ҶАВОНОН - ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон бо як хушнудӣ ва дили гарм мунтазир мешаванд. Зеро ин паём мисли як оинаест, ки дар он оид ба бурду бохти яксолаи ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии мардум сухан меравад ва нақшаи минбаъдаи рушди кишвар ба миён гузошта мешавад. Агар мо ин масъаларо дар қиёс бо солҳои навадум ва ибтидои солҳои дуҳазорум таҳлил карданӣ шавем, фарқ аз замин то осмон аст. Зеро акнун равзанаи нуре ба оянда кушода шудааст, ки ин ҳам Паёми ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Дар дили мо-ҷавонон, умед ба ояндаи нек мунаввар мешавад, ки зиндагии мо рӯз ба рӯз марҳилаи таҳаввулро паси сар мекунад ва комёбиҳои беназир дар пеш моро мунтазиранд.

     Ба қавли Мирзо Бедил:
     Ҳар ҷилва, ки дар пеш аст, гардаш ба қафо бингар,
     Фардоии ин дунё бе дина намебошад.

Яъне, имрӯз бе дирӯз вуҷуд надорад. Замони гузашта метавонад сайқалгари оинаи рӯзгори кунунии мо бошад, ба шарте, ки мо ба он аз равзанаи ибрат назар дошта бошем. Ин матлабро ҳамасола Пешвои миллат дар суханрониҳояшон таъқид мекунанд. Ҷавононро ба хирадгароӣ ва пайравӣ ба ақли солим даъват менамоянд. Ва хотирнишон месозанд, ки тамоюлҳои баъзе аз ҷавонон дар солҳои охир нишон медиҳад, ки онҳо маърифати комил надоранд ва ин бемаърифатӣ боиси хушбоварии онҳо мегардад, ки мутаассибу хурофотӣ шаванд. Ба қавли Соиб:
     Соддалавҳон зуд мегиранд ранги ҳамнишин,
     Суҳбати тӯтӣ суханвар мекунад оинаро.

     Шахси огоҳ ва донишманд ба ҳеҷ ваҷҳ зери таъсири қувваҳои ифротӣ қарор намегирад. Зеро ӯ неку бадро фарқ мекунад. Мафкурааш дар заминаи худшиносии миллӣ ташаккул ёфтааст. Ба арзишҳои маънавии миллат арҷ мегузорад.

     Чун ҳамеша, меҳвари асосии Паёми имсола – беҳтар кардани сатҳи донишандӯзӣ, солимӣ ва некуаҳволии иҷтимоии мардум буд. Барои амалисозии ин мақсад, чун ҳамеша Пешвои муаззами миллат саҳми ҷавононро бузург шумурда, зикр намуданд: “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.”

     Пешвои ғамхори миллат ҷиҳати тарбияи насли бофарҳанг, дарёфти истеъдодҳои нодир ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки як қатор озмунҳоро зери унвонҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ташкил ва баргузор намуда, ғолибон ва иштирокчиёни ин озмунҳоро бо маблағҳои калон ва имтиёзҳои гуногун ҳавасманд гардонанд. Аз ҷумла нуқтаи муҳим ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон зикр гардид: “...ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.”

     Ҳамчунин, Роҳбари давлат қайд карданд, ки сафарбарнамоии ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз мо – омӯзгорони ҷавононро мебояд, ки ҳар чи бештар ба забономӯзӣ машғул бошем. Донистани забонҳо сатҳи рақобатпазирии кадрҳои ватаниро дар бозори меҳнат пурзӯр менамояд.

     Зикр гардид, ки баҳри ҳавасмандгардонии донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон маблағ ва шумораи гирандагони стипендияи президентӣ зиёд шуда, ҳамчунин аз аввали сентябри соли 2021 маблағи стипендияи донишҷӯёну магистрантҳо ва аспирантону докторантҳо ба 30% зиёд хоҳад шуд.

     Пас аз ин гуфтаҳо бо масъулияти дучанд, мо – ҷавононро мебояд, ки сазовори чунин сатҳи эътимоди давлату Ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат бошем, яъне дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, гирифтани дониш, мубодилаи таҷрибаи дошта бо насли наврас, баланд бардоштани обрӯи давлату миллатамон миёни дигар давлатҳо пешсаф бошем.

     Паёми Президент омили таҳкимбахши сулҳу субот ва ваҳдат аст. Ироаи Паёми Роҳбари давлат яке аз рамзҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд ва муждаи боварибахш барои идомаи қадамҳои устувор дар шароити кунунии эпидемиологии ҷаҳон мебошад.

     Президенти кишвар борҳо саҳми ҷавононро дар ташаккули давлат беандоза шумурда, ҳатто соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.

    Дар Паёми имсолаи худ, Пешвои ҷавонпарвари миллат зикр карданд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”, ки ин гуфтаҳо доштани мақоми хоси ҷавононро дар назди Ҳукумати кишвар ва бевосита Роҳбари давлат собит менамояд.

     Мо ҷавонон шукрона мекунем, ки барои миллати мо чунин як фарзанди фарзона ва дӯстдору ғамхор, шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гаштааст ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит созем.

 

Фаррух ШАРИФЗОДА,
мудири кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои
равоншиносӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”.