Олимпиадаи VII донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фанҳои тахассусӣ, бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” ва иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷик

Олимпиадаи VII донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фанҳои тахассусӣ, бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” ва иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04 соли 2016, № 286 оиди гузаронидани Олимпиадаи донишчӯёни Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 11-12 майи соли 2016 дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Олимпиадаи VII донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фанҳои тахассусӣ, бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Кушодашавии расмии Олимпиада дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, роҳбарон ва омӯзгорони Коллеҷҳои тиббӣ ва қариб 100 нафар донишҷӯёни факултаҳои “Кори умумитиббӣ”, “Кори момодоягӣ” ва “Кори ҳамширагӣ” - и коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, ки ба даври хотимавии Олимпиада роҳхат гирифта буданд баргузор гардид. Рӯзи аввали Олимпиада донишҷӯён аз санҷиши тестӣ гузаштанд, ки он аз саволҳои фаннҳои кимиё, биология ва фанҳои тахассусӣ иборат буд. Рӯзи дуюм бошад донишҷӯён малакаҳои амалиии касбиро аз рӯи тахассус супориданд. Баъди анҷоми санҷишҳо натиҷаи корҳои донишҷӯён аз тарафи Комиссияи махсус, ки аз ҳисоби кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд санҷида шуда, натиҷаи он ҷамъбаст гардид. Мутобиқи ҷамъбасти холҳо дар байни донишҷӯёни факултаҳои “Кори умумитиббӣ” ва “Кори момодоягӣ”:



- Ҷойи якум МЕДАЛИ ТИЛЛО – ва Роҳхат ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро Бибируқияи Саидҷон - донишҷӯи бахши 4 - уми факултаи “Кори момодоягӣ” – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовор гардид;

- Ҷойи ДУЮМ ва МЕДАЛИ НУҚРА – и Олимпиадаро Ғиёсов Ҳикматулло - донишҷӯи бахши 4 - уми факултаи “Кори умумитибӣ” – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовор гардид; - Ҷойи СЕЮМ ва МЕДАЛИ БИРИНҶӢ – и Олимпиадаро ду нафар донишҷӯён 1) Усмонова Сабрина, донишҷӯи курси 4- уми факултаи “Кори момодоягӣ” – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва Туйгунова Замзама донишҷӯи курси 4- уми факултаи “Кори момодоягӣ” – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ зазовор гаштанд. Аз байни донишҷӯёни факултаи “Кори ҳамширагӣ” – и Коллеҷҳои тиббӣ бошад. Ҷойи ЯКУМ ва МЕДАЛИ ТИЛЛО – и Олимпиадаро Шамсиддинова Мадина – донишҷӯи факултаи “Кори ҳамширагӣ” – и Коллеҷи тиббии н. Ёвон сазовор гардид. Ҷойи ДУЮМ ва МЕДАЛИ НУҚРА ба Нурова Руҳафзо донишҷӯи факултаи “Кори ҳамширагӣ” – и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ насиб гардид. -

Ҷойи СЕЮМ ва МЕДАЛИ БИРИНҶӢ – и Олимпиада ба ду нафар донишҷӯён: 1. Маҳсиддинова Олима - донишҷӯйи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ; 2. Ҳамидова Ганҷина– донишҷӯйи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ насиб гардид. Ҳамчунин ғолибон ва фаъолони Олимпиада бо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Кумитаи тадорукоти Олимпиада сарфароз гардонида шуданд.

Котиби масъули Олимпиада н.и.т., З.А. Азизов