НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

     Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.
     Дар ин рӯз, тибқи муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе дар МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» дарахтон, гулҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ҳамзамон дарахтони мевадиҳанда низ шинонида шуданд.