АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ – РУШДИ СОҲАҲОИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сол аз сол ду соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ дар ватанамон рушд намуда истодаанд. Сабабҳои рушди ин ду соҳаи калидӣ аҳамияти ҷиддӣ додани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаҳо мебошад. Президенти кишвар дар паёмашон қайд намуданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Масъалаи сифати омодасозии мутахассисон ҳамасола дар паёми Президенти кишвар баррасӣ мегардад. Сол аз сол ба истифода додани шумораи зиёди муассисаҳои зинаҳои гуногуни маориф ва тандурустӣ, бо таҷҳизоти зарурию замонавӣ таъмин гаштани онҳо аҳли кормандони соҳаҳоро водор менамояд, ки ба сифати омодасозии мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Дар паёми инсолаашон Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагонии донишҷӯёну олимон, кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, Президенти кишвар ҳамасола дар паёмҳояшон баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои мазкурро пешниҳод менамояд. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.
Қайд карда шуд, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад. Президенти кишвар нақши занонро дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар хеле баланд арзёбӣ намуданд ва қайд карданд, ки бо сабаби ин дастгириҳо солҳои охир шумораи занони фаъолу хизматчӣ дар тамоми соҳаҳо, бахусус маориф ва тандурустӣ хеле боло рафтааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Барои амалишавии ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, ки мақсади асосии он таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад мақсаду маром ва саҳми ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд бошад. Президенти кишвар, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бояд ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ софдилона меҳнат кунад. Боварии комил дорам, ки аҳли кормандони соҳаҳои маорифу тандурстӣ аз ин дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат рӯҳбаланд гашта, минбаъд низ барои боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Тоҷикистони азиз саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.


Нигора Азизова – Мудири кафедраи “Тибби оилавӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”