЛОГИЯ

Кафедраи “Стоматология” дар асоси фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.10.2009 №727 аз санаи 14.09.2017 таъсис дода шудааст, мутобиқи Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, дар бораи таъин намудани мудирони кафедраҳо Холов Шариф Фатҳиддинович мудири ин кафедра таъин шудааст. Дар кафедра 8 нафар омӯзгор, 2 нафар дорои дараҷаи тахасуси якуми омӯзгорӣ, 4 нафар дорандаи дараҷаи олии тахасусӣ мебошанд. Омӯзгорони кафедра савияи дониши худро мунтазам дар курсҳои такмили ихтисос такмил медиҳанд. Кафедра аз рӯи 10 барномаи таълимӣ фаъолият менамояд: “Анатомия, физиология ва биомеханикаи системаи дандони – ҷоғӣ”, “Масолеҳшиносӣ”, “Бемориҳои дандон”, “Стоматологияи табобатӣ”, “Стоматологияи ҷарроҳӣ”, “Стоматологияи давраи кӯдаки”, “Ортопедия ва орттодонтияи стоматологӣ”, “Ренгеналогияи дандон ва ҷоғ”, “Стоматологияи физиотерапевтӣ”, “Асосоҳои патология ва ёрии аввалии тиббӣ дар бемориҳои даҳон”. Зери роҳбарии мудири кафедра барномаҳои таълимии ҳамаи фанҳо ба забони давлатӣ нашр карда шудаанд. Доир ба ҳамаи фанҳо китобу барномаҳои кории таълимӣ (Силлабусҳо) омода гаштаанд, ки аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор доранд. Аз тарафи омӯзгорони кафедра ҳамасола бо истифода аз усулҳои муосири таълим машғулиятҳои кушоду намунавӣ, семинару конфронсҳо баргузор мешаванд.


МУДИРИ КАФЕДРА
ХОЛОВ ШАРИФҶОН ФАТҲУДИНОВИЧ

5.01.1967 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудам. Соли 1974 ба синфи якум рафта соли 1984, мактаби миёнаро хатм намудам. Аз соли 1984 то соли 1987 дар шаҳри Архангелски Руссия, дар қушуҳои “Флоти ҳарби шимолӣ” хизмати ҳарбиро адо кардам. Соли 1987 ба ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, соли 1992 ҳамин донишгоҳро ба ихтисоси “Духтур стоматолог” хатм намудам. Аз соли 1992 дар клиникаҳои гуногуни стоматологӣ ба ҳайси сардухтур ва мудири шӯъбаи стоматологӣ кор ва фаъолият кардаам. Аз соли 2011 то соли 2017 дар Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омӯзгори асистенти кафедра кор кардаам. Дорандаи дараҷаи олии тахасусӣ ва дараҷаи якуми омӯзгорӣ. Аз соли 2017 то инҷониб баъди таъсис ёфтани кафедраи “Стоматологияи кори табобати дандон” ба ҳайси мудири кафедра то ҳол кор карда истодаам.


ШАБОЗОВ ПИРНАЗАР БЕКНАЗАРОВИЧ

 1.12.1976 дар шаҳри Кулоб таваллуд шудаам. Соли 1995 ба ДДТТ ба факултаи “Стоматология” дохил шуда соли 2000 ин донишгоҳро хатм намудам. Баъди хатми донишгоҳ дар ҶДММ “Мармар” корро сар намуда то соли 2013 дар онҷо фаъолият намудаам. Аз соли 2013 то 2018 дар МСШ №6 ба ҳайси Духтур – стоматолог фаъолият намудаам. Аз соли 2018 то инҷониб дар МДТ “Колеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” кор ба ҳайси омӯзгор кор ва фаъолият намуда истодаам. Дорандаи дараҷаи олии тахассусӣ.


РОФИЕВА НАЗИҲАХОН РАУФОВНА

17.03.1975 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Соли 1992 ба ДДТТ дохил шуда соли 1997 ин донишгоҳро бо дипломи аъло бо ихтисоси Духтур – стоматолог хатм намудам. Аз соли 1997 то соли 1999 ординатураи клиникиро дар пойгоҳи кафедраи даҳонпизишкӣ, раддодӣ ва муолиҷавии ДДТТ, гузашта ба ҳайси ҷарроҳ – стоматолог дар беморхонаи клиникии ҷарроҳияи кудаконаи шаҳрӣ кор кардаам. Аз соли 1999 то соли 2009 дар кафедраи даҳонпизишкӣ, раддодӣ ва муолиҷавии ДДТТ ба ҳайси духтур стоматолог кор ва фаъолият кардам. Аз соли 2010 дар Колеҷи тибби ҷумҳуриявӣ то ҳол ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Стоматолгия” кор ва фаъолият менамоям. Дорандаи дараҷаи олии тахасусӣ. Дар тули фаъолияти кориам аз усулҳои муосири таълим истифода бурда, барои такмили дониши донишҷӯён маводи таълимию методӣ ва модулҳо тартиб додаам.


КЕНҶАЕВА ДИЛНОЗА РАҲМОНАЛИЕВНА

14.09.1997 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудаам. Баъди хатми мактаби миёна соли 2015 ба Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дохил шуда соли 2018 колеҷро бо ихтисоси “Техники дандон” бо дипломи аъло хатм намудаам. Аз соли 2018 то ҳол ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Стоматология” кор ва фаъолият карда истодаам. Ҳамзамон донишҷӯи бахши 2  – юми  ғоибонаи шӯъбаи биология – химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мебошам.


ОДИЛОВ ЗОҲИРБЕК МУРОДБЕКОВИЧ

4.10.1989 дар шаҳри Душанбе тавллуд шудаам. Соли 2007 ба ДДТТ ба факултаи “Стоматология” дохил шуда ин донишгоҳро соли 2012 хат намудам. Аз сли 2013 то инҷониб ба ҳайси омӯзгори Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар кафедраи “Стоматология” кор ва фаъолият карда истодаам.


МАҚСУДОВА МАДИНА ИСКАНДАРОВНА

5.12.1988 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Баъди хатми мактаби миёна соли 2005 ба ДДТТ ба факултаи “Стоматология”  дохил шудам. Соли 2010 донишгоҳро хатм намуда соли 2011 интернатураро аз рӯи ихтисоси духтур – стоматолог хатм намудам. Аз соли 2011 то ҳол дар Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омӯзгори кафедраи “Стоматология” кор ва фаъолият намуда истодаам.


ФАЙЗУЛЛОЕВА БАРНО АБДУСАТОРОВНА

14.08.1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаам. Соли 1988 ба донишгоҳи ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино дохил шуда соли 1993 ин донишгоҳро бо ихтисоси Духтур – стоматолог хатм намудам. Аз соли 1993 то соли 1996 дар Дармонгоҳи стоматологии №1 кор кардам. Аз соли 1996 то соли 1998 ординатураи клиникии ДДТТ – ро хатм намудам. Аз соли 1998 то соли 2018 дар маркази саломатии №8 ба ҳайси мудири шӯъбаи стоматологӣ кор ва фаъолият кардаам. Аз соли 2019 то ҳол дар Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси омӯзгори кафедраи стоматология кор карда истодаам. Дорандаи дараҷаи олии тахасусӣ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.