Забони англисӣ

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ЗАБОНИ АНГЛИСӢ"
ШАРИПОВ Алишер Файзуллоевич


(тав. 4.11.1986, ноҳияи Данғара), омӯзгор. Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2009). Ҷониши директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии (2011–14), директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Данғара (2014–15) буд. Аз соли 2015 ҳамчун омӯзгори кафедраи забони англисии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии ш. Душанбе кору фаъолият менамояд. Ҳамзамон аспиранти кафедраи педагогика ва психологияи ДДҚ ба номи Н. Хусрав. Муаллифи чандин мақолаи илмӣ ва методӣ аст.

 


Кафедра. Моҳи сентябри соли 2015 таъсис дода шудааст. Дар кафедра 8 нафар омӯзгорон фаъолият доранд: Силемоншоева Н. С. (мудир), Азимова Ф. Қ. (тахассуси дараҷаи дуюм), Ашуров Т. Т. (тахассуси дараҷаи дуюм), Муминова Х. С. (тахассуси дараҷаи дуюм), Шарипов А. Ф. (тахассуси дараҷаи дуюм), Назарова Р. Ш., Тураева М. Т. ва Амирова Г. С.