“ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” солҳои 2018-2028” Қабули Қатъномаи МУ СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

1. 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Чӣ тавре ки ба Шумо маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)

2.Мувофиқи Қатъномаи МУ СММ (ОР4) ҳадафҳои Даҳсола масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:
- рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизистӣ;
- роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;
- тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор;
Ғайр аз ин, Қатънома (ОР5) аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.
3. Илова ба ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад:
- такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;
- бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;
- тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.
4. Қатъномаи мазкур аз Дабири кулли СММ тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои ниҳоди байниидоравии “СММ-Об” ҷиҳати тарҳрезӣ ва ташкили фаъолият дар чорчӯби Даҳсола дар сатҳҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳо андешад. Дар ин раванд бояд натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири Кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст (https://sustainabledevelopment.un.org/HLPWater), ба назар гирифта шаванд.
Тавре ки шумо огаҳӣ доред, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари узви СММ, узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об мебошад. Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар ба ҳайси Намояндаи махсуси Президент дар назди Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъйин шудааст.
5. Тибқи қатъномаи мазкур баргузории чорабиниҳои муҳими зерин дар назар дошта шудааст:
- Ду муколамаи корӣ оид ба баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ дар робита ба мудирияти захираҳои об зери роҳбарии Раиси иҷлоси 71-уми МУ СММ;
- Арзёбии раванди татбиқи Даҳсола дар чорчӯби ҷаласаи 77-уми Маҷмаи умумии СММ.
Аз аввали соли 2017 корҳои тадорукотӣ барои гузаронидани муколамаҳои кории МУ СММ шурӯъ хоҳанд шуд. Корҳои тадорукотӣ барои баргузории Арзёбии миёнамуддати СММ аз раванди татбиқи Даҳсола тибқи қатъномаи мазкур зимни ҷаласаи 73-юми МУ СММ, яъне тирамоҳи соли 2018, оғоз хоҳанд шуд.
6. Тавре дар боло зикр кардем, ташаббуси эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардида буд, пешниҳод шуда буд.
Зимни суханронӣ дар Форум Президенти кишвар тазаккур дода буд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, то дар идомаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015”, Даҳсолаи нави байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд, роҳандозӣ шавад.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
7. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015” соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 - 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шуда буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва дар асоси қатъномаҳои МУ СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири МУ СММ баргузор карда шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид чорабиниҳои зерини байналмилалиро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд:
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2010;
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, моҳи августи соли 2013;
- Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, моҳи июни соли 2015.
8. Моҳи июли соли ҷорӣ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид гузоришеро дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 интишор кард (A/71/260). Тибқи гузориши мазкур (банди 40), “Дастовардҳои Даҳсола назаррас будаанд. Дар таърихи СММ Даҳсолаи мазкурро бо назардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард”.
Гузашта аз ин, дар гузориш таъкид шудааст, ки “Даҳсолаи мазкур барои ҳифзи рушди бемайлон ва роҳандозии фаъолиятҳои минбаъда мусоидат намуда, имконият фароҳам овард, то ба масоили захираҳои об таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир карда шавад” (банди 42). Дар баробари ин, дар гузориш ишора ба он шудааст, ки “... даҳсола норасоӣ ва мушкилотеро, ки боиси суст гардидани пешравиҳо дар роҳи дастёбӣ ба ҳадафу вазифаҳои марбут ба захираҳои об шудаанд, ошкор намудааст. Дар ин самт, ҳоло ҳам мушкилоти зиёд дар мудирияти захираҳои инсонӣ, ниҳодӣ ва молиявӣ ба мушоҳида мерасанд” (банди 44).
Гузориши Дабири кулл бо зикри нуктаи басо мусбат оид ба Даҳсолаи мазкур хулоса мешавад: “Чӣ тавре таҷрибаи роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 шаҳодат медиҳад, дар сурати татбиқи пайвастаи марҳилаҳои назоратӣ тӯли давраи муайяншуда ба натиҷаҳои назаррас дар сатҳҳои мухталиф ноил шудан мумкин аст. Баъди 10 соли талошҳои мувофиқашуда ҳолати ҷомеаи байналмилалии об дар муқоиса бо соли 2005 ба таври ҷиддӣ ва мусбат тағйир ёфт. Дар пеш корҳо зиёданд, аммо аллакай аён аст, ки бо такя ба Даҳсола метавон ба як қатор пешравиҳо ноил шуд” (банди 48, саҳ. 20).
9. Вазорат/Ҳукумат корҳои тадорукотиро оид ба пешбарии Даҳсолаи нав, ки идомаи даҳсолаи қаблӣ мебошад, ҳанӯз аз соли гузашта оғоз карда буд. Аз ин лиҳоз, соли гузашта як қатор чорабиниҳо ба барномаи Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо СММ баргузор гардида буд (Душанбе, июни соли 2015), ворид карда шуданд. Дар асоси натиҷаҳои Конфронси мазкур пешнависи консепсияи Даҳсолаи нав омода карда шуд, ки он баъдан аз ҷониби коршиносони соҳаи об такмил дода шуд.
Илова бар ин, дар рафти Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки моҳи августи соли равон баргузор гашт, мо таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро бори дигар ба ташаббуси мазкур ҷалб намудем. Ба санади ниҳоии Симпозиум нуктаҳои муҳими марбут ба масъалаҳои об ворид карда шудаанд, ки баъдан дар таҳияи лоиҳаи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ аз онҳо истифода карда шуд.
10. Пешнависи лоиҳаи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028” моҳи сентябри соли 2016 миёни намояндагони доимии кишварҳои узви СММ паҳн карда шуд. Сипас, дар ҳошияи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ машғул аст, аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ як силсила музокироти ғайрирасмӣ бо иштироки коршиносони кишварҳои узви СММ баргузор карда шуданд. Дар рафти музокирот лоиҳаи санади пешниҳодшуда бо дарназардошти фикру пешниҳодоти кишварҳои манфиатдор такмил дода шуд. Ҳамин тавр, раванди музокирот 30 ноябри соли 2016 анҷом ёфта, қатъномаи Кумитаи дуюми МУ СММ зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро қабул гардид.