×

Увага

Simple Image Gallery Notice: Joomla's /cache folder is not writable. Please correct this folder's permissions, clear your site's cache and retry.

10 – умин конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” доир ба мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият”

ҚАРОРИ

10 – умин конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” доир ба мавзӯи Дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият”, бахшида ба 27 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.12 соли 2018, №1127,  бахшида ба 27 умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, санаи 25.12 соли 2018 дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Конфронси илмӣ - амалӣ доир ба мавзӯи “Дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият” баргузор гардид.

Маводи конфронс ҳамчун замима дар маҷаллаи “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон” ба табъ расида, шумораи умумии маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмии ба чоп расида 94 ададро ташкил медиҳанд, ки ба масъалаҳои вазъ, натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳа ва нигаҳдории солимии аҳолӣ бахшида шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки сол аз сол шумораи мақолаҳои илмии ба конфронс пешниҳодшаванда зиёд шуда истодааст.

Ба рӯзномаи конфронс маърӯзаҳои илмие ворид карда шуданд, ки имрӯзҳо аҳамияти калони илмӣ ва таҷрибавӣ доранд.

 Рӯзномаи конфронс:

  • Имкониятҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва кадрҳои илмӣ;
  • Алоими пойҳои ноором ва ё Виллиса-Экбома;
  • Сабабҳои пайдоиш ва хуруҷи  бемории сӯхтанӣ дар Тоҷикистон;
  • Табобати беморони мубталои фишорбаландии шараёнии хавфи калондошта;
  • Таҳлили маркетингии бозори фарматсевтии Тоҷикистон;
  • Баҳодиҳии вайроншавиҳои гемодинамикии гурдаҳо дар кӯдакони мубталои уролитиази бо оризаи бемории музмини гурдаҳо;
  • Пешгирии бемориҳои ба норасоии йод алоқаманд барои беҳтарсозии оқибатҳои перинаталӣ;
  • Истифодабарии технологияи баланд дар табобати ҷарроҳии эхинококкози ҷигар;
  • Фаъолнокии фармакологии композитсия дар асоси маводи тимогар, растании доругии зуфи калон (Plantago major L.) ва пудинаи мурчӣ (Mentha piperita L.);
  • Тактикаи эндоскопии баровардани ҷисмҳои бегона аз маҷрои ҳозима;
  • Пешгирии пектенози ҳалқамушаки мақъад дар беморони гирифтори парапроктит;
  • Мукаммалсозии натиҷаҳои табобати остеоартрози буғумҳои калон;
  • Ташхис ва табобати уретритҳо;
  • Оби ошомиданӣ - омил ва гарави ҳаёти солиму  бехатар дар Тоҷикистон;
  • Нақши ташхиси функсионалӣ дар мавриди саратони танаи бачадон

            Дар кори конфронс намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок доштанд.

               Дар  ҷаласаи пленарӣ 17 маърӯза баррасӣ карда шуданд, ки онҳо асосан ба масъалаҳои зерин бахшида шуда буданд: имкониятҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва кадрҳои илмӣ, алоими пойҳои ноором ва ё Виллиса-Экбома, сабабҳои  пайдоиш ва хуруҷи  бемории сӯхтанӣ дар Тоҷикистон, табобати беморони мубталои фишорбаландии шараёнӣ, таҳлили маркетингии бозори фарматсевтии Тоҷикистон, бемориҳои урологӣ, пешгирии бемориҳои ба норасоии йод алоқаманд барои беҳтарсозии оқибатҳои перинаталӣ, истифодабарии технологияи баланд дар табобати ҷарроҳии эхинококкоз, масъалаҳои фармакология, ҷарроҳии эндоскопӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҷарроҳии рӯдаи рост, табобати остеоартрози буғумҳо, ташхис ва табобати уретритҳо, оби ошомиданӣ - омил  ва гарави ҳаёти солиму бехатар, бемориҳои саратонӣ.    

             Дар доираи барномаи конфронс ҳамаи масъалаҳои гузошташуда баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни конфронс паҳлуҳои муаммоҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, ташхису табобат ва офиятбахшии беморон, инчунин нақши муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ, дар ҳаллу фасл намудани муаммоҳои ҷойдошта, тадбирҳои аз ҷониби мақомоти соҳаи тандурустӣ андешидашуда ва роҳҳои мувофиқи матлаб ҳаллу фасл намудани масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Конфронс тазаккур медиҳад, ки самтҳои асосии рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгу, беҳтар намудани хадамоти тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

 

  • Ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар кафедраҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ-илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, бо ин васила баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, тавассути мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва дараҷанокии илмии омӯзгорон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани сифати таълим, истифодабарии услубҳо ва технологияи муосири таълим, ташкил ва истифодабарии васеи марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва таълимӣ-табобатӣ, таҳия ва нашри адабиётҳои муосири таълимӣ;
  • баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, офиятӣ ва бемористонҳо доир ба пешгирӣ, ташхиси саривақтӣ ва табобат, офиятбахшӣ, пешгирии аворизҳои вазнин ва фавт дар мавриди бемориҳои сироятӣ, бемориҳои дохилӣ ва ҷарроҳӣ, патологияи ҳомиладорон ва навзодон, бемориҳои ҷарроҳӣ, саратонӣ, пӯсту зӯҳравӣ ва дигар бемориҳое, ки дар ҷумҳурӣ бештар во мехӯранд.
  • васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илми муосир, инчунин технологияи муосири ташхисӣ ва табобатӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар раванди таълим;
  • тавсеаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва илмии ҳайати кормандон, кормандони соҳаи тандурустӣ, мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва фармасевтӣ;
  • вусъат додани корҳои маърифатӣ оиди баланд бардоштани дониши тиббии аҳолӣ, бо истифодабарии васоити ахбори умум, бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳо, ташхиси саривақтӣ ва пешгирии оризаҳои вазнин.

 

Иштирокчиёни конфронс чунин мешуморанд, ки қарори мазкур ба беҳтару ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ дар ҷумҳурӣ, хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, баҳри пешгирӣ ва табобати самараноки бемориҳо мусоидат хоҳад намуд.

Арзи сипос менамоем: ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷонибаи рушди ислоҳоти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, дастгирӣ оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиб, барои мунтазам тадбирандешӣ намудан баҳри ҳаллу фасл намудани масъалаҳои омодасозии мутахассисони миёнаи тиб.

Инчунин ба ташкилотҳои байналхалқӣ – Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Агентии Швейтсариягӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ, “Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон”, UNFPA – хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид, шуъбаи ташкилоти байналхалқии Институти “Ҷомеаи кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ҷамъияти Ҳолмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ – GIZ, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) ва дигар ташкилотҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ миннатории хешро баён менамоем.    

Ширкаткунандагони конфронс пешниҳод менамоянд, ки тамоми сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ, офиятӣ ва фарматсевтӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ барои амалӣ намудани қарори мазкур мусоидат намоянд.

Қарор аз ҷониби иштирокчиёни конфронс якдилона қабул карда шуд.

{gallery}konfrons10{/gallery}

 

                ш. Душанбе                            25.12 соли 2018