СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ҶОМЕА САМТИ АФЗАЛИЯТНОК АСТ!

Ҷиҳати хоси Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз паёмҳои солҳои гузашта дар он аст, ки оғози матни Паём ба соҳаи тандурустӣ бахшида шудааст. Таъкид мегардад, ки соли сипаришудаи 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои вазнин ба шумор рафта, вобаста ба паҳн шудани бемории сироятии КОВИД – 19 ба тамоми нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри буҷети давлатӣ тағйироти ҷиддӣ ворид гардид. Барои хариди доруворӣ, таҷхизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуда, барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд.
Яке аз мавзӯҳои мубрами рӯз дар Паёмҳои ҳамасола масъалаи ширкати занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, баланд шудани мақоми зан дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар бозсозиҳои замони Истиқлол таъкид мегардад. Аз 75 ҳазор табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ 68 фоизаш занон буда, дар Паём сарвари давлат ба табибон, хусусан ба ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, сипосу миннатдории самимии хешро баён намуданд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар аксари суханрониҳояшон дар алоқамандӣ ба масъалаи бемории сироятии КОВИД – 19 нисбати ҳамшираҳои шафқат ва кормандони миёнаи тиббӣ изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Дар байни ин қишри табибон ҳатман хатмкунандагони Коллеҷи тиббии мо ҳам ҳастанд ва моро лозим меояд дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони беҳтаринро дар симои ҳамшираҳои шафқат ва кормандони миёнаи тиббӣ бар дӯши хеш гирем. Пешвои муаззами миллат аз тамоми аҳолии кишвар даъват ба амал меоранд, ки ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир накарда, чун пештара ҳушёр бошем. Ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ дода, ҳамдигарро эҳтиёт намоем. Ин даъват пеш аз ҳама ба мо омӯзгорону тарбиякунандагони насли ҷавони кормандони соҳаи тандурустӣ тааллуқ дорад ва итминони комил дорем, ки аз ӯҳдаи ин вазифаи пурмасъулияту боифтихор хоҳем баромад.


Давлатзода Аслам Давлат
Муовини директори МДТ
«Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»