ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ ҲАДАФХОИ МИЛЛӢ

Ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳатӣ амалӣ кардани якчанд тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паём ироа менамоянд, ки ин албатта ба манфиати миллату давлат мебошад. Паёми имсолаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ санаи 26.01.2021 баргузор гардид ва нисбат ба паёмҳои солҳои пешин бартариятҳои зиёде дошт. Пешвои миллат дар паёмашон атрофи мушкилиҳои дар соли гузашта ба миён омада суханронӣ намуда, ба шахсоне, ки дар ин соли душвору санҷишӣ барои миллат содиқона хизмат карданд изҳори минатдорӣ намуданд. Чи гунае, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст дар мубориза бар зидди мушкилиҳои соли гузашта табибон дар сафи пеши набард истодагарӣ карданд. Ҳамин ҷонбозиҳо таваҷҷӯҳи Пешвои миллатро ба худ зиёдтар ҷалб намуд ва Эшон минатдории махсуси хешро ба тамоми кормандони соҳа расонданд. Сипас доир ба дигар паҳлуҳои соҳаҳои чамъиятӣ-тибб, маориф, иктисодиёт, кор бо занон, барқ, кор бо ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуда, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои муфид доданд. Яке аз самтҳое, ки ҳеҷ гоҳ аз назари Пешвои миллат канора намемонад ин соҳаи кор бо ҷавонон мебошад. Пешвои миллат имсол низ чун солҳои қаблӣ имтиёзу дастгириҳои зиёдро нисбати насли наврасу ҷавон дар паёмашон ироа карданд. Яке аз тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани илму дониши ҷавонон ин ҳавасманд гардонидани онҳо ва дар ин баробар падару модари онҳо мебошад. Ин нуқтаро Пешвои миллат басо ҷолиб пайгирӣ намуда, дар ин баробар супоришҳои муфид низ доданд. Бо эълон намудани 20-солаи омӯзиши фанҳои дақиқ дар густариши ҳадафи 4-уми миллӣ саноатикунонии мамлакат саҳми хуб гузошт. Баҳри боз ҳам ҷоннок намудани ин самт Пешвои миллат баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат"-ро пешниҳод намуданд, ки ин иќдом муҳим ва саривақтӣ мебошад. Пас, мо ҷавонони аҳли маърифати ҷумҳуриро мебояд, ки аз ҳар нуқтаи паёми Пешвои миллат баҳра бурда, ояндаи худро бо аз худ кардани касбу илми муосир обод намоем. Аз дастовардҳои ҳар рӯзаи ҷавонон ба боварии комил метавон гуфт, ки онҳо арзандаи дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Шӯъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон