Ҷарроҳия

МУДИРИ КАФЕДРАИ "ҶАРРОҲИЯ"
ПУЛОТОВ Камолҷон Ҷамолович


(тав. 22.2.1974, ноҳияи Данғара), номзади илми тиб (2011). Таҳсил дар интернатураи клиникӣ (1998–99), муовини сардухтур оид ба корҳои ташкилӣ-методӣ (2006–08), сардори шуъбаи кадрҳо (2008–10), ҷарроҳ ба тариқи ҳамкор, эндоскописти Беморхонаи клиникии шаҳрии №5-и ба номи К. Т. Тоҷиев (аз 2010). Ҳамзамон аз соли 2007 мудири кафедраи ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Ос.: Амалияи кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия (ҳаммуаллиф); Неотложная помощь в хирургии (ҳаммуаллиф); Саволҳои тестӣ аз ҷарроҳия (ҳаммуаллиф); Предоперационная подготовка и послеоперационное введение хирургических больных в практике медицинского персонала (ҳаммуаллиф); Алоими хунравии меъдаю рӯда (ҳаммуаллиф).


Кафедра. Соли 2002 дар заминаи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи акад. К. Т. Тоҷиев таъсис дода шудааст. Солҳои 2002–07 роҳбарии кафедраро н.и.т. Муҳаббатов Ҷ. Қ. ба уҳда дошт. Аз соли 2007 то имрӯз мудири кафедра н.и.т. Пулотов К. Ҷ. мебошад. Кабинетҳои таълимии кафедра дар муассисаҳои табобатию пешгироии ш. Душанбе, аз ҷумла БКШ ЁТТ (3), Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявӣ (2), Маркази миллии ташхис (2), МСШ №11 (1), № 14 (2) ҷой гирифтаанд. Омӯзгорони асосӣ – 12 нафар, ҳамкорон – 5 нафар; 4 нафар омӯзгор дорои унвони номзади илмҳои тиб, 3 нафар Аълочии тандурустии ҶТ мебошад. Вазифаҳои асосии кафедра: тартиб додани барномаҳои иттилоотӣ, автоматӣ гардонидани ҷараёни таълим; мусоидат дар роҳи омӯзиш ва ҷорӣ намудани усулҳои нави тарбияи кадрҳои тиббӣ; якҷоя бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва табобатӣ анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ; баргузор намудани конфронсу семинарҳо, мизҳои мудаввар, симпозиумҳо ва ғ. бахшида ба масъалаҳои мубрами илми ҷарроҳӣ; мусоидат намудан ба рушди илм ва амалияи ҷарроҳӣ; баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии мутахассисони миёна ва олии тиббӣ, такмили ихтисоси мутахассисон; беҳтар намудани самараи таълим ва баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин дар машғулиятҳои таълимии фанни ҷарроҳия, бо истифода аз усулҳои муосири машғулиятгузорӣ; мустаҳкам намудани малакаву маҳорати касбии онҳо, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифода аз адабиёт, маводди нави таълимӣ ва технологияи компютерӣ; ташкил ва гузаронидани чорабиниҳое, ки барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи мутахассисони миёнаи тиб мусоидат менамоянд (маҳфилҳои илмии донишҷӯён, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо ва ғ.); корҳои ғоявӣ-тарбиявӣ дар байни донишҷӯён; корҳои муолиҷавӣ; фаъолияти эҷодӣ; таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводди таълимӣ-методӣ; баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии кормандони кафедра. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра мебошанд. Кормандони кафедра доир ба ҷабҳаҳои гуногуни соҳаи ҷарроҳӣ дар маҷаллаҳои «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон », «Здравоохранение Российской Федерации», «Ахбори ака- демияи илмҳои ҶТ», «Маърӯза ба академияи илмҳои ҶТ», «Паёми Сино» 75 мақолаи илмӣ ва 40 фишурда нашр кардаанд. Инчунин дар ҳамин давра 6 ихтироот ва 8 кори навоварӣ ба қайд гирифта шу- дааст. Феълан 5 нафар омӯзгори асосии кафедра рисолаи номзади илмро ҳимоя намудааст. Дар кафедра 3 адабиёти таълимӣ ва 8 дастурамали таълимӣ-методӣ нашр гардида, барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар карда шудаанд. Ҷараёни таълим бо истифода аз навигариҳои тиб, шабакаи интернетӣ, маҷаллаву мақолаҳо сурат мегирад. Ҳамаи машғулиятҳои назариявӣ ва амалии фанҳои тахассусӣ бо тариқи мултимедиявӣ гузашта, донишҷӯён аз илми тибби муосир бархӯрдор мебошанд. Дар кафедра 3 адабиёти таълимӣ ва 5 дастури таълимӣ-методӣ дар шакли электронӣ омода карда шудааст. Номгӯи адабиёте, ки ба табъ расидаанд: Носиров С. – «Бемориҳои ҷарроҳӣ ва парастории беморон»; Носиров С., Пулотов К. Ҷ., Муродов М. Ҷ. – «Амалияи кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия»; Ибодов Ҳ., Пулотов К. Ҷ., Ҳасанов Ю. С. – «Неотложная помощь в хирургии». Номгӯи дастурҳои методӣ: Пулотов К. Ҷ., Носиров С. – «Саволҳои тестӣ аз ҷарроҳия»; Пулотов К. Ҷ., Носиров С. – «Тестовые вопросы по хирургии»; Пулотов К. Ҷ., Муҳаббатов Ҷ. Қ., Носиров С. – «Предоперационная подготовка и послеоперационное ведение хирургических больных в практике медицинского персонала»; Пулотов К. Ҷ., Муҳаббатов Ҷ. Қ., Носиров С., Нуров З. М. – «Садма»; Муҳаббатов Ҷ. Қ., Пулотов К. Ҷ., Носиров С., Каримов Ш. А. – «Алоими хунравии меъдаю рӯда»; Полтангов О. В. – «Бемориҳои ҳерпетикии чашм»; Ғоибов А. Ғ., Пулотов К. Ҷ. – «Методикаи омода ва амалӣ намудани барномаи инфиродии тавонбахшӣ ». Ҳамзамон, аз ҷониби мудири кафедра Пулотов К. Ҷ. видеофилмҳои таълимӣ дар мавзӯъҳои «Таълимот дар бораи гурӯҳҳои хун ва резус-омил», «Бандинашиносӣ», «Беҳаракатгардонии нақлиётӣ » ва «Таълимот дар бораи асептика» таҳия карда шудаанд. Аввалин маротиба дар кафедра усули нави санҷиши сатҳи донишандӯзии донишҷӯён бо истифода аз Барномаи тестикунонии компютерии «MyTest» дар шакли модул ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра ҷараёни таълим мунтазам бо истифода аз навигариҳои муосири тиб ва сомонаи интернетӣ сурат мегирад. Омӯзгорони асосии кафедра дар Маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳияи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки дар заминаи Маркази миллии ташхис таъсис дода шудааст, навбатдорӣ менамоянд. Инчунин онҳо ҳамарӯза дар корҳои табобатии шуъбаҳои ҷарроҳияи умумӣ ва колопроктологии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 иштирок мекунанд.