Ҳисоботи гурӯҳи корӣ оиди ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш аз ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

Ҳисоботи гурӯҳи корӣ оиди ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш
аз ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

Дар асоси супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши директори Коллеҷ аз 12.07 соли 2017, №165§1, “Оид ба ташкил ва сафарбар намудани гурӯҳи корӣ бо мақсади ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш”, гурӯҳи корӣ иборат аз 6 нафар омӯзгорон, 3 нафар кормандони маркази

таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш”-и МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ва 10 нафар донишҷӯён санаи 15 – уми июли соли 2017 ба ноҳияи Балҷувон сафар намуданд. Гурӯҳи кориро сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ С.Ҷ., ва директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Ш.С. роҳбарӣ намуданд. Ба гурӯҳ ҳамчунин декани факултаи рӯзонаи «Кори фарматсевтӣ» Мирзоев А.Д., декани факултаи шабонаи «Кори фарматсевтӣ» Давлатов А.Т., мудири маркази таълимӣ-истеҳсолии “Коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш” Холбобоев М., муовинони директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Саидова М.М. ва Юлдошев Д.М. ва сармуҳосиби Коллеҷ Муродов М.С. шомил буданд. Хароҷоти роҳ, макони зист ва хӯрока аз тарафи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” таъмин карда шуд. Гурӯҳи корӣ дар давоми ҳафт рӯз дар ноҳияи Балҷувон, ҷамоати деҳоти Шайдон ва деҳаи Султон Увайс, Сари Хосор ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумлаи коснӣ (чачраќӣ), кокутӣ, чойкаҳак, субинак, газна, пудина, роҳдавак ва дигар гиёҳҳо машғул шуданд. Дар давоми ҷамъоварии гиёҳҳо аз тарафи омӯзгорон ба донишҷӯён роҳҳои дурусти ҷамъоварии гиёҳҳо ва шароити хушккунонии онҳо омӯзонида шуд. Дар ҷараёни сафари гурӯҳи корӣ аз тарафи роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо идораи ҷангали н. Балҷувон шартнома оиди ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш баста шуд.

Дар давоми сафари корӣ аз тарафи гурӯҳ миқдори зерини гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ карда шуданд:

Коснӣ 500 кг
Чойкаҳак 200 кг
Кокутӣ 2000 кг
Роҳдавак 100 кг
Субинак 300 кг
Газна 400 кг
Лупанак 500 кг
Пудина 500кг
Сапали уштур 500 кг
Ҷамъ: 5000 кг

(гиёҳи хушк) Гиёҳҳои ҷамъоварикардашуда ба маркази таълимӣ-истеҳсолии “Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дастрас карда шуда, айни ҳол дар ҷараёни коркард ва истеҳсол қарор доранд.