Иштирок дар чорабиниҳо, бахшида ба зодрӯзи ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи кормандони соҳаи Тандурустӣ

Иштирок дар чорабиниҳо, бахшида ба зодрӯзи ҳаким
Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи кормандони соҳаи Тандурустӣ

Кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар чорабиниҳо, бахшида ба таҷлили зодрӯзи нобиғаи ҷаҳонӣ, олими забардасти тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки санаҳои 18 ва 19 августи соли 2017 дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардиданд ширкат доштанд.

Дар маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки аҳли кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва собиқадорони соҳаи тиб баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии тоҷикистон ширкат варзида, аҳли кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанберо бо идашон табрик намуданд. Дар чорабинии мазкур ба собиқадорон ва кормандони варзида аз тарафи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар маҷмааи мазкур дастовардҳои корхонаҳои истеҳсоли доругӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ширкат намуда, маҳсулоти хешро ба маъзар гузоштанд. Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ дар чорабинии мазкур ширкат намуда, дастовардҳои худ, аз ҷумла китобҳои тоза ба нашр расидаи олимони муассиса ва маҳсулоти маркази таълимӣ-истеҳсолии “Коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш” ва корхонаи “Дорусозӣ” – и Коллеҷро ба намоиш гузошт. Санаи 19 – уми август дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ҷамъомади идона, бахшида ба зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат намуда, аҳли кормандони соҳаро бо идашон самимона табрик намуданд. Аз тарафи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳтарам Насим Хоҷа ба кормандони собиқадори соҳа ва онҳое, ки баҳри рушди соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ хизматҳои назаррас намудаанд, ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” супорида шуд. Аз ҷумла омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Сайдаҳмадова Ш.Ҷ., Бобохоҷаева З.С., Давлатов А.Т., Мирзоева Д. бо нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” ва омӯзгор Хафизова А.Т. бо ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.