Косметология

МУДИРИ КАФЕДРАИ "КОСМЕТОЛОГИЯ"
РАҶАБОВА Назира Иброҳимовна

(тав. 11.6.1953, ш. Душанбе), духтури муолиҷ, доктори илми тиб (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Ходими калони илмии Институти гастроэнтерологияи АИ ҶТ (1977–89), мудири шуъбаи амбулатории госпитали ҳарбии №63620 (1989–2004), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии ҶТ (аз 2004), ҳамзамон сарвари Маркази тибби эстетикии «Ёсуман» (аз 2006). Инчунин дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба ҳайси мудири кафедраи косметология кору фаъолият дорад. Дар робита ба хусусиятҳои клиникию вазоифии баъзе шаклҳои фибрози ҷигар, ҳамчунин пайдоиш, аломатҳои болинӣ ва ташхиси он пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Иштирокчии бисёр симпозиум, конфронс ва съездҳои байналмилалӣ оид ба гастроэнтерология, косметология, тибби халқӣ. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст (2010). Ос.: Клинико-функциональные и морфологические особенности некоторых вариантов фиброза печени. Д., 1986; Гепато-портальный склероз – особый вариант фиброза печени. Терапевтический архив, № 2, 1987; Фиброз печени (ҳаммуал.). Д., 2000; Дифференциально диагностические критерии портально-гипертензионного варианта врожденного фиброза и гепатопортального склероза. Д., 2002.



Кафедра. Моҳи сентябри соли 2015 ташкил карда шудааст. Дар кафедра 3 нафар омӯзгорон кор мекунанд: Раҷабова Н. И. (мудири кафедра, доктори илмҳои тиб; тахассуси дараҷаи олӣ), Раҳимова Л. А. ва Алимова Н. Ф.