Семинари "Такмили маҳорати омӯзгорӣ"

Семинари "Такмили маҳорати омӯзгорӣ"

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо фармоиши директори Коллеҷ Ш.Ашуриён аз 4-ум то 14-уми январи соли 2018 барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгории омӯзгорони ҷавон дар соҳаи педагогика ва психология курси кӯтоҳмуддати омузишӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар семинари мазкур зиёда аз 40 нафар шунавандагон дар мавзӯи“Такмили маҳорати омӯзгорӣ” маълумот гирифтанд.

Курси мазкурро номзадиилми педагогика, дотсент Носиров С. – омӯзгори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронид. Курси омӯзишӣ дар сатҳи баланди касбӣ гузашта, баъди итмоми курс шунавандагон бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд. Семинар доир ба мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии педагогика, психология, ҳуҷҷатгузорӣ, коргузорӣ, корҳои методӣ ва услубҳои муосири таълим” Бо фармоиши директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз 17 то 21-ми январи соли 2018 аз тарафи Шуъбаиилмӣ-методӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии педагогика, психология, ҳуҷҷатгузорӣ, коргузорӣ, корҳои методӣ ва услубҳои муосири таълим”барои омӯзгорони ҷавон гузаронида шуд. Дар семинари мазкур қариб 70 нафар омӯзгорон ширкат доштанд. Дар семинар муовини директор Азизов З.А., сардори ШИМ Раҳимова Х.А., сармутахассиси қисми таълими Мазабова Н.Н. мудири кафедраи забони тоҷикӣ Наҷмиддинова С. ва дигар омӯзгорон баромад карда, оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, истифодаи услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим, тартиб додани маводи дарсии омӯзгорон, тартиби қабули санҷишу имтиҳонҳо ба иштирокчиён маълумот доданд. Мо боварии комил дорем, ки ташкил ва баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ боиси баланд гаштани маҳорати педагогии омӯзгорон мегардад.