Техникаи тиббӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА ТИББӢ"
АРБОБОВ ХАЙЁМ МУҚАДДАМОВИЧ

(тав. 25.06.1986 н. Мастчоҳ) омӯзгор. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Фаъолияти кориашро соли 2007 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ оғоз намудааст. Аз соли 2013 омӯзгори кафедраи техникаи тиббӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Ҳамзамон аз моҳи ноябри соли 2016 мудири кафедраи ″Техникаи тиббӣ″ Коллеҷи тиббии ҷумҳурияви – ро ба уҳда дорад. Муаллифи 4 китоб таълимӣ, Физикаи тиббӣ-биологӣ. Д - 2018с. (ҳаммуаллиф); Техникаи барқӣ. Д – 2017 с. (ҳаммуаллиф); Асосҳои техникаи рентгении тиббӣ. Д- 2018 с. (ҳаммуаллиф); Технологияӣ информатсионӣ. Д – 2018 с.Кафедра. Соли 2009 чун кафедраи мустақил амал намуда то имрӯз пайваста мувофиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарият фаъолият намуда истодааст.

 

 

 

Кафедра. дар ошёнаи 3-юми бинои асосии Коллеҷи тиббӣ ҷойгир буда, аз 14 ҳуҷраи таълимӣ, аз он ҷумла 1 толори лексионӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 1 ҳуҷраи лабараторияи техникӣ ва 8 ҳуҷраи таълимӣ ва утоқи кории мудири кафедра иборат аст.
Инчунин 1 ҳуҷраи лабараторияи техникии он бо таҷҳизотҳои техникии таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки дар машѓулиятҳои амалӣ мавриди истифодабарии донишҷӯёни ихтисоси “Техника ва таҷҳизоти тиббӣ” қарор дорад. Дар кафедра 23 нафар омӯзгор фаъолият дорад: 13 нафар асосӣ ва 10 нафарашон ҳамкор мебошанд. Дар кафедра як нафар номзади илмҳои техники Ғуломов М.М., мебошанд. Бо дараҷаи тахассусӣ омӯзгорон:
 олӣ - 3 нафар;
 якум - 2 нафар;
 дуюм – 5 нафар фаъолият доранд.
 3 нафар омӯзгорон дараҷаи тахассусӣ надоранд.

Дар кафедра донишҷӯён фанҳои таълимии зеринро меомӯзанд: 1)Технологияи информатсионӣ; 2) Физикаи тиббӣ ва биологӣ; 3) Физика; 4) Математика, 5) Геометрия, 6) Графикаи муҳандисӣ; 7)Механикаи техникӣ; 8) Техникаи барқӣ; 9)Масолеҳшиносӣ; 10)Техникаи электронӣ; 11) Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия; 12) Ченкунии электрорадиоӣ; 13) Манбаи ҷараён; 14) Техникаи микропротсессорӣ; 15) Асосҳои техникаи рентгенӣ; 16) Монтаж, хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи электронии тиббӣ; 17) Монтаж, хизматрасонии техникӣ ва таъмири таҷҳизоти рентгенӣ; 18) Монтаж, хизматрасонии техникӣ ва таъмири асбобҳои дарунигарӣ; 19) Монтаж, хизматрасонии техникӣ ва таъмири ва томографияи компютерӣ; 20) Истифодабарии техникии комплексҳои тиббии микропротсессордор, 21) Ҳифзи меҳнат. Солҳои 2016–18 мудири кафедра Арбобов Х.М. барномаҳои таълимӣ аз фанҳои Технологияи информатсионӣ, Физика, Графикаи муҳандисӣ, Техникаи барқӣ, Масолеҳшиносӣ, Техникаи электронӣ, Техникаи микропротсессорӣ, Физикаи тиббӣ ва биологӣ, Истифодабарии техникии комплексҳои тиббии микропротсессордор аз нав дида баромад. Дастурҳои таълимии аз ҷониби омӯгорони кафедра:
• Асосҳои техникаи рентгении тиббӣ (муаллифон Арбобов Х.М., Каттахонов Ш.М., Ғуломов М.М)
• Бизикаи тиббӣ - биологӣ (муаллифон Аминов М., Арбобов Х.М.),
• Математика (муаллифон Муродзода И., Аминов М.),
• Техникаи барқӣ (муаллифон Арбобов Х.М., ва Ғуломов М.М.),
• Физика (муаллифон Аминов М.Ғ., Зоиров А.Ҳ., Тошов М.И.) ва китоби дигар бо номи “Оптика, физикаи атом ва ҳаста” (муаллифон Ғуломов М.М., Арбобов Х.М.) барои ихтисосӣ ″Техника ва таҷҳизоти тиббӣ″ аз чоп баромад.